Skip to main content

Шаҳри Душанбе аз даврони соҳибистиқлоли ҳамчун маркази илму фарҳанг рушд намуда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини ҷумҳурӣ ва минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз то рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳониён гардидааст.

Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро нигоҳ дошта, шурӯъ аз соли 1924 баъди тақсимоти миллӣ - маъмурӣ дар Осиёи Марказӣ ба пойтахти Тоҷикистон табдил ёфт. Боиси тазаккур аст, ки шаҳри Душанбе то имрӯз симои худро куллан дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гардидааст. Шуруъ аз соли 1961 Душанбе аз нав барқарор карда шуда, хонаҳои баландошёна, қасру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмурию фарҳангӣ бунёд гардидаанд.

Нуфузи шаҳри Душанбе дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба тадриҷ баланд гардида, имрӯз барои сокинон ва меҳмонон ба маркази фарҳангию сиёсӣ ва макони амалишавии орзуҳо табдил ёфтааст.

Таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъда равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ касб намуд, ки дар ин росто шаҳри Душанберо ҳамчун макони барқарорсозии сулҳу ваҳдат шуҳратёр кард.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2004 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид. Моҳи ноябри соли 2016 пойтахти Тоҷикистон ҷоизаи “Шарҳи сулҳ”- и Бунёди Роҳи Абрешимро дарёфт кард. Ин ҷоиза барои саҳми барҷаста дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ тақдим гардид.

Аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз шаҳри Душанбе баҳри инкишофи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, бо шаҳрҳои бузурги мамолики бо Тоҷикистон шарик дар асоси манфиатҳои мутақобила, ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер - Душанбе бародаршаҳрҳо, Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳид ва ҳокимияти маҳаллӣ, узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе имрӯз бо шаҳрҳои Боулдери ИМА, Санк- Петербурги Федератсияи Россия, шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, шаҳрҳои Урумчӣ, Чиндао, Сямэн ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, шаҳри Анқараи Туркия, Лусакаи Замбия, Санъои Ҷумҳурии Яман, Монастири Тунис, Лаҳори Ҷумҳурии Исломии Покистон, Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия, Ройтлингени Олмон, Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Теҳрон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ашқободи Туркманистон ва Нур - Султони Қазоқистон созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расонидааст. Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии созишномаи бародаршаҳрӣ васеъ намудан, мустаҳкам гардондан ва ривоҷ додани алоқаҳои байниминтақавӣ дар доираи давлатҳои хориҷӣ, дар заминаи баробарҳуқуқӣ ва манфиати тарафайн ба шумор рафта, дар ин асос шаҳри Душанбе метавонад имкониятҳои рушди иқтисод, илму техника ва фарҳангии бародаршаҳрҳоро барои мустаҳкам намудани равобити бевосита дар ҳама самтҳо замина гузорад.

Мувофиқи маълумотҳои маҷаллаи сайёҳии “34 travel” дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 яке аз рӯйдоди хотирмони таърихӣ ба амал омад, ки дар раддабандии шаҳрҳои аз нигоҳи сайёҳӣ ояндадор, шаҳри Душанбе мавқеи аввалро соҳиб гардид. Ин назарсанҷиҳо бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоии “Mastercard” таҳия карда шуд.

Соли 2018 пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри сайёҳии муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид, ки ин муждаи фараҳбахшро 19- уми апрели соли 2018 Агентии таҳлилии “ТурСтат”- и Россия дар асоси натиҷаҳои ҳампурсӣ интишор кард.

Санаҳои 7-9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумуҳурии Мардумии Чин, Саммити Федератсияи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки мувофиқи он шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шуд. Табиист, ки чунин дастовардҳои арзишманд дар татбиқи босамари эълон гардидани соли 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нақши намоён гузошта, азамату эътибори фарҳанги шаҳрдориро боз ҳам болотару зиёдтар нишон дод.

Хушбахтона, дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизи мо ба марҳалаи рушду пешравӣ ба таври бесобиқа ворид гашта, нуфузу эътибори он авҷи бештар пайдо кардааст.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе минбаъд низ ҳамчун маркази ҷазби тоҷикони ҷаҳон, намунаи волои шаҳрдориву шаҳрсозӣ, рамзи олии меҳмоннавозии миллати тоҷик, таҷассумгари дастовардҳои нотакрори даврони соҳибистиқлолӣ ва меҳвари асосии ваҳдату суботи ҷомеаи Тоҷикистонӣ боқӣ хоҳад монд.

Достиева Дилафруз, - ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ