Имсол миллати шарофатманди тоҷик 34-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил гирифт. Ин ҷашн дар шароите таҷлил гардид, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои нахбагони сиёсӣ, зиёиён ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшантар ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шуда ва ҳаракати ҳамагонию пурнишот барои пешрафти кишвар дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоию иқтисодию фарҳангӣ ва афзудан ба дастовардҳои беназире, ки давлат ва мардуми мо дар тӯли беш аз се даҳсола ба он ноил гаштаанд, идома дорад. Ва дар ин замина нақши сиёсати хориҷӣ ва дастгоҳи дипломатӣ бисёр калидӣ аст.
Хотиррасон кардани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аст, хеле муҳим мебошад. Тоҷикистони имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол шакли эҳёшудаи Давлати Сомониён аст, ки ба иллати ҳаводиси таърих зиёда аз як ҳазору сад сол пеш аз арсаи сиёсати ҷаҳонӣ фурӯ афтод. Давлати Сомониён, дар навбати худ, шакли идомаёфтаи Давлати Сосониён буд, ки низ замоне бар пояи усули давлатдории Империяи Ҳахоманишӣ бунёд гашта буд. Тоҷикони Моваруннаҳр ва Хуросон, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ «порс» номида мешаванд ва дар замони ҳукмронии арабҳо номи «тоҷик»-ро гирифтанд, ҳамон ориёиҳое ҳастанд, ки ҳамеша омили давлатҳо ва империяҳои бузург буданд, ки дар дунёи бостон ба вуҷуд омадаву фурӯ пошидаанд.
Ҳамон тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ифтихори тоҷикон аз решаҳои ориёии худ ҳаргиз маънои рӯҳияи истисногароӣ ё бартариҷӯйӣ ё, бадтар аз ин, нажодпарастӣ доштани тоҷикон набуда, як ҳисси одии ба ҳар инсон хоси қаноатмандиву ризоят аз ҳувияти таърихии худ аст. Оё боиси ифтихору ризояти мо – тоҷикону эрониёну афғонистониён – нест, ки маҳз ниёгони мо – ориёиёни бостон – на танҳо поягузори давлатҳо ва империяҳои аввалин дар ҷаҳон, балки эҷодкори нахустин эъломияи ҳуқуқи башар мебошанд?!
Устувонаи Куруши Бузург, ки ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар шинохта шуда, дар соли 1971 Созмони Милали Муттаҳид онро ба ҳамаи забонҳои расмии Созмон мунташир кардааст, нишонаи он аст, ки ниёгони мо нахустин бунёдгузорони ҳуқуқи башар, яъне низоми демократӣ ва дипломатия дар ҷаҳон, ба ҳисоб мераванд. Дар бахше аз ин дастур аз забони Куруши Бузург омадааст: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд, нагузоштам ранҷу нороҳатӣ ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид шавад. Онҳоро аз зери юғи асорат хориҷ сохтам, ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам ва мо ҳамагӣ шодмона ва дар роҳи сулҳу оштӣ мақоми баланди худовандгори бузургро сутудем. Ман ҳамаи шаҳрҳоеро, ки вайрон шуда буданд, аз нав сохтам».
Фарҳанги инсондӯстӣ ва рӯҳияи некукории ориёиҳоро бисёре аз бузургони илму адаби ҷаҳон сутудаанд. Таърихнависи бузурги юнонии замони бостон Ҳеродот, ки пас аз асре аз даврони Куруши Бузург зиндагӣ кардааст, дар бораи ин абармард чунин менависад: «Ҳеҷ порсе ёфт намешавад, ки битавонад худро бо Куруш муқоиса кунад. Аз ин рӯ, ман китобамро дар бораи порсиён ва юнониён навиштам, то кирдорҳои шигифтангезу бузурги ин ду миллати азим ҳеҷ гоҳ ба фаромӯшӣ супурда нашаванд. Куруш сардори бузург буд. Дар замони ӯ порсҳо аз озодӣ бархӯрдор буданд ва бар бисёре аз миллатҳои дигар фармонравоӣ менамуданд, ба илова, ӯ ба ҳамаи миллатҳое, ки зери фармонравоии ӯ буданд, озодӣ мебахшид ва ҳама ӯро ситоиш мекарданд».
Ниёгони мо аз замонҳои бостон ба кишварҳои ҳамсоя эҳтиром мегузоштанд ва истиқлоли онҳоро ба расмият мешинохтанд ва то замоне, ки кишваре бо сарзаминашон сари ҷанг намебардошт ва даст ба ғорату чаповули мардум намезад, бо он кишвар равобиту бархурди сулҳҷӯёнаву мадорохоҳона доштанд. Зеро ҷавҳари ахлоқию инсонии ориёиён покӣ, ростӣ, некӣ, бахшояндагӣ ва муносибати дӯстонаву самимона бо ҳамнавъон буд.
Овардани суханони роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1924–1953 И.В. Сталинро, ки яке аз огоҳтарин шахсиятҳои замони худ буд ва бар тавсифу таърифи миллате ё шахсе хеле кам сухан гуфтааст, лозим мешуморем: «Тоҷикон миллати хоссе ҳастанд. Онон куҳантарин миллати Осиёи Миёна мебошанд. Маънои тоҷик тоҷдор аст. Ва тоҷикон арзанда будани худро ба ин ном собит кардаанд.
Дар миёни миллатҳои ғайрируси мусулмони Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикон танҳо миллати ғайритурк буда, эронинажод мебошанд. Тоҷикон миллате ҳастанд, ки андешаву фарҳангашон шоири бузурге чун Фирдавсиро зодаву парвардааст.
Тоҷикон дорои фарҳанги бостонӣ, истеъдоди баланди ҳунарӣ, ҳисси зариф ҳастанд, ки дар осори мусиқӣ, таронаҳо ва рақсу вашташон ошкор аст.
Тоҷикон як миллати ғайриодӣ, соҳиби фарҳанги бузургу қадимӣ ҳастанд ва дар шароити давлати шӯравии мо ононро ояндаи бузурге дар интизор аст. Ва кумак кардан ба онон дар ин амр вазифаи тамоми халқи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад».
Ҳақ ба ҷониби ин сиёсатмадори бузург аст. Мо, тоҷикон, бозмондагони ориёиён, Тоҷикистон – мероси муқаддаси ниёгонамонро бо корбурди ҳушу хираду фитрати фарҳангофаринӣ ва давлатофаринӣ, ки аз ниёгонамон ба мерос гирифтаем, дар роҳи расондан ба ояндаи бузург қадам мезанем. Он ояндаи бузурге, ки оғозаш рӯзи 9 сентябри соли 1991 гузошта шудааст.
9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқӯъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли худро эълом кард ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Акнун роҳбарони ҷумҳурӣ ва нахбагони сиёсиро лозим буд, ки бо истифодаи комил аз ин фурсати мусоиди таърихӣ пояҳои давлати навбунёди худро устувор сохта, барои баровардани ниёзу ормонҳои мардум самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлатро – бар асоси анъанаю суннатҳои дерини давлатдории миллии хеш – тарҳрезӣ намоянд ва Тоҷикистонро дар масири рушду тавсеа пеш баранд.
Тоҷикон бо бархӯрдорӣ аз мероси бузурги фарҳанги давлатдорӣ, ки аҷдоди хирадмандашон якчанд давлатҳои бузурги дорои дастгоҳҳои муназзамро поягузорӣ кардаанд ва бо хиради азалӣ ва тафаккури созанда ҳамаи имконро доштанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат дар роҳи табдил додани Тоҷикистон ба кишвари воқеан соҳибистиқлол – бо тамоми мушаххасоти давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ – муваффақ шаванд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон даргирифт, ҳаллу фасли ин масъалҳои муҳимро ба таъхир андохт. Танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрати сиёсӣ омадани Эмомалӣ Раҳмон бунёду устувор сохтани пояҳои давлатдории навин аз сар гирифта шуд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 ба марҳалаи гардиши куллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон – даврони поягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати соҳибистиқлол, – оғоз бахшид. Ин марҳала дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун марҳалаи талошҳои ҷиддӣ дар роҳи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати миллӣ, поя гузоштан ба низоми сифатан нави давлатдорӣ дорои аҳамияти бузург аст. Дар ҳамин давра буд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун муҳимтарин ҳавзаи ҳаёти сиёсӣ, ба шакл гирифтан оғоз кард.
Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон бисёр муассир ва корсоз аст. Эмомалӣ Раҳмон асосгузор ва роҳбари воқеии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вижагии сурату сират гирифтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин ин аст, ки заминаи назариявии ин бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки раҳораҳ, ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои пурталошу пӯёи дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон эҷод шудааст.
Дар он шароити печидаву ҳассоси солҳои нахустини пас аз барқарории ҳукумати қонунӣ, ба тақозои вазъият ва ногузирии ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ, раҳо кардани кишвар аз буҳрони сиёсию иҷтимоию иқтисодӣ Сарвари давлатро лозим меомад, ки барои эҷоди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, пеш аз ҳамa бо Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, ба манзури дарёфти кумак ва ҷалби пуштибонии онҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами ҳаёти давлатӣ сафарҳои зиёде анҷом диҳад. Бардоштҳо ва хулосаҳои Сарвари давлат аз ин сафарҳо асоси нахустин назарияи сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллиро ташкил намуданд, ки онро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 28 декабри соли 1993 аз минбари Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олӣ эълом дошт.
Бо вуҷуди ин ки дар солҳои баъд таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санадҳои муайянсозанда ва танзимкунандаи усулҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар таҳия гардидаву ба тасвиб расиданд, ин ғояҳои бунёдии консепсияи сиёсати хориҷӣ аҳамияту арзиши вижаи худро то ҳол ҳифз намудаанд.
Дипломатияи тоҷик дар тӯли давроне пас аз иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин нуктаҳои бунёдии сиёсати хориҷӣ баён гардида буданд, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст ва тибқи сиёсати усулии «дарҳои боз» равобит ва ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судмандро бо ҳамаи кишварҳои ҳавзаҳои мазкур ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст. Натиҷаи чунин сиёсати ҳамгироӣ ва мутавозин аст, ки имрӯз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо зиёда аз 140 мамлакати дунё ҳамкориҳои иқтисодиву технологиву фарҳангиро ба роҳ мондааст.
Роҳи пурифтихори тайкардаи кишвари азизи мо ва дипломатияи тоҷик тайи замоне бештар аз 30 сол таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳамвору осонгузаре набуд.
Яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ҳамеша фаҳми сиёсати берун аз марзҳо будааст. Давлатмардони бузурги таърих онон будаанд, ки миёни воқеияти дохили марзҳо ва таҳаввулоти берун тавозуну таодул эҷод кардаанд. Имрӯзҳо ин масъала беш аз ҳар даврони таърихии дигар мубрам аст. Зеро дар шароити дунёи пур аз хатару чолишҳои имрӯз ҳеҷ кишваре, новобаста аз густурдагии ҳудуд, қудрат, нуфуз ё дигар вижагиҳояш, наметавонад ба танҳоӣ суботу амнияти худро таъмин намояд. Ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ вижагиҳои барҷастаи ин даврон мебошанд.
Агар давлатҳои ҷаҳон ба масобаи сохтаҳои алоҳидаи як муҷтамеи воҳид тасаввур шаванд, чолишҳои замони муосир, монанди терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, буҳронҳои иқтисодӣ ва бисёре аз шароити дигар, бар масали тӯфони фоҷиаборанд. Дар баробари ин фарояндҳои харобиовар давлатҳо метавонанд фақат дар ҳамбастагӣ истодагӣ кунанд ва ҷомеаҳоро аз хатару мушкилот эмин доранд. Бо таваҷҷуҳ бар ин вижагии замони муосир, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали омадани худ ба сари қудрат равобити зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамёрӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро на танҳо омили муассири пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон, балки ҳамчунин заминаи муҳими таъмини амният ва суботи кишвар муайян намуд.
Истеъдоди сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар ин воқеият низ зоҳир гардидааст, ки ӯ аз ибтидо суботи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва суботи кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва умуман ҷаҳонро дарк намуд. Бар асоси ин фалсафа, ки моҳиятан диалектикаи тавсеаи давлат мебошад, Сарвари давлати тоҷикон аз нахустин рӯзҳои ба сарварии Тоҷикистон расидан равобити ҳамаҷониба, зич ва дӯстона бо ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқро аз муҳимтарин ва афзалиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян намуд. Зеро бо диди амиқи сиёсӣ дарк менамуд, ки иҷрои вазифаҳои душвору печидаи бунёд ва таҳкими Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эҷоди қудрати иқтисодии он бидуни ҳамкории сиёсию иқтисодии густурда бо кишварҳои пасошӯравӣ, ки то дирӯз дар фазои ягонаи иқтисодӣ қарор доштанд ва бо ҳазорон риштаҳои дар тӯли даҳсолаҳо шаклгирифта ба ҳамдигар пайваст мебошанд, имконнопазир аст.
Бо талошу кӯшиши пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар созмонҳои ҳамгироӣ – чи дар фазои пасошӯравӣ ва чи дар минтақа ва ҷаҳон, – аз ҷумлаи СММ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё ва дигар созмону ниҳодҳои ҳамгироӣ, симои вижа ва ширкати фаъолона дорад.
Бо ба тарзи саҳеҳ мушаххас намудани самтҳои тавсеаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва бо дар назар гирифтани мавқеияти ҷуғрофию геосиёсӣ, манфиатҳои миллӣ ва инчунин омилҳое, аз қабили равобити фарҳангиву таърихӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва яксон будани манфиатҳо, Эмомалӣ Раҳмон равобити дӯстонаи Тоҷикистонро бо ҳамаи кишварҳо танзим намуд.
Дар натиҷаи чунин сиёсати хориҷии мутавозин равобити созанда бо Россия ва давлатҳои дигари пасошӯравӣ, кишварҳои форсизабони Эрону Афғонистон, Чин, ИМА, Ҳиндустон, Покистон, мамлакатҳои Аврупо, кишварҳои араб, Осиёи Шарқӣ ва Африқо роҳандозӣ гардид.
Дар сояи истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, назари борикбин ва жарфнигарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ бо муҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинона, ки самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, ба вуҷуд оварда шуданд. Қонун «Дар бораи хизмати дипломатӣ», Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои марбут, ки бар мабнои Конститутсияи Тоҷикистон таҳия шудаву ба тасвиб расидаанд, баёнгари ҳадафҳо, вазифаҳо ва хостаҳои давлат ва мардуми кишвар дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ ба манзури даст ёфтан ба манфиатҳои миллӣ мебошанд. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ба вуҷуд оварда шуданд.
Яке аз вижагиҳои мумтози сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-и эъломнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» мусоидат ба он намуданд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси хешро дорад ва ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ шудани ибтикорҳои Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, бавижа дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон, баёнгари мавқеи вижаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯи баланди роҳбари кишвари мо дар назди маҳофили сиёсии ҷаҳон аст.
Бо таваҷҷуҳ ба имкониятҳои беҳудуди энергетикаи обӣ, Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз самтҳои муҳимтарини стратегӣ ва афзалиятноки иқтисодии мамлакат муайян намуд. Дар давоми солҳои гузашта дар ин замина корҳои зиёде анҷом гирифта, дар нуқоти гуногуни мамлакат садҳо неругоҳҳои барқи обии хурд сохтаву ба истифода дода шудаанд ва бунёди неругоҳҳои хурди зиёде дар дасти кор мебошад.
Натиҷаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва обрӯю эътибори ӯ чун сиёсатмадори сулҳофарин ва таъмингари суботи сиёсиву иҷтимоӣ аст, ки бо иштироки сармояи давлат ва ширкатҳои бонуфузи Федератсияи Россия неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва маблағгузории дохилӣ неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бунёд гардиданд, хаттҳои баландшиддати интиқоли барқ кишида шуданд, роҳҳо, пулҳо, нақбҳои мошингузар, корхонаҳои зиёди ватанию муштарак сохта шуданд.
Роҳбарияти Тоҷикистон ва шахсан Президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, бо ҳамватанони бурунмарзиамон робитаи мустақим барқарор намуда, онҳоро дар иқдомҳои созандаи фарҳангию иқтисодӣ ширкат медиҳад. Ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар гӯшаю канори гуногуни ҷаҳон кору зиндагӣ мекунанд ва Тоҷикистонро хонаи умеди худ медонанд, ҳамеша аз дастгирию пуштибонии давлати Тоҷикистон бархӯрдор ҳастанд.
Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, бо аз сар гирифтани рисолати олии тамаддунсозии хеш ва бо такя ба арзишҳои волои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги муосири сиёсӣ, фасли тозаеро дар таърихи давлатдории дерини худ бинависад.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайвастаанд, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ, муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, барномаҳои густурдаи рушду тавсеа амалӣ мегарданд.
Итминон аст, ки Тоҷикистони азиз бо сарварии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои наздик, бо бархӯрдорӣ аз рӯҳияи кӯшандаи мардум, дар сояи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дар ҳамкориҳои густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ба пешрафтҳои бештаре аз ҳоло даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоистаи хешро касб менамояд.
САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ, мудири шуъбаи кишварҳои ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

Ман, ҳамчун ҷавони хушбахту саодатманди даврони Истиқлолияти давлатӣ, бо эҳсосоти гарму самимӣ ва бо дили пурифтихор хабари мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пазируфтам. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, хоса барои мо ҷавонон, манбаи ифтихор, илҳом ва нерӯи тоза гардид.