Skip to main content
Дар шароити Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, бо ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашнҳои қадимии ниёгонамон, аз ҷумла Сада, ҳамчун ҷашнҳои миллӣ аз нав эҳё гардиданд. Ин раванд на танҳо ҳувияти фарҳангии миллатро ҳифз мекунад, балки ба рушди иқтисодӣ, махсусан соҳаҳои кишоварзӣ ва сайёҳӣ, мусоидат менамояд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишу қимати ҷашнҳои миллии аҷдодӣ баҳои баланд додаанд: «Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ аст, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаҳои мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ва ҳамчунин барномаҳои минбаъда, Сада дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Ин ҷашн на танҳо ҳамчун оини фарҳангӣ, балки ҳамчун унсури иқтисодӣ, ки ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунад, аҳамият дорад.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми форсизабон ва ориёинажод ба ҳисоб меравад. Аз қадимулайём халқи эронитабор Садаро бо тантана ҷашн мегирифтанд. Дар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва навиштаҳои олимону адибони маъруф, Сада ҷашни ихтироъ, ҳосил ва кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар аз олоти чӯбину сангин ба асбобҳои оҳанин соҳиб шуд. Ин ҷашн омодагӣ ба киштукор пас аз сардҳои зимистон барои баҳор мебошад. Гирифтани ҳосили баланду дилхоҳ, яке аз ҳадафҳои асосии деҳқон мебошад, ки барои он ҳатман дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва органикӣ захира бояд шавад.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ роҷеъ ба ҷашни Сада зиёд гуфта шудааст. Ҷашнгирии Сада аз 29-уми январ оғоз мешавад. Аз рӯи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза) ин сана ба 30-уми январ рост меояд. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ Ҳушангро асосгузори ин ҷашн меҳисобад. Баъзеҳо муътақиданд, ки Сада дар замони Каюмарс, Исфандиёр, Фаридун ва Ҷамшед ба вуҷуд омадааст. Масалан, Манучеҳрии Домғонӣ менависад:

Чашни Сада, амиро, расми кибар бошад,

Ин ойини Каюмарс, Исфандиёр бошад.

Унсурии Балхӣ:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Дар омӯзиши таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва қоидаву суннатҳои он «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳост. Ӯ таърихи пайдоишу ҷашнгирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода, чунин менависад: «Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш пайи шикор ба кӯҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногахон аз дур ҳазандаи сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фаввора мезад. Он ҳазанда мори калони ҳавлнок буд. Ҳушанг санге бардошта ба сари мор заданӣ мешавад, вале мор сӯи дигаре меҷаҳад ва ба санги дигаре бар мехӯрад, оташ падид меояд».

Ин рӯйдод ба даҳуми моҳи Баҳман (баробар ба 29 январ) рост омадааст. Ҳарчанд фасли зимистон бошад ҳам, рӯзи офтобӣ на танҳо равшанӣ, балки гармии фораме бар замину одамон мебахшад. Гиёҳу алафҳои нарми хушкгашта зери пойро навозиш мекарданд. Азбаски ҳаёти одамони он давра бо шикор мегузашт ва хӯрокашон меваи дарахтон ва либосашон пӯсти даррандаҳо буд, мардум барои дарёфти ризқ ба ҷойҳои дур, то дараю кӯҳҳо ва маконҳое, ки ҳанӯз пойи пой норасида буд, мерафтанд. Дар ин ривоят муҳимтар аз ҳама он аст, ки аҷдодони гузаштаи мо рӯзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузурге табдил додаанд.

Абурайҳони Берунӣ дар асарҳои худ, аз ҷумла «Осор-ул-боқия» ва «Китоб-ут-тафҳим», таъкид мекунад, ки номи «Сада» аз шумораи «сад» (100) гирифта шудааст, зеро аз он то Наврӯз 50 рӯзу 50 шаб боқӣ мемонад. Ӯ ривояти дигареро меорад, ки пайдоиши ҷашнро ба пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок нисбат медиҳад, ки дар он оташ ҳамчун рамзи озодӣ ва ҳифзи ҳаёт нақш мебозад. Ин маълумотҳо исбот мекунанд, ки Сада на танҳо ҷашни табиӣ, балки ҳамчунин ҷашни иҷтимоӣ-таърихӣ аст, ки аз давраи Аҳеманиён (асри VI пеш аз милод) сарчашма мегирад.

Сада ҷашни кишоварзон ба шумор рафта, яке аз ойинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии соли сипаришуда мебошад. Дар ин давра яхобмонии заминҳо ба роҳ монда мешавад, ки манфиати хеле калон дорад. Моҳияти асосии Сада – рамзи пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва хайр бар шарр аст. Дар замони қадим он бо оташафрӯзӣ, рақсу бозӣ, суруд ва оростани хони пурнозу неъмат истиқбол мешуд.

Аз нигоҳи таърихӣ, Сада пас аз «Чиллаи калон» (40 шабонарӯз пас аз Ялдо) фаро мерасад ва муждаи баҳорро мерасонад. Дар Эрони қадим, аз ҷумла дар давраи Ғазнавиён ва Салҷуқиён, он ҳамчун ҷашни шоҳӣ бо оташҳои бузург ва тӯҳфаҳои ҳукуматӣ таҷлил мешуд. Дар Тоҷикистони муосир, бо дастгирии давлат, Сада бо намоишҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва консертҳо баргузор мешавад, ки ҳазорҳо иштирокчиёнро ҷалб мекунад.

Аз нигоҳи илми иқтисод, Сада на танҳо ҷашни фарҳангӣ, балки омили рушди иқтисодӣ аст. Он ҳамчун ҷашни кишоварзон, ба ҳавасмандгардонии деҳқонон ва афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат мекунад. Дар Тоҷикистон, ки 70% аҳолӣ ба кишоварзӣ машғул аст, Сада ба омодагии баҳорӣ – захираи нуриҳо, тухмӣ ва техника – таъкид мекунад. Масалан, дар соли 2025, дар ярмаркаҳои Сада дар Душанбе ва Ҳисор, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳаҷми садҳо ҳазор сомонӣ расид, ки ин ба иқтисоди маҳаллӣ мусоидат кард.

Ин ҷашн ба рушди сайёҳии фарҳангӣ низ мусоидат мекунад. Бо сабти ЮНЕСКО, Сада сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунад, ки даромади иқтисодиро афзоиш медиҳад. Дар соли 2023-2025, теъдоди сайёҳон ба Тоҷикистон 15% афзудааст, ва ҷашнҳои миллӣ ҳамчун Наврӯз ва Сада дар ин раванд нақши калидӣ доранд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ, хароҷот барои таҷлил (оташафрӯзӣ, намоишҳо) кам ва фоида (фурӯши ҳунарҳо, меҳмоннавозӣ) зиёд аст. Ин ҷашн ваҳдати миллӣ ва ҳамкории иқтисодиро тақвият медиҳад, ки барои кишвари кишоварзӣ муҳим аст.

Имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашнҳои аҷдодии миллати тоҷик ба монанди Меҳргону Сада дубора эҳё шуданд ва ҳамасола таҷлили бошукуҳи ин идҳо дар сартосари кишвар бо иштироки олимону зиёиён, шоирону нависандагон баргузор мешавад. Дар соли 2018, Сада дар сатҳи давлатӣ эълон шуд, ва аз он пас ҳар сол дар Душанбе ва дигар шаҳрҳо ярмаркаҳои калон баргузор мешаванд.

Таҷлили ботантанаи ҷашнҳои аҷдодӣ кор ва амали хайрест барои имрӯзу оянда. Сада ба монанди идҳои Наврӯзу Тиргону Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми тоҷику форсзабон буда, дар замони қадим бо шодию сурур, оташафрӯзӣ, рақсу бозӣ ва оростани хони пурнозу неъмат истиқбол мешуд. Сада – ҷашни миллӣ ва таърихӣ аст, ки реша дар тамаддуни ориёӣ дорад ва имрӯз ҳамчун омили ваҳдат, фарҳанг ва рушди иқтисодӣ хизмат мекунад.

ШИРИН ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих.

СУРАЁ ШАРИФЗОДА, ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.