Skip to main content

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар боз як пешниҳоди таърихии моҳияти умумиинсонӣ дошта ва барои шиносонидани фарҳанги миллат ба ҷаҳониён муҳиму саривақтӣ баромада, пешниҳоди ҷолибе ба созмони ҷаҳонии «ЮНЕСКО» дар бораи ҷашни 2500 –солагии «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир», дар соли 2025-ро матраҳ намуданд. Мисли тамоми пешниҳодҳои Пешвои миллат ин пешниҳод низ на танҳо моҳияти таърихӣ, балки аҳамияти рӯзмарра барои фазои сиёсию маънавии кишварро доро буда зарурати рӯзмарра мебошад ва аз умқи дидгоҳи сиёсиву мафкуравии эшон хабар медиҳад.

Дар баробари пешниҳоди аввал оид ба эъломи даҳсолаи сулҳ дар ин асри ҷаҳонишавии пур аз ҷангу зиддияту ихтилофоти байни кишварҳо ва миллатҳо бо иштироки кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва бо мақсади мудохила ва зери тасаллути худ нигаҳ доштани миллатҳои дигар, ки дар натиҷа ҳар рӯз садҳо инсонҳо куштаву ба асорат гирифта мешаванд, ин пешниҳод низ аз манфиати зиёде бархурдор мебошад.

Аҳамияти ин пешниҳод дар ошкоро эълон кардан ва ба миён гузоштани ин воқеияти раднопазир аст, ки ниёгони мо аввалин поягузори маншури ҳуқуқи озодии башар аз ғуломӣ будан, ҳуқуқи ва қонуни озодии эътиқод ва виҷдонро низ поягузорӣ кардаанд. Ин пешниҳод ба инкори вуҷуди тасаввуроти нодурусти таърихӣ дар бораи сарчашмаи ҳуқуқи озодии инсон аз ғуломӣ ва озодии дину этиқод ҳаргуна дин будани аврупоиёнро инкор намуда, бо далелу бурҳони таърихии раднопазир тасаввуроти бепояи онҳоеро, ки низоми дунявият ва озодии виҷдонро таърихан барои мо бегона медонанд ошкор менамояд. Ин пешниҳод заминаи низоми дунявиро дар кишвар тақвият намуд, ҳақиқатан заминаи ҳуқуқи миллӣ доштани модели нави дунявиятро, ки дар кишвари мо тавассути кушишҳои Пешвои Миллат пиёда шудааст собит мекунад.[1] Зимни ин таҳқиқот мо бояд нишон диҳем ва исбот кунем, ки мабною заминаи чунин низом на танҳо дар таърихи пеш аз исломии мо ва ҳатто дар худи илова ба ҷузвияи дар поварақ ишора шуда, асли ниҳоии матолиби ин мақоларо муаллиф баъдтар соли 2021 ба сифати мавзӯи кори нақшавии таҳқиқоти илмӣ ба нақша гирифта, навишта буд ва ҳоло дар ин ҳошия чанд нуктаи марбут ба он ироа-пешниҳод хоҳад шуд.

1.1. Вуҷуди заминаҳои озодӣ ва таҳаммулгароии динӣ-мазҳабӣ дар фарҳанги сиёсии тоҷикон

Дар таърихи тамаддуни башар ҳамеша қонуни меросият амал мекунад ва дар тамоми соҳоти тамаддуни мо падидаи мутаассиршавӣ ва доду гирифти тамаддунҳо ва таҳаввули доимии анвоъи гуногуни фарҳангии башарро аз унсурҳои соддаю ибтидоӣ ба сӯи такомулу рушди болотар дорем. Дар ин робита пайдоиши заминаҳои давлати дунявӣ (секулор) ва таҳаввули баъдии он низ истисно нест.

Масъала он аст, ки дар кишварҳои исломӣ, аксаран вақто ки сухан аз моҳияти низоми давлати дунявӣ меравад, ҳамоно ин қазияро матраҳ мекунанд, ки низоми секулор падидаи соф аврупоӣ буда, бо олами ислом рабте надорад ва бегона мебошад. Ҳол он ки аввалан, ин исломиёни наздикбин барои гардишу тақвияти осиёби ғарбиёни мутассиби аврупосентрист об мерезанд, сониян, инҳо бехабар аз қонунияти таҳаввули падидаҳои иҷтимоӣ буда, намедонанд, ки ҳеҷ чунин падидае дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд намеояд, балки асосе, заминаю мабное дар тамаддунҳои пешинаи башар дорад ва солисан, инҳо таърихи пайдоишу такомул ва таҳаввули мӯҳтаво ва мавводи«Маншури эъломияи ҳуқуқи башар»-ро наомӯхтаанд, набошад далоили ба аксарияти ҳуқуқдонониё маъруф, чун: «Маншури қонуни Ҳамурапи» ва «Маншури ҳуқуқи Куруши Кабир» -ро намебоист нодида мегирифтанд.

Ҳоло мо зимни ин таҳқиқ саъй дорем нишон диҳем, ки ба олами Шарқ аз ҷумла тоҷикону эрониён таърихан низоми дунявӣ (секулор) бегона набуда, балки яке аз дастовардҳо ва таҷрибаҳои маъмули давлатдорӣ ва низоми сиёсии таърихӣ худи ин миллат будааст. Ба қавли маъруфтарин рӯшанфикри эронӣ Алӣ Шариатӣ дунявият мисли мафҳуму калимаи «алмаз» ҳамон «мост»-и форсӣ буда, арабҳо онро иқтибос карда ба он артикли «ал»-ро илова кардаанд ва шудааст «ал-мос» ва аз паси арабҳо аврупоиҳо иқтибос карда онро «алмаз» хондаанд ва пас аз ин муллою охунди аз таърихи этимология бехабари мо онро калимаи аврупоии ба забони форсӣ бегона хонда, фатвои «бегона аст!»-ро содир кардаанд ё мекунанд.....

Ҳамин тавр агар ба рушди аҳкоми ҳуқуқӣ ва аз ҷумла ташаккулёбии ва такомули мавводи «Эломияи ҳуқуқи башар» нигарем хоҳем дид, ки он низ мисли тамоми анвои фарҳанги башар натиҷаи таҳаввул ва рушди он усулу қонунҳое мебошанд, ки ба тадриҷ дар қадимтарин марказҳои тамаддуни таърихии башар Мисру Бобулу Эрону Чину Ҳиндустон, Юнон зуҳур карда баъдан шаклан суфтатару моҳиятан густардатар гардидаанд. Алалхусус дар сафҳаҳои таърих бе восита дар мавриди пайдоиш ва рушди ҳуқуқи башар метавон бидуни иғроқ ва шакку шубҳа гуфт, ки нақши тамаддуни бобулӣ ва эронӣ бараъло равшан ва шинохташудаву эътироф гардида мебошад.

Дар ин робита аз нигоҳи ду сарчашмаи маъруф бо номи «Маншури ҳуқуқии Ҳаммурапи» ва «Маншури Ҳуқуқи башари Куруши Кабир» бидуни баҳс метавон гуфт заминаи ин чунин санадро дар таърихи башар тарроҳи ва интишор карданд.

Ин аст, дар робита бо мавзӯи ин таҳқиқот ва қазияи дар боло зикршуда оид ба он, ки заминаҳои қонунгузорӣ решаи амиқтари худро дар фарҳанги шарқӣ доранд, далелу бурҳони нахустин ҳамин ду қонуни таърихан қадимаи шарқӣ шуда метавонад. Агар қонуни Ҳаммурапи танҳо як намунаи ҳуҷҷати қонунгузорӣ қадимтарин буда, ба ҳар сурат ҳанӯз 1750 сол пеш аз солшумории мелодӣ дар сарзамини Бобил ба вуҷуд омадани низоми қонунмеҳвари сиёсиро собит кунад. «Маншури ҳуқуқи Куруши Кабир» аз аввали ҳам наздиктар ба моҳияти арзишҳои ҳуқуқии башар дар ин асри 21 мебошад. Чунки он арзишҳои он низомҳое, ки ҳатто баъд аз Куруш Кабир низ пой барҷо буд, яъне ғуломдорӣ ва табъизу нобаробарии инсонҳо аз лиҳози динӣ,- озодии ақидати ва динию мазҳабиро инкор мекунад.

Метавон гуфт, ки ин ду асли ҳуқуқии инсони озодро ҳатто ду дини пас аз «Маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир» зуҳур карда: дини насронӣ ва ислом низ ба куллӣ натавонистанд аз байн баранд ва он низоми ғуломдорӣ ва нобаробарии инсонҳо аз нигоҳи динию мазҳабӣ мебошад, ки ҳатто имрӯзҳо низ пайравони ин ду дин аз ин чунин муносибат пурра раҳоӣ наёфтаанд.

Метавон гуфт, ки зери тасири «Маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир» боз дар ҳамон даврони то исломии мо боз ба як сарчашмаи дигаре дорем, ки дар ҳеҷ гӯшае аз кишварҳои аврупоӣ дар он замон аз чунин сарчашмае ҳаракате дар масири таҳкими пояи баробарӣ ва бунёди ҷомеаи одилу инсонмеҳвар хабаре нест ва набуда ва ин назария ва ҳаракати динӣ –иҷтимоии Маздаки Бомдод шуда метавонад. Ҳаракате ки Маздак дар асри 5-6-и мелодӣ дар Эрон сарвари мекард, яке аз аввалин ҳаракатҳои баробарихоҳии иҷтимоии инсонҳо буд, ки баъдан, ҳатто бо номи ҳаракат ва инқилобҳои коммунисти шӯҳрат ёфт.

Ниҳоят чаҳорумин далели марбут ба таҳаммулпазирии мазҳабию динӣ дар таърихи ниёгони мо он аст, ки ҳатто дар давраи ҳокимияти шоҳони сосонӣ, сарзамини Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо Эрони Ғарбӣ кишваре буд, ки пайравони дину мазҳабҳои гуногун, аз ҷумла маздакиёну монавиён озодона зиндагӣ ва кор мекарданд.

Ҳоло ба тартиб ҳар яке аз ин далоилро мухтасар баррасӣ мекунем ва зимнан то чӣ андоза нақши амиқ гузоштани ниёгони хешро ба тамаддуни ҷаҳонӣ дар боби пайдоиш ва рушди пояҳои ҳуқуқӣ ва ташаккули шуури қонунгузории инсоният ва ворастани он аз муносибатҳои барбарию зӯроварӣ то фарҳанги қонунмеҳварӣ шинос мешавем.

Аҷоиб он аст, ки дар таърихи инсоният, дар олами Шарқ эрониён ҳанӯз садсолаҳо пештар аз пайдоиши китобҳои динии маърӯф: «Панҷкитоби Мӯсо» ва дигар китобҳои «Аҳди қадим» ва «Аҳди ҷадид» даст ба эъҷози қонунгузории маданӣ намуда будаанд. Исботи ин қазия он аст, ки дар қисмате аз китобҳоии анбиёи қисмати «Аҳди қадим» дар Китоби Ишаъёи набӣ Курушро худои яҳудиён ҳамчун масеҳи худ ёд карда аз кӯмакҳояш ба ӯ сухан мегӯяд.[2]

Дар олами Шарқ аввалин қонун «Қонунҳои Ҳаммурапи / Зако́ны Хаммура́пи (аккад. Inu Anum sîrum,/ дар замони ҳокимияти Ҳаммурапи, ҳануз пеш аз «Панҷкитоби Мӯсо», ки ҳадди ақал пайравони ин дин пайдоиши онро асри Х-то мелод медонан ҳанӯз дар асри XVII-XVIII солҳои 1755-1752 т. м. ба забони аккодӣ тадвин гардида буд. Ин бозёфти бостоншиносӣ (археологӣ) аз тарафи экспедисияи археологии франсавӣ соли 1897 бо раҳбарии Ж. де Морган дар сарзамини Эрон дар замони ҳокимияти Музаффаридин-шоҳи Коҷор дар ноҳияи Элам ба даст омад, ки ҳоло дар муюзейи Луври Париж маҳфӯз аст.

Аксар аз ин бояд гуфт, ки ин ягона маҷмуи қонун нест, илми ҳуқуқшиносӣ дар таърихи то қонуни Ҳаммурап дар сарзамини Бобил ва Ассуриё ва Аккод боз чандин маҷмӯаи қонунгузориро медонад, ки онҳо бо номҳои: ислоҳоти қонуни Урукагин, Қонуни Ур-Намму, Қонуни Липит-Иштар, Қонуни Эшнунни маъруфанд. Қонуни Хаммурап ин марҳиллаи ниҳоии таҳаввули конунгузорӣ дар ин минтақа буда, дар он дастовардҳои конунгузориҳои пешина ҷамбаст шудааст. Қонунгузории Ҳаммурап ин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад, ки ҳанӯз пеш аз «Панҷкитоби Мӯсо» масоили бештари ҳуқуқро дар худ инъикос ва ҳал када, мубоҳисоти зиёдеро дар доираи васеъ ба вуҷуд овард .

Аммо дар Устувонаи «Маншури ҳукуки башари Куруши Кабир»масоили ҳуқуқие гузошта шудааст, ки на дар матнҳои ҳуқуқии бобулӣ, на Ҳаммурап ва на дар китобҳои паёмбарони сомӣ-динҳои Иброҳимӣ вуҷуд надоранд. Он ҳам бошад пеш аз ҳама масъалаи бекор кардани ғулому ғуломдорӣ ва озодии динӣ-мазҳабӣ мебошад.масоили ҳуқуқие гузошта шудааст, ки на дар матнҳои ҳуқуқии бобулӣ, на Ҳаммурап ва на дар китобҳои паёмбарони сомӣ-динҳои Иброҳимӣ вуҷуд надоранд. Он ҳам бошад пеш аз ҳама масъалаи бекор кардани ғулому ғуломдорӣ ва озодии динӣ-мазҳабӣ мебошад.

Дар ин маврид муҳаққиқи эронӣ Ҳабиб Замонии Маҳҷуб бо иснод ба таҳқиқоти тамаддуншиносу муаррихи машҳур Вилий Дронт чунин менависад: «Аз ҷилваҳои арзишманди имперотурии Ҳахоманишиҳо ва Ашкониён, озодманишиӣ ва иғмоз нисбат ба бовариҳо ва ақоиди мазҳаби пайравони сойири адён ва мазоҳиб аст.» Асли сиёсати Подшоҳони ин ду силсиларо ӯ чунин арёбӣ менамояд: «Подшоҳон ба ҳамин қонеъ буданд ки раоёи/раиятҳо/-и миллали мағлуб мутеъи шоҳаншоҳ ва вафодор ба ӯ бошанд ва молиёти худро ба коргузорон биспоранд. Дар воқеъ подшоҳон дар муқобили атои озодии мазҳабӣ ба мағлубин имони устувор ба импературиро аз онҳо хостор буданд.» . ر.ک: ویل دورانت، تاریخ تمدن (مشرق زمین گاهواره تمدن)، ج 1، ص 408)

Сипас дар идомаи ин баррасӣ сухан аз нақшу корномаи Куруши Кабир аввалин императури Ҳахоманишии эронӣ меравад, ки дуввумин санади қонунгузорӣ ва аввалин «Маншури Ҳуқиқи башар»-ро дар таърихи тамаддуни башар интишор кардааст. Дар мақола омадааст: «Нахустин иқдоми Куруш (539-559м) пас аз фатҳи минтақае эломи тааҳудотӣ дар бораи озодии мазҳабӣ буд, ки дар миёни мардум таблиғ ва тарвиҷ мешуд. Ӯ бо эҳтироми фаровоне, ки ба мабади Мадрук қоил шуд муҳаббат ва алоқаи фаровоне бо Бобулиёнро ба даст овард. Дориюш низ дар Миср бо таъзими худоёни онҳо маншаи мазҳабии Курушро истимрор бахшид.»

Ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки Ҳабиб Замонӣ ин иқдоми Курушро бо муқаррароти дини зардуштия пайванд медиҳад ва бо ин таъсир зуҳури ҳуқуқи башар муассир медонад.

Хулоса, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мо танҳо дар Эрони бостон дар устувонаи маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир ин се муҳимтарин ва ҳассостарин қонун-қонуни бекоркардани ҳаргуна навъи ғуломӣ, озодии виҷдон дар интихоби дин ва баробарии нажодиву миллиро дорем.

Ин мавзӯъро ҳамчунин Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» баррасӣ намуда, ҳарчанд дар бораи ҷангҳои сахту хунини Ҳахоманишиҳо барои мутеъ намудани мардуму кишварҳои Осиёи Миёна низ менависад, бо вуҷуди ин дар ниҳоят мунсифона кайд менамояд,ки«Ҳахоманишиҳо бар хилофи дигар подшоҳони пешини Шарқи бостон нисбат ба ойину мазоҳиби сойири халқҳои сокини қаламрави худ бо таҳаммул муносибат карда, ҳатто ба бозсозии маъбадҳо ва калисоҳои кишварҳои мухталифро (ба мисли ибодатхонаҳои Бобил ва Яҳудистон) дубора барқарор намудаанд. Махсусан, асосгузори давлати Ҳахоманишиҳо Куруш шӯҳрати зиёде пайдо карда буд. Форсҳо ӯро, расули худои Мадрук, юнониҳо раҷули бузурги давлатӣ, ва яҳудиён наҷотбахши Худо Яҳво номидаанд.»[3]

Бобочон Ғафуров дар идомаи ин баҳс мефармояд: «Лозим ба ёдоварист, ки оғози омезиши фарҳангӣ ва ҳамгароӣи тамаддунҳои мардумони гуногун ҳануз 200 сол қабл аз кишваркушоиҳои искандари Макдунӣ ба вуқуъ пайваста буд…. Дар аҳди салтанати ҳахоманишиҳо дар сарзаминҳои матбуъи импературии эшон намояндагони миллат ва аквоми мухталиф ба иттифоқи ҳам умр ба сар мебурданд. Масалан ҷазираи Алфонтин дар ҷанби сарҳади Нубия ва дар шахри Менфиси кишвари Миср мисриён, форсҳо, юнониён, хаворазмиҳо, бобулиҳо, оромиҳо ,яҳудиён финикиҳо ва ғайра тиҷорат мекарданд. Аквоми мазкур аксаран сунан ва ибодоти мазҳабии якдигарро пазируфта на фақат ба худоёни худ, балки ба худоёни дигар ҳам саҷда мекарданд, ҳатто асомии худро бо номҳои дигарон иваз менамуданд.»[4]

Ҳамчунин, бояд гуфт ки Б.Ғафуров дар идомаи ин матлаб боз ду-се саҳифа аз зиндагии якҷоя ва ташаккули фарҳангу тамаддуни омехтаи даврони ҳахоманишиҳо сухан гуфтаанд, ки фикр мекунам хондану донистани ин суннати деринаи ниёгони мо барои муқобила бо сиёсати динию фарҳангии исломгароёни ифротӣ ки дар асри 21 бо таассуби динию кавмӣ мехоҳанд атрофии олами ислом девори хитоӣ кашанд, лозим ва зарур аст.

Ногуфта намонад, ки хушбахтона ин мавзӯъ- нақши Куруши Кабир дар таърихи ҳуқуқшиносӣ аз тарафи ҳуқуқшиносони миллат, аз ҷумла бо сарварии профессор Холиқзода А.Ғ. асари арзандае бо номи «Ҳуқуқ дар таърихи халқи тоҷик», як сол пас аз ин таҳқиқоти мо, ба нашр расид, ки метавон гуфт як дастоварди бузурге барои соли сипарӣ шуда- соли сиёсатшиносӣ буда, дар он аз таҳқиқоти ҳуқуқшиносони тоҷик дар атрофи ин мавзӯъ маълумоти кофӣ дода шудааст.[5]

Хол мепурсем ба саволе, ки ин ҳама аз чӣ шаҳодат медиҳад? Аз он ки бар хилофи иддаои исломиёни кӯтоҳназару торикбин, ки ҳатто аз таърихи гузаштаи худ огаҳӣ надоранду вазъияти имрӯзаи дунёро низ намедонанд, аносиру заминаи иҷтимоию сиёсии низоми дунявият на сифр дар Аврупо, балки асрҳо пеш ҳатто аз динҳои маъруфи аврупоӣ дар Шарқ дар ҳамон гаҳворае, ки баъдтар ҳамаи динҳои ба ном иброҳими зуҳур кардаанд, зуҳур намуда сипас дар Аврупои асри 18-20 интишор ёфта, такмилу суфта шудаанд.

Боз як бори дигар арз мешавад, ки мисли тамоми пешниҳодҳои Пешвои миллат ин пешниҳод низ на танҳо моҳияти таърихӣ, балки аҳамияти рӯзмарра дошта, барои муаррафӣ ва ҳимояти мафкуравӣ ва сиёсии низоми дунявият дар кишвар ва такмили додани он зарурист.

Шерзот Абдуллоев (Абдуллозода) - ходими пешбари илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ