Дарк ва дониста шавад, ки мабноъ ва хостгоҳи ҳувияти забониву фарҳангии тоҷику эронӣ давлати Сомониён буда, ин фарҳанги бузург маҳз дар Варорӯд бо дасту заковати тоҷикон офарида шуд. Тавре ки Сомониён, тоҷикони Хуросони бузург, ҳазор соли пеш забону фарҳанги тоҷикии ориёиро эҳёву ривоятҳои милливу ҳамосиро эҷод карданд, ҳазор соли баъд бахт камтар ба рӯяшон хандид ва ба як низоми давомдори давлатдорӣ кам мушарраф шуданд.
Ҳақиқат ин аст, ки аз вақте давлати Сомониён суқут кард, то истиқлоли давлати муосиру миллии тоҷикон дар соли 1991, давлатҳои сохтаи тоҷикон пароканда, кутоҳумр ва гумном мешуданд. Яъне, давлатдории миллӣ мисли замони Сомониён асл пайдо накарду барои шаклгирии давлати миллии муосири тоҷикон беш аз ҳазор сол муҳлат даркор шуд. Ин фосила муҷиб шуд, ки ба ривояти миллӣ, ҳамосиву фарҳангии тоҷикӣ чандон таваҷҷуҳ нашавад. Пас аз расидани Тоҷикистон ба истиқлолу шаклгирии давлати миллии тоҷикон, дар ҳақиқат, арзишҳои милливу фарҳангӣ, забони замони Сомониён аз нав эҳё шуд. Пайкараи бошукуҳи Исмоили Сомонӣ дили Душанберо шукуфо намуд ва ба номи Сомонӣ пул сикка зада шуд.
Хушбахтона, дар поёни асри ХХ роҳбарии давлати миллии тоҷиконро шахсияти бузурге бар уҳда гирифт. Ин марди наҷибзода тадбири фавқулода олӣ дораду фарҳангу ҳамосаи тоҷикону ориёиҳоро монанди шоҳони сомонӣ дӯст ва пос медоранд.
Ин шахсияти миллӣ Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Тавре Сомониён ҳувияти фарҳангӣ, забонӣ, милливу ҳамосии ориёиро пос дошту шукуҳ бахшид, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пас аз ҳазор сол ному осори онҳоро эҳё карданд. Дар ҷаҳони муосир, ки пур аз ҳаводиси пешгӯинашаванда аст, ба вуҷуд овардани чунин кишвари аз назари сиёсӣ пухта ва нигаҳдориву рушд додани он дар давоми 34 сол ба зиракиву кордонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт бастагӣ дорад.
Масалан, маҳз дар замони Сомониён чун Фирдавсӣ шахсиятҳои жарфандеш пайи эҷоди ҳамосаҳои баланд шуданд. Чунончи аз таърих медонем, “Шоҳнома” суруда мешуд ва вақте ба сомон расид, орзуи деринаи Фирдавсӣ, ки расондан ба дасти шоҳони сомонӣ буд, сурат набаст. Ҳакими бузурги ориёиҳо Фирдавсӣ бо руҳи шикаста ва дили чок осорашро ба Маҳмуд бурд, аммо қадршиносии сазовор надид. Ба ин маънӣ, иншогари “Шоҳнома” ҳазор сол боз оромонӣ мехуфт.
Боиси ифтихор аст, ки баъди чунин муддати тӯлонии таърих Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи ҳимоят аз ин ҳамосаи беназирро ба унвони тақвияти ҳувияти миллӣ рӯйи даст гирифтанд. Агар офарида шудани ин шоҳасар тавассути абармардони Сомониён сурат гирифта бошад, ба камоли орзуи Фирдавсӣ расидан маҳз ба соли 2025-и мелодӣ рост омад.
Бояд гуфт, ки чопи “Шоҳнома” танҳо таблиғи густардаи фарҳангу оини пешиниён ва китобпарварии ин миллат нест, балки ин нахустин ҳимояти расмиву давлатии “Шоҳнома” аст!
Дар ҳеҷ кишваре, дар ҳеҷ ҷойи дунё чопу нашри як асари милливу ормонӣ то ба ин ҳад ҳамагонӣ набудааст, ки дар Тоҷикистон аст.
Ормони Фирдавсӣ низ, бинобар ранҷи сисолаи барои фарҳангу ҳувияти миллӣ кашидааш ин буда, ки китобаш ҳимояти расмӣ, давлативу миллӣ бубинад ва ба таври густарда тарғиб шавад. Хушбахтона, ин ҳимоят тавассути Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Табъан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк кардаанд, ки бе донистану фаҳмиши Фирдавсӣ ва мағзи осори ӯ Истиқлоли миллии тоҷикон ва тоҷикистониён наметавонад комил бошад.
Истиқлол фақат як вожа нест, балки як мафҳуми чандпаҳлуӣ, дорои ҷанбаҳои мутафовит аст, ки шомили сулҳ, амният ва фарҳанг мешавад. Агар диққат кунем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз барои ҳифзи Истиқлоли Тоҷикистон ба сулҳу амният ва фарҳанг тавваҷуҳ кардаанд. Пас аз Истиқлол, нахустин шуда сулҳу ваҳдати миллиро байни тоҷикон барқарор карданд, кишварро аз буҳрону ҷанги дохилӣ наҷот доданд. Сипас, ба хотири густариши амният дар саросари кишвар таваҷҷуҳ фармуданд. Ба ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва дигар ҷашнҳои ниёкониву ориёӣ дар сатҳи милливу байналмилалӣ эътибор дода ривоҷ бахшиданд.
Тозатарин иқдоми фарҳангӣ барои ҳувияти тоҷикон чоп ва тақсими ройгони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар сатҳи миллист. Ин ибтикори тоза ва нотакрор барои мо – порсизабонони Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳо боис ба ифтихори беинтиҳо мебошад.
Яъқуби ЯСНО, - шоҳномашинос, доктори илмҳои суханшиносӣ аз Афғонистон