Skip to main content

Ҷашни Сада ва қиссаи кашфи оташ аз қадим боз дар сарзамини тоҷику форси бостон бо ҳам дар алоқамандӣ буданд ва яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабонон буд, ки дар таърихи дунёи бостони тоҷику форс ҳамчун рамзи нуру маърифату тамаддуни башар ва ташаккули ҳувияти миллӣ буд, ки инсонҳоро барои зиндагии солиму мубориза ба муқобили зулмоту бадӣ равона сохт. Ва ин диалетикаи устураву ривоятҳои бостонӣ то имрӯза ҳам дар дохили рӯҳу ҷисм ва зиндагии ҳар лаҳзаина мо идома дорад.

 Ҳушанг-шоҳи Пешдодиён нахустин касест, ки ҷашни Садаро барпо намудааст. Дар «Таърихи Ғурар-ус-сияр» маъруф ба «Шоҳнома»-и Соалибӣ омадааст, ки Ҳушанг фарзанди Сиёмак, набераи Каюмарс буда, ба ҳамаи мардумони кишварҳо фармонбарӣ намуд. Ӯ нахустин касест, ки заминро аз ҳар ҷиҳат ободон кард ва ба сохтумонсозиву шаҳрсозӣ рӯй овард. Болотар аз ҳама он аст, ки ойинҳо ниҳод ва дод густурд ва ба ин хотир ба ӯ лақаби «Пешдод» доданд ба маънои он ки нахустин шахсест, доварӣ ба дод кардааст.[1] Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузургвор омадааст, ки Ҳушанг – подшоҳи Пешдодиён рӯзе бо сад нафар ба самти куҳе меравад, ногоҳ мори бузургҷуссае ба назараш мерасад. Азбаски ҳаргиз мор надида буд, ба шавқ омада гуфт ҷамеи ҷонварон мутобеати мо мекунанд, ҳамоно ин ҷонвар душмани мост, ки сар аз итоат печида, сангеро бардошту ба тарафи мор андохт. Он санг хато шуд бар санги дигаре хурд, оташ аз он баромад ва бар хасу хошок афтоду мор ҳам бисухт. Чун дар он замон ҳануз оташ кашф нашуда буд, Ҳушанг бо ҳамроҳони хеш аз ба вуҷуд омадани оташ хурраму шод гардид ва гуфт ин нури худост, ки душмани моро кушт ва рафту шукр кард ва қиблаи худро сохт ва шаб ба поси хушҳолӣ ва шукргузорӣ оташи бузурге ҳамчун куҳ барафрухт ва худ бо ҳама даври он гирд омаданду ҷашн гирифтанд. Ҳушанг ин ҷашни бузургро «Ҷашни Сада» номгузорӣ кард:

                            Зи Ҳушанг монд ин сада ёдгор,

                            Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

                            К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард.

                                Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард

Кашфи оташ ва эҷоди он дар тамаддун ва инкишофи ҳаёти инсони таъсири босазое дошта, ба ҳамин ҷиҳат хотираи кашфи он беҳтарин хотира дар зеҳни инсонӣ боқӣ мондааст. Ва ин ҷашни ҳаётбахшу рушноии зиндагӣ баъди солҳову давраҳои зиёди таърихӣ, ки дар баъзе кишварҳо нимсӯзу нимгирён буд, дар сарзамини Тоҷикистон аз нав бо ташаббуси Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёю афрухта шуд.

 Ҷашни Сада ва қиссаи кашфи оташ дар замони подшоҳии Ҳушанг пас аз 40 сол подшоҳии ӯ ишора бар он мекунад, ки он асоси таърихӣ дорад. Дар замонҳои қадим мардуми ориёинажод дар ҷайҳое мезистанд, ки даҳ моҳ зимистон ва ду моҳ тобистон буд.[2] Тавассути нигаҳдории оташ мардум тавонистанд бар душманони хеш - сармо ва торикию зулмот ғалаба кунанд. Муддате нагузашта онҳо бар гирди ин оташ хонаҳо сохту соз карданд ва по ба давраи шаҳрнишинӣ ва фарҳангу тамаддун гузоштанд ва ин неъмати бузурге буд, ки гӯё ҳамчун як муъҷизае аз тарафи Офаридагор барои онҳо ато шудааст.

         Сада аз калимаи «сат» дар забони паҳлавӣ ва маънии он сад мебошад ва ҳангоме, ки сад рӯз аз зимистон мегузашт ва ё панҷоҳ рӯз ба ҷашни Наврӯз мондааст, Сада ҷашн гирифта мешавад, яъне пас аз ғуруби офтоб дар оғози  шомгоҳи даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мешавад, ки ин рӯзро Обонрӯз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ, дӯстиву рафоқат, вафодорӣ, сахту созу ватандорӣ, ҷашни нуру муҳаббат ва тамаддун аст.  Мардуми форсизабон, махсусан як қатор шаҳрҳои Эрон ва форсизабонони кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия дар рӯзи ҷашни Сада бо гирд омадан дар як нуқта аз шаҳр, ё шаҳристону деҳот дар қатори якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург гирён мекунанд ва ба сурудхониву пойкубӣ шурӯъ менамоянд.  

         Сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулуъ кардан  будааст. Аввалин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигаре ба Хуршед ё Меҳр дониста метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардуми форсизабон донист. Чунон ки дар боло қайд шуд дар замони истиқлолият бо кумаку дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнҳо, ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва ба иловаи Шаби Ялдо  эҳё шуданд ва онҳо ҳар сол ҳамчун маросими фарҳангӣ-миллӣ ҷашн гирифта мешаванд.

         Баъзе мутафаккирони тоҷику форс номи садаро  гирифташуда аз сад медонанд. Донишманди тоҷик Абурайҳони Берунӣ навиштааст, ки сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин – сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд…ва низ омада: «шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Назари дигар ин аст, ки Сада маъруф ба садумин рӯзи зимистон аст, яъне аз ибтидои зимистон (аввали обонмоҳ) то даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст. Оташ гирёнкунӣ дар шаби ҷашни Сада ба ин сабаб аст, ки шаб ҳам монанди рӯз равшану гарм аст, ки неруҳои бадӣ наметавонанд ба инсонҳо осебпазир бошанд, ва ё аз имрӯз ба баъд инсон ба оташ даст пайдо кардааст шаб ҳам монанди рӯз равшану гарм аст ин шабҳо ҳам шумурда мешаванд.   

         Дигар аз далоили гиромидошти ин шаб ин аст, ки мардуми форсинажод ду моҳи миёнаи зимистонро, яъне дей ва баҳманро[3]замони неруманд гаштани қудратҳои Аҳриманӣ медонистанд ва барои ба хайр поён ёфтани ин ду моҳ пайваста ниёишҳои зиёдеро дар муқобили шар(р) анҷом медоданд. Аз шаби чила, ки чилаи калон низ номида мешуд ва дар он айём шавқи мубориза бо торикиву зулмот дубора зода шуда буд, то шаби даҳуми  баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада ва чилаи хурд номида мешавад, баробари 40 рӯз аст. Аз ин ҷо, ба сабаби он ки оташ мазҳари гармо ва нуру зиндагӣ дар рӯзе кашф шуда буд, ки он рӯзро рӯзи ҷашни Сада ва дар айни ҳол василае  барои мубориза бо Аҳриман буд. Ойини оташгирёнкунӣ боиси рушноии шаб монанди рӯз шуд аз шаби аввали чилаи хурд, яъне аввали феврал то аввали исфанд 20 рӯз ва 20 шаб (ҷамъан чил шабу рӯз) аст. Шаби даҳуми баҳман оташи бузурге ба номи оташи ҷашни Сада ба чил шохаи бе баргу бори дарахтон, ки нишони чил рӯзи «чилаи бузург», яъне чилаи калон аст, ки дар майдони деҳа ва ё марказҳои шаҳристонҳо оташ гирён намуда, ба хондани чунин суханҳо шурӯъ мекунанд: Сада садаи деҳқонӣ, (чил кундасӯзонӣ), ки аз пасмондаҳои зимистонӣ.

        Дар китоби «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» Абурайҳон Берунӣ афрухтани оташро бар бомҳо медонад, ки бо дастури Фаридун анҷом мегирад.[4]

Фирдавсии бузургвор дар шоҳасари хеш «Шоҳнома» мавзӯи ҷашни Сада ва достони кашфи оташро низ рӯи қоғаз овардааст, ки дар боло қайд шуд, вале бисёриҳо достонҳои ин асари безаволро ҳамчун устура, тахаюлоту афсона мепиндоранд. Ҳол он ки вақте ки ба таърихи тамаддуни фарҳангу фалсафаи зиндагии бостони тоҷику форс рӯ ба рӯ мешавем мебинем, ки ҳар он чи қиссаву ривоят ва достонҳое, ки бо унвони устура муаррифӣ шудаанд, афсона не, балки ҳақиқату воқеияти зиндагии мардуми бостон ва орзую хостаҳои онҳо дар асоси ин ҳақиқат буд. Ва қаҳрамонҳои таърихии бостони тоҷику форс ба монанди Аҳуромаздо, Каюмарс, Зардушт, Сиёмак, Ҳушанг, Фаридун, Ҷамшед ва амсоли инҳо образҳои тамаддунсозе буданд, ки дар таърихи башарият барои покиву ростӣ, рушноии зиндагӣ ва ободиву пешрафти мардуму ҳувияти миллӣ ва ваҳдату маърифати онҳо дар дунёи ҳастӣ мубориза кардаанд. Онҳо аввалин хиштҳои сохтори дунёи ҳастӣ ва маърифатро барои наслҳои минбаъда боқӣ гузоштанд.

      Агар садаро аз дидгоҳи таърихӣ дида бароем достони падид омадани оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ин зайл омадааст, ки Ҳушанг бо чанд тан аз наздиконаш аз куҳ мегузаштанд, ки мори сиёҳе намудор шуд. Ҳушанг санги бузургеро бардошта ба сӯи мор раҳо кард. Санг ба куҳ бархурд кард ва оташ аз бархурди сангҳо бархост ва фуруғе падид омад:

                   Фуруғе падид омад аз ҳарду санг,

                   Дили санг гашт аз фуруғ озарранг.

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.

К-и ӯро фуруғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Якӣ ҷашн кард он шаб бода хурд,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

         Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Чунон ки дар боло гуфтем  дар даҳумин рӯз, ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ ба оташ гирён кардани ҳезуме, ки  мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ, ё аз баландии куҳистон ҷамъ оварданд, ин маросим оғоз мешавад. Ин маросими ҷашнӣ  ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани  мардуми шаҳр, маҳалла ва ё деҳот дар як ҷо ба оташгирёнии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардад. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ва давр задан дар атрофи оташ анъана будааст.

         Ба ҳамин минвол аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ҳамин тариқ, чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30 январ) чун ҷашни Сада пешвоз мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.

Мардум, махсусан мардуми деҳоту шаҳристонҳо, пеш аз ҳама деҳқонон дар ин айём аз рӯи расму анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардану ҷӯйбору кучаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.

         Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу фарҳангӣ дар бахши тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, кишоварзӣ ва омода сохтани заминҳои корам барои кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад.Чунки ин ҷашнҳои мардумию миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣ буданд ва замону давраҳои мухталифи фаъолияти иҷтимоӣ-меҳнатии ниёконамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои суннативу миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа назму низоми ахлоқӣ  ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ин ҷашнҳои суннатӣ мардумро ба тозагиву озодагӣ, ростиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдӯстӣ, дӯстӣ, муҳаббату рафоқат ва ягонагӣ даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар бо шарофату баракати ин ҷашну маросимҳои миллӣ  инсон метавонад дар муқобили ҳирсу ҷуши нафсонии аҳримании хеш ғалаба кунад.

Муродова Тоҷинисо номзади илмҳои фалсафа, дотсент ходими

пешбари ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ


[1] Таърихи «Ѓурура-ас сияр», маъруф ба «Шоњнома»-и Саолабї . Тољнома. Китоби 111. Душанбе. «Бухоро».-2014.-444 с.-С.42.

[2] https : // www. Karnaval. Ir /blod/the ancient Ceremony – of Sadeh

[3] Аз 22-и декабр то 22-и январ – дей ва аз 22-и январ то 22-и феврал - бањман

[4] Дар љараёни навиштани кор аз сайти интернетї низ истифода шудааст