Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини давр – ташаккули худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Албатта, корномаи Сарвари давлат дар ин самт бисёр доманадору сутуданист, ки мо ба чанд ҷанбаи ин масъала мурур мекунем. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа нишон медиҳад, ки мо бояд на фақат аз таърихи на чандон дури худ, балки аз воқеиятҳои кунунӣ низ, сабақ бигирем ва ҳамеша дар ҳифзи ваҳдати миллӣ бошем.
Чуноне Пешвои муаззами миллат таъкид месозанд, моҳиятан падидаи таърихиву фарҳангии миллати мо аз ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ, аз замони пайдоиши Авасто, давраҳои гузаштагони бузургонамон аз аҳди давлатдории Каёниён то Сомониён ва тамаддуни оламгири ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад. Маҳз ҳамин тамаддуни пешрафта ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Синову Носири Хусрав, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Сайидо ва садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Шинохтани қаҳрамонҳои миллати худ, нишони арҷгузорӣ ва қадршиносӣ ба хидматҳои шоиставу мондагорӣ онҳо мебошад. Чунончи, бо унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардондани Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур амри ҳувиятсозест, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон ва баланд бардоштани ҳисси ватанпарастию дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ нақши муассир дорад. Зимнан, дар марҳилаи аввали шаклгирии давлат – миллат, чунин як сиёсат, яъне қаҳрамонсозӣ ба хотири ваҳдату якпорчагӣ, ҳувияти миллӣ, эҳёи фарҳанг, худшиносӣ ва иттиҳоди миллӣ зарур буд.
Гузашта аз ин, Сарвари давлат ба номгузории кӯчаю хиёбон, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд ва барои абадӣ гардондани номи фарзонафарзандони миллат, диловарони шуҷоъ, мудофиёни Ватан дар давру замонҳои гуногун ва ба хотири ҳифзу гиромидошти забони тоҷикӣ ҷиҳати фардои шукуфони Тоҷикистони азиз дар тағйири номгузориҳо иқдоми шоистаи таърихиро ба иҷро расонданд.
Ному насаб яке аз нуктаҳои асосии худшиносии миллӣ барои ҳар шаҳрванд ва миллату давлат мебошад. Қисми зиёди аҳолии ҷаҳон бо шунидани номашон миллату давлаташон муайян мегардад. Ин далели он аст, ки ному насаб дар баробари муаррифии шахс, инчунин, муаррифгари миллату давлат ҳисобида мешавад. Ҳукумати кишвар баъди соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлати миллӣ дар ин самт низ, қадамҳои устувор гузошт ва номгузориро мутобиқ ба анъанаҳои миллӣ ба роҳ монд.
Забони тоҷикӣ, ки давраҳои сангини таърихро убур кард, маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо пуштибонию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидору тавонмандии бештар касб кард. Аз ин лиҳоз, нақши Роҳбари давлат дар мавқеи устувор пайдо кардану шукуфо гардидани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ хеле барҷаста мебошад. Ба ин китобҳои “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Дин ва ҷомеа”, “Аз ориён то Сомониён”, суханрониҳои Пешвои муаззам бахшида ба Рӯзи забон ва ғайраҳо далел шуда метавонанд, ки саршор аз арзишҳои олии илмианд.
Арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, расму оинҳои мардумӣ, инчунин, таҷлили солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқу таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабӣ, фарҳангӣ таърихӣ ва илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Бо мақсади густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа бо ибтикори Пешвои миллат солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 130-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа,
600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардиданд. Ҳамзамон, санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори шодмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуданд.
Арзишҳои бадастомадаи даврони истиқлол ва корномаҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи худшиносии мардуми тоҷик зиёданд ва ҳар яки он ба таври алоҳида таҳқиқу баррасии ҷудогонаро тақозо мекунад.
Ситора АБДУМУМИНЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ Масъули кор бо магистрон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни ИФСҲ АМИТ
МУШОҲИДАИ КОМЕТАИ 13РОЛБЕРС ДАР РАСАДХОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСТРОНОМИИ САНГЛОХ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
Мушоҳидаҳои объектҳои кайҳонӣ аз ҷумла ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ, кометаҳо ва астероидҳо аз ҷониби кормандони Институти астрофизикаи АМИТ (Ҳамроев У.Х., Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Сатторзода А.А.) дар Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох аз санаи 10.07.2024 оғоз гардида, идома дорад.
Ин мушоҳидаҳо тавассути телескопи Сейсс-1000, ки бо камераи рақами ва филтрҳои UBVRI муҷаҳҳаз мебошад, ба роҳ монда шудааст. Инчунин идораи телескоп ба таври худкор (автомати) бо компютери фардӣ ва барномаҳои махсус амали мегардад. Дар рафти мушоҳида якчанд объектҳо барои омӯзиш интихоб гардида, мавриди таҳқиқ қарор гирифта истодааст. Яке аз чунин объектҳо ин кометаи Олберс (13P/Olbers) мебошад, ки бисёр ҷолиб аст.
Кометаи Олберс (13P/Olbers) як кометаи кӯтоҳдаври навъи Ҳаллей мебошад, ки 6 марти соли 1815 аз ҷониби ахтаршинос (астроном)-и олмонӣ Ҳенрих Олберс кашф шудааст. Ин комета дорои ҳастаи хурди суст ва комаи шафофи тира мебошад.
Даври гардишаш дар атрофи Офтоб бештар аз 69.5 сол аст. Комета 30-уми июни соли 2024 аз масофаи перигелий (масофаи наздиктарин ба Офтоб) гузашта, 20-уми июли соли 2024 дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир мешавад. Дурахшониаш то 6.5 бузургии ситорагӣ рафта мерасад. Айни замон (10.07.2024) бузургии ситорагиаш ба 7.5 баробар аст.
10 июли соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи аввали соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ва мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, инчунин Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва иноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2024 ба роҳ монда шуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 ба тафсил сухан ронд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вохурии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф масъалаҳои муҳиму меҳварии илми тоҷик ва низоми маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт ва ба Академияи милли илмҳои Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд.
Умуман, натиҷаҳои илмии ба даст омада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 26 монография, 97 китоб, маҷмуаҳои илмӣ, 632 мақолаи илмӣ, аз онҳо 472 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ ва 160 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.
Таъкид гардид, ки ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ ба муаррифии натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мисоидат менамояд. Дар ин давра вобаста ба масъалаҳои муҳими илмӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 60 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, 13 конференсияи илмӣ байналмилалӣ, 20 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 17 семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 11 мизи мудаввар, 1 маҳфили илмӣ ва 1 рӯнамоии китоб омода ва баргузор карда шуданд.
Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи аввали соли 2024 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.
Умуман, ҳайати кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шашмоҳаи аввали соли 2024-ро бо дастовезҳои хуби илмию таҳқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки шашмоҳаи минбаъдаи соли 2024-ро бо сарбаландӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисони илмӣ ҷамъбаст намоянд. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои корҳои назарраси анҷомдодашуда ба ҳайати кормандони илмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аҳли олимонро барои хубтару пурсамартар намудани дастовардҳои илмӣ даъват менамояд.
Тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ барои соли 2024, ки бо Қарори Раёсати АМИТ тасдиқ карда шудааст, Семинари байналмилалӣ оид ба омӯзиши гуногунии биологӣ дар базаи Пойгоҳи набототи кӯҳии Варзоб (ПНКВ) «Кондара» санаи 02.07.2024 - 07.07.2024 соли 2024 баргузор карда шуд.
Санаи 02.07.2024 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Кохи афсарон» (ш.Душанбе) кори Семинари байналмилалиро академики АМИТ Ҳисориев Ҳ.Ҳ. ифтитоҳ намуд. Дар ин Семинар ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ, д.и.б., профессор Мирзораҳимзода А.К., директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ н.и.б. Бобозода Б.Б., директори Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ д.и.б. Сатторов Ҷ.С. сухани ифтитоҳӣ намуданд ва дар кушодашавии Семинар 23 нафар иштирокчиён аз ИДМ ва 7 нафар кормандони илмии Институт иштирок намуданд.
Аввал роҳбарҳои делегатсияҳо аз Федератсияи Россия ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ сухани ифтитоҳӣ намуданд. Дар қисми баромад аз рӯйи руйнамоҳо аз Федератсияи Россия 4 нафар олимони ҷавони Институти ботаникаи ба номи В.Л.Комарови АИР дар бораи усулҳои муосири омӯзиши обсабзҳои тиллоранг ва масъалаи нигоҳ доштани намудҳои он, муайян намудани сифатии тухмии растаниҳои сӯзангбарг, қонуниятҳои паҳншавии растаниҳои галофитӣ дар қисми шимолу ғарбии Назди каспий, сад соли таҷриба оид ба азназаргузаронии намунаҳои Myxomycetes ва гуногунии биологии растаниҳои эндемикии дар Россия ва таснифоти онҳо маърӯзаҳои илмӣ карданд.
Аз ҷумҳурии Беларус 5 нафар олимони ҷавон аз Институти ботаникаи эксперименталии ба номи В.Ф.Купревичи Академияи миллии илмҳои Беларус, Институти ҷангали АМИ Беларус, Муассисаи давлатии илмии Боғи марказии АМИ Беларус оид ба таъсири нанокомпозитҳои хитозан ба рушду нумӯи растаниҳо дар шароити стрессӣ, баҳодиҳии таъсири конюгантҳои хитозан ба нишондиҳандаҳои нашъунамои майсаҳои ҷав ҳангоми таъсири шӯрии хок, истифодабарии маълумотҳои ташхиси транскриптомӣ барои ҷустуҷӯи генҳои дигаргуншудаи дарахти берёза, мукаммалгардонии усулҳои зиёдкунии растаниҳои ороишии сӯзанбарг бо усули нашвӣ ва коллексияи магнолия дар Боғи марказии ботаникии АМИ Беларус баромад карданд.
Аз Ҷумҳурии Қазоқистон 2 нафар аз Институти биология ва биотехнологияи растаниҳои Кумитаи илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, аз рӯи натиҷаҳои ба даст овардаашон оид ба таҳаввулоти қобилияти устуворнокии решаи намунаҳои зироати гандум ба омилҳои стрессӣ, селексияи намунаҳои устувори гандум ба касалии занги поя бо истифода аз намунаҳои худрӯйи он, скрининги молекулавии коллексияи гандум барои устуворнокӣ, омӯзиши генетикию селексионии гермоплазмаи гандум бар зидди касалии занги қаҳваранг маърӯза намуданд.
Дар рӯзи дуюми Семинар (03.07.2024) маърӯзаҳо дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Кохи афсарон” идома ёфт. Аз ҷумҳурии Арманистон 4 нафар олимони ҷавон аз Институти ботаникаи ба номи А.Л.Тахтаджяни Академияи миллии илмҳои Арманистон иштирок намуда, оид ба гуногунии морфологии гарди намояндаи оилаи ирисиҳои флораи Арманистон, баҳодиҳии экологии ҳолати растаниҳои инвазӣ, гуногунии биологии Боғи ботаникии Ереван, муносибатҳои филогенетикӣ ва стратегияи нигоҳдории намудҳои нодири астрагал дар ҳудуди Арманистон баромад карданд.
Аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 4 нафар олимони ҷавон аз Институти ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзида, дар бораи ба харитадарории шабакавии олами набототи Ӯзбекистон, флораи вилояти Сирдарё, ҳолати муосири популятсияҳои намудҳои нодири ҷинси Asteraceae дар олами флораи Ӯзбекистон Ҷумҳурии Ӯзбекистон маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Аз Ҷумҳурии Озорбоҷон 4 нафар мутахассисон, аз он ҷумла 2 нафар аз Институти ботаникаи Академияи миллии илмҳои Озарбоҷон ва 2 нафар аз Донишгоҳи давлатии Ганҷа оид ба дастовардҳои худ дар бораи масъалаҳои экологии минтақаи Қаробоғ, нақшаи шаҳри сабзи Ганҷа, стратегияи ҳифзи растаниҳои нодир ва эндемикии Озорбоҷон, таъсири тағйирёбии иқлим ва омилҳои экологӣ ба мутобиқшавии растаниҳо дар шароити минтақаи Ганҷаи Озорбоҷон, ҳолати сенопопулятсияҳои баъзе намудҳои нодири қисми Шимолию Ғарбии Қавқози калон ба таври презентатсия баромад намуданд.
Аз Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ 4 нафар олимони ҷавон оид ба истифодаи усулҳои нави нигоҳдории намудҳои нодиру камёфти растаниҳои Тоҷикистон, мониторинги ҳайвоноту ҳаҳаротҳои мавзеи Кондара, гуногунии растаниҳо дар минтақаи зери об мемондаи обанбори Роғун, коркарди асосҳои нигоҳдории намудҳои нодир ва эндемикии ин минтақа, нигоҳдории варақаҳои гербарияи растаниҳо дар захирагоҳи Институт, интродуксияи растаниҳои хӯрданибоби худрӯйи Тоҷикистони Ҷанубӣ, омӯзиши давраҳои нашъунамои лолаҳо дар Тоҷикистони Марказӣ маърӯза намуданд.
Рӯзи сеюми семинар-04.07.2024 бо иштироки иштирокчиёни Семинари байналмилалӣ ба Пойгоҳи набототи кӯҳии Варзоб (Кондара), ки дар баландиҳои аз 1100 м то 1850 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, экпедитсияи саҳроӣ ташкил карда шуд. Дар пойгоҳ мудири Шуъбаи флора ва систематикаи растаниҳо, н.и.б. Бобокалонов Қ. иштирокчиёнро бо олами гуногунии растаниҳои шифобахш, нодиру камёфт ва эндемикию реликтии ин мавзеъ шинос намуданд. Иштирокчиёни Семинар манзараҳои зебои дараи Кондараро тамошо намуда, намунаҳои растаниҳои гулдор барои тайёр намудани гербария ҷамъ намуданд. Меҳмонон бо ташкилкунандагони ин Семинар дар табиати нотакрори Кондараро аксҳои хотиравӣ гирифтанд. Дар бораи усулҳои муосири гербариякунӣ дар шароити саҳро маълумот гирифтанд. Бо экспонантҳои дар музейи пойгоҳ буда, ки таърихи зиёда аз 80-сола доранд, шиносоӣ пайдо намуданд.
Баъди нисфирӯзи рӯзи сеюм (04.07.2024) иштирокчиёни семинар барои шиносоӣ бо сохтор ва фаъолияти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, фонди Захираи гербария ва усулҳои истифодабарии муосири он, аз рӯи барномаи Брамс рақамикунонии базаи маълумот шиносоӣ пайдо намуданд. Дар бораи таърихи таъсисёбӣ, сохтор, мавзеъҳои ҷойгиршавӣ ва гуногунии олами набототи Муассисаи давлатии илмии “Боғи ботаникии ш.Душанбе” маълумот гирифтанд.
Рӯзи чорӯми семинар иштирокчиёни семинар бо гуногунии биологии олами растаниҳо дар минтақаҳои қисми Ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дараи Қаротоғ гирду атрофи минтақаи деҳаи Ҳакимӣ, кӯли Темир (аз 2300 то 2500 м аз сатҳи баҳр) ташриф оварданд. Дар бораи таърих ва мақсади таъсисиёбӣ, олами гуногунии растаниҳои шифобахш, дарахту буттаҳои хоси ин мавеъи баландкӯҳ ва самтҳои омӯзишии ин минтақаи нотакрори Тоқикситон маълумоти пурра дода шуд.
Рӯзи чоруми семинар (05.07.2024) меҳмонон ба Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, ки дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ фаъолият дорад, ташриф оварданд.
Рӯзи шашум (06.07.2024) дар нимаи аввали рӯз ба иштирокчиёни Семинари байналмилалӣ дар маҷлисгоҳи дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Кохи афсарон» бо иштироки академики АМИТ Ҳисориев Ҳ.Ҳ., ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ, д.и.б., профессор Мирзораҳимзода А.К., директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ н.и.б. Бобозода Б.Б., сардори Шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Қурбонов Қ. ба иштирокчиёни семинар Сертификати иштирокчӣ супорида шуд. Дар маҷлисгоҳ намояндагони ҳар як делегатсияҳо таасуроти худро оид ба баргузор намудани ин Семинари байналмилалӣ баён намуданд ва дар охир бо тадорукоти Семинар аксҳои хотиравӣ гирифта шуд.
Имрӯз дар асоси Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботию – интихоботӣ – и худро баргузор намуд.
Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ – и Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз ёфт. Қурбонова Ширин Муовини раиси Кумитаи иҷроия ибтидоии “Хирадмандон” суханронӣ намуда, иброз дошт, ки муҳтарам раис иштирокдорони маҷлис тибқи омор шахсиятҳои даъватшуда 93 % дар маҷлис иштирок доранд гуфта, суханро барои ҳисобот додан аз натиҷаи яксолаи кумита ба Раиси КИИ “Хирадмандон”, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз фаъолияти КИИ бо суханони пурмуҳтавои худ ибрози ақида намуд:
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷумлаи он азҳоби сиёсии кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар рушду нумуи тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мавқеи назаррасро соҳиб мебошад. Албатта, дар низоми бисёрҳизбӣ дарёфти мақому ҷойгоҳи устувор ва шуҳрати ҳизб аз Барнома ва Оинномаи он сарчашма мегирад, ки то кадом андоза манфиат ва талаботи ҷомеаро ҳимоя менамояд.
Маҳз сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаву Оинномаи мушаххасу фарогир аз манофеи ҷомеа боис гардидааст, ки дар низоми бисёрҳизбӣ, мақоми ҲХДТ афзояд, гуфта ҳисоботи муфассал доданд.
Дар идомаи маҷлис тибқи масъалаҳои рӯзнома Ҳайати Раёсат ва раису муовини Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” интихоб шуданд: Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ ва Қурбонова Ширин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” – и АМИТ интихоб гардиданд, ҳамчунин аз шумораи умумӣ 9 – нафар аъзоёни ҳизб аз КИИ “Хирадмандон” интихоб ва пешбарии вакилон ба маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ – и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур муайян карда шуд.
Дар қисмати хотимавии маҷлис як қатор шахсони дар корҳои таблиғотиву ташвиқотии ҳизбӣ саҳми арзанда дошта бо Сипоснома ва ифтихорномаи КИИ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.
Маросими сарфарозгардонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин - ордени “Дӯстӣ”
05.07.2024, шаҳри Душанбе
5 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин - ордени “Дӯстӣ” баргузор гардид.
Мутобиқи “Қонуни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии давлатӣ” барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонда шуданд.
Мукофоти олиро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин тақдим намуданд.
Муҳтарам Си Ҷинпин нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои накуи ду кишвари дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ боризу барҷаста номида, таъкид доштанд, ки ба ин хотир бори аввал дар таърихи давлатдории Чин ин мукофоти олии давлатӣ - Ордени “Дӯстӣ”- Ҷумҳурии Мардумии Чин берун аз кишвар тақдим карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадрдонии хизматҳо ва сарфароз гардонидан бо мукофоти олӣ ба Роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофотро, қабл аз ҳама, подоши саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки равобити давлатҳо дар сатҳи баланди ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтирому дастгирии байниҳамдигарӣ қарор доранд ва Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати пешбурди пайгиронаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин мутобиқ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар минбаъд низ талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.
БОЗДИДИ ДАБИРИ КУЛИ СММ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ БОСТОНШИНОСИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
05 июли соли равон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда, ҳамзамон аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, ки дар заминаи Инстититути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш фаъолият менамояд бозид намуданд.
Дар ин бозид Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддин Исматулло ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмони олиқадрро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо хушнудӣ истиқбол намуда, аз ташрифи нахустини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Ҳайати меҳмонони олиқадрро директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Пулотов Абдураҳмон роҳнамоӣ намуда, дар мавриди замони ташкилшавии Осорхона ва ҳифзу гиромидошт нигоҳ доштани таъриху тамадун ва мероси ниёгони халқи тоҷик ёдовар гардид.
Сипас Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар китоби ёдоштҳои Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон соядаст гузоштанд.
ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ – ОММАВӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ АСТЕРОИДҲО» ДАР ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
Рӯзи астероидҳо, ки 30 июн таҷлил мешавад, бо ҳадафи баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи хатари эҳтимолии бархурди астероидҳо ба Замин ва зарурати таҳияи стратегияҳо барои ошкор ва пешгирии онҳо таъсис дода шудааст. Ин сана барои таҷлили ҳодисаи Тунгуск, вақте ки дар 30 июни соли 1908 дар Сибир таркиши пурқуввате рух дод, баргузида шудааст, ки гумон меравад онро астероид ё комета ба вуҷуд овардааст. Дар ин рӯз таваҷҷӯҳ ба аҳамияти тадқиқоти астрономӣ ва технология барои ҳифзи сайёраи мо ҷалб карда мешавад.
Рӯзи астероид дар соли 2015 аз ҷониби астрофизик Брайан Мэй, кайҳонавард Расти Швайкарт, коргардон Григорий Рихтерс ва Даника Реми таъсис дода шудааст. Он дар соли 2016 аз ҷониби СММ расман эътироф шудааст.
Ҳадафҳои асосии Рӯзи астероидҳо:
1. Баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи хатари эҳтимолии астероидҳо.
2. Ҳавасманд кардани тадқиқот ва технологияи кашф ва пайгирии астероидҳо.
3. Дастгирӣ ва таҳияи барномаҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии бархӯрди эҳтимолии астероидҳо бо Замин.
4. Омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати мардум дар бораи астероидҳо ва чӣ гуна мо метавонем сайёраи худро ҳифз кунем.
Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла лексияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ, ки ба ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилот ва муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд, баргузор мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки санаи 4 июли соли равон бахшида ба «РӮЗИ АСТЕРОИДҲО» дар Институти астрофизикаи АМИТ чорабинии илмӣ – оммавӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони илмӣ бо маърӯзаҳои худ фаъолона иштирок намуданд. Рафти чорабинӣ аз ҷониби телевизиони «ИЛМ ВА ТАБИАТ» расонавӣ карда шуд.
04 июли соли равон дар Институти зоология ва паразитологияи АМИТ Шурои илми баргузор гардида дар баробари баррасии фаолияти илми ва ташкилии шуъбахо хамчунин дигар масъалахо - омода намудани кадрхои чавон, васеъ намудани доираи фаолияти илмии Институт, интизоми меҳнат ва ғ. мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамчунин директори Институт Қадамзода Д.С. оид ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва хамзамон то 40% баланд гардидани музди маоши кормандони сохаи илм маъруза намуда, иброз доштанд, ки ин моро водор месозад то самимона ва содиқона дар рушди илм хидмат намоем.
