Skip to main content
Таассуроти ман аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз санаи 16 декабри соли ҷорӣ ироа гардид, бисёр амиқ, фарогир ва саршор аз андешаҳои бузурги давлатдорӣ буда, ҳамчун як рӯйдоди муҳимми сиёсиву маънавӣ дар зеҳну шуури ман таъсири ҷиддӣ ва пойдор гузошт, зеро дар он тамоми самтҳои ҳаётан муҳими рушди ҷомеа бо диди стратегӣ, таҳлили илмӣ ва эҳсоси баланди масъулият нисбат ба тақдири имрӯзу фардои давлату миллатамон матраҳ гардиданд.

Ин Паём бори дигар собит намуд, ки сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат бар пояи таҷрибаи ғании роҳбарӣ, иродаи қавии сиёсӣ, худогоҳии миллӣ ва ғамхории падарона нисбат ба мардум асос ёфта, ҳадафи асосии он таъмини зиндагии шоиста, суботи пойдор, амнияти устувор ва пешрафти ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир мебошад. Ҳар як нуктаи ироашуда бо мантиқи равшан ва далелҳои муътамад собит месохт, ки роҳбари давлат вазъи кунунии кишвар ва равандҳои минтақавию ҷаҳониро амиқ дарк намуда, барои ҳар мушкил роҳи ҳал ва барои ҳар ҳадаф барномаи мушаххас доранд.

Дар ҷараёни Паём Пешвои муаззами миллат бо таҳлили муфассали дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои охир, аз ҷумла рушди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтор ва соҳибкорӣ, нишон доданд, ки натиҷаҳои бадастомада маҳсули заҳмати содиқонаи мардум, сиёсати оқилона ва идоракунии самараноки давлатӣ буда, ин дастовардҳо заминаи боэътимод барои расидан ба ҳадафҳои бузурги минбаъда ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, дар Паём масъалаҳои ҳалталаб низ бо ҷасорат ва воқеъбинӣ баён гардиданд, ки ин худ нишонаи шаффофият ва масъулияти баланди роҳбарияти давлат дар назди ҷомеа мебошад.

Ба андешаи ман, яке аз ҷанбаҳои бисёр муҳим ва таъсиргузори Паём дар он зоҳир гардид, ки Пешвои миллат ба рушди сармояи инсонӣ, яъне илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва махсусан тарбияи ҷавонон ҳамчун неруи асосии созанда ва омили калидии пешрафти устувори давлат диққати аввалиндараҷа зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки бе ҷавонони донишманд, худшинос, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии муосир наметавон ба рушди воқеӣ ва рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ноил шуд, аз ин рӯ сармоягузорӣ ба дониш ва маърифат бояд вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Ҳамчунин, дар Паём масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ҳамчун пояи асосии давлатдории тоҷикон мавқеи хоса касб намуд, зеро маҳз ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ метавонанд ҷомеаро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта, роҳи пешрафти устуворро таъмин созанд. Ин нуктаҳо дар қалби ман эҳсоси ифтихор аз таърихи пурғановат ва фарҳанги волои миллати тоҷикро боз ҳам қавитар гардонданд.

Барои ман, ҳамчун як ҷавони хушбахту хушиқболи ин Ватани биҳишосо, ин Паём на танҳо як санади расмии сиёсӣ, балки як мактаби бузурги ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад, ки инсонро ба андеша водор месозад, то дар баробари ҳуқуқҳои худ вазифа ва рисолати шаҳрвандии худро низ амиқ дарк намуда, бо меҳнати софдилона ва саҳми созандаи хеш дар рушди Ватан иштирок намояд. Ҳар як сухани Пешвои муаззами миллат аз боварӣ ба неруи мардум, эътимод ба ояндаи кишвар ва орзуи дидани Тоҷикистони ободу пешрафта маншаъ мегирифт.

Дар маҷмӯъ, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллатро метавон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, роҳнамои стратегии рушди кишвар ва такягоҳи устувори маънавию сиёсӣ арзёбӣ намуд, ки он ҷомеаи моро ба ҳамбастагӣ, заҳмати созанда, худшиносии миллӣ ва боварӣ ба фардои дурахшон ҳидоят намуда, барои расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ ва зиндагии шоистаи мардум заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич- магистранти курси 2 -юми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон