Skip to main content

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.12.2024.)

«Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассуми симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳақиқат аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ фарҳанги миллати тоҷик зина ба зина рушду такомул ёфта, фазои мусоиду озод фароҳам оварда шудааст. Маҳз дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон густариш ёфта, мақоми шоиста пайдо намуд. Мисоли равшани он баргузории барномаҳои муштараки фарҳангӣ дар дигар давлатҳо мебошад, ки расму оинҳои моро бо якдигар шинос месозанд. Албатта, имрӯз бо шарофати сиёсати дарҳои кушоди Пешвои миллат, инчунин фаъолияти ҳунармандону санъаткорони тоҷик Тоҷикистонро ҷаҳониён бештару беҳтар мешиносанду ба фарҳанги пурғановати мо баҳои баланд медиҳанд.

Аҷдодону гузаштагони мо тоҷикон ҳануз аз замонҳои қадим фарҳанги бою ғании худро, ки аз гузаштагонашон ба худ мерос гирифта буданд ва бо он фахр доштанд, ба воситаи иншо намудани асарҳои пурмуҳтавою пурмазмуни худ ифшо менамуданд ва бо ин восита онро муаррифӣ менамуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа намуданд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст ва дар кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангиву фароғатӣ бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Лозим ба зикр аст, ки имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад. Аз ҷумла сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ босуръат идома дошта, ният доранд, ки дар рӯзҳои ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ онро мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Пешвои миллат ишора ба он намуданд, ки мо дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру азнавсозӣ кардем ва дар қабили ин бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем. Ба суханҳои боло Пешвои миллат ишора бар он намуданд, ки муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққат қарор дошта бошанд, зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад.

Ҳамчунин мувофиқи таҳлилҳои анҷомшуда, муайян карда шуд, ки ҳоло дар кишвар 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки таъмири фавриро тақозо менамояд.

Пешвои миллат ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро пурра бартараф намоянд. Инчунин роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар ин муддат дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли хушнудӣ иброз доштанд, ки хушбахтона мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост.

Мувофиқи таҳлилу нишондиҳандаҳо дар зарфи шаш соли охир дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд.

Инчунин дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд.

Пешвои миллат ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанг дастур доданд, ки ҷиҳати баргузории ҷашнвораи 2550 солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар қароргоҳи Юнеско чораҳои заруриро анҷом диҳанд.

Ҳамчунин, Президенти кишвар атрофи масъалаи дигари нигаронкунанда ва баҳсталаб пушидани сару либосҳои миллии тавсияшуда ибрози ақида намуда, чунин қайд намуданд, ки миллати тоҷик аз қадим дорои фарҳанги бою ғании худ буда, дар арсаи ҷаҳон низ тоҷикон бо фарҳанги худ шинохта шудаанд ва либоси миллии худро доранд, ки ҳатто дар созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта шудааст, ки лоиқу шинаму муаррифкунандаи зани тоҷик аст. Дар ин масир худи Сарвари давлатамон Пешвои миллати тоҷикони дунё чунин мегӯяд:

“Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпуш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпушӣ раво нест, шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест.”

Мақсад аз гуфтаҳои боло чунин аст, ки давлату ҳукумат бояд ба бегонапарастиву хурофотпарастии баъзе занону бонувон хотима бахшида, онҳоро аз фарҳангу оини куҳани хеш бохабар намоянд, то ки мардум аз фарҳангу маданияти гузаштагони худ огоҳ бошанд ва аз бегонапарастӣ даст кашанд.

Хулосаи сухан ва бардошт аз паёми ироашуда ин аст, ки гиромидошти фарҳанг гарави пойдории миллати тоҷик мебошад. Ва ҳар як сокини кишвари маҳбубамонро зарур аст, ки барои баланд бардоштани фарҳанги шаҳрвандӣ, донишу малакаи касбӣ, ҳуввияти миллӣ, ифтихори давлатдорӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ пайваста саъю кӯшиш намоянд.

Дилафрӯз Достиева, - лаборанти калони Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ