Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

“Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонони солим, донишманду бомаърифат ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори рушду тараққиёт ва пешрафти ҷомеа, муҳимтар аз ҳама ояндаи миллату давлат мебошанд. Ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта, яъне аввали даврони соҳибистиқлолӣ ҷанги шаҳрвандӣ фишангҳои давлатдориро суст намуда, ба раванди таълиму тарбия, муносибату муошират ва кору амали ҷавонон таъсири манфӣ гузошт.

Талаботи қонунҳо, бахусус Конститутсия, поймол ва фаъолияти сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида буд. Қисмате аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша шомил шуда, даст ба ҷиноятҳои сангин мезаданд. Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала ва таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, нақш ва иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи созандагиву бунёдкорӣ ва нигоҳдошти мавқеи устувор дар ҷомеа баъд аз соҳибистиқлол эълон гардидани давлат моҳи майи соли 1997 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон эълон гардид, ҳамчунин солҳои баъдӣ Шӯрои миллии кор бо ҷавонон созмон дода шуда, бо мақсади таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид.

Боиси тазаккур аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, Қонуни барои ҷавонон муҳим “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” – ро қабул кард. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.

Таҳияи санадҳои танзимкунандаи ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расида, вобаста бо тақозои замон ва рушди ҷомеа такомул ёфта истодаанд.
Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2015 ва 2016 - 2018”, “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015 - 2020”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020” заминаи мусоидро барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам овардаанд.

Тибқи таҳлилҳои Хазинаи афзоиши аҳолии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад ва дар асоси таҳлилҳо ва маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд.

Бо назардошти чунин нишондиҳандаҳо, Пешвои миллат зимни суханронии худ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар санаи 21 майи соли ҷорӣ қайд намуданд, ки “...маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад”.

Дар воқеъ, ҷавонон имрӯз шумораи зиёди аҳолии кишвари азизамонро ташкил дода, ташаббускорӣ ва иқдомҳои тозаву таконбахши онҳо ба инобат гирифта шуда, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон гардиданд ва доимо ба насли ҷавон такя мекунанд.

Дар ин раванд, ба масъалаи баланд бардоштани маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ, пеш аз ҳама илмҳои дақиқ, кашфиёту навоварӣ мароқ зоҳир намудан, ҳамчунин ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибистеъдод стипендия ва ҷоизаҳои гуногун, аз ҷумла стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯён, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” барои омода намудани мутахассисони ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шуданд.

Барои ҳар чӣ бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ солҳои 2020 - 2040 бистсолаи омӯзиши ин фанҳо эълон гардид.

Ба ин масъала боз ҳам диққати ҷиддӣ зоҳир гардида, соли 2020 шумораи Стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400 ба 3000, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва аспирантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 то 50 расонида шуда, аз шумораи умумии стипендияҳои президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст.

Шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ низ зиёд карда шуда, ҳар сол 12 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд ва то имрӯз зиёда аз 160 нафар олимони ҷавон сазовори ин ҷоиза гаштаанд.

Дигар аз иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат ин таъсиси Квотаи президентӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ва писарони лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба шумор меравад, ки барои соҳибмаълумот гаштани ҷавонон такони ҷиддӣ бахшид. Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар муддати 24 соли амали квоати мазкур, аз 61 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвари мо зиёда аз 22 ҳазору 200 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва ҳоло шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 то 1252 расонида шудааст.

Бо чунин иқдомҳои наҷибона қаноат накарда, Пешвои миллат зимни баромадашон таъкид намуданд, ки бо мақсади дастгирии вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо ҳаҷми стипендияҳои онҳо аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Эътибори ҷиддӣ ба раванди таълим ва касбинтихобкунӣ равона гардида, рушди муносибатҳо бо дигар давлатҳо баҳри омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба роҳ монда шуд. Ин гуна заминагузорӣ дар чунин давраи ҳассосу сарнавиштсоз боис гардид, ки имрӯз дар хориҷи кишвар беш аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр, аспирант ва докторантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Бояд таъкид намуд, ки танҳо дар соли 2019 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳое, ки бо ибтикори Пешвои миллат таъсис ва рушд ёфтааст 16 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд, ки аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлат ва сохторҳои амалкунандаи зертобеъи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Боиси қайд аст, ки дар фазои сулҳу субот, оромии ҷомеа ва пойдории ризоияти миллӣ баргузор гаштани мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо насли ҷавони кишвар ба онҳо рӯҳияи наву илҳоми тоза бахшида, барои боз ҳам эмин нигоҳ доштан ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият такони ҷиддӣ мебахшад.

Бояд таъкид намоям, ки ҷавонон имрӯз самараи истиқлолияти давлатӣ ва нерӯи тозаи пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро дар ҳар вохӯриҳояшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол ва ояндаи миллату давлат мебошанд.

Тавре аз суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад». Ин сиёсати Пешвои миллату Ҳукуматро халқи Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, бо иродаи бевосита дар раъйпурсии умумихалқӣ мутобиқи тағйироти санаи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи ҶТ сину соли ба вазифа таъин ва интихоби узви ММ МОҶТ, номзад ба мансаби Президенти ҶТ, судяҳои Суди конститутсионӣ аз 35 ба 30 муқаррар карда шуд. Ин ҳама боварӣ ба нақши тақдирсоз, пешбар ва дорои сатҳи баланди илму дониши мо-ҷавонон аз ҷониби Президенти ҶТ, Ҳукумати ҶТ ва халқи азизи кишварро нишон медиҳад, ки вазифаҳои муҳим ва масъули давлатиро ба мо – ҷавонон вогузор менамоянд. Fалабаи пай дар пайи наврасону ҷавонони мо дар озмунҳои мухталиф, дастболо гаштани ҷавонон дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар хориҷи кишвар ва дар маҷмӯъ музаффариятҳои наврасону ҷавонон падидаҳоест, ки меваҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Истиқлолият неъмати бебаҳои миллат аст. Ҷавонон имрӯз бояд таблиғгари мероси арзандаи ниёгон бошанд. Дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгони худ бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳуввияти миллӣ хоҳад буд.

Дар баробари ғамхориҳои Пешвои миллат месазад, ки ҳар як ҷавони мамлакат ҷавобан ба давлату миллати худ содиқу ғамхор бошанд. Роҳ ба сӯи ояндаи пурсаодатро пеш гиранд.

Ситора АБДУМУМИНЗОДА, - мудири шӯъбаи магистратура докторантура PhD ва унвонҷӯёни ИФСҲ АМИТ.

Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду бузург, ки масоҳаташ ба 11146 км2 баробар аст ва ин нишондиҳанда 8%-и ҳудуди кишварро дар бар мегиранд.

Захираи умуми ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 кмбаробар буда пиряхҳои хурд ба масоҳати 1 кмтанҳо 20 %-и шумораи умумии пиряхҳои кишваро ташкил менамояд, вале 85%-и ҳаҷми ях дар он мутамарказшуда аст. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 кмоб захира шуда, соле ба дарёҳо 61,8 кмоб медиҳанд [1].

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳо дар баландкуҳҳои Помир ва куҳистони Ҳисор воқеъ гардидаанд. Пиряхҳо сеяки оби солона ва қариб 50% ғизои тобистонаи оби дарёҳоро ташкил медиҳад. Омӯзиши 35 солаи 170 пирях нишон дод, ки масоҳати онҳо сол аз сол хурд шуда истодааст. Аз ҷумла ҳудуди пиряхҳои Бивичны ва Гармо то 4 км кӯтоҳ шуда, пиряхи Хирсон 450 м поин фуромадааст. Пиряхҳои қисми Ғарбии силсилакуҳои Пётри I аз 1,5 то 7 км пиряхҳои қисми шимоли он аз 1 то 6 км, пиряхҳои силсиакӯҳи паси Олой аз 2 то 3,5-4 км кам гардида масоҳати пиряхҳои ҳавзаи дарёи Вахш 806 км 2 хурд шудааст. Дарозии пиряхи Зарафшон дар тули солҳои 1908-1986 зиёда аз 1 км, пиряхи Абрамов (солҳои 1850-1984) кӯтоҳ шуда аст [2].

Тибқи маълумот дар Тоҷикистон дар давоми 20 соли охир 15 пиряхи дорои дарозии 4 то 5 км комилан об шуданд [4]. Захираҳои обии пиряхҳои кишварамон 456,9 км3 ташкил дода, дар як сол аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км3 об ҷорӣ мешавад. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Ому, Сир, Панҷ, Зарафшон ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд.

Муғон- 1004 адад пирях

Бартанг- 269 адад пирях

Қизилсу- 280 адад пирях

Ғунд- 1349 адад пирях

Ҳавзаи Зарафшон – 1227 адад пирях

Ҳавзаи Хингоб 756 адад пирях [3].

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилфи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшави истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаҳои мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо ва рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси ҳифзи пиряхҳо таъин дода шавад. Ин иқдом дар таърихи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби СММ зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025- соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд бо иттифоқи оро қабул кард.

Боиси ифтихор аст, ки ин қатънома, пешниҳоди ироашудаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рузи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Дар назди СММ таъсис додани Бунёди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;

- Дар соли 2025 доир намудани Конфренсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Ш. душанбе;

Ташаббусҳои созандаи ҷаҳонии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табиатро аз хатари нобудшавӣ ҳифз мекунад. Ҷумҳурӣ дар муддати даҳсолаи охир панҷ пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳои узви СММ қабул ва эътироф гардида, мавриди амал қарор доранд.

Ташаббусҳои Президенти кишвар ҷиҳати роҳандозии ҳамкориии бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об, заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмуӣ метавонад дар роҳи ҳалли мушкилоти рӯзмарраи “иқтисоди сабз” ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.

Дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи умумии СММ, ки 24 сентябри соли 2024 бааргузор шуд, Сарвари давлат қайд намуданд, ки Тоҷикистон бо 93 дарсад минтақаи куҳистонӣ дар баробари тағйирёбии иқлим осебпазир аст. Ӯ зимни суханрониаш аз зарари расида аз офатҳои табиӣ, обшавии пиряхҳо, коҳиши оби пиряхҳо ва таъсири манфии ин ҳама омилҳо бо нерӯи барқи обӣ, иқтисод, саноат ва кишоварӣ низ ёдоварӣ кард. Ба гуфтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурусти ҳалли мушкилот марбут ба тағйирёбии иқлим, тавсеаи “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037 ба дин маъност [6].

Аҳли ҷамъияти кишвар аз иқдомҳои Президенти кишвар дар ин самт истиқбол мекунанд, бо назардошти он ки манбаи бузургтарини захираи обӣ буда, дар даҳсолаи охир обшавии раванди пиряхҳо зиёд шудаанд. Ҷиҳати омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар назди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Маркази пиряхшиносӣ” ташкил гардидааст. Маркази мазкур тасмим гирифтааст, ки дар баробари пешбурди тадқиқот, мониторинги захираҳои обиро гузаронида инчунин харитаи “пиряхҳои Тоҷикистон”-ро омода намояд. Аз соли 2021 то ҳол марказ 11 экспедитсияи илмӣ-омӯзишӣ анҷом дода аст. Дар факултетҳои донишкадаҳо таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шудааст, мутахассисони соҳаи мазкур дар давоми даҳсолаҳо пажуҳишҳои тахассусиро ба анҷом расонанд.

ҚУРБОНОВ ҲОКИМҶОН, - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

АДАБИЁТ:

1. Пиряхҳои Тоҷикистон сарчашмаи об дар Осиёи Миёна.// Спутник Тоҷикистон//. 11.02.2020.

2. Пиряхҳои Тоҷикистон// Wikepedia// Санаи муроҷиат:16.03.2024.

3. Институти биологии Помир//maqolaho. anrt.tj 2022.

4. Обҳои пиряхҳо/ Х. Муҳаббатов// Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Донишнома”- Д.2021 с.79

5. Ҳифзи пиряхҳо ва моҳияти асосии он// ДМТ 4816. 19 2022

6. “Чаро роҳи Тоҷикистон ба суи “иқтисоди сабз” ҳамвор нахоҳад буд”// ozodi org/33157 673 htm (Санаи муроҷиат: 19.03.2025.

 

Башарияти ҷаҳон аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.

Тоҷикистон чун узви ҷудонашавандаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин ҷанги даҳшатнок талафоти зиёде додааст. Беш аз 250 ҳазор нафар фиристодагони диёри мо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳои мубориза аз худ шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Зиёда аз 50 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шудаанд, ки қариб 60 нафари онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар дорандаи ордени «Шараф» мебошанд.

То охири муҳорибаи Москва фиристодагони Тоҷикистон қаҳрамониҳои зиёде нишон дода, зиёда аз 150-нафарашон ба ордену медалҳо сазовор гаштанд[1].

Дар ин ҷанг на танҳо мардон, балки занон низ саҳми бузург гузошта, бо матонату садоқати худ ба Ватан номашонро дар саҳифаҳои таърих сабт карданд. Занҳои тоҷик бо шуҷоату корнамоиҳои худ ҳам дар майдони набард ва ҳам дар ақибгоҳ намунаи олии ватандӯстӣ ва садоқат гардиданд.

Бо вуҷуди он ки дар ибтидо иштироки занон дар фронт ҳамчун ҷанговар зиёд маъмул набуд, ҳазорон занони шӯравӣ, аз ҷумла садҳо духтари тоҷик, бо хоҳиши худ ба артиш пайвастанд. Онҳо дар вазифаҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамчун ҳамшираи шафқат, мухобир, тирандоз ва сардори гурӯҳҳои тиббӣ фаъолона иштирок мекарданд. Мисли мардон, занон низ дар хатарноктарин хатҳои ҷангӣ қарор доштанд ва бисёре аз онҳо дар майдони ҷанг ҷон бохтанд[2].

Қаҳрамонию садоқати занони тоҷик дар солҳои ҷанг барои наслҳои имрӯз намунаи олии ватандӯстӣ мебошад. Ном ва корнамоиҳои онҳо дар осорхонаҳо, китобҳо, филмҳо ва осори адабӣ ҷовидона мондааст. Дар даврони сулҳ низ ин бонувони шуҷоъ бо фаъолияти ҷамъиятӣ, омӯзгорӣ ва хизмат дар соҳаҳои муҳими кишвар ба пешрафти Тоҷикистони шӯравӣ саҳм гузоштанд.

Корнамоиҳои занони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи пурифтихори таърихи халқи тоҷик мебошад. Онҳо бо ҷонфидоиву фидокорӣ нишон доданд, ки дар рӯзҳои сахту сангин метавон бо ирода, меҳру муҳаббат ба Ватан ва масъулияти шаҳрвандӣ муқовимат нишон дод. Ёд ва номи ин қаҳрамонзанон то абад дар дилу хотири мардум боқӣ хоҳад монд.

Муҳаммадҷонова Ойгул соли 1921 дар деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Дар интернати деҳаи Ғусар хонда, барои идомаи таҳсил дар Хонаи бачагони шаҳри Панҷакент рафтааст. Дере нагузашта, хонаи бачагони шаҳри Панҷакентро мебанданд. 80 нафар дастпарварони онро ба Хуҷанд интиқол медиҳанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун халабонзан қаҳрамонона ҳалок шудааст.

Дар ин ҷо Ойгул факултаи кишоварзии омузишгоҳи касбӣ-техникиро хатм кард, баъд ба Академияи низомӣ ҳавоии Тошканд дохил шуд ва дар соли дуюми таҳсил аз он ҷо бо хоҳиши худ ба ҷабҳа рафт.

Ӯро дар шаҳри Смоленск бо командири эскадрон Василий Лапко шинос менамоянд. Командир ба Ойгул муҳимтарин қоидаҳои парвози ҷангиро меомӯзонад.

Маҳорати Муҳаммадҷонова нисбат ба синну солаш чунон баланд буд, ки рӯзномаи "Тоҷикистони Сурх" (ҳоло Ҷумҳурият) соли 1943 аввалин мақола бо номи "Лочиндухтари сарзамини тоҷик" дар бораи ӯ ба табъ мерасонад. (Спутник)

Дар бораи аввалин парвози ҷангии Муҳаммадҷонова командири гурӯҳи киштии ҳавоӣ В.Лапко моҳи октябри соли 1943 дар рӯзномаи "Коммунист Таджикистана" таҳти сарлавҳаи "Духтари сиёҳмӯй" чунин нақл кардааст: “Мо аз замини холӣ гузашта, муддате дар болои бешазори анбӯҳ парвоз кардем ва баъд ба хатти фронт расидем. Самолёте, ки онро Ойгул идора менамуд, дар звенои ман аз тарафи чап парвоз мекард. Ман ба парвози звенои худ, хусусан халаббондухтари навомада бодиққат назар мекардам. Вале, Ойгул самолётро олӣ идора мекард. Ӯ ягон бор аз саф набаромад, ягон дақиқа ҳам баландии парвозро вайрон накард”.

“Ҳавопаймоҳои мо дар як рӯз якчанд маротиба ба он ҷое, ки тӯпҳои гуногун хатти истеҳкомҳои душманро вайрон мекард, ба он ҷое, ки тӯдаи танкҳои мо барои дивизияҳои тирандозӣ роҳ мекушод, парвоз мекарданд. Дар ҳамин ҷо Ойгул аз имтиҳони ҷангӣ гузашт. Ӯ аз пулемёт моҳирона тирпаронӣ карда, як ҳавопаймои ҷангии душманро зада ғалтонд”[3].

Дар муборизаи аввал душман тирандози ҳавопаймои Ойгулро ҳалок кард ва худи қаҳрамондухтар аз китфаш захмӣ шуд. Вазъият аз сабаби нокомии идоракунӣ, ки қариб ба суқути ҳавопаймо сабаб шуд, бадтар шуд. Аммо Муҳаммадҷонова маҳорати беҳамто нишон дода, муяссар шуд, ки ҳавопайморо аз зери оташи душман бароварда, ба мавқеъҳои артиши Шӯравӣ расонд.

Ҳамин тавр, комсомол Ойгул аввалин парвози ҷангии худро анчом дод. Мувофиқи фармони командири полк старшина Ойгул Муҳаммадҷонова ба иҷрои вазифаҳои лейтенант Петроваи ҳалокгашта таъин шуда буд.

Муҳаммадҷонова 99 амалиёти ҷангӣ анҷом додааст ва дар яке аз набардҳои ҳавоӣ ҳавопаймои ӯ оташ гирифтааст. Ӯ ҳавопаймои оташгирифтаи худро ба анбори аслиҳаи немис равона карда, онро нобуд сохт, вале мутассифона дар ин набард қаҳрамонона ҳалок гардид[4].

Ойгул Муҳаммадҷонова дар солҳои ҷанг 300 адад амалиёти ҷангиро иҷро карда, дар яке аз амалиёт даргузашт. Ӯ ягона зани тоҷик аст, ки дар замони ҷанг бо ордени Ленин мукофотонида шудааст

Ба хотири абадӣ гардонидани хотираи Ойгул Муҳаммадҷонова нимпайкараи ӯ дар шаҳри Панҷакент гузошта шуда, яке аз кӯчаҳои шаҳр ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.

Ин аст он чизе ки мо дар бораи Ойгул медонем. Ходими калони илмии Институти таърихи Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон Л.П.Сечкина чанд бор дар матбуот баромад карда, дар бораи ёфтани нақшаи гумшудаи ҳаёти ӯ ба меҳнаткашони ҷумҳурӣ муроҷиат намуд. Дар ин бора дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” низ мақола чоп шуда буд. Асрҳо мегузаранд, вале халқи мо ҳамаи он ҷанговарон, аз ҷумла занони муборизеро, ки дар талоши бахти мо қурбон шудаанд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Номи накӯи лётчикдухтари қаҳрамон Ойгул Муҳаммадҷонова ҳам бояд дар саҳифаи таърих абадӣ навишта шавад [5].

Чунончӣ шоире дар бораи ӯ шеър эҷод кардааст:

Ту дар майдони ҷанг диловарона ҷангидӣ

Лётчикдухтари маҳбуби кишвари кӯҳӣ.

Ту дар фазои оташ аз уқоб далертар

Киштии пӯлодини худро бар сари фашистон рондӣ [6].

https://tg.org/wiki/%D2%B6%. Санаи муиолиа 15.04.2025.

Бахтиёр Самиъзода. Мақола 09.05.2023. https://oila.tj/.../aramonioi-toikistonien-dar-angi.... Санаи мутолиа 15.04.2025.

Неъматуллоева М. Ҳ. Корнамоии Ойгул Муҳаммадҷонова дар солҳои ҷанги бузурги ватанӣ. Муаррих. Саҳ 125-130.

https://sputnik.tj/.../khalabon-afsari-ittilooti.... Санаи мутолиа 01.05.2025

Занони Тоҷикистон Лочиндухтар. 1965, №1-12, №5 (297)

Турсунов А., Лагунов К., Исломов Ю. Материалҳо оид ба таърихи Комсомоли Тоҷикистон.-1957, саҳ.124.

Убайдулло Убайдуллоев - корманди МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”

9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) дар таърихи инсоният бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Ин рӯз на танҳо як ҷашни таърихист, балки рамзи фидокорӣ, иродаи қавӣ ва дӯстдории Ватан мебошад. Барои тамоми мардумони Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва махсусан барои мардуми Тоҷикистон, ин рӯз азиз ва муқаддас аст.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми тоҷикон

Дар солҳои ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шуда, дар ҷабҳаҳои муҳими ҷанг корнамоиҳо нишон доданд. Ҳазорон нафар дар муҳорибаҳои ҳалкунанда ба шаҳодат расиданд ва ё ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Мардуми тоҷик дар паси ҷабҳа низ бо тамоми нерӯ заҳмат кашида, фронтро бо ғизо, либос ва дигар лавозимот таъмин намуданд. Кӯмакҳои моддӣ ва маънавии мардуми Тоҷикистон саҳми муҳимеро дар дастгирии қувваҳои мусаллаҳ бозиданд.

Қаҳрамонони ҷанг аз Тоҷикистон

Садҳо нафар аз иштирокчиёни ҷанг бо мукофотҳои баланди ҳарбӣ қадршиносӣ гардидаанд. Шахсиятҳое чун Исмоил Ҳамзаалиев, Назаршо Додхудоев, Тоҳир Раҳимов, Султонназар Раҳимов ва дигарон бо ҷасорати худ номи миллати тоҷикро дар саҳифаҳои таърих бо ифтихор сабт намуданд.

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гиромидошти Рӯзи Ғалаба

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша ба ёдоварӣ ва гиромидошти заҳмату фидокории иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат дар тамоми кишвар ободу навсозӣ шудани ёдгориҳо, қабули қонунҳо ва барномаҳо барои дастгирии собиқадорон, ҳамчунин созмон додани тантанаҳои расмии давлатӣ дар сатҳи олӣ амалӣ мегардад.

Ҳар сол, Пешвои миллат дар вохӯриҳо бо собиқадорон иброз медоранд, ки:

«Шуҷоату қаҳрамонии собиқадорони ҷанг ва меҳнат намунаи равшани ватандӯстӣ ва мардонагии халқамон буда, барои насли нав сабақи бузург мебошад.» Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаи худ ҳамеша таъкид мекунанд, ки сулҳ — ганҷест, ки бояд ҳифз ва пос дошта шавад. Ҷашни Рӯзи Ғалаба барои миллат воситаи муҳими таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ягонагӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пуршарафи халқ мебошад.

Арҷгузорӣ ба гузашта, сабақ ба имрӯза Имрӯз дар саросари Тоҷикистон намоишгоҳҳо, вохӯриҳо бо собиқадорон, чорабиниҳои фарҳангӣ ва маросими гулчанбаргузорӣ баргузор мешаванд. Ҳамаи ин ҷанбаҳо, бо дастгирии Пешвои миллат, фазои ваҳдату худшиносӣ ва сулҳпарвариро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.

Хулоса

Рӯзи Ғалаба на танҳо хотира аз як рӯйдоди таърихист, балки ҷашни ягонагии наслҳо, сабақи ватандӯстӣ ва рамзи сулҳи пойдор мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо сиёсати оқилона ва эҳтиром ба таърих, ин рӯҳияи ватандӯстиро дар дили ҳар як шаҳрванд бедор нигоҳ медоранд.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1-уми ихтисоси идоракунии давлатӣ - и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

(дар ҳошияи 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ)

Чун дар арафаи 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор дорем, сараввал тамоми ҳамватанон ва кулли ҳаводорони сулҳу суботи ҷамъиятиро ба ифтихори ин рухдоди муҳимми таърихӣ табрику шодбош намуда, умед мекунем, ки парчами сулҳу салоҳи пойдор дар сайёраи инсонӣ барафрохта гардида, дар ҳамкорию ҳамбастагии умумӣ башар аз мусибати ҷангӣ наҷот ёбад.

Мусалламан, сиёсатҳои худкомаву худхоҳ тайи таърихи инсонӣ мардумро ба гурӯҳҳо, мазоҳибу равияҳои мухталиф ҷудо намуда, тухми нобоварию нифоқро байни онҳо коштанд ва дасисакорӣ ва найранги сиёсӣ то имрӯз мавриди корбурди сиёсатмадорони навин қарор гирифта истодааст. Мардум, ки аз моҳияту табиати ин ақаллиятҳои сиёсию динӣ огоҳ нест, ногузир ба доми фиреби идеологияи онҳо меафтад ва дар натиҷа, низоъҳои тӯлонӣ ва ҷангҳои хунин дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегиранд, ки бевосита ё бавосита манфиатҳои гурӯҳҳо ё ба истилоҳ тоталитарҳоро бароварда месозанд. Таъкид намудан бамаврид аст, ки ҳукуматҳои худкомаи асри бист боиси сар задани ду ҷанги ҷаҳонӣ шуданд, ки дар натиҷа ҷони миллионҳо аз даст рафта, ҳазорон нафар ба вартаи фақру ноумедӣ афтиданд (таваҷҷуҳ шавад ба китоби: Арент Ҳ. Тоталитаризм. Тарҷумаи Муҳсин Салосӣ. Теҳрон: Созмони интишороти «Ҷовидон», 1366. -С. 6-7).

Чун дар мавриди ҷангу даргирӣ таваққуф кардем, ногузир аз шарҳу тавзеҳи вожа ва мафҳуми “ҷанг” шуруъ мекунем. Вожаи “ҷанг” маънои набард, пайкор, разм (ниг.: Соатчӣ М. Фарҳанги донишгоҳӣ. -Ҷилди аввал. -Теҳрон, 1371. -С. 496), ҷидолу қитол, корзор, ситеза, ҳарб (ниг.: Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. -Теҳрон, 1368. –С.1)-ро дошта, ҳамчун истилоҳи илмӣ дар шакли “полемология” (аз вожаи юнонии полемос - ҷанг ва логос - илм), яъне ҷангшиносӣ истеъмол мешавад. Ин калима (полемологияро)-ро нахустин маротиба соли 1946 донишманди урупоӣ Б. Гастон дар китоби “Сад миллион барда” пешниҳод намудааст (ниг.: Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон, 1368. -С.1).

Донишмандони улуми ҷомеашиносӣ шаклҳо, ғалатҳо, натоиҷ ва амалкардҳои ҷангро бо унвони як падидаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ин аст, ки донишмандон ба ҷанг зиёда аз сад таъриф пешниҳод намудаанд. Агар гурӯҳе онро, ҷадале мусаллаҳона байни давлатҳо, ки дар куллияи равобити сулҳомез муаллақ шуда бошад… амале зӯрмандона ҷиҳати иҷбори душман ба анҷоми хости тараф, қаламдод карда бошанд (ниг.: Масоилӣ М. Арфаӣ О. Ҷанг ва сулҳ. -Теҳрон, 1371, -С. 4-6), иддае дигар ҷангро нерумандтарин ва муассиртарин шакли тамоси тамаддунҳо… навъе таҳаввули шитобон дар таърихи зиндагии инсонӣ таъриф додаанд (ниг.: Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. -Теҳрон, 1368. -С. 2).

Дар адабиёт ва эҷодиёти шифоҳии тақрибан тамоми мардуми дунё ҷанг, хунрезӣ ва қатлу ғорат аз ҷумлаи махуфтарин ва палидтарин балоҳои мумкин дар радифи зилзила, сел, тоун, вабо, қаҳтӣ ва билохира тирагӣ ва ғалабаи Шайтону Аҳриман маҳсуб шуда (ниг.: Таҳлиле бар ҷанги таҳмилии режими Ироқ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон. -Ҷилди дуввум. -Теҳрон, 1367. -С. 1), харобкунандаи ҳар чизи зебо ва сарчашмаи ҳар бадию зиштӣ муаррифӣ шудааст. Андешаи сулҳи абадӣ ва оштии ҷовидонӣ аз дергоҳ -- аз бомдоди фарҳанги башарӣ мардумро шефтаи худ гардонида, маҳз дар партави ин андеша, фалсафаи тӯда ё омма созмон дода шудааст (ниг.: Нахҷувон А. Ҷанг. -Теҳрон, 1317. -С.5).

Адешаи ҷанг дар се давраи ташаккули тафаккури инсонӣ: асотирӣ, мазҳабӣ ва фалсафӣ таҳаввул пазируфтааст. Дар асотир қаҳрамонону паҳлавонон ба хотири озодию адолат меҷанганд (ниг.: Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. -Теҳрон, 1368. -С. 5-8) дар афкори мазҳабӣ (динӣ) ҷанг бо фармон ва машияти Худо ҳақиқат пайдо мекунад (ниг.: Гастон Б. Ҷомеашиносии ҷанг. -С. 9-12ва дар андешаи фалсафӣ ҷанг бо қотеътарин ваҷҳу далел маҳкум карда мешавад.

Мунтаҳо, ҷанг дар ҳама ҳолат, мусибати инсонӣ маҳсуб меёбад ва дар баробари он, фарҳангу тамаддун бояд ҷангу низоъро маҳдуд кунад. Дар давоми садаи бистум қатлу куштор ва истибдоду муҷозоти одамӣ ба дараҷае афзуд, ки барои ифодаи онҳо вожаю истилоҳоти нав сохтанд. Истилоҳи “генотсид” (соли 1944 сохта шуд ва дар гардиши фикрию сиёсӣ қарор гирифт) ба маънои маҳвсозии насли одамӣ мавриди истифодаи фаровон қарор гирифт (нигаред: Состояние мира 1999. Москва: Издательство “Весь мир”, 2000. -С. 224). Худхоҳию худкомагии ҳукуматдорони ҷаҳонӣ боиси аз байн рафтани ҳаёти мардумони зиёди сайёраи инсонӣ гардид. Ҷанги Якуми Ҷаҳон (солҳои 1914-1918) 26 миллион ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (солҳои 1939-1945) 53 миллиону 547 ҳазор куштаро ба бор овард. Тибқи омори расмӣ, агар дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон 50 дар сади аҳолии осоиштаи мамолики ба ҷанг даргир ҳалок шуда бошад, дар ҷараёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ин рақам ба 60 дар сад мерасад (ниг.: Состояние мира 1999. Москва: Издательство “Весь мир”, 2000. -С. 225). Ба сухани дигар, дар ҷараёни ҷанҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ аҳолии ғайринизомӣ низ сахт талаф ёфтааст. Омори расмӣ шоҳиди 54 миллион куштаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ҷабаҳот мебошад (ниг.: Состояние мира 1999. Москва: Издательство “Весь мир”, 2000. -С. 226). Акнун таваҷҷуҳ намоед, ки чӣ қадар мардуми бегуноҳ қурбони хоҳишу ҳавасҳои бемаънии ҷангҷӯёну фитнагарон гардидаанд ва ин раванд баъди ду ҷанги ҷаҳонӣ дар байни абарқудратон идома ёфта, то имрӯз домани аҳолии осоиштаи баъзе мамолики сайёраро сар надода истодааст.

Таърих муқовиматҳои шадиди мардуми моро ба муқобили истилогарони мустабид дар ҳамаи давру замонҳо хуб дар ёд дорад. Мардуми тоҷик, новобаста ба шароити сангини иҷтимоию сиёсӣ алайҳи истилогарони Мақдунӣ, арабӣ, туркию муғулӣ таҳти сарварии Спитамон, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзода ва дигар фарзандони далеру шуҷоъ ва баору номус шадидан муқовимат карда, дар майдонҳои набард барои ҳифзи Меҳан ҷоннисорӣ намудааст. Мардум, Ватан ва миллат номи он мардони ҷасурро дар қалбаш абадан нигоҳ дошта, хотираи неки ононро абадан пос медорад.

Вақте ки Ватан дар хатар аст, мардони шуҷои миллат ҷон дар каф барои дифои он бармехезанд ва ҷангу пархош алайҳи золимону мустабидони хориҷӣ ба ғояи мутамаркази ҳаёти сиёсии онҳо табдил меёбад. Беҳуда нест, ки меҳри Ватанро бо меҳри Модар – офарандаи ҳаёти инсонӣ тавъам медонанд ва айният медиҳанд.

Асри бистум дар худ ду ҷанги бузурги ҷаҳониро ғунҷоиш дод, ки ба бадбахтии мардуми манотиқи мухталифи сайёраи мо боис гардид.Ҷанги якуми ҷаҳон, ки солҳои 1914-1918 байни гурӯҳи давлатҳои аврупойӣ сурат гирифт, фақру бенавоӣ ва ноамнию бесуботиро дар ҷаҳони онвақта мутаҳаммил сохта, роҳи саодату хушбахтии мардумро муддатҳои тӯлонӣ барбаст. Дар натиҷа, ҷомеаҳои ҷангзада ба дардҳои ногувори равонӣ, уқдаҳои ботинӣ ва фишору тазйиқҳои иҷтимоию сиёсӣ гирифтор шуда, дар ҳолати дилшикастагӣ, худбохтагӣ ва навмедию нобоварӣ ба сар бурданд.

Мусаллам аст, ки ҷангҳои ҷаҳонии дар асри бистум ба вуқуъ- пайваста дастовардҳои моддию маънавии башарро зери хатар қарор дода, вазъияти амниятии манотиқи гуногуни ҷаҳонро хавфнок сохта, фақру бенавойӣ ва қатлу ғорат ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид кард.

Ҳамин гуна беморию ранҷурӣ ва фақру бенавойиро садҳо карат зиёдтар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (солҳои 1939 – 1945 ) ба мардуми сайёра «эҳдо» намуд. Муҳимтар аз ҳама, бар асари ин ҷанги мудҳиш ҷони миллионҳо нафар одамони сайёра ба коми нестию нобудӣ афтида, миллионҳо кӯдакони оилаю хонаводаҳо заҳри ятимию бекасиро маҷбуран ва ғайриихтиёр чашидаанд. Аз ин дида мусибате сахттар барои насли инсонӣ набуда ва нест.

Аз батни Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 – 1945) тавлид ёфт, ки барои манотиқи дар ин ҷанг шомилбуда асароти сахт гузошт. Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони гитлерӣ бар хоки Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт, ҳудуди панҷ сол амну суботи ҷомеаи онвақтаи Иттиҳоди Шӯравии нав аз кашмакашҳои дохиливу хориҷӣ халосёфтаро, ки Тоҷикистони азизи мо як ҷузъи он маҳсуб мешуд, халалдор сохт.

Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизми олмонӣ салтанати истилогунаро қариб дар тамоми ҷаҳон барканда сохта, роҳи тараққиёти минбаъдаи бисёр мамолики таҳти тасарруфи мустабидони берунӣ қарордоштаро муайян кард. Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар олмони гитлерӣ ғалаба ва пирӯзии адолат бар разолат, рӯшанӣ бар торикӣ, хайр бар шар, некӣ бар бадӣ, ақл бар ҷаҳл, меҳру вафо бар ҷабру ҷафо, покӣ бар палидӣ ва дар маҷмӯъ ҳастӣ бар нестӣ мебошад. Дар ғалаба бар фашизми гитлерӣ, ки бар ивази хуни миллионҳо сарсупурдагони Ватан ба даст омадааст, тамоми мардуми Шӯравӣ, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон низ саҳм доранд.

Дифоъ аз Ватан ва ҷанг ба хотири ба вартаи асорат науфтодани мардуми Шӯравӣ, ки онро ҷиддитарин хатар – фашизми олмонӣ таҳдид мекард, ба қарз, фарз ва амри виҷдони ҳар як шаҳрванди солимақли Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт.

Даъвати роҳбарияти давлати Шуравӣ ба ҷанг барои аз хоки Ватан рондани истилогарони олмонӣ дар Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва дар кӯтоҳтарин муҳлат мардуми манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран ба ҷанг сафарбар шуданд. Шиорҳои асосӣ ва саросарӣ дар он замон “Ҳама ба фронт, ба ҳифзи Модар – Ватан”, “Ватан -- Модар даъват мекунад” буданд. Ин шиорҳои аз назари сиёсию иҷтимоӣ дархур тавонистанд, ки дар миқёси табақаҳои мухталифи ҷомеаи Шуравӣ, минҷумла мардуми заҳматқарини Тоҷикистон оташу қаҳру ғазаби мрдумро бар зидди истилогарони олмонӣ афзун созанд ва раванди муборизаҳои адолатхоҳонаро вусъати тоза бахшанд. Дар маҷмуъ, дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуда, фидокорию ҷонбозиҳо кардаанд. Бад-ин тартиб, фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо далерона мубориза бурда, содиқона корнамоиҳо нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо ба унвони олии ифтихории Ватан -- Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени “Шараф” ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Ҳамчунин, дар ҷабҳаву сангарҳо шоиру нависандагону олимони тоҷик бо шумули Ҳабиб Юсуфӣ, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳамадзода ҳам бо силоҳ ва ҳам бо қалам зидди душман мубориза бурдаанд. Устод Садриддин Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард. Нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ бошад, маҷмуи ҳикояҳои ҷанггиашро таҳти унвони “Интиқоми тоҷикон” таълиф кард, ки дар он замон минҳайси силоҳи маънавӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи ифтихороти миллию меҳанӣ хидмат намудаанд. Асарҳои ба замони ҷанг ихтисосёфтани устод Айнӣ, устод Лоҳутӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигар адибону шоирони миллӣ, ки саршори ғояҳои ватандӯстию ифтихорофаринианд, на танҳо имрӯз, балки дар оянда низ барои боло бурдани сатҳи ҳувиятию ватанпарастии наслҳои ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмат хоҳанд кард.

Дар зимн, шароити муосири сиёсӣ ва геосиёсӣ бисёр нигароникунанда аст: қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мафкуравӣ-идеологӣ миёни мамолики камзарфият ҷангу низоъ ва даргириҳоро дар ар шакле пиёда месозанд. Бинобар ин, ниҳоят ҳушёр бояд буд, то мавриди истифодаи қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қарор нагирем ва дар баробари ҷангу низоъҳо истодагарӣ карда тавонем. Ба сухани дигар, барои он ки сулҳу амният бар ҷангу мунозаат пирӯз гардад, моро зарур аст, ки ҳар чӣ зиёдтар ба илму фарҳанг рӯ биёварем ва дар пайи оштӣ додани зидҳо бошем, гузашта аз ин, маъно ва ҳадафи зиндагиро дар оштии зидҳо донем. Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ:

Зиндагонӣ оштии зидҳост,

Марги он андар дарунаш ҷангҳост.

Ҳаштодумин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ!

Дар охир, пораи манзумеро, ки ба муносибати 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иншо шудааст, чун табрикоту таманниёти ҷашнӣ манзуратон месозем.

Ба рағми ҷанг карда сулҳро парчам

(Ба ифтихори ҳаштодумин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ)

Расо ҳаштод соли пеш бар рағми бадомӯзӣ,

Ҷавомардони Меҳан бо худафрӯзӣ,

Далерони Ватан бо хештансӯзӣ,

Раҳониданд мардум аз сияҳрӯзӣ,

Расониданд моро то ба пирӯзӣ,

Ба хушҳолии имрӯзӣ!

Ту медонӣ, ки насли поки он даврон,

Тамоми так-таки афроди бовиҷдон,

Шикастандӣ аду бо дасту бо дандон,

Барои дӯстию сулҳи бепоён,

Бикардандӣ барои бахти фарзандон,

Ҳазорон хешро қурбон!

Харобӣ оварад ҳар ҷанг бар олам,

Мусибатҳо биёрад бар сари одам,

Биафзояд ҳамеша гиряву мотам,

Бидода мардумӣ дастобадасти ҳам,

Ба рағми ҷанг карда сулҳро парчам,

Ки созад олами беғам!

Биё, ҷамъ оварем аҳли азизонро,

Рафиқони шафиқу сулҳхоҳонро,

Кунем ифшо фиреби ҷангҷӯёнро,

Шунав, хуш муждаи уммедворонро,

Паёми ростини растагоронро,

Садои насли инсонро!

Пас, оре, ҳар Ватан обод бояд кард,

Суруди сулҳро эҷод бояд кард,

Талош андар раҳи имдод бояд кард,

Ки ҳар як қаҳрамонро ёд бояд кард,

Ба рӯзи ҷашн дилҳо шод бояд кард,

Муборакбод бояд кард!

80-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак!

Нозим Нурзода - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) яке аз мудҳиштарин ва сахтарин ҷангҳо дар таърихи инсоният буд. Дар ин ҷанг беш аз 27 миллион нафар шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумла ҳазорон нафар мардуми тоҷик, ки бо фидокорӣ ва садоқат барои ҳифзи Ватан мубориза бурданд ҷони худро аз даст доданд.

Зиёда аз 300 ҳазор нафар мардони тоҷик, занон, ҷавонон ва бонувони ҷавон ба фронт рафта буданд, ки бисёре аз онҳо қаҳрамонона ҷон бохтанд. Шахсиятҳое чун Неъмат Қарабаев, Сафар Амиршоев, ва дигарон на танҳо бо сухан, балки бо амал низ ба мардум руҳу илҳом мебахшиданд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ходисаи ҷамъиятӣ, бо роҳи зури давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихохонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи Ватан алайҳи фашизм буд. Роҳбарони сиёсии Олмон бо иттифоқчиёнашон Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС) ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кутоҳ несту нобуд кардани Артиши Сурх ва шикаст додани Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ буд.

Новобаста аз омодагии амиқ ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Иттиҳоди Шӯравӣ муяссар шуд, ки зафар ёбад. Халқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиети ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо курбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт. Неруи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Олмони Фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рузи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонаву хоҷагидорӣ монданд.

Рӯзи Ғалаба ба мо ёдрас мекунад, ки сулҳ чизи арзишманд аст, ва онро бояд пос дошт. Ин рӯз ба насли ҷавон имконият медиҳад, ки қаҳрамонии падару бобоёни худро фаромӯш накунанд ва аз таърихи гузашта сабақ гиранд. Имрӯз, вақте ки дар ҷаҳон боз хатари ҷанг ва низоъҳо зиёд шудаанд, мо бояд ҳамеша барои сулҳ талош варзем, ва дар дили худ эҳтиром ба онҳое дошта бошем, ки барои осоиштагии мо ҷони худро қурбон карданд.

Рӯзи Ғалаба на танҳо ҷашн аст, балки рӯзи андеша, ёдоварӣ ва миннатдорӣ аст. Моро зарур аст, ки бо ваҳдат, дӯстӣ ва эҳтиром ба таърих зиндагӣ кунем, то сулҳу суботро барои наслҳои оянда нигоҳ дорем 80 солаги Ғалаба муборак бошад.

Акрамзода Рустами Ҷурахон – Котиби илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

212Имсол 9-уми май дар кишвари азизамон 80-солагии пирӯзии мардуми шӯравӣ бар Олмон ва ҳампаймонҳои он ҷашн гирифта мешавад. Падарон, бобою бобокалонҳо барои ояндаи мо, сулҳи рӯи замин мубориза бурданд. Вазифаи мо гиромидошти хотираи онҳо, қадрдонии ҳар рӯзест, ки дар Тоҷикистони озоду офтобӣ дар зери осмони ором мегузарад.

Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.

Дар оғози майи соли 1945, пас аз солҳо ҷанги хунинву вазнин, неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иттиҳоди Муттаҳидони хонаводагӣ ба як натиҷаи ниҳоӣ расиданд: 8 май дар Ғарб ва 9 май ба вақти Маскав актҳои таслимшавии нерӯҳои фашистӣ имзо шуданд. Ин рӯйдод дар шаҳри Реимс ва Берлин ба тасмими қатъие оварда расонд, ки фишори ҷангӣ аз нерӯҳои фашистӣ бардошта шавад. Сипас, дар 24 июни ҳамон сол аввалин паради Ғалаба дар Қизил Майдони Маскав баргузор шуд, ки баъдҳо 9 май ҳамчун иди расмӣ таҷлил гардид.

Рӯзи 9-уми май дар Тоҷикистон на танҳо рӯзе барои гиромидошти гузашта, балки ибрат барои оянда аст. Он ба мо хотиррасон мекунад, ки сулҳу ваҳдат дар меҳвари зиндагӣ қарор дошта, ёдоварӣ аз қурбониҳои шаҳидон ва арҷгузорӣ ба устувории миллати тоҷик бояд ҳамеша дар авлавият бошад. Ин рӯз барои ҳар касе, ки озодӣ ва инсондӯстиро арзишманд шуморад, рӯзи фаромӯшнопок аст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.

Воқеан, эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии фарзандони барӯманд ва ватандӯсти миллатамон буд, ки имрӯз бароямон намунаи ибрат ва сабақ аст ва мо истиқлоли давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем.

Рӯзи Ғалаба барои ҷавонон ва наслҳои имрӯза ҳамчун мактаби ватанпарастӣ, матонат ва ватандӯстӣ хизмат мекунад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ осон ба даст наомадааст. Он натиҷаи ҷоннисорӣ, заҳмат ва муттаҳидии миллатҳост.

Бинобар ин, арҷ гузоштан ба ин санаи бузург, гиромӣ доштани хотираи шаҳидони ҷанг ва эҳтиром ба онҳое, ки бо заҳмати худ барои ба даст овардани ғалаба саҳм гузоштаанд, вазифаи ахлоқиву шаҳрвандии мост.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.

Аз ин лиҳоз, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – 9 май аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу дорем.

Армонова Рӯзигул Холиқовна магистранти курси 1-уми шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Инак, баъди чанд рӯзе 80 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар аксарияти кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъзе кишварҳои дигар таҷлил менамоянд. Ин ҷанги мудҳиш дар сарнавишти ҳар як халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон, доғи фаромӯшнашавандае гузоштааст, ки бо гузашти айём ва аз диди нав ин фоҷеаи бузурги асри XX, боз ҳам дардноктару ҷонсӯзтар мегардад. Ҳамагон медонанд, ки дар ин майдони набард ҳазорон ҳазор фарзандони ҷонфидои Тоҷикистони азиз қаҳрамонона ҷангида, ҷони худро барои озодиву истиқлоли Ватани умумии ҳамонвақтаамон Иттиҳоди Шӯравӣ нисор кардаанд. Аммо мутаассифона, номи теъдоди ниҳоят бузурги онҳо дар байни қаҳрамонони шинохтаву маъруф беному нишон гашта, ҷонбозиҳояшон фаромӯш гаштааст.

Мавриди зикр аст, ки то ба ҳол дар бораи шумораи умумии ашхоси аз Тоҷикистон ба ҷабҳа (фронт) рафта ва шумораи ашхоси аз ҷабҳа барнагашта маълумотҳои баҳсбарангез вуҷуд дорад. Гузашта аз ин ҳатто дар бораи шумораи умумии қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумотҳои дақиқ вуҷуд надорад. Тибқи маълумотҳои ахири Вазорати дифои Федератсияи Русия шумораи умумии қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ наздики 30 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки ин аз рақами пешина (27 миллион) 3 миллион бештар аст. Мувофиқи маълумотҳои ҳамин манбаъ аз Тоҷикистон ба ҷабҳа беш аз 250 ҳазор сарбозу афсар ва 45 ҳазор коргарони ақибгоҳ фиристода шуданд, ки аз ин шумора беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштанд.

Мутобиқи маълумотҳои манбаи дигар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ба ҷабҳа 300 ҳазор сокинони Тоҷикистон фиристода шуданд ва аз онҳо 90 ҳазор нафар ҷони худро дар ин ҷанг бохтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ мавсуф таъкид намуд, ки дар солҳои ин ҷанги пурфоҷиа танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба рафта, беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар ин ҷанг ҳалок гардиданд. Ҳамзамон тақрибан 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои минтақаҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор фиристода шуданд, ки аксарияти онҳо аз он ҷо ба ҷанг рафтанд. Ҷанговарони тоҷик дар ҳама муҳорибаҳои шадиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яъне мудофиаи Москва, қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар шаҳрҳо, инчунин дар муҳорибаҳои шадиди занҷираи Курск ва озод кардани Ленинград аз муҳосира ҷоннисорона иштирок карданд.

Бале, суханони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин ҳамоиши тантанавӣ бамаврид ва нишонрас буд. Ӯ бори дигар ба аҳли толор ва роҳбарони воломақоми парломунҳои иштирокдорони ИДМ хотиррасон намуд, ки дар ин Ғалабаи бузург тоҷикон саҳми босазои худро доранд ва касе ҳақ надорад, ки онро нодида гирад ва ин воқеиятро бо далелҳои дар боло зикргардида собит намуд.

Тибқи маълумотҳои зикргардида миқдори қурбониёни ин ҷанги хонумонсӯзро аз Тоҷикистон аз 90 ҳазор то 100 ҳазор рақам мезананд, ки ба ақидаи мо аниқу дақиқ нест ва афзоиши он аз эҳтимолият дур намебошад. Вале барои мо чизи дигар муҳим аст. Оё мо имрӯз 90 ё 100 ҳазор шаҳидони аз ҷанг барнагаштаро ном ба ном медонем!? Оё мо медонем, ки онҳо дар куҷо дафн шудаанд? Онҳо кӣ буданд? Шояд як деҳқони оддӣ аз гӯшаи дурдасти Бадахшон, ё як ҷавони ғаюри хатлонӣ, ё як ҷавони бонангу номуси раштӣ, зарафшонӣ ва ё аз дигар манотиқи кишвар, ки бори аввал силоҳ ба даст гирифта, ба муқобили душман бархоста буданд??? Ҳамаи онҳо дар дил орзӯҳои ширин доштанд, аммо ҷанг ҳамаи орзӯҳои онҳоро барбод дод. Онҳо падарон, бародарон, шавҳарон ва писароне буданд, ки хонаву дар, пайвандону наздикони хешро тарк карда, ба ҳимояи Ватан бархостанд ва дигар ҳеҷ гоҳ ба хона барнагаштанд.

Онҳо дар ҷабҳа дар сафҳои пеши ҷанг, дар зери борони тиру туп мардонавор ҷангиданд. Гурӯснагӣ, ташнагӣ, хастагӣ ва тарсу ҳаросро паси сар карда, қадам ба қадам то рақами вопасин ба сӯи ғалаба пеш рафтанд. Ва дар ниҳоят дар набардҳои шадид ба ҳалокат расида, дар кишварҳову заминҳои бегона бе ному нишон гоҳе дафн ва гоҳе ҳатто дафн нашуданд. Ҳеҷ касе катибае сари гӯри онҳо нанавишт ва ҳеҷ касе наметавонад дараке аз ҷойҳои дафни онҳо диҳад. Онҳо аскарони гумноми ғалаба боқӣ монданд.

Оё ин маънои онро дорад, ки ҷоннисориҳои онҳо беарзиш буд? Ҳаргиз! Маҳз ҳамин ҷонфидоиву қаҳрамонии бемислу монанди онҳо буд, ки ғалабаро бар фашизм таъмин кард. Гарчанде номи онҳо ва қаҳрамониҳои онҳо дар саҳифаҳои таърих сабт нагашта бошад ҳам хотираҳои онҳо дар ёди мардуми тоҷик абадӣ боқӣ хоҳад монд. Шахсияти аст, вале қаҳрамониҳои онҳо безавол аст. Хотираи он аскарони гумноми тоҷик, ки дар роҳи озодӣ ва наҷоти башарият ҷон бохтаанд ҳамеша зиндаву ҷовид хоҳад монд. Мо насли имрӯза бояд пеши қаҳрамониҳои онҳо сари таъзим фуруд орем ва ҳеҷ гоҳ ҷонбозиҳои онҳоро фаромӯш накунем.

Бо баракати истиқлол мо имрӯз имконият дорем, ки озодона бидуни муҳри хомӯшӣ бар лаб ва махфияту мамониатҳо ба омӯзиши амиқи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми арзандаи халқи тоҷик дар он машғул шавем. Вақти он аст, ки гурӯҳҳои таҳқиқотии махсус таъсис дода шуда, бойгониҳои ватанӣ ва хориҷ аз он ба таври хеле ҷиддӣ омӯхта шаванд, то ҳарчӣ бештар номҳои аскарҳои гумном рушан гардонида шаванд. Бояд қайд кард, ки ҳар як аскари тоҷик, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон бохтааст, новобаста аз он, ки номаш маълум аст ва ё не, қаҳрамони миллати мост. Хотираи онҳо абадӣ хоҳад буд ва ҷонбозиҳои онҳо барои наслҳои оянда намунаи ибрат хоҳад буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Иди ғалаба ба маврид таъкид намудаанд, ки: “Рӯзи ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад”.

Дар хотима бояд зикр намуд, ки ҳар як шаҳиди ин ҷанг як китоби нонавиштаи қаҳрамонист. Мо бояд саҳифаҳои хотираи онҳоро бо эҳтиром ва сипосгузорӣ варақ занем. Қаҳрамонии онҳо намунаи ибрат барои наслҳои оянда аст. Руҳатон шод бод, эй аскарони бенишони ҷонфидои Тоҷикистон!

Судуров С.А. – ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ– и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм