Skip to main content

123412Ҷашни Сада баёнгари тамаддуни мо тоҷикон буда, ҳифзу таҷлили он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ҷашнҳои миллӣ, хусусан ҷашни Сада, ки аҷдодони мо асосгузор ва имрӯз мо эҳёгарӣ он ба ҳисоб меравем, ҷиҳати мустаҳкам намудани мавқеи мо тоҷикон ҳамчун як миллати воҳид дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста дорад. Дар эҳёи ин ҷашни миллӣ дар баробари дигар ҷашнҳои милии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бузург доранд.

Метавон гуфт, ки даврони соҳибистиқлоли ба давлати Тоҷикистон имкон дод, ки ҳар ончи моли мо тоҷикон дар гузашта буд, ба тамаддуни миллати тоҷик дахл дошт, баробари пойдор гардидани сулҳу Ваҳдат соҳибӣ намояд ва барои ба наслҳои оянда мерос гузоштан анъанаҳои ин ҷашнҳоро эҳё кунад. Чуноне, Президенти мамлакат дар паёми табрикотии худ бахшида ба ҷашни Сада якуми январи соли 2022 иброз намуда буданд: "Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид". Маврид ба зикр аст, ки аз ин оини кӯҳантарини худ мо имрӯз бо ифтихор бояд ёд намуда, дар доираи хонавода низ таҷлил намоем. Суннатҳои ҷашни Сада ҳар як оиларо ба ободию осудаги ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат иброз доштанд: Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки ободу сарсабз гардонидани табиати кишвар, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зист аз ҷумлаи суннатҳои ҷашни Сада ба ҳисоб мераванд".

Ҷашни Сада, ки пеш аз ҷашни Наврӯз меояд аз оғози корҳои кишоварзӣ ва фасли шукуфтанҳо мужда медиҳад. "Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд".

Ҷиҳати устувор гардонидани ҳуввияти миллии мо тоҷикон дар замони вусъат ёфтани ҷаҳонишавӣ эҳёи расму ойинҳои ин ҷашни аҷдодӣ бисёр муҳим мебошад. Ҳарчи бештар ба ҷавонон аҳамияти ҷашни Сада фаҳмонида шавад, дар рушди худшиносию ҳуввияти миллии онҳо нақши муассир мегузорад. Бо шарофати эҳё гардидани ин ҷашни бостонӣ ба ҷавонон таърихи бостонии миллати тоҷик ошнотар ва ҳисси ифтихор аз фарҳангу тамаддуни мардумамон афзун мегардад.

Дар робита ба ин, метавон аз натиҷаи тарғибу ташвиқ доир ба ин ҷашни бостонӣ ёдовар шуд. Ҷавонони мо, ки дар замони муосир ба омӯхтани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва касбҳои замонавӣ машғул ҳастанд, тавассути омӯзиши суннатҳои чунин ҷаншҳои аҷдодӣ ба навоварию эҷодкорӣ бо доштани маълумоти комил аз гузаштаи худ ва ҳисси худшиносӣ машғул мегарданд, ки ин хеле мубрам аст. Барои ҳар шахс пеш аз соҳибкасб гардидан, худшиносу Ватандӯст будан бисёр муҳим аст. Аз рӯ, омӯзиши ҷашни Сада дар таълиму тарбияи наслҳои оянда, рушд додани тоҷикият дар қалби онҳо нақши бориз дорад. Инсон новобаста аз онки дар кадом гӯшаи дунё умр ба сар мебарад, соҳиби кадом касбу кор аст, аслу насаби хешро бояд бидонад ва то лаҳзаи охир Ватани худро дӯст бидорад. Омӯзиши ҷашни Сада, таҷлили он ба ҷавонон имкон медиҳад гузаштагони соҳибтамаддуни худро, ки дар пайдоиши чунин ҷашнҳои аҳамияти ҷаҳонӣ дошта асос гузоштанд шиносанд ва дарк намоянд, ки тоҷик аз рӯзи пайдоиши худ то имрӯз тамаддунофару ихтироъкору, соҳибэҳтиром буд.

Ҷашни Сада, ки моҳияти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо карда, ба яке аз василаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст, ҳамзамон метавонад, дар ҷавонон ҳисси созандагию эҷодкориро сайқал диҳад. Ҷашни Сада ва умуман тамоми ҷашнҳои аҷдодии мо далели онанд, ки тоҷик дар гузашта тавоно буд ва имрӯз низ тавоно аст, дар оянда низ наслҳои ояндаи мо, мутахассисони ояндаи мо бояд тавоною созанда бошанд.
 

АБДУМУМИНЗОДА Ситора, - номзади илмҳои педагогӣ, Корманди ИФСҲ АМИТ