Имрӯз, 21 июл дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 4- уми комиссияи Тоҷикистон ва Хитой оид ба ҳамкории илмӣ ва техникӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва муовини Вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Жиачанг ва олимону муҳақиқони самтҳои гуногуни илмии тарафайн баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза на танҳо идомаи ҳамкориҳои судманди мо, балки як қадами муҳим дар самти таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи илм, технология ва инноватсия мебошад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин кишварҳое буд, ки беш аз 30 сол пеш Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дар моҳи марти соли 1992 миёни кишварҳо расман равобити дипломатӣ барқарор шуд. Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ беш аз 200 созишномаи байнисоҳавӣ ба имзо расид, ки ҷанбаҳои гуногунҷанбаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла дар соҳаи илму техникаро дар бар мегиранд.
Гуфта шуд, ки Ёддошти тафоҳум байни Вазорати илм ва технологияи Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки 31 августи соли 2017 ба имзо расида буд, инчунин протоколҳои ҷаласаҳои комиссияи байниидоравӣ, ки заминаи формати шарикии устувор ва системавиро гузоштанд, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ аҳамияти хоса доштанд.
Зикр шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбари ҳамоҳангсози соҳаи илм сиёсати давлатиро дар соҳаи илм ва техника тибқи стратегия ва барномаҳои дарозмуддат амалӣ менамояд. То имрӯз дар кишвар зиёда аз 20 самти афзалиятноки илмӣ, аз ҷумла: идоракунии устувори табиат ва ҳифзи муҳити зист, биотехнология ва фармасевтика, амнияти энергетикӣ ва захираҳои об, табдили рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва технологияҳои геоинформатсионӣ, нигахдории тандурустӣ ва тадқиқоти биотиббӣ муайян карда шудааст.
Дар идома муовини Вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Жиачанг аз ҳамкориҳои илмии вусъатбахши муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Хитой изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ дар оянда андешаҳои худро иброз дошт. Зикр дошт, ки мо бояд ҳамкориҳои худро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, дар самти илмҳои дақиқ ва риёзӣ иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ намоем, то дар ин самт ба дастовардҳои арзишманд ноил гардем.
Инчнунин, дар ҷаласа президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Салимзода Амонулло Файзулло, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур, сардори Раёсати байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қурбонов Қобилҷон, узви вобастаи АМИТ Саидов Абдусатор ва аз ҷониби Чин як зумра аз олимон доир ба самтҳои афзалиятноки соҳаи илми тарафайн фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Дар анҷоми ҷаласа байни Вазорати илм ва технологияи Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар шакли сифатан нав ба имзо расонида шуд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институтҳои он тайёр намудани кадрҳои илмиро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал монда, ҷиҳати саривақт амалинамоии фаъолияти илмии онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Имрӯз, 26-уми ноябри соли 2024 атестатсияи Докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) - Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ баргузор гардид.
Ҳайати Комиссияи тибқи фармоиши директори Институт вобаста гардида, вазъи корҳои илмии докторантонро натиҷагири намуда, тавсияҳои муфид баҳри иҷрои онҳо доданд.
Таъкид гардид, ки докторантони PhD аз рӯйи ихтисос муаззафанд рисолаи илмии худро саривақт барои дифоъ пешниҳод намоян
26 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявӣ ‹‹Осори қаламӣ ва катибаҳо – шоҳиди гӯёи таърих››, бахшида ба 100- солагии академик Аҳрор Мухторов баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки Аҳрор Муҳторов 5 ноябри соли 1924 дар шаҳри Уротеппа (Истаравшани кунунӣ) дар хонаводаи равшанфикр дида ба дунё кушода, баъд аз хатми курси тайёрии мактаби таълимӣ-омӯзгорӣ соли 1940 дар мактабе аз деҳаҳои Уротеппа ба ҳайси муаллим ба фаъолияти корӣ оғоз мекунад. Пас аз оѓози Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1942 ихтиёран ба ҷабҳа рафта, дар озод кардани Украина, Полша ва Чехословакия аз вуҷуди нопоки фашистон қаҳрамонона ҷангида, 19 апрели соли 1945 дар шоҳроҳи Берлин-Прага аз таркиши бомба захм бардошта, баъди муолиҷа ба ватан бармегардад.
Ҷавони аз мактаби мардонагӣ гузашта, тасмим мегирад, то таҳсили худро дар яке аз мактабҳои олии кишвар идома диҳад. Ин майл ӯро ба даргоҳи нахустдонишкадаи ҷумҳурӣ – Институти давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) меоварад. Соли 1951 баъди хатми факултети таърихи ин донишкада, муддате дар вазифаи ассистент дар факултети таърихи Институти давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе кор карда, соли 1952 шомили аспирантураи ин донишкада мегардад. Аз ин ба баъд роҳи илм тавассути устодонаш, ба хусус собиқ директори Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ховаршиноси маъруф, академик Александр Александрович Семёнов, ки бо ташаббуси бевоситаи Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров баъди таъсисёбии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Душанбе даъват шуда буд, ба рӯйи олими ҷавон кушода мешавад.
Дар идома зикр шуд, ки Соли 1953 академик А.А. Семёнов Аҳрор Мухторовро ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардушиносии ба номи Аҳмади Дониши ба кор даъват мекунад ва ӯ соли 1956 рисолаи номзадашро дар мавзӯи «Очеркҳо аз таърихи мулки Ӯротеппа дар нимаи дуюми асри XIX» зери роҳбарии академик А.А.Семёнов бомуваффақият дифоъ менамояд.
Аҳрор Мухторов аз соли 1959 то соли 1991 дар вазифаи мудири шуъбаи таърихи асрҳои миёна кор карда, то охири ҳаёт ба кори ин даргоҳи муқаддаси илм содиқ мемонад. Дар шуъбаи мазкури Институти таърих Аҳрор Мухторов тамоми зинаҳои илмро тай намуда, соли 1971 дар мавзуи “Ёдгориҳои эпиграфии асрҳои XI-XIX аз Кӯҳистон ҳамчун сарчашма доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна” дар Шурои диссертатсионии Институти шарқшиносии АФ ИҶШС рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1972 унвони профессориро дарёфт карда, соли 1978 узви вобаста ва соли 1991 узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб мешавад.
Соли 1976 олими шинохта узви комиссияи бостоншиносӣ дар назди шуъбаи таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, соли 1980 узви анҷумани илмии байналмилалии маҷмуаи катибаҳои Эрон (Лондон) ва соли 1991 узви анҷумани илмии эроншиносии Аврупо интихоб мешавад.
Пажуҳишгоҳи биографии (тарҷумаиҳолии) Иёлоти муттаҳидаи Америка номи академик Аҳрор Мухторовро дар китоби “500 нафар олимони маъруфи ҷаҳон (1994-1995)” ворид карда, олимро бо “Дипломи байналмилалии фарҳангии “Шараф” қадр намуд, ки он аз эътибору эътирофи дастовардҳои илмии ин олими тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад.
Академик Аҳрор Мухторов яке аз поягузорони катибашиносӣ дар Осиёи Миёна эътироф шудааст. Ҷустуҷӯ ва муайян намудани ҷузъиёти муҳими таърихи асри миёнаи минтақа дар катибаҳои болои сангҳо, кӯҳпораҳо ва дару девори манзилҳо номи ин олими тоҷикро дар сафи мутахассисони шинохташудаи Иттиҳоди Шуравӣ қарор дод.
Аҳрор Мухторов аз ибтидои таҳқиқи катибаҳои сангҳои болои марқадҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, ба хулосае омад, ки бояд ин осори арзишманди таърихиро ба пойтахти кишвар интиқол диҳад, то аз боду борон ҳифз шаванд ва дар мавриди пайдо шудани имконият онҳоро дар маърази намоиш гузорад.
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ВАЗЪИ ИҚТИСОДӢ, ТИҶОРАТӢ, ХОРИҶӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ НИЗОМИ МОЛӢ ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ ҶАНУБӢ (ҲИНДУСТОН)”
26 ноябри 2024 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, хориҷӣ ва фаъолияти низоми молӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (Ҳиндустон)» баргузор гардид.
Тибқи барнома, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра суханронӣ карданд ва қайд намуданд, ки кишварҳои Осиёи Ҷануби ва хусусан Ҷумҳурии Ҳиндустон шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва мамлакати мо барои рушду вусъат додани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмӣ – фарҳангӣ бо ҳама давлатҳои минтақаи Осиёӣ Ҷанубӣ ҷонибдор аст.
Сипас,сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ д.и.т., профессор Турсунов Турсунмурод дар мавзӯи «Вазъи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, хориҷӣ ва фаъолияти низоми молӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (Ҳиндустон)» суханронӣ намуд.
Баъдан дар атрофи ин мавзуъ мубоҳисаи судманд бо иштироки фаъоли кормандони Институт сурат гирифт.
ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД!
Имрӯз, 26-ноябри соли 2024, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкурро раиси Шурои олимони Институт, доктории илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ҳусни оғоз бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласа ҷиҳати иштирок изҳори минатдорӣ намуд.
Сипас, раиси Шуро иштирокчиёнро бо рӯзномаи ҷаласаи Шурои олимон шинос намуд. Дар рафти ҷаласа, бандҳои дахлдори рӯзномаи ҷаласаи мазкур баррасӣ ва муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳисоботи Раиси Шурои олимони ҷавони Институт шунида шуд. Ҳамзамон доир ба тасдиқи мавзуъҳои рисолаҳои унвонҷӯён, ивазшавии мавзуъҳо ва роҳбарони корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва оиди иштироки олмони Институт дар конфронсу семинарҳо баррасӣ гардиданд.
Имрӯз (25.11.2024) таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Зимни ҷаласа рафти иҷрои барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи (30.05.2024) қайд гардида буд, ки дар арзёбии фаъолияти ҳар як олим ду меъёр аслӣ ва асосӣ ҳисобида мешавад. Дар аввал бояд корҳои илмию таҳқиқотӣдар сатҳи зарурӣ баргузор карда шаванд. Баъдан барои омода намудани кадрҳои илмӣ масъулин бояд чораҳои мушаххас андешанд.
Дар робита ба ин Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифт, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030»- ро дар ҷаласаи назоратии назди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, аз 16 банд иборат аст. Ҳамчунин дар 12 банди ин масъулияти иҷрои бандҳо бар души Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, яке аз масъалаҳои асосие, ки мо дар доираи барномаи мазкур иҷро намоем ин танзими раванди таълим дар зинаи таҳсилоти магистратура ва докторантураи PhD мебошад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд тайёр кардани кадрҳои баланди илмӣ қаблан бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзимкунандаи самти мазкурро омода ва пешниҳод намоем.
Таъкид гардид, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» қабул гардида, баҳри баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилӣмутобиқ намудани онҳо равона гардидааст.
Имрӯз (24.11.2024) бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи комили ватани азизамон роҳпаймои идона баргузор гардид.
Дар ин роҳпаймои олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, бо бардоштани Парчам рисолати шаҳрвандии худро дар назди Ватан анҷом доданд. Зеро Парчами давлатӣ ин рамзест, ки кишвари моро муттаҳид сохта, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари амну осоишта муаррифӣ намуд. Маҳз ин заҳмату талошҳои шабонарӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз кишвари мо тинҷу ором аст ва дар фазои ин сулҳу субот ҷашнҳои таърихиву фарҳангиро бо шукуҳу шаҳомоти беандоза таҷлил менамоем.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат бо шукуҳу шаҳомоти хоса таҷлил мегардад.
Имрӯз (22.11.2024) дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии давлатамон маҳсуб меёбад роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар роҳпаймоӣ, ки дар шаҳраки академӣ сурат гирифт, ҳайати бисёрҳазорнафараи олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла раёсат, ҳайати олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, магистрантону докторантони PhD ва олимони ҷавон иштирок намуда, бо бардоштани парчами 32 метра эҳтироми ливоро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.
Воқеан ҳам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат бо шукуҳу шаҳомоти хоса таҷлил мегардад.
Имрӯз (22.11.2024) ба ин муносибат дар назди бинои Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии фарҳангии калони идона баргузор гардид.
Чорабинии тантанавӣ бо сухани табрикотии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд оғоз гардид.
Таъкид шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин рамзи комилҳуқуқӣ ва соҳибистиқлолии тоҷикон 24- уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараëни он сарнавишти давлатдории навини тоҷикон таҳрезӣ гардида буд қабул гардид. Маҳз бо қабул гардидани муқаддасоти миллии кишвар, ки дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои нахустини худро гузошт. Дар замони соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчамӣ давлатӣ дар кишвар биноҳои хуштавру замонавӣ бунëд гардида барои мустаҳкам намудани пояи давлатдорӣ ва таъмини сулҳу суботи кишвар замина мегузоранд.
Ҳамчунин зери сиëсати бунëдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо баланди 165 метр Парчами давлати парафшон гардид, ки ин ҳама самараи истиқлол ва комилҳуқуқиву сулҳу суботи осоишта аст.
Дар идомаи чорабинии идонаи фарҳангӣ-фароғатӣ ҳунармандони шинохтаи кишвар бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида намуданд.
