АСОСӢ
-
МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт. -
МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
“САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ” -
ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ -
БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД. -
САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ. -
РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ ИН ОИНАЕСТ, КИ СИМОИ АҚЛОНӢ, САТҲИ МАЪРИФАТУ ДОНИШ ВА ТАМАДДУНИ ҶОМЕАИ МОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯД. ҲАР ҚАДАР ИН ОИНА ПОКИЗАВУ БЕҒУБОР БОШАД, БА ҲАМОН АНДОЗА СИМОИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ МО РӮШАНТАРУ БАРҶАСТАТАР БА ҶАҲОНИЁН ҶИЛВАГАР МЕШАВАД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН
“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон.
Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
(Ибн Сино)
Китобҳои тозанашр
Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ
Ба истиқболи Рӯзи милитсияи тоҷиқ, ки ҳамасола дар санаи 10-уми ноябр таҷлил мегардад, бахшида мешавад
Милитсия ё худ милиса аз вожаи лотинии militia иборат буда, дар асли пайдоиш ба маънии лашкар далолат мекунад. Дар замони муосир бо ин вожа мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ номгузорӣ мешавад. Ворид шудани истилоҳи милитсия дар забони тоҷикии мо ба давраи Шӯравӣ иртибот дошта, то кунун дар аксар кишварҳои пасошӯравӣ вожаи милитсияро чун мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд ва таҳкимбахши суботу оромии кишвар мешиносанд. Ҳамин тариқ, милитсия зодаи давраи Шӯравист. Соли 1917 бо ғалабаи инқилоби Октябр политсия ба милитсияи халқӣ мубаддал гашт. Асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин моҳи марти соли 1917 дар асари худ “Мактубҳо аз дур» оид ба милитсия андешаҳои худро чунин навишта буд: «Милитсия воқеан ҳам бояд халқӣ бошад, ба мардум хизмат намояд, аз ҳисоби калонсолони ҳарду ҷинс таъсис дода шуда, дар худ функсияҳои милитсияи халқӣ ва функсияи политсияро муттаҳид намуда, ба мақомоти асосии тартиботи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ табдил дода шавад”.
Генерал-майори милитсия Абдулҳаким Розиқзода таҳқиқоти ҷолибе диҳати таърихи таъсисёбии милитсия андом додааст. Номбурда дар рисолаи илмӣ ин ҳодисаро чунин шарҳ додааст: “Соли 1924 баъд аз тақсимоти ҳудудию миллии Осиёи Миёна дар ҳудуди собиқ Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон ва Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро якчанд ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуданд. Моҳи декабри соли 1924 Комиссариати халқии корҳои дохилии Тоҷикистон таъсис ёфта, аллакай то 20 декабри соли 1924 комиссари халқии корҳои дохилӣ Абдулло Ёрмуҳаммадов ва якчанд нафар кормандони дастгоҳи марказии Комиссариат, аз думла, сардори милитсия Ф.Я. Ижевский ба вазифаҳо таъйин шуданд, ки онҳо мутахассис ва донандаи якчанд забонҳо буданд”.
Истилоҳи “милитсия” мутобиқ ба сарчашмаҳои таърихӣ дар ҳудуди кишвари мо ба солҳои 1916 ва 1917 рост омада, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ин вожа истифода шудааст. Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат ва шукргузорӣ аз неъмати истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ибораи дигар яке аз дастовардҳои замони истиқлол ҳамин милитсияи тоҷик аст, ки бинобар тағйирёбии шаклу ҳадафҳои сиёсии кишвар дубора тавлид шуд ва имрӯз бо гузашти зиёда аз сӣ сол тадриҷан густариш меёбад.
Милитсия дар кишвари мо бо ташаббуси коргардон-таҳиягари синамо Комил Ёрматов таъсис ёфтааст. 10-уми ноябри соли 1918 номбурда дар ноҳияи Конибодом барои таъсиси милитсияи халқӣ ибтикор аз худ нишон дод ва ин сана рӯзи тавлиди милитсияи тоҷик дониста мешавад. Нахустин коммисари халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Абдулло Ёрмуҳаммадов аст, ки соли 1924 ба ин вазифа таъин шудааст.
Аз соли таъсисёбӣ то кунун милитсияи тоҷик бисёр корҳоро анҷом додааст, ки аз бурду бохтҳои ин ниҳод гувоҳӣ медиҳанд. Айни замон ниҳоди мазкур дар ҳоли густариш қарор дорад ва пайваста бархе аз кормандонаш аз худ намунаҳои олии ватандӯстиро нишон медиҳанд.
Корманди ҳақиқии ин ниҳоди давлатӣ вазифадор аст, ки ҷиҳати таъмини тартибот ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ҷоннисорӣ кунад ва нагузорад, ки содиркунандагони ҷиноят дар озодӣ гашта, гузашта аз ин, боз ба конуншиканни пай дар пай машғул шавад.
Таъмини субот ва амнияти шаҳрванд аз сатҳи тахассусии кормандони макомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста мебошад. Чунки либоси милитсияро ба бар кардан ин аллакай ифтихор аст ва ҳар кӣ бо либосу пӯшиши милитсия байни мардум меравад, бояд донад, ки масъули тартибот буда, ҳамоҳангӣ бо ҷинояткорон хиёнат ба худ маҳсуб мешавад.
Таърихи пайдоиши милитсияи тоҷик ба санаи 6-уми феврали соли 1925 рост меояд, чунки дар ин таърих Комиссариати умури дохилии Ҷумҳурии худмухтори шӯравии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кардааст.
Саҳми милитсия чун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мамлакат ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа дар он ифода меёбад, ки ҳамаи шаклҳои содиршавии ҷиноят ва бетартибиҳо мавриди тафтишу баррасӣ қарор гирифта, новобаста аз муҳтавои худ зудтар бояд ошкор гарданд.
Президенти Ҷумуурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик тазаккур дод: “Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ аз бисёр ҷиҳат аз сатҳи омодагии касбӣ ва сифатҳои шахсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад”.
Ҳар як инсони ватандӯст бояд дар мубориза бар муқобили ҷинояткорӣ нақше аз худ гузошта, бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамдаму ҳаммаром бояд бошад, лекин аксари шаҳрвандон содир шудани ҷиноятро мебинанду алоқа барпо карданро бо кормандони милитсия барои худ муносиб намебинанд ва фикр менамоянд, ки ашхоси бо мақомот иртиботдошта аз зумраи хабарбароне ҳастанду дар ҷомеаи шаҳрвандӣ мавқеи хешро надоранд. Бо ҳамин тафаккур онҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ андозаро нигаҳ дошта, дар аксар ҳодисаҳои нохуш кормандони ин ниҳодро гунаҳкор медонанд ва ҳатто боре ҳам мулоҳиза намекунанд, ки дар аксар ҷиноятҳо бо иллати воқиф накардани масъулини ҳифзи тартибот шарик мебошанд. Аз ҳамин хотир, мақомоти умури дохилии кишварро зарур аст, ки дар ҳамоҳангӣ бо шаҳрвандон фаъолият намуда, зимни содир кардани ҷиноят аз алоқа ва саҳми оммаи васеи мардум истифода кунад, вагарна бе иштироки васеи шаҳрвандон ошкор сохтани ҷиноят тӯл мекашад ва имкон дорад, ки ҷинояткорӣ дар озодӣ қарордошта ҷинояти навбатии худро содир намояд.
Дар бораи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва зарурати фаъолияти онҳо дар ҳама ҳолат чеҳраҳои машҳури таърихи инсоният андешаронӣ намудаанд. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки ҳукуматҳо меоянд ва мераванд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ новобаста аз тағйирхӯриҳои сиёсӣ боқӣ мемонад.
Ҳамчунин бояд таъкид намуд,ки саҳми роҳбарияти милитисияи тоҷик дар таҳкими субот дар ҷомеа хеле назаррас аст. Вазири корҳои дохили Тоҷикистон генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар омодагии шароити мусоид барои кормандон саҳмгузор буда, нисбат ба кору фаъолияти зердастон бетафоввут намебошад. Аз ҳамин хотир, бо гузашти айём милитсияи тоҷик пурра ташаккул ёфта, вазифаҳои он боз ҳам васеътар мегарданд. Аз фурсат истифода карда, ҳамаи посдорони тартиботи ҷамъятиро бо фарораси “Рӯзи милисияи тоҷиқ” табрик гуфта, ба онҳо тандрусти ва хонаободи тамано дорам.
ҚУРБОНОВА Ширин, сарходими илмии
Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих
(дар ҳошияи қабул гардидани қатъномаи муҳим бо унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ”)
Дар тӯли таърих инсоният ҳамеша дар ҷустуҷӯи адолат, озодӣ ва эҳтиром ба шарафи инсон будааст, ки он борҳо дар мероси гаронбаҳои башарият ба таври кулли таҷуссум ёфтаву аз ҷониби бостоншиносону таърихнигорон борҳо мавриди баҳсҳову таҳқиқоти бунёдӣ қарор гирфтааст. Дар заминаи ин ормонҳо, ҳуқуқи башар ҳамчун асоси зиндагии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ ташаккул ёфтааст. Зеро аз қарнҳои пеш, мутафаккирони Шарқу Ғарб – аз донишмандони Юнон ва Рум то мутафаккирони Ховари Миёнаву Чин ва Ҳинд – кӯшиданд, то маънои “ҳуқуқ”, “озодӣ” ва “адолат”-ро дар қолаби ахлоқ ва сиёсат муайян созанд.
Дар ин росто, Шарқи Қадим – махсусан сарзаминҳои ориёно, ки аҷдодони тоҷикон ҳамчун меросбарони ҳақиқии марзубуми он шинохта шудаанд – дар таърихи фарҳанги ҳуқуқӣ нақши хос доранд. Мероси фарҳангии Хуросони бузург, ки аз афкори башардӯстонаи пешвоёнаш сарчашма мегирад, имрӯз низ ҳамчун яке аз пояҳои маънавии ҳуқуқи инсон арзёбӣ мегардад. Зеро аз Байнаннаҳрайн то Хутан, дар давраҳои мухталиф мутуни гуногуни бостонӣ ба даст омадаанд, ки онҳо ҳамеша дар мазмун ва мундариҷаи худ инсон ва ҳуқуқи башариро ҷойгоҳи марказӣ додаанд ва ё маллифони онҳо аз ашхосе буднад, ки инсон ва ҳуқуқи онро аз авлотарин арзишҳои башарӣ медонистанд.
Ҳуқуқи башар, дар маънои васеъ, таҷассуми орзуи деринаи инсоният барои баробарӣ ва озодӣ мебошад. Яке аз намунаҳои барҷастаи таърихии шинохти ҳуқуқи башар дар тамаддуни башарӣ Устувонаи Куруши Кабир аст – санади бостонӣ, ки тақрибан соли 539 пеш аз милод дар Бобул навишта шудааст. Ин устувон, ки бо хати мехӣ бо 45 сатр дар рӯи гили пухташуда сабт шудааст, фармони подшоҳи ориёӣ Куруши II, асосгузори сулолаи Ҳахоманишиён мебошад. Андоза максимали он дарозии 21,90-22,80 см., қутри дуҷониби он 7,80-8,20-7,90 см., ва қутри максималии он 10 см. (21,9 × 10 × 7,8-7,9 см.)-ро ташкил дода, дар шакл устувона (цилиндр) эҷод шудааст ва соли 1879 аз ҷониби Ҳурмузд Рассом аз Бобул ( Ироқи имрӯзӣ) пайдо карда шуда аст. Ин бозёфт ҳоло дар Осорхонаи Британиё (таҳти рақами BM90920) нигоҳ дошта мешавад.
Мутобиқи тарҷумаи муҳаққиқон, матн забти Бобулро аз ҷониби Куруши Кабир дар соли 539 пеш аз милод таҷассум намуда, бо нақл аз ҷониби худои бобулӣ, Мардук, оғоз меёбад, ки дар бораи ҷиноятҳои Набонид (Набонидус), охирин шоҳи бобулӣ, маълумот медиҳад. Пас аз он ҳикояти ҷустуҷӯи шоҳи шоҳи одил аз ҷониби Мардук, таъйини Куруши Кабир барои ҳукмрони тамоми ҷаҳон ва ба таслим омадани Бобул бе ягон ҷанг оварда мешавад. Дар сатрҳои минбаъда шахсият, унвонҳо ва шаҷараи Куруши Кабир аз забони худи ӯ (Куруш) оварда мешавад ва изҳор медорад, ки сулҳи кишварро кафолат додааст ва барои ин ӯ аз Мардук баракат гирифтаст. Куруш барқарор намудани адолат, ки дар замони ҳукмронии Набонид ба фаромӯшӣ гузошта шуда буд, ва иҷозат додан ба халқҳои ғулумшуда барои бозгашт ба ватани худро тасвир мекунад. Дар охир, шоҳ барқарор намудани мудофияи Бобулро сабт намуда ва қайд мекунад, ки ҳангоми кор як навиштаҷоти Ашшурбанипалро дидааст.
Ҳамин тариқ, устувонаи Куруш дорои навиштаҷоти анъанавии месопотамӣ ё бобулӣ буда, ҳамчун қисми асосии бино дар деворҳои Бобул ҷойгир шуда, Куруши Кабирро ҳамчун шоҳи одил ва барқоркунандаи адолати башарӣ ба хотираи таърих сабт намуда аст.
Яъне мундариҷаи ин ҳуҷҷат бо таърих ва рӯҳи инсондӯстии фарҳанги ориёӣ пайваста аст, ки дар он Куруши Кабир баъд аз фатҳи Бобул ба мардум озодӣ мебахшад, маъбадҳоро барқарор месозад ва ҳамаи мардуми асирро ба сарзамини худ бозмегардонад. Ӯ фармон медиҳад, ки ҳеҷ кас набояд бо зӯрӣ ё иҷбор ба дин ё одати дигарон оварда шавад. Ин санадро имрӯз бисёре аз муҳаққиқон нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар меноманд, зеро дар он бори аввал арзишҳои зерин бо шакли дақиқ изҳор шудаанд, ки хусусияти инсонмеҳварӣ доранд: 1) озодии эътиқод ва виҷдон; 2) мамнӯъияти зӯроварӣ ва ғуломдорӣ; 3) эҳтиром ба фарҳангҳо ва динҳои гуногун; 4) ҳифзи моликият ва арзишҳои маънавӣ; 5) ҳаққи бозгашт ва зиндагии осоишта барои муҳоҷирон.
Ин ғояҳо, ки аз замони қадим дар фарҳанги ориёӣ парварда шуда буданд, баъдан дар асрҳои нав дар “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ” (1948) шакли расмӣ гирифтанд.
6 ноябри соли 2025 дар шаҳри Самарқанд, дар ҷараёни 43-юмин Конфронси умумии ЮНЕСКО, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, қатъномаи муҳим бо унвони “Устувонаи Куруш: Эъломия ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қабул гардид. Қабули ин санади муҳим дар рӯзи қаблуи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи форсизабонини олам, тоҷикону тоҷикистониён, дустдорони фарҳанги пурғановати ориёӣ, боз ҳам дар шинохти ҷойгоҳи мардуми ориёитабор дар таърихи башираият, як туҳфаи бенаизр буд.
Маҳз дар шароити бархурди тамаддунҳо, мухолифати андешаҳо доир ба тақдири башарият ва ҳифзи арзиҳои умуминсонӣ, ки ояндаи дурахшони башариятро зери суол мемонад ин санад аҳамияти таърихӣ ва маънавии Устувонаи Курушро ҳамчун як рамзи ҷаҳонии озодӣ ва ҳамзистии фарҳангҳо таъкид мекунад. Ба гуфтаи мутахассисон, ин иқдом ифодаи ҳамон рӯҳи “рӯшанфикрӣ ва адолат” аст, ки аз аҳди қадим то имрӯз аз ҷониби мардуми ориёитабор ҳимоят мешавад. Қатъномаи мазкур на танҳо як санади рамзӣ, балки як паймони маънавӣ миёни гузашта ва имрӯз аст: он нишон медиҳад, ки мероси бостонӣ метавонад барои ҷомеаи муосир паёми умед ва ҳамдигарфаҳмӣ оварад.
Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳони муосир бо низоъҳо, бетафоҳумӣ ва чолишҳои ахлоқӣ рӯ ба рӯ аст, бозгашт ба арзишҳои Устувонаи Куруш аҳамияти тоза пайдо мекунад. Ин санад ба мо илқо мекунад, ки қудрати воқеӣ дар адолат ва таҳаммул аст, на дар зӯр ва таассуб.
Ҳамон тавр ки Куруш бар зӯроварӣ пирӯз шуд, ҷомеаи инсонӣ низ метавонад бо илм, маърифат ва эҳтиром ба ҳуқуқи якдигар бар ҷудоӣ ва нафрат ғолиб ояд. Устувонаи Куруши Бузург ва ғояҳои он на танҳо як ёдгории таърихӣ, балки асоси маънавии ҳуқуқи башар ва рӯҳи инсонгароии шарқӣ мебошанд. Он моро ба ҳамзистии осоишта, эҳтиром ба фарҳангҳои гуногун ва зиндагии озодона даъват мекунад.
Қабули қатъномаи ЮНЕСКО бо ташаббуси Тоҷикистон ва Эрон далели равшани он аст, ки арзишҳои башардӯстонаи гузашта ҳанӯз ҳам нерӯи зиндаи фарҳанг ва маърифати мо мебошанд. Ҳамон тавр, ки Устувонаи Куруш дар гили бостонӣ сабт ёфт, имрӯз бошад он дар виҷдони ҷомеаи инсонӣ ҳамчун рамзи ҷовидонаи озодӣ, адолат ва эҳтиром ба инсон нақш бастааст.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи дастовардҳои чандинҳазорсолаи гузаштагон аз меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишвари азизи мо кӯшиш дорад на танҳо арзишҳои миллӣ, балки дастовардҳои умумибашариро ҳифз намояд, ки дар он ҷойгоҳи махсуси халқи тоҷик мушоҳида мешавад. Чунонки Устувонаи Куруши Кабир ҳамчун рамзи адолат, ҳифзи ҳуқуқи мардум ва эҳтироми гуногунрангии фарҳангӣ дар таърих пазируфта шудааст, сиёсати нексиришту куҳанбунёди кишвар низ равона бар он аст, ки ҳам арзишҳои миллиро ҳифз намоем ва ҳам ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ саҳми арзандаи хешро дар тарғиб ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ гузорем. Ҳукумати кишварамон дар ин раванд, дар партави сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, пайваста кӯшишҳои бунёдкорона ва арзишмандро ба харҷ медиҳанд , то мо ҳамчун ворисони аслии гузаштагон ва меросбарони фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои инсондӯстонаи гузаштагони хеш ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифз намоем.
Адабиёт
Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. Душанбе: Эр-Граф, 2016. 364 с.
Дандамаев М. А. Политическая история Ахеменидской державы. М.: Наука, 1985. 319 с.
Beaulieu P. A. Reign of Nabonidus, King of Babylon (556-539 BC). Yale University Press, 1989. 284 p.
Briant P. From Cyrus to Alexander: A History of the Persian Empire. Wyona-Lake: Eisenbrauns, 2002. 1196 p.
British Museum. The Cyrus Cylinder [Online]. Object number: BM90920. - London: The British Museum. - Available at:
https://www.britishmuseum.org/col.../object/W_1880-0617-1941
(accessed: 8 November 2025).
Kuhrt A. The Cyrus Cylinder and Achaemenid Imperial Policy. Journal for the Study of the Old Testament, 1987. Vol. 8, pp. 83-97.
Kuhrt A. The Persian Empire: A Corpus of Sources from the Achaemenid Period. London; New York: Routledge, Taylor & Francis Group, 2007. 1020 p.
Schaudig H. The Magnanimous Heart of Cyrus: The Cyrus Cylinder and Its Literary Models. In: Cyrus the Great: Life and Lore. Ilex Foundation, 2019. pp. 67-91.
Waerzeggers C. Facts, Propaganda, or History? Shaping Political Memory in the Nabonidus Chronicle. In: Political Memory in and after Persian Empire. Atlanta: Society of Biblical Literature, 2015. pp. 95-124.
Wilson I. D. Yahweh's Anointed: Cyrus, Deuteronomy's Law of the King, and Yehudite Identity. In: Political Memory in and after Persian Empire. Atlanta: Society of Biblical Literature, 2015. pp. 325-361.
Пӯлотов Абдураҳмон, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон.
(дар ҳошияи қабули қатъномаи «Устувонии Куруши бузург» дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, 06.11.2025)
Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар замони муосир, ки мушкилоти глобалӣ чун зӯроварӣ ва талофи мероси фарҳангӣ афзоиш меёбад, ташаббусҳои байналмилалӣ барои ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Яке аз чунин ташаббусҳо қабули қатъномаи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқҳои инсонӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ» дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО мебошад, ки 6 ноябри соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт. Ин амал на танҳо барои таърихи дипломатияи фарҳангӣ, балки барои фаҳмиши амиқи арзишҳои сулҳпарастии қадимӣ аҳамият дорад. Устувонаи Куруш ҳамчун аввалин санаде шинохта мешавад, ки озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб мекунад.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод гардида, бо дастгирии давлатҳои аъзои ЮНЕСКО қабул шуд. Ин қадам тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» амалӣ гардонида шуд, ки дар он таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бояд дар арсаи байналмилалӣ фаъолона барои ҳифзи мероси фарҳангии Шарқ ва тарғиби муколамаи тамадунҳо иштирок намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 аз ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ёдовар шуда, ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводи зарурӣ омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд, ки аҳамияти онро барои ҳувияти миллӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ таъкид мекунад. Ин дастур асоси ташаббус ва қабули қатънома гардид ва саҳми Тоҷикистонро дар эҳёи мероси қадимӣ нишон медиҳад.
Эъломияи Куруши Кабир, ки соли 539 то мелод қабул гардида, дар Силиндри Куруш сабт шудааст ва соли 1879 дар Бобул аз ҷониби бостоншиноси бритониёӣ Хормуз Расам кашф гардид, ҳамчун нахустин ҳуҷҷати таърихӣ дар бораи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон эътироф мешавад. Ин осори бостонӣ аз 39 модда иборат буда, бо хати мехӣ ба забони аккадӣ навишта шудааст, сиёсати инсондӯстонаи Куруши II ҳокими империяи Ҳахоманишиёнро инъикос мекунад, ки пас аз фатҳи Бобул роҳи таҳаммулпазириро ба ҷои зулми анъанавӣ интихоб кард. Воқеан, Эъломияи Куруши Кабир нахустин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аст, ки нақши онро дар фарҳанги ҳуқуқии миллӣ тасдиқ мекунад, чунон ки сеяки Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳуқуқи инсон бахшида шудааст.
Аз ҷиҳати таърихӣ Эъломия дар асри VI то мелод, дар давраи шукуфоии империяи Ҳахоманишиён пайдо шуд, вақте ки Куруш пас аз шикасти мидиён, лидиён ва бобулиён, давлатеро аз Ҳинд то Миср муттаҳид кард ва ба ҷои худкомагӣ инсондӯстиро интихоб намуд, ки бо кӯчонидани ошӯриён фарқ мекунад ва дар матн омадааст: «Ман ба сокинон зарар нарасондам». Матн аз озодӣ аз зулм («Ман ғорат ва зулмро манъ кардам» — моддаи 12), озодии дин («Ман ба мардумон худоёнашонро баргардондам» — моддаи 19) ва бозгашти муҳоҷирони маҷбурӣ («Ман муҳоҷиронро ба заминҳояшон баргардондам» — моддаи 20) муқарраротро фаро гирифтааст.
Дар фарқият аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дар Париж ҳамчун посух ба даҳшатҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ қабул шуд, ҳуқуқ ба баробарӣ («Ҳама одамон озод ва баробар таваллуд мешаванд» — моддаи 1), манъи ғуломӣ («Ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ нигоҳ дошта шавад» — моддаи 4), ҳаракат («Ҳар кас ҳақ дорад озодона ҳаракат кунад» — моддаи 13), озодии дин («Ҳар кас ҳақ дорад ба озодии дин» — моддаи 18)-ро муқаррар мекунад. Баҳси авлавияти меъёрҳои ҳуқуқӣ то ҳол идома дорад. Аз нигоҳи таърихӣ, ин санад пас аз суқути империяи Бобул дар соли 539 то мелод пайдо шуд, вақте ки Куруш пас аз шикасти подшоҳ Набонид, фармонеро содир кард, ки дар Манифест инъикос ёфтааст: «Ман бо сулҳ ворид шудам, бидуни зарар расондан». Ин амал бо бозгашти яҳудиён ба Ерусалим ва барқарорсозии Маъбад ҳамроҳ буд, ки дар Китоби Ездро омадааст: «Куруш фармон дод, ки хонаи Худоро бисозанд» ва тафсилоти амалҳои Бобул дар бораи бозгашти худоёни Аккад аз ноябри 539 то марти 538 то мелод шаҳодат медиҳад.
Реза Шабани мегӯяд, ки «ниёгони тоҷикон 2550 сол пеш асосҳои меъёрҳои конститутсионӣ гузоштанд» (Шабани, 2005, с. 48), дар сиёсати таҳаммулпазирии Куруш решаҳои меъёрҳои ҳуқуқиро мебинад, ки барои Тоҷикистон, ки Конститутсияаш давлати дунявӣ (моддаи 1) ва ҳуқуқи инсон (боби 2)-ро муқаррар мекунад, муҳим аст. Ҷек Доннелли Эъломияро «оғози ҳуқуқҳои умумибашарӣ» медонад (Доннелли, 2013, с. 75), навоварӣ дар давраи худкомагиро таъкид мекунад, ки онро пешгузаштаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар месозад. Алексей Малашенко онро «қадами аввал ба сӯи ҳуқуқи тобеъон» меномад (Малашенко, 2020, с. 112), инсондӯстии Курушро ҳамчун асоси идоракунӣ фарқ мекунад, ки бо кӯчонидани ошӯриён муқоиса мешавад. Бобоҷон Ғафуров таҳаммулпазирии Курушро қайд мекунад: «Ҳахоманишиён маъбадҳои Бобул ва Яҳудистонро барқарор карданд» (Ғафуров, 1989, с. 157), ки бо сиёсати фарҳангии Манифест ҳамоҳанг аст. Майкл Харт Курушро дар ҷои 87-уми шахсиятҳои бонуфуз мегузорад ва ӯро ҳамчун инсондӯсте, ки идоракунии империяро тағйир дод, мебинад (Харт, 1978, с. 287). Хирад Абтахи «деспотизми Шарқ»-ро рад мекунад ва Манифестро пешгузаштаи моддаи 18-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар бораи озодии дин медонад (Абтахи, 2024), онро намунаи «нерӯи нарм» мешуморад. Н. Шарипов онро «манбаи аввалини ҳуқуқи инсон» номида, бо анъанаи тоҷикӣ, ки дар «Шоҳнома» реша дорад, мепайвандад (Шарипов, 2025).
Зиёда аз 50 ғояи Куруш, аз ҷумла дипломатия («На ҷанг, балки дипломатия дар аввалият аст»), манъи кори маҷбурӣ («Ҳеҷ касро бе музд кор фармуда намешавад») ва баробарии ҷазо («Фақат гунаҳкор ҷавобгар аст») ба ҳуқуқи қадим ва меъёрҳои муосир, аз ҷумла Конститутсияи Тоҷикистон (Конститутсияи ҶТ, 1994) ҳамчун манбаъ таъсир расонданд. Аҳамияти муосири Эъломияи Куруш бо муҳиммияти он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва миллӣ тасдиқ мешавад. Намоишгоҳи соли 2010 дар Теҳрон, ки 500 ҳазор тамошобинро ҷалб кард, Рӯзи Куруш 29 октябр нақши онро дар мубориза бо «ғарбмарказӣ» ва таҳкими ҳувияти миллати тоҷик тасдиқ мекунад ва эътирофи байналмилалӣ ва саҳми тоҷиконро дар таърихи ҳуқуқи инсон тақвият медиҳад.
Эъломияи Куруш асосҳои ҳуқуқи инсон — озодӣ, баробарӣ, манъи ғуломиро гузошт, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ифода ёфтанд ва саҳми онро дар меъёрҳои ҷаҳонӣ исбот мекунад ва барои нигоҳдории мероси ҳуқуқӣ илҳом мебахшад. Сарфи назар аз фосилаи таърихӣ, он замина ба асосҳои ҳуқуқи инсон гузошт, ки дар меъёрҳои муосир дарҷ шудаанд. Аҳамияти он барои Тоҷикистон бо ташаббуси ЮНЕСКО тасдиқ мешавад, ки саҳми мардуми тоҷикро дар фарҳанги ҳуқуқии ҷаҳон барҷаста таҷасум менамояд.
Устувонаи Куруш, ки дар Осорхонаи Британия нигоҳдорӣ мешавад, ҳамчун «Аввалин эъломияи ҳуқуқҳои инсон» шинохта шудааст. Ин санад, ки дар шакли гилӣ ва бо хатти кӯҳӣ (аккадӣ) навишта шудааст, тасвири фатҳи Бобулистонро аз ҷониби Куруш Кабир (подшоҳи Ҳахоманишиён) дар солҳои 539–538 пеш аз милод бозгӯ мекунад. Дар он таъкид шудааст, ки Куруш мардумро аз бандҳо озод карда, маъбадҳои динӣ бозсохт кардааст ва эҳтиром ба урфу одатҳои миллатҳои мухталифро таъмин намудааст.
Аз нигоҳи илмӣ, ин санад аввалин мисоли қонунҳои байналмилалӣ дар таърихи ҳуқуқ аст, ки қабл аз Эъломияи ҳуқуқи башар (1948) вуҷуд дошт. Таҳқиқотҳои муосир нишон медиҳанд, ки Устувона на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки манбаи маънавии сулҳ аст, ки арзишҳои таҳамулпазирӣ ва плюрализмро таъсис медиҳад. Қабули қатъномаи ЮНЕСКО ин аҳамиятро ба таври расмӣ эътироф карда, онро ба мероси ҷаҳонии фарҳангӣ мепайвандад.
Қатъномаи ЮНЕСКО аҳамияти таърихӣ ва маънавии Устувонаи Курушро ҳамчун «яке аз нахустин матнҳои башардӯстона» таъкид мекунад, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд. Дар он Директори генералии ЮНЕСКО вазифадор карда мешавад, ки принсипҳои Устувонаро дар барномаҳои таълимӣ ва муколамаи фарҳангӣ дохил намояд.
Аз нигоҳи илмӣ, ин қатънома метавонад ба таҳқиқоти байналмилалӣ дар соҳаи археология ва таърихи ҳуқуқ мусоидат кунад. Масалан, он имконият медиҳад, ки Устувона ҳамчун манбаи илҳом барои Конвенсияи ЮНЕСКО дар бораи ҳифзи мероси ғайримоддӣ (2003) истифода шавад. Таҳлили муқоисавӣ нишон медиҳад, ки арзишҳои Устувона бо принсипҳои «Декларатсияи гуногунрангии фарҳангӣ» (2001) монандӣ доранд, ки ин ба пешбурди сиёсати глобалии ЮНЕСКО кӯмак мерасонад. Дар ҳолати Тоҷикистон, ин қатънома ба таҳкими мавқеи кишвар дар муколамаи шарқӣ-ғарбӣ мусоидат мекунад ва метавонад ба ҷалби сармоягузорӣ барои лоиҳаҳои фарҳангӣ, чун ҳифзи манускриптҳои сомонӣ такя кунад.
Аз нигоҳи геосиёсӣ ин эътироф барои Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки нақши худро дар Созмони Милалҳои Муттаҳид ва ЮНЕСКО таҳким бахшад. Ташабуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар тарғиби «Соли байналмилалии сулҳ ва боварӣ» (2025) таҳким бахшида, қабули қатъномаи мазкур заминаи устувор дар қабули қатъномаи минбаъдаи СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад. Қабули қатъномаи «Устувонаи Куруш» дар ЮНЕСКО на танҳо муваффақияти дипломатии Тоҷикистон аст, балки қадами муҳим дар эҳёи арзишҳои қадимӣ барои ҳалли мушкилоти муосир мебошад. Ин ташаббус, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон метавонад ҳамчун пул байни тамадунҳо амал кунад.
САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
(дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико»)
Дар низоми ҳуқуқии байналмилалӣ, ки бо таҳримоҳои густарда, талаботҳои ҳамоҳангсозии қонунҳои тиҷоратӣ ва мувозинати ҳуқуқҳои инсон тавсиф мешавад, Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ баромад мекунад. Яке аз ҳамкориҳо саммити «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (C5+1) мебошад. 6 ноябри соли 2025 дар Вашингтон ин саммит баргузор мегардад, ки дар шароити тағйирёбии низоми ҳуқуқии байналмилалӣ аҳамияти фавқулодда дорад. Ин вохӯрӣ на танҳо ба солгарди 10-умини механизми C5+1 бахшида шудааст, балки ҳамчун платформаи ҳуқуқии стратегӣ барои ҳамоҳангии қонунҳои тиҷоратӣ, ҳифзи соҳибихтиёрии ҳуқуқӣ ва мувозинати ҳуқуқҳои инсон дар минтақа хидмат мекунад. Мубрамияти он дар чанд ҷанбаи калидӣ зоҳир мешавад:
1. Таҳкими чаҳорчӯбаи ҳуқуқии тиҷоратӣ ва диверсификатсияи занҷирҳои таъминот. Дар шароити вобастагӣ аз Чин дар бозори минералҳои ҳассос (80% ҳиссаи ҷаҳонӣ) саммит имконият медиҳад, то талошҳо барои бекоркунии тасҳеҳоти Ҷексон-Вэник (замима ба Қонуни тиҷорати ИМА, 1974) ва гузариш ба муносибатҳои тиҷоратии муқаррарии доимӣ (PNTR) суръат гиранд. Ин ба ҳамоҳангии қонунҳои содиротӣ (OFAC, 2024) ва риояи стандартҳои Созишномаи чаҳорчӯби тиҷорат ва сармоягузорӣ (TIFA, 2023) мусоидат мекунад, ки афзоиши ММД-и минтақаро то 5–7% то соли 2030 таъмин менамояд.
2. Мувозинати ҳуқуқҳои инсон ва устувории ҳуқуқии дохилӣ. Бо назардошти талаботҳои Human Rights Watch саммит зарурати интегратсияи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966)-ро таъкид мекунад. Ин барои ҷалби сармоягузориҳои устувор ва пешгирии «рамзӣ» шудани ҳамкорӣ муҳим аст.
3. Ҳифзи соҳибихтиёрии ҳуқуқӣ дар шароити таҳримоҳои дуюмдараҷа. Таҳримоҳои густардаи Иттиҳоди Аврупо (19 баста) ва ИМА (Фармони 14114, 2023) ба ширкатҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ (масалан, MetallStan, Uzstanex) таъсир мерасонанд ва ҳуқуқи тиҷорати озодро маҳдуд мекунанд. Саммит имкон медиҳад, то аудитҳои мустақил ва ҳамоҳангии ҳуқуқӣ бо Созишномаи умумӣ оид ба тарифҳо ва тиҷорати Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баррасӣ шаванд.
4. Ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии об ва амният. Мушкилоти Хазар ва канали Кош-Тепа (молияи USAID $600 млн) ба Конвенсияи СММ оид ба обҳои фаромиллӣ (1997) ва ҳуқуқи амнияти сарҳадӣ (Конвенсияи зиддитеррористӣ, 1999) алоқаманданд. Ин саммит барои гуфтугӯи минтақавӣ замина эҷод мекунад.
Дар маҷмӯъ, мубрамияти саммит дар гузариш аз эъломияҳои рамзӣ ба механизмҳои ҳуқуқии амалӣ аст, ки соҳибихтиёрии ҳуқуқии Осиёи Марказиро дар низоми ҷаҳонӣ таҳким мебахшад ва рушди устуворро таъмин менамояд. Механизми C5+1, ки соли 2015 дар Самарқанд дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ оғоз ёфтааст, платформаи ҳуқуқии ҳамкории дастаҷамӣ барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо минтақа аст ва номувофиқии равишҳои ҳуқуқиро кам бартараф менамояд. То соли 2025 он аз вохӯриҳои маҷозӣ дар давраи пандемия (2020–2021) то саммити раҳбарон дар соли 2023 дар чаҳорчӯби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаккул ёфт. Саммити навбатӣ, ки ба солгарди 10-умин бахшида шудааст, ба тиҷоратҳои иқтисодӣ ҳамчунин ҳамоҳангии ҳуқуқии занҷирҳои таъминот такя мекунад.
Худ мехнаизми C5+1 (Осиёи Марказӣ + ИМА) расман 26 сентябри соли 2015 дар Ню-Йорк дар чаҳорчӯби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид. Ташабускори он Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керрӣ буд, ки платформаи ягонаи ҳуқуқӣ барои гуфтугӯ бо панҷ ҷумҳурии пасошӯравӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон) эҷод намуд. Ин посух ба тақсимшавии ҳуқуқии минтақа пас аз фурӯпӯшии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ буд, ки кишварҳо дар ҳамоҳангии қонунҳои байналмилалӣ мушкилот доштанд. Ин андеша аз соли 2014 пас аз ҳодисаҳои байналмилалӣ пайдо шуд, ки роҳҳои ҳамоҳангии ҳуқуқии нуфузи ИМА-ро дар Авруосиё ҷустуҷӯ мекард. Аввалин вохӯрии вазирон бо қабули Эъломияи муштараки шарикӣ ва ҳамкорӣ анҷом ёфт, ки ба амнияти ҳуқуқӣ (мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир), ҳуқуқи тиҷорат (савдо ва сармоягузорӣ) ва устувории ҳуқуқии минтақавӣ (ба монанди хатарҳои Афғонистон) такя кард. Эъломия асоси ҳуқуқии ҳамкориҳои минбаъдаро гузошт ва принсипи «равиши ягона»-ро ба минтақа ҳамчун маркази ҳуқуқии ваҳдатфазо таъкид намуд.
Дар давоми даҳсол механизми C5+1 аз сатҳи вазирон ба формати институсионалии ҳуқуқӣ гузашт. Густариш ҳамкорӣ тавассути вохӯриҳои мунтазам ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ нишон дода мешавад, ки аз эъломияҳои аввал то меморандумҳои сармоягузорӣ ва созишномаҳои гуногунсамт гузашт. Вохӯриҳо солона ё ҳар ду сол як бор баргузор мешуданд, ки дар давраи пандемияи COVID-19 бо форматҳои маҷозӣ сурат гирифт. Яъне аз эъломияҳои рамзӣ ба механизмҳои ҳуқуқии амалӣ, аз ҷумла таъсиси котибот ва платформаҳои тиҷоратӣ.
Аз ҷумла, соли 2015 вохӯрии аввалин вазирон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо қабули Эъломияи муштараки шарикӣ ва ҳамкорӣ анҷом ёфт, ки асоси ҳуқуқии форматро гузошт. Дар моҳи марти соли 2016 дар шаҳри Вашингтони ИМА вохӯрии дуюми вазирон баргузор гардид, ки дар он Эъломияи муштарак барои вохӯрии C5+1 қабул шуд ва гуруҳҳои кориро оид ба энергетика ва нақлиёт таъсис дод. Моҳи сентябри соли 2017 дар Ню-Йорк (дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид) вохӯрии вазирон бо Эъломияи муштарак (22 сентябр) анҷом ёфт, ки ба масъалаҳои ҳуқуқии обу ҳаво ва манбаъҳои об такя кард ва ҳамкории ҳуқуқии минтақавиро бо Барномаи Ҳамкории Иқтисодии Минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) таҳким бахшид. Соли 2018 робитаҳои дуҷонибаи ҳуқуқӣ сурат гирифт. Дар моҳи сентябри соли 2019 дар Ню-Йорк (дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид) вохӯрии вазирон бо қабули Эъломияи муштарак (24 сентябр) амалӣ шуд, ки диверсификатсияи иқтисодиро таъкид кард ва таҳкими ҳуқуқҳои инсонро оғоз намуд. Дар моҳи июни соли 2020 ба тариқи маҷозӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии вазирон бо қабули Эъломияи муштарак анҷом ёфт, ки ба ҳуқуқи тандурустӣ ва устувории иқтисодӣ пас аз COVID такя кард ва аввалин вохӯрии маҷозиро амалӣ намуд. Дар моҳи августи соли 2021 ба тариқи маҷозӣ дар Вашингтон вохӯрии вазирон гузаронида шуд ва бо қабули Эъломияи муштарак (16 июл), ки барқарорсозии ҳуқуқии пас аз пандемия ва энергетикаи сабзро дар бар гирифт. Дар моҳи феврали соли 2022 тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ дар шаҳри Нур-Султони умҳурии Қазоқистон вохӯрии вазирон бо таъсиси котиботи C5+1 дар Вашингтон анҷом ёфт ва заминаи Эъломияи муштарак ба барқарорсозӣ ва ҳуқуқи амният гардида, платформаи тиҷоратии B5+1-ро оғоз намуд. 19 сентябри соли 2023 дар Ню-Йорк (дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид) бо иштироки Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден ва раҳбарони 5 давлати Осиёи Марказӣ аввалин саммити раҳбарон баргузор гардид ва дар натиҷа меморандумҳои сармоягузорӣ ($1 млрд) ва Созишномаи чаҳорчӯби тиҷорат ва сармоягузорӣ (Самарқанд, март), ки ҳамоҳангии қонунҳои меҳнатиро бо стандартҳои байналмилалӣ таъмин кард. Моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Останаи Қазоқистон вохӯрии вазирон дар форуми тиҷоратӣ баргузор гардид, ки бо Харитаи роҳи C5 (2025–2027) интегратсия ёфт ва диққати асосӣ ба сарватҳои зеризаминӣ ва ҳуқуқи тиҷорат буд ва Эъломияи муштарак оид ба об қабул гардид. Ниҳоят 6 ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтони ИМА бахшида ба 10-умин солгарди саммит вохурӣ баргузор мегардад.
Ин пайдарпаии санаҳо ва воқеаҳо густаришро нишон медиҳад ва он аз оғоз дар соли 2015 (се вохӯрӣ дар панҷ сол) ба институсионализатсия (котибот 2022) ва баъдан вохурӣ дар сатҳи сарони давлатҳо (2023, 2025) расонида шуд. Тақрибан 12 вохурии вазирон ва ду вохӯрии сарони давлатҳои дар давоми 10 сол сурат гирифтааст. Дар ин давра пандемия (2020–2021) рақамикунониро суръат бахшид, ҳодисаҳои байналмилалӣ (2022) диққати асосиро ба ҳамоҳангии ҳуқуқӣ афзоиш дод. Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳамкории ҳуқуқии минтақавиро таҳким мебахшанд, C5+1-ро ҳамчун воситаи ҳамоҳангии ҳуқуқӣ дидаанд.
Саммити навбатӣ чаҳорчӯбаи ҳуқуқии Осиёи Марказиро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ таҳким мебахшад. Барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико воситаи ҳамоҳангии ҳуқуқӣ дар соҳаи минералҳо ва савдо эҷод мешавад. То соли 2030 C5+1 метавонад ба механизми ҳамқории ҳуқуқӣ бо саммитҳои солона ва гуруҳҳои кории ҳуқуқӣ табдил ёбад. Саммити соли 2025 механизми C5+1-ро аз формати дипломатӣ ба шарикии ҳуқуқии стратегӣ табдил медиҳад. Барои Осиёи Марказӣ ин фазои имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳои ҳуқуқӣ аст.
САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31 сол қабл қабул гардида буд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
Эълони Истиқлолияти давлатӣ ва ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид гардидани Тоҷикистон зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистонро ба миён овард, зеро таъмини истиқлолияти давлатӣ ва рушди бомароми кишвар бидуни Конститутсияи нав ғайриимкон буд.
Аз нигоҳи арзишҳои замони имрӯз ва бо дарназардошти хусусиятҳои таърихиву анъанавӣ, милливу мазҳабӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ҳуқуқии халқи тоҷик муқоиса кардани Конститутсияи Тоҷикистони муосир бо ягон санади таърихӣ ё қонуни асосии мамлакати дигари ҷаҳон қобили қабул буда наметавонад. Зеро ҳар кишвар бо ҳамон роҳе рушд мекунад, ки дар қонуни асосиаш муқаррар шудааст ва онро халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст.
Ҳамин тавр, халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин конститутсия мебошад. Чунки дар асоси хулосаи коршиносони як қатор давлатҳои пешрафта ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсия ба шумор меравад.
Конститутсия, дар навбати аввал, ҳуҷҷати таърихӣ буда, ҳазорсолаҳо амал мекунад, лекин он дар шакл ва мазмуни имрӯзаи худ зиёда аз дусад соли охир амал карда истодааст. Аввалин ибораи конститутсия ҳанӯз дар аҳди Руми қадим маълум буд. Он вақт баъзе санадҳои муҳимми шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори давлатӣ алоқамандро ба танзим медароварданд, конститутсия ном доштанд. Бинобар ин, дар он замон метавонист якчанд конститутсия дар як вақт амал кунад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар давраи ғуломдорӣ ва дар давраи феодалӣ маълум буд. Вай дар шакл ва мазмуни имрӯзаи худ дар натиҷаи ғалабаи инқилобҳои буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимият омадани синфи нав - буржуазия пайдо гардид. Аввалин конститутсия дар ИМА ва соли 1791 дар Полша ва Франсия қабул шуда буд. Баъдан конститутсия соли 1809 дар Шветсия соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатҳо давра ба давра қабул гардид.
Дар асри XIX дар аксари давлатҳои қитъаи Аврупо, Амрико ва дар баъзе давлатҳои қитъаи Осиё раванди гузариш ба низоми конститутсионӣ асосан ба охир расид. Чунин раванд дар баъзе давлатҳо, ки истиқлолияти давлатии худро эълон намуданд, имрӯз низ давом дорад.
Аз замоне, ки аввалин конститутсия қабул гардид, то имрӯз қариб тамоми давлатҳои ҷаҳон конститутсияи худро қабул карданд. Ин маънои онро дорад, ки дар шароити имрӯза нақш ва аҳамияти конститутсия дар рушди ҷомеа ниҳоят назаррас мебошад, зеро конститутсия муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим дароварда, заминаи асосии ташаккули давлатдории миллиро ташкил медиҳад.
Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад ва ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Дар он одатан шакли сиёсии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёрии давлат, ҳокимияти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият ва монанди инҳо алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меьёрҳои конститутсиони барои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдори давлатӣ, шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар ҳудуди давлат истиқомат мекунанд, заминаи ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Меъерҳои конститутсиони, инчунин, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муқаррар мекунанд.
Конститутсия ҳамчунин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Хусусияти ҳуқуқӣ доштани конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ои дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Меъёрҳои конситутсия бевосита (мустақиман) амал мекунанд ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, заминаҳои муҳимми ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии онҳо, дигар унсурҳои давлатдориро пешбинӣ ва ба танзим медароранд.
Ба муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ, ки конститутсия онҳоро ба танзим медароранд, муносибатҳои ҷамъиятие дохил мегарданд, ки пояҳои асосии давлатдорӣ дар асоси онҳо бунёд шудаанд.
Муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ, ки бо конститутсия ба танзим дароварда мешаванд, дар навбати худ моҳияти конститутсияро муайян менамоянд. Аз ин ҷо, моҳияти конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар он зоҳир мегардад, ки он сарчашмаи асосии ҳуқуқ буда, дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад. Санадҳои дигари ҳуқуқӣ бояд ба конститутсия мувофиқ бошанд, яъне набояд ба он зид бошанд. Ҳангоми ба конститутсия мувофиқ набудани санадҳои ҳуқуқӣ онҳо эътибори ҳуқуқии худро гум мекунанд.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дорои як қатор хусусиятҳо мебошад, ки бо ин хусусиятҳо конститутсия аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фарқ мекунад. Ин хусусиятҳо иборатанд аз:
- Конститутсия қонуни асосии давлат буда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Масалан, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судиро муайян мекунад.
- Конститутсия назар ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад. Дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ будани конститутсия маънои онро дорад, ки тамоми санадҳои ҳуқуқӣ бояд ба конститутсия мувофиқ бошанд Ҳангоми ба конститутсия мувофиқ набудани санадҳои ҳуқуқи онҳо қувваи ҳуқуқии худро гум мекунанд.
- Конститутсия асосҳои сохтори конститутсиониро муқаррар менамояд. Дар конститутсия сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, шаклҳои гуногуни моликият ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, арзиши иҷтимоии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои асосии ӯ эълон карда мешаванд.
- Меъёрҳои конститутсия бевосита амал мекунанд. Амали бевоситаи меъёрҳои конститутсия чунин маъно дорад, ки субъектҳои татбиқи ҳуқуқ, ба монанди суд, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва ғайра уҳдадоранд амалишавии меъёрҳои конститутсияро, новобаста аз инъикос гардиданашон дар санадҳои ҳуқуқӣ, таъмин намоянд.
Хулоса, конститутсия қонуни асосии давлат буда, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ аст ва бо тартиби махсус, аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор (парламент) ё дар раъйпурсӣ аз ҷониби халқ қабул карда шуда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ҶАҲОНӢ БА САФИ КОНСТИТУТСИЯҲОИ БЕҲТАРИН ШОМИЛ КАРДА ШУДААСТ
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол сипарӣ мегардад. Бахшида ба ин сана академик, доктори илми ҳуқуқ, профессор Маҳкам Маҳмудзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар намуд:
— Нахустин маротиба дар таърихи давлатдории миллати тоҷик 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати қонуни асосии ҷумҳурӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳамчунин бо назардошти дастовардҳои нави миллӣ ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, марҳилаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, мазмуну муҳтавои он такмил дода шуд.
Ҳоло дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ бо таҳия ва қабули 18 — қонуни конститутсионӣ, 22 — кодекс, зиёда аз 400 — қонуни умумию соҳавӣ ва бештар аз 15 ҳазор қарори хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият ёфта, санадҳои қабулгардида вазъи воқеии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро дар шароити муосир инъикос менамоянд.
Хушбахтона, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби муҳаққиқону олимони давлатҳои дунё мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуда, аз рӯи меъёрҳои арзёбии ҷаҳонӣ ба сафи конститутсияҳои беҳтарин, ки дар онҳо воқеан ҳуқуқи инсон арзиши олӣ дорад, шомил карда шудааст ва дигар қонунҳои амалкунандаи давлат низ дар заминаи ин санади тақдирсоз таҳия ва қабул карда шудаанд.
Ин ва дигар ғояҳои арзишманди меъёрҳои конститутсионӣ имрӯз ҳар яки моро водор месозад, ки ба ин ҳуҷчати муҳими ҳуқуқӣ ҳамчун қонуни сатҳи олии давлат эҳтироми хоса дошта бошем ва онро ба ҳайси як муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон такмили муносибатҳои нави ҷамъиятиро ба вуҷуд оварда, давраи навро дар таҳия, такмил ва қабули қонунҳо замина гузошт. Рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ, ба монанди муайян кардани шакли идораи давлатӣ, ва сохтори марзию маъмурӣ, моҳият ва таъйиноти рамзҳои давлатӣ, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ ва аз тарафи давлат риоя ва ҳифз гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эълон кардани соҳибихтиёрии халқ ва шаклҳои амалӣ гардонидани он, усули асосии ташкили ҳокимияти давлатӣ дар заминаи таҷзияи он ба се шоха – қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда шуданд.
Муайян кардани сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷии Тоҷикистон, муқаррар кардани гуногуншаклии моликият ва кафолати баробарҳуқуқии онҳо ва ғайра маҳз бо роҳи дар Конститутсия муқаррар гаштан ва танзим ёфтан хислати ҳуқуқию конститутсионӣ пайдо карданд. Тағйирнопазир донистани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат аз ҳамин қабил меъёрҳои созанда мебошанд.
Тазаккур бояд дод, ки пеш аз ҳама орзуву ормонҳои миллии халқи Тоҷикистон дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ки ин ифодагарии олии мақсаду мароми миллати тоҷикиро таҷассум менамояд. Чунончи, дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳангоми қабули аввалин Конститутсияи худ давлати Тоҷикистонро соҳибихтиёр, озодию ҳуқуқи шахсро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон намуда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин низоми мақомоти салоҳиятдорро дар ин самт муайян ва муқаррар намуданд.
Тоҷикистон тибқи Коститутсия давлати иҷтимоӣ эълон гардида, уҳдадор шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Дар тамоми давлатҳои мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил медиҳад. Аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ гувоҳи ин ҳақиқат аст. Конститутсия – қонуни олии давлат аст, ки ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои васеъро кафолат дода, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар як шахсро муайян мекунад ва дар ин асос ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро амалӣ менамояд.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ дар байни вазифаҳои мафкуравию муассисӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳои худ аз ҳама бештар вазифаи муқаддастарин, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуд. Конститутсия дар як давраи ноороми таърихӣ ба маркази ҳаракатдиҳандаи қувваҳои солим табдил ёфта, фарҳанги сулҳи тоҷиконро поягузорӣ ва дар амал татбиқ кард ва ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ барои амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи пешрафти давлат замина гузошт.
Дигар ин, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи бо эътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Маҳз тавассути Конститутсия рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуданд.
Дар асоси моддаи 1-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, дар ин замина ҳаракати давлат ба роҳи бунёди давлатдории навин равона гардид. Бинобар ин, дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷамъият дар асоси эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардид. Пойдории адолати иҷтимоӣ мақсад ва мароми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.
Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин, кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои таҳкими давлатдории муосири мо заминаи устувор гузоштанд.
Аввалан, ғояҳои башардӯстонаи Конститутсия инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории халқамон ва мероси бузургони таъриху фарҳанги миллатамон сарчашма мегиранд.
Дуюм, ин санади олии ҳуқуқӣ Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона эълон намуд.
Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Сеюм, бори нахуст дар сатҳи Конститутсия муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат воситаи муҳимтарини ҳимояи конститутсионии сохти давлатдории муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Чорум, Конститутсияи Тоҷикистон дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби давлат кафолат додааст, ки ин баёнгари воқеан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад.
Панҷум, таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ва амалӣ гардидани ҳуқуқҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, ки дар Конститутсия пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум мунтазам баланд бардошта шавад.
Шашум, дар Конститутсия мустақилияти ҳокимияти судӣ эътироф гардидааст. Яъне танҳо суди мустақил ва беғараз метавонад бо роҳи амалӣ кардани адолати судӣ манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ҳуқуқ ва арзишҳои шахс ва шаҳрвандро таъмин намояд.
Ҳафтум, волоияти Конститутсия нисбат ба тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Яъне Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ мебошад ва ягон санади дигари ҳуқуқӣ наметавонад Конститутсияро тағйир диҳад ё бар хилофи меъёрҳои он қабул карда шавад.
Ҳаштум, дар асоси принсипу меъёрҳои конститутсионӣ оид ба фаъолияти озодии қтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккул ва рушд ёфт.
Нуҳум, дар заминаи Конститутсия волоияти қонун, ки муносибати давлатро бо ҷомеа дар асоси эътирофи манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардид ва пойдории адолати иҷтимоӣ таъмин карда шуд.
Даҳум, бори нахуст ин ҳуҷҷати олии сиёсиву ҳуқуқӣ барои ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд.
Ёздаҳум, дар Конститутсия фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият ва дигар арзишҳо, ки далели равшани мавҷуд будани низоми демократӣ дар мамлакат мебошанд, ифода ёфтаанд».
Бо назардошти ин хусусиятҳо иброз карда мешавад, Конститутсия, ҳамчунин ба ҳайси қонуни асосии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятиро муайян намуд, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим кард. Дар таърихи начандон тӯлонии худ барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои эътирофшудаи инсон, ба монанди риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд овард.
Конститутсия халқи Тоҷикистонро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати эътироф намуд. Тибқи моддаи 6-уми Конститутсия шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз миллаташон халқи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Муқаррароти муҳими Конститутсия дар ин самт дар он зоҳир мегардад, ки аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Чунин меъёр бо мақсади танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар гардида, барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усулҳои ҳуқуқии амалигардонии қонунҳо замина ба вуҷуд овард.
Аз қабули Конститутсия то имрӯз 31 сол сипарӣ гардид. Дар ин давра тамоми рукнҳои давлатдорӣ дар сатҳи зарурӣ ташаккул ва тақвият ёфтанд ва ин ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ дар шароити муосир вазъи воқеии пешрафти давлат ва самтҳои ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро инъикос менамояд.
Бо гузашти 31 сол аз қабули ин санади тақдирсоз мо бо сарбаландӣ ва ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯи мақсаду маром ва ормону ҳадафҳои мардуми шарафманди мо мебошад.
Дар Конститутсияи мамлакат, инчунин дигар падидаҳое низ инъикос ёфтаанд, ки бори аввал бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҷомеаи Тоҷикистон, бо умеди ояндаи неку дурахшони миллати тоҷик инъикоси худро пайдо намуданд ва исботи яке аз беҳтарин конститутсияҳо будани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамаи ин баёнгари низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷумҳуриамон буда, ҳар як шаҳрванди мамлакатро водор месозад, ки Конститутсияро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва риоя намоянд.
Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар таърихи пуршукӯҳи миллати тоҷик, ки садҳо сол аст бо давлатдории куҳан ва фарҳанги беназир ороиш ёфтааст, санади тақдирсозе вуҷуд дорад, ки на танҳо пойдевори ҳуқуқии давлати муосири мо мебошад, балки рамзи ваҳдати миллӣ ва орзуҳои ҳазорсолаи ниёгон аст. Ин санади муқаддас – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо ифтихори бузург "бахтномаи миллат" ном гирифтааст.
Он на танҳо қонуни асосии кишвар, балки дастури зиндагии ҳар як шаҳрванд ва нишонаи соҳибихтиёрии тозаэълоншудаи мо мебошад.
Таърихи давлатдории тоҷикон пур аз саҳифаҳои дурахшон аст – аз империяҳои бостонӣ то давраи муосири истиқлол. Пайдоиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаҳои гуногуни таърихӣ алоқаманд аст. Аз давраи ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШСТ) 27-уми октябри соли 1924 то қабули
Конститутсияи навин чор конститутсия қабул карда шуда буданд:
1) 28-апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини ҶМШСТ қабул карда шуд.
2) 16-уми октябри соли 1929 Ҷумҳури Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶШСТ) ташкил карда шуд.
25-уми феврали соли 1931 конститутсияи аввалини ҶШСТ қабул карда шуд.
3) 1-уми марти соли 1937 конститутсияи дуюми ҶШСТ қабул гардид, ки он моҳиятан ба конститутсияи иттифоқии соли 1936 монанд буд ва дар он давраи нав, давраи ғалабаи пурраи сотсиализм ифода ёфта буд.
4) 14-уми апрели соли 1978 конститутсияи сеюми ҶШСТ қабул гардид.
Қобили қайд аст, ки ҳамаи ин конститутсияҳо аз ҷониби шӯроҳо қабул гардида буданд.
5) Ва ниҳоят, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Бо инобати тағйиротҳои дар ҷамъият рухдода се маротиба, яъне 26- уми сентябри соли 1999, 22 – юми июни соли 2003 ва 22 – уми майи соли 2016 ба конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳамаи тағйироту иловаҳо бо раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун "номаи бахту саодат" барои миллат арзёбӣ кардаанд.
Дар Паёми табрикотӣ ба муносибати 30-солагии он таъкид шудааст, ки Конститутсия на танҳо асоси ҳуқуқии давлат, балки таҳкурсии устувор барои ваҳдати миллӣ ва ҳифзи Истиқлолият аст.
Он аз байн бурдани хатарҳои ба истиқлол таҳдидкунанда ва наҷоти давлати тозаистиқлолро таъмин карда, миллати тоҷикро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшид.
Конститутсияи мо на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки таҷассумгари арзишҳои олии миллати тоҷик аст. Он давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро муайян мекунад (Моддаи 1).
Забони давлатии тоҷикӣ (Моддаи 2), ки "ҳастии миллат" номида мешавад, ҳамчун пояндаи фарҳанг ва худшиносӣ эътироф гардидааст.
Ин забон, ки бо он устодон Рӯдакию Румӣ, Саъдию Ҳофиз, Синою Берунӣ, Ҷомию Низомӣ, Айнию Турсунзода ва дигар бузургон асарҳои безавол эҷод кардаанд, рамзи ваҳдати тамоми миллату халқиятҳои сокини Тоҷикистон аст.
Дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон сухан ронда, Конститутсия онҳоро "арзиши олӣ" номида, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз миллат, ҷинс, забон ва дин кафолат медиҳад (Боби 2).
Тоҷикон аз қадимулайём ҳуқуқу озодии инсонро воло мешумориданд. Ҳанӯз Куруши кабир, ки яке аз сиёсатмадорони аввалини ҷаҳон башумор меравад, дар «Эъломияи ҳуқуқи башар», ки зиёда аз дуюним ҳазор сол пеш қабул кардааст, ҳуқуқи инсон ва озодии онро дар мадди аввал гузоштааст, ба шарте, ки ба дигарон зарар нарасонад.
Конститутсия, ҳамчун санади муқаддас таҷзияи ҳокимиятро ба роҳ монда, волоияти қонунро таъмин мекунад, ки ин ҳамчунин инъикоси ғояҳои инсондӯстонаи миллати мо мебошад. Дар 30 соли амалиёт, бо тағйироти солҳои 1999, 2003 ва 2016, он вобаста ба талаботи замон такмил ёфта, роҳи рушди давлатдории миллиро мунаввар гардонидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд: "Конститутсия таҷассуми ормонҳои миллӣ ва пояи устувори давлатдории навини тоҷикон аст".
Ин суханҳо ҳамчун шеъри муосири миллат садо медиҳанд, ки миллатро ба сӯи ояндаи дурахшон даъват мекунанд.
Дар адабиёти муосир, мақолаҳо ва иншоҳои бисёр дар бораи "Конститутсия – ҳуҷҷати тақдирсози миллат" чоп шудаанд, ки онро ҳамчун "низомномаи зиндагии мардум" тасвир менамоянд.
Ин санади муқаддас на танҳо қонун, балки паёми рӯҳии бешикасту озодипарастии миллати тоҷик ба ҷаҳон аст.
Дар рӯзҳои ҳозира, ки Тоҷикистон бо пешрафтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ ороиш меёбад, Конститутсия ҳамчун компаси миллат амал мекунад. Он орзуҳои ниёгонро амалӣ сохта, роҳи наслҳои ояндаро равшан мегардонад. Миллати тоҷик, ки қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон аст, бо масъулият дар назди гузашта ва оянда, ин бахтномаро ҳифз карда, ба сӯи ҷомеаи адолатпарвар пеш меравад.
Бо ифтихор аз ин санади тақдирсоз, мо, тоҷикони шарафманд, ӯҳдадорем, ки пояҳои давлатдории худро таҳким бахшем ва бахтномаи миллатро барои наслҳои оянда мерос гузорем. Рӯзи Конститутсия муборак!
Муаллифон:
Хикматов Муҳаббатшо - ходими илмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Азизов Олимҷон - н.и.т., мудири шуъбаи менеҷмент ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Адабиёт
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (расмии давлатӣ, 1994, бо тағйироти 2016). Дастрас дар:
https://mfa.tj/tg/main/tajikistan/constitution
2. "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллати тоҷик". Академияи ВКТ ҶТ. Дастрас дар: https://www.avkd.tj/tg/khabarho/1155-konstitutsiyai-jumhurii-tojikiston-bakhtnomai-millati-tojik.html
3. "Конститутсия бахтномаи миллат". Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 2021. Дастрас дар: https://kmt.tj/konstitutsiya-bahtnomai-millat/
4. "Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чаро мо онро ҳуҷҷати тақдирсози миллат меномем?". КҲФ Тоҷикистон. Дастрас дар: https://khf.tj/node/2690
5. "Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад". АМИТ "Ховар", 2025. Дастрас дар: https://khovar.tj/2025/10/dar-konstitutsiyai-um-urii-to-ikiston-mav-ei-asosiro-u-u-u-ozodi-oi-inson-va-sha-rvand-tashkil-medi-ad/
6. "Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллат". Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия. Дастрас дар: https://anticorruption.tj/index.php/tj/kitobkhona/ma-ola-o/939-konstitutsiyai-um-urii-to-ikiston-bakhtnomai-millat.html
7. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо забони англисӣ). Wikipedia ва манбаъҳои байналмилалӣ. Дастрас дар: https://en.wikipedia.org/wiki/Constitution_of_Tajikistan
8. «Таърих ва марҳилаҳои ташаккули конститутсия дар Тоҷикистон». Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон. Дастрас дар: http://ddst.tj/ таърих-ва-марҳилаҳои-ташаккули-конст/
СИЁСАТИ ОҚИЛОНА ВА ДУРАНДЕШОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАҲРИ ОБОДИИ ДАВЛАТ ВА ШУКУФОИИ МИЛЛАТИ ТОҶИКИСТОН
(Дар ҳошияи сафари кории роҳбари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар)
3-ноябри соли ҷорӣ чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кории хешро ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар оғоз намуданд. Ҳадаф аз сафари сарвари давлат ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ мебошад. 4-ноябри соли равон роҳбари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бошукӯҳ ва фахри баланд суханронӣ намуданд.
Роҳбари бофазлу хиради кишвари мо нуқтаи назар ба некуаҳволии кишвар намуданд, ки он пойдевори назаррас ва муҳими қавӣ нигоҳ доштани сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад. Ҳамзамон, сарвари давлат қайд намуданд, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 давоми саъю кӯшиши хеш баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум ва таъмини устувории иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қабул ва татбиқи барнома ва стратегияҳо, ки ба сармояи инсонӣ нигаронида шудаанд, маҳз ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷӯҳи зиёд равона мегардад. Бо таъкиди сарвари давлат дар суханронии хеш, айни замон дар мамлакат 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шудааст.
Соҳаи маориф асоси саводу маърифатнокӣ ва соҳибмаълумотии насли ҷавон мебошад, ва рушду равнақи соҳаи мазкур омили пешрафту шукуфоии ҳар як давлат мебошад.
Роҳбари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чуноне ки қайд намуданд: «Мусаллам аст, ки рушди иҷтимоӣ бо пешрафти соҳаи тандурустӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад».
Саломатии миллат ва пешравии соҳаи тандурустӣ кафили фаъолияти аҳолӣ дар ҳаргуна соҳаҳои давлат мебошад. Бинобар он дар сиёсати ғамхоронаи сарвари давлат соҳаи тандурустӣ ҳамасола бо маблағҳои назаррас аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешавад, ва ба баланд бардоштани сифат ва дастраснокии хизматрасониҳои тиббӣ аз кормандони соҳаи тандурустӣ диққати ҷиддӣ талаб карда мешавад.
Инчунин, андешаҳои роҳбари давлат дар самти гузариш ба иқтисоди «сабз», таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди энергияи «сабз», истифодаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун, ки баҳри рушди иҷтимоӣ нигаронида шудааст, иброз гардид.
Тараққӣёти соҳаи иҷтимоӣ, албатта бо ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ алоқаманд аст. Нақши он дар сиёсати сарвари дурандеши кишвар мақоми хосро ишғол менамояд. Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо дигар кишварҳо ҳадафи рушди иқтисодиёти мамлакат буда, боиси таҳкими сиёсати хориҷии мамлакат миёни давлатҳои тараққиёфта мебошад.
Аз солҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии сарвари ғамхор ва оқилу дурандеш Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обруву нуфузи баланд гардидааст. Заҳмату кӯшишҳои чандинсолаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии Ватан, тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини сулҳу осоиш, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии аҳолӣ, аз иродаи қавӣ, шуҷоат, меҳри падарона ва ғамхории сарвари дурандеши кишвар дарак медиҳад.
Ҳоло дар арафаи ҷашни қабули Конститутсия қарор дорем, ки он санади сарнавиштсоз ва нишони иқболи баланди мардуми шарифи Тоҷикистон гардид, ҳамдиёрони гиромиро самимона табрик менамоям ва ободӣ ва шукофоии ҳамешагии кишвари азизу номдорамонро таманно дорам.
Аюбӣ Фируза – номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими пешбари илмии
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Which organizes an individual's finances and sometimes includes a series of steps or specific goals for spending.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш... Муфассал
Осорхонаи Милии бостонии Тоҷикистон
Осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ... Муфассал
Осорхонаи мардумшиносӣ.
В 1949 году при секторе истории Института истории, языка и литературы Таджикистана был открыт Музей этнографии и археологии... Муфассал


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020)
Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 то 15 июли соли 1954.
Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли 1957 то 6 майи соли 1964.
Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1965 то 6 майи соли 1988.
Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли 1988 то 16 июни соли 1995.
Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 то 3 феврали соли 2005.
Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2005 то 6-уми декабри соли 2013.
Фарҳод Раҳимӣ (1968) Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2013 то 16 январи соли 2024.
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт (1982) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 16-уми январи соли 2024 то инҷониб. Муфассал...
Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм
Муқовимат бо коррупсия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон




