(Эҳдо аз Паём)
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём навбатии худ изҳор намудаанд, ки «тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд». Дарвоқеъ, имрӯз бо масъулияти бузург ва дарки воқеати таърихии тамаддуни ориёиҳо, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат аз нав эҳё гардид, барои истиқлоли давлатӣ ва тақвияти давлатдорӣ муҳммияти бузурги худшиносии миллӣ дорад.
Аз ин рӯ, барои миллати мо , айни ҳол, фурсати таърихие пеш омадааст, ки барои таъсиси “Конуни тамаддуни Ориёӣ “ ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ташаббусу пешниҳодҳои дар Паёми навбатӣ ироашударо дастгирӣ ва амалӣ намоем. Зарурати таъсиси чунин марказҳои бунёдӣ барои эҳёи хотираи таърихӣ ва худогоҳии миллӣ хеле саривақтӣ буда, кӯҳанбунёдӣ ва фарҳангсолории мардуми моро боз ҳам тақвият мебахшанд.
Эҳёи Кохи бегазанди “ Конуни тамаддуни ориёӣ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” барои мо ва дигар ориёитаборони дунё танҳо як падидаи нави ҷамъиятӣ ба ҳисоб намеравад, балки ин зарурати таърихиест, ки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати фарҳангии худ тавонистанд онҳоро ба ғояи муттаҳидкунанда, табдил диҳанд ва арзишҳои ахлоқию инсонпарваронаи ориёиятро аз нав эҳё намоянд.
Умуман, мақом ва нақши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи таърихӣ ниёгон, азишҳои суннатӣ ва бунёди фарҳангии давлатдории милӣ намунаи ибрат аст. Танҳо зиндаву ҷовидон намудани номи мубораки ориёиҳо аз ҷониби Сарвари сиёсии кишвар ин иқдоми бузурги таърихие мебошад, ки дигар муҳаққиқони соҳавӣ дар сдсолаҳои охир аз уҳдаи танзими он баромада натавониста буданд. Чунин иқдоми Пешвои миллат дар фазои фалсафаи
тамаддуншиносӣ барои миллати мо як ҷаҳонбинии нав ва тавоноии илмию фарҳангиро ба миён овард.
Ҳамин буд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2006-ро ҳамчун “Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ “ эълон намуда, таваҷҷӯҳи мардумони
дунёи илму маърифатро боз ба бузургдошти тамаддуни ориёӣ ҷалб намуд. Яке аз ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ аз он иборат буд, ки нисбати тарбияи хештаншиносии насли ҷавонон ва тарғиби саҳми ориёиҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ бахшида шудааст.
Дар баробари ин, боз китоби Президенти кишвар таҳти унвони “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” ба нашр расидааст, ки дар он муаллиф нақши ориёиҳоро дар таърих ва ташаккули давлатдории тоҷикон таҳлилу баррасӣ намуааст. Китобҳои дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз ориён то Сомониён” ва “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ” мебошанд, ки онҳо пешрафти илмии бунёдиро дар соҳаи таърихи ориёият ба амал оварда тавонистанд.
Албатта арбобони сиёсӣ ва олимоу пажуҳишгарони дигари мо низ дар солҳои гуногун вобаста ба тамаддуни ориёиҳо корхои зиёди илмӣ –таҳққиқотиро ба анҷом расонида буданд. Аммо шуҷоати аз байн бурдани доғҳои сиёҳи сохтаи ин тамаддунро вобаста ба идеологияи ҳамон замон надоштанд. Халли ин масъала, яке аз хизматҳои бузурги Президенти кишвар мебошад, ки тамоми бори гарони таърихи ниёгонро ба души худ гирифта, тамаддуни ориёиро аз таҳриф наҷот бахшиданд.
Муҳаққиқони хориҷӣ - Аско Паркола, Рам Шаран Шариа, Чарлз Ален, Эдуард Шуре, Иоган Гердер ва дигарон низ дар ҷустуҷӯи ориёиҳо ва тамаддуни нотакрори онҳо асарҳои гуногун эҷод карданд, ки имрӯз бояд боиси таҳлилу таҳқиқи илмӣ қарор ёбанд. Ба ҳар ҳол онҳо дар ин масир хизматҳои илмии таърихию фарҳангӣ намудаанд. Инчунин, саҳми пажуҳишгарони тоҷик дар масъалаи таҳқиқи тамаддуни ориёиҳо назаррас аст. Масалан, устод Бобоҷон Ғафуров фасли аввали китоби “Тоҷикон”-ро ба пайдоиш ва тамаддуни ориёиҳо бахшидааст, ки хеле ҷолибияти таърихӣ дорад. Муаллим Ҳазратқулов М. китобе бо номи “Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ”, навишта буд, ки ба масъалаи фарҳанг ва дини қадимаи ориёиҳо тамарқуз мекунад. Пажуҳишгари дигар, И. Умарзода “Таърихи тамаддуни ориёӣ” навиштааст, ки ҳамон замон боиси баҳсҳои мухталиф гардида буд. Инчунин, файласуф ва шоири тоҷик Назри Яздонӣ ҳам китобе бо номи “ Ҳикмати озодагон” чоп намудааст, ки хеле ҷолиб ва андешаҳои мустақилона дорад. Ин асар , ба муқобили суифаҳмихо ва таҳрифхои таърифӣ, ки аз ҷониби доираҳои муайяни миллатгаро дар бораи ориёиҳо паҳн карда мешаванд, баҳс намуда, муаллиф кушиш намудааст, ки ҳақиқати илмию таърихиро аз мадди назар дӯр насозад.
Мавриди қайд аст, ки ин ҳама таҳлилҳо гувоҳи медиҳанд, ки то ҳанӯз меросбарони ин тамаддуни бузурги инсоният дар пайи ҷустуҷӯӣ воқеати таърихии ориёият, аҷдодони қадимаи хеш мебошанд.
Аммо иқдоми бузурге, ки аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии соли 2025 пешниҳод карда шуд, як андешаи бунёдӣ ва фаромиллиест, ки дар замони тағйирпазирии ҷомеа, барои наслҳои ориёӣ
боиси эҳтирому эътирофи хосса гардидааст.
Ба андешаи мо, забону фарҳанги тамаддуни ориёӣ, ин мисли як занҷираи пайдарпайиест, ки аз як насл ба насли дигар бо зарфиятҳои хосса интиқол меёбад. Ин урфу одат ё ҷаҳонбиниест, ки боиси ифтихор буда, дар худ фарҳанги хоссаи аҷдодиро тақвият мебахшад.
Хулоса, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ вобаста ба тамаддуни ориёӣ, ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ва худшиносии миллӣ ташаббусҳоеро пешниҳод намудаанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон аз дигар андешаҳои тавонотар ба назар мерасанд, ки бештар барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона шудаанд.
Бинобарин, айни замон, ияҳои созанда ва сарҷамъ намудани мутахассисони касбӣ дар бунёди чунин андешаҳо кори дастаҷамъонае мебошад, ки боиси мақому манзалат ва имҷи миллату давлати Тоҷикистон аст. Имрӯз мову шумо ҳамчун ворисони ин тамаддун бори гарони таърихиеро ба души худ дорем, ки барои амалӣ намудани моҳияти он дар Тоҷикистони азиз ғайрату тавоноӣ ва пайравӣ аз шуҷоату созандагӣ ва бунёдкории Пешвои миллат лозим меояд, ки мо аз онҳо баҳраманд ҳастем. Мавриди тазаккур аст, ки эҳдо аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун машъалаффрӯзи тамаддуни ориёӣ, армуғоне барои рушди худшиносӣ ва ҳувияти миллист.
Муҳаммад Абдураҳмон –узви вобастаи АМИТ,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
