Skip to main content

Барҳақ, Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад ва ҷашни баробаршавии шабу рӯз, инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯйи замин маҳсуб ёфта, мақоми он дар фарҳанги миллати тоҷик ва мардуми форсзабон, ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад. Ин ҷашни аҷдодии мо шукӯҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ хамнавоӣ бо табиату замин, нерӯи тоза ва қавӣ пайдо намудан, ободкориву накӯкориро инъикос ва таҷассум намудааст. Бинобар ягон боду газандҳои рӯзгор, зарбаҳои таърих натавонистанд Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси ба он мутааллиқро аз байн бубаранд.

Истиқлоли ватани азизамон ва сиёсати хирадмандононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он ибтидо гузошт, ки дар сарзамини биҳиштосоямон заминаи ваҳдати миллӣ барпо ва устувор гашта, урфу одат, расму оини миллии ниёгонамон ва арзишҳои муқаддасоти аҷдодиамон дар симои Наврӯзи Аҷам дубора эҳё ва ба тамоми оламиён муаррифӣ шавад ва ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ табдил ёбад. Албатта ин паёми нек ба шоирону адибони муосири мо барои эҷоди шеъру чакидаҳои наву рангин илҳоми тоза бахшид. Шоири шинохтаи тоҷик Муҳаммад Ғоиб дар шеъри зер васфи гулу Наврӯз менамояд ва бо ифтихор «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст», мегӯяд:

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст.

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Бӯи Наврӯз расад аз ҳама дар

Рӯзи Наврӯз расад аз ҳама бар.

Ҳама дар пероҳани наврӯз аст

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст...

Сабзгун ҳама пуштаву саҳрои Ватан,

Сабзпӯш аст ҳама ҷои Ватан.

Сабз ҷон дар бадани Наврӯз аст.

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст...

Мусаллам аст, ки Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайвандгари наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстию берун сохтани кинаҳо, хамдигарбахшӣ ва дӯст доштани марзу буми худ ва баҳори зиндагии пас аз сардиҳову сахтиҳои зимистон, ибтидои умеду орзуҳои нав барои расидан ба саодатмандиву хуррамии рӯҳу қалб мебошад. Бинобар ин Наврӯз самимитарин, муборактарин ва бошукуҳтарин ҷашни қадими ва дӯстдоштанӣ мебошад. Дар ҳама давру замон шоирони чӣ классик ва чӣ муосир мавзуи Наврӯзу Баҳорро бо як маҳорату шавқи хоси шоирона, бо эҳсосоти баланду қалби саршори пур аз шодмониву меҳрафзо васфу тараннум кардаанд.

Воқеан ҷашни Наврӯз, ки дар фасли зебои сол - Баҳори нозанин рост омадааст, бо омаданаш қалбҳоро шодиву сурур мебахшад. Ҳанӯз дар гузаштаҳои дури дур Манучеҳрии Домғонӣ нигоштаст:

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,

Омаданаш фарруху фархунда бод!

Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,

Мурд зимистону баҳорон бизод.

Дар ҷое дигар Фахруддини Гургонӣ чунин тасвироти зебоеро рӯи варақ меорад:

Зимистонро бувад фарҷом Наврӯз,

Чу бошад тирашабро оқибат рӯз.

Чу лашкаргоҳ зад хуррам баҳорон,

Ба дашту кӯҳсору ҷӯйборон.

Ҷаҳон аз хуррамӣ бӯстон шуд,

Замин аз некуӣ чун осмон шуд.

Ҷаҳони пир барно шуд дигар бор,

Бунафша зулф гашту лоларухсор.

Шоири бузургу файласуфи мо-Умари Хайём дар «Наврӯзнома»- и худ менависад: «Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ бинишаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд карду бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд...». Ҳамзамон рубоиҳои дар васфи Наврӯз сурудаи шоир содаву файласуфона ва беназиранд:

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,

Бархезу ба ҷоми бода кун азм дуруст,

К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,

Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.

Баҳору Наврӯзро бидуни шеър наметавон тасаввур кард. Яке аз хусусиятҳои Наврӯзро ҷашни бедоршавии табиат, шеъру шоирӣ гуем хато намекунем. Зеро фасли Баҳору Наврӯзро бе шеър, бе мусиқиву бе рақсу бозӣ наметавон тасаввур кард. Агар ба ашъори шоирону адибони дирузу имрузи миллатамон нигарем, баръало аён мегардад, ки шоирон дар фасли Баҳору Наврӯз, тасвири табиат, манзараҳои дилрабо ва гулу булбул шеъру ғазалҳои дилангезу дилчасп ва нотакрорро иншо намудаанд, Шояд як сабаби дар адабиёти классику муосири тоҷик зиёд васф гардидани Баҳору Наврӯз ин табиати нотакрор, зебою афсунгар ва дилрабои сарзамини мост, ки бо омадани ин фасл дашту даманаш гулпушу гулрез гашта, қалбҳоро тасхир карда, ба кас илҳоми тоза мебахшад. Шоирону донишмандону маъруфи тоҷик мавзуи Баҳору Наврӯзро бо як маҳорату шавқи хоси шоирона, эҳсосоти баланд ва қалби саршори пур аз шодмониву меҳрафзо васфу тараннум кардаанд. Шояд дар тули таърих дар адабиёти ғайр мисли адабиёти мо дар васфи ҳеч ҷашне мисли Баҳору Наврӯз қасидаву ғазал ва шеъру тарона насуруда бошанд. Таваҷҷуҳи шоирони точик ба ин мавзуъ торафт афзун мешаваду кам не.

Мавриди зикр аст, ки қасидаҳои Абуабдуллоҳи Рудакӣ, манзараофариҳои Фаррухию Унсурӣ ва Дакикию Фирдавсӣ ба эҷоди шоирони баъдӣ илҳоми тоза бахшида таъсири амиқ гузоштаанд. Воқеан ҳам имруз дар байни мардуми мо чӣ пиру чӣ барно касе нест, ки «Баҳория» - и устод Абуабдуллоҳи Рудакиро дӯст надораду пайваста замзама накунад. Тасвироти сода ва моҳиронаи шоирро ғайр аз худи ё наметавон каси дигар тасвир намояд. Чун Устод Рудакӣ шеъри ӯ низ нотакрору бемисл аст:

Омад баҳори хуррам, бо рангу рӯи тииб,

Бо сад ҳазор накҳату ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир ба-д-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гети ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб.

Ё ин ки ғазали дар васфи боғу баҳор навиштаи Ҳофизи Шерозӣ тасвироти чӣ сон рангину пурмуҳтаво ва хосса сабки шоирии ӯст:

Нафаси боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

Арғавон ҷоми ақиқӣ ба суман хоҳад дод,

Чашми наргис ба шақоиқ нигарон хоҳад шуд…

Ҳофиз аз баҳри ту омад сӯи иқлими вуҷуд,

Қадаме неҳ ба видоаш, ки равон хоҳад шуд.

Чунин таманниёти зебо ва тасвироти хеле оливу ҷаззобро аз забони Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мо ҳанузам барои муборакбодии наврузӣ ба якдигар мефиристем:

Имрӯз ҷамоли ту бар дида муборак бод,

Бар мо ҳаваси тоза печида муборак бод!

Гулҳо, ки миён бандад, бар ҷумла чаҳон хандад,

Эй бар гулу сад гул хандида муборак бод!

Шоири маҳбубу маъруфи замони мо Фарзонаи Хучандӣ Наврӯзро ба «Ҷони Ҷаҳонсоз» шабеҳ дода, бо як эҳсосоти ба худ хоси шоирона мегӯяд:

Наврӯз шуду панҷараро боз намудем,

Сад шукри ту, эй Ҷони Ҷаҳонсоз, намудем.

Табрики ҳама майнаву гунҷишку парасту

Бо марҳалаи тозаи парвоз намудем.

Воқеан ҳам, Наврӯз дар фарҳанги миллии мо хислату андешаҳои накӯ ва созандаро густариш бахшида, оштӣ ва сулҳофарӣ, адолатпешагиву ваҳдатро парастиш менамояд, сулҳу оромиро тақдим мекунад. Бо даромадани рӯзи наву Наврӯз ҳама дарду ғамҳои куҳна ба гушаи фаромӯшӣ рафта, зиндагии хушу рангин ва марҳилаи тоза барои ибтидои ҳаёти нав оғоз мешавад.

Хулоса, шеъру ғазалиёти дар мавзуи Баҳору Наврӯз эҷоднамудаи шоирону адибони мо дар шинохти ҷашни Наврӯз, мақому мартаба, ғояҳои арзишманди он барои бедор намудани хисси зебоипарастиву худшиносӣ, хештаншиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи худ барои наслҳои оянда хеле муҳим ва арзишманд буда, аз ҳамаи мо онро тақозо менамояд, ки пос доштану эҳтироми ин мероси аҷдодиамонро муққаддас шуморему ёдгор бимонем.

Шоира Холиқова, - ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои филология