Skip to main content

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 декабри соли 2024, ш. Душанбе)

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогир будан бо муҳтаво ва мундариҷаи ниҳоят васеи таҳлилӣ вобаста ба арзёбии рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баррасии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, 28 декабри соли 2024 ироа гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунии сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, тафсири таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангӣ, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ бо масъалагузориҳои мушаххас ва саривақтӣ ибрози ақида намуданд.

Аз ҷумла, бо баландтарин дарки худшиносиву ватандӯстӣ, Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

Дар ин замина, яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар Паём – ин самти ҷавонон буда, аз ҳисоби онҳо омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин карданашон ҳамчун вазифаи муҳим арзёбӣ гардид.

Воқеан, ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Аз ин рӯ, ҷавонон бо баҳраманд будан аз Мактаби бузурги Пешвои миллат, ки дар меҳвари он маърифату дониш ва илму маориф нақши калидӣ дорад, ифтихорманд ва сарфарозанд. Зеро рушди минбаъдаи давлати мо ва пойдории миллату нигаҳдошти ин марзу бум ва суботу оромиву сулҳу ваҳдат ба дарку омӯзишу аз бар намудани донишҳои устувору амиқу дақиқи ин Мактаби маърифати волои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, илмӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, сулҳоварӣ, таҳаммулпазирӣ, ҷавонмардӣ, саховатмандӣ ва ба садҳои дигар самту соҳаҳои муҳимму асосӣ ва таҷрибаҳои мукаммалу бузург пайванди ногусастанӣ дорад.

Албатта, дар зеҳнияту шууру тафаккури ҷавонон шаклгиии устувори дӯстдории Ватан ва давлату миллат ниҳоят муҳим ва зарур аст. Ба ин маъно, Пешвои миллат барҳақ қайд намуданд, ки “Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад”. Зеро ба ибораи волои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”.

Ҷойи дигар, Пешвои миллат ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ намуданд, ки ин дарки масъулият ва иҷрои рисолати ҷавононро дар назди миллату давлат ва Президенти кишвар инъикос менамояд.

Албатта, мо дар замоне, қарор дорем, ки он пешгӯинашаванда аст. Дар ин фазо зистан ва арзи вуҷуд доштан рӯз то рӯз хислати мураккаб касб менамояд. Зеро инсониятро хатарҳои номатлуби аср, чун терроризм, ифротгароӣ ва дигар падидаву танишҳои нобудсозанда таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, барои мо ҷавонон дарку риояву иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ниҳоят саривақтӣ ва муҳим аст. Чуноне ки зимни Паёми хеш, муҳтарам Президент ироа доштанд: “Ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”.

Хулоса, аз бар намудани илму дониш, ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти баланди миллӣ, арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги миллӣ, зеҳнияти техникӣ, тафаккури солим, маърифатнокӣ, зиракӣ, забондонӣ аз зумраи ҳидоятҳо ва самтгириҳои Роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон буда, мо насли ҷавони кишварро водор менамояд, ки бо масъулият ва дарки баланд роҳнамоиву супоришу таъкидҳои Пешвои муаззами миллатро дар амал ва андешаву афкори худ татбиқ намуда, сазовор ба эътимоду боварии Роҳбари давлат бошем.

Имрӯз ҳама гуна рушду пешрафти ҷаҳони муосир ба неруи зеҳнии инсонӣ тавъам аст. Аз ин лиҳоз, афкору андешаи мо ҷавонон бояд ба зевари маърифату илм зиннат ёбад, то тавонем, бо ҳисси волои ватандӯстӣ, бо фарогир будан ба илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд гузорем. Зеро мондагории миллату давлат, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз тафаккури солиму зеҳнияти созандаи ва техникии насли наврасу ҷавони меҳан, аз маҳсули андешаи бунёдкорона ва афкори илммеҳваронаву ҷаҳонбинии дунявиву фалсафии ҷавонон вобастагии амиқ дорад.

Ардамеҳр Ашуров - номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон