Skip to main content

Дар шароити муосири геополитикӣ муносибатҳои байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ҳамчун омили калидии суботи минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ барҷаста мешаванд. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин муносибатҳо аз марҳилаҳои гуногуни таҳаввулот гузашта, имрӯз хусусияти шарикии стратегӣ пайдо кардаанд.

Силсислаи форумҳои коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» намунаи равшани ин таҳаввулот мебошад. Аввалин форум 18 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона и Қазоқистон бо ташаббуси Институти миллии таҳқиқоти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ номи Е.М. Примаков Академияи илмҳои Русия (ИМЭМО АИР) ва Институти Қазоқистонии таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд. Ин чорабинӣ ба мушкилот ва дурнамоҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар соҳаҳои иқтисод, амнияти минтақавӣ, рушди сармояи инсонӣ ва ҳамкории иттилоотӣ тамаркуз кард.

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ - Русия» ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) соли 2025, Форуми дуюми коршиносии мазкур 11 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шуд. Ин вохӯрӣ ҳамчун идомаи форуми аввалин ва ҳамоҳанг бо чорабиниҳои сиёсии сатҳи баланд, майдони муҳим барои мубодилаи афкор ва таҳияи рӯзномаи муштараки рушд гардид. Форумҳо ба ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла масъалаҳои захираҳои обӣ, иқлим, энергетика ва фарҳанг тамаркуз кардаанд.

Муносибатҳои Русия ва Осиёи Марказӣ таърихи тӯлонӣ доранд, ки аз асрҳои миёна оғоз шуда, дар асри XIX бо фатҳи Русияи императорӣ ба авҷи худ расид. Дар он давра, Русия ҳудудҳои васеъи минтақаро, аз ҷумла хонигарҳои Бухоро, Хива ва Қӯқандро ба ҳайати империя дохил кард. Ин раванд, ки бо номи "Фатҳи Русия дар Осиёи Марказӣ" маълум аст, ба иқтисоди минтақа таъсир расонд ва ҳамзамон муқовиматҳои миллиро ба вуҷуд овард. Дар давраи шӯравӣ (1920-1991) кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рушд карданд, аммо ҳукмронии марказӣ аз Маскав буд. Ин давра бо саноатикунонӣ, таълим ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамроҳ буд, аммо ҳамчунин бо сиёсатҳои репрессивӣ ва аз байн бурдани фарҳангҳои маҳаллӣ равона шуда буд.

Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқлолияти худро эълон намуданд, аммо муносибатҳо бо Русия ҳамчун шарики стратегӣ боқӣ монданд. Русия ҳамчун ҳамсояи ҳамҷавор ва манбаи асосии муҳоҷирати корӣ ва тиҷорат нақши муҳим мебозад. Дар солҳои 1990-ум ва 2000-ум, созмонҳо мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) муносибатҳоро устувор карданд. Дар солҳои охир, бо афзудани нуфузи Чин ва Ғарб, Русия талош мекунад, ки ҳузури худро дар минтақа нигоҳ дорад, хусусан дар соҳаҳои амният ва энергетика. Масалан, дар соли 2022, ҳангоми ҳодисаҳо дар Қазоқистон, нерӯҳои СПАД барои кӯмак даъват шуданд, ки ин ҳамкориҳои амниятиро нишон медиҳад.

Дар шароити муосир муносибатҳо бо чолишҳои геополитикӣ рӯбарӯ ҳастанд, аз ҷумла низоъҳо дар Украина ва тағйироти иқлимӣ. Аммо, тибқи маълумотҳои иқтисодӣ ҳаҷми тиҷорат байни Русия ва Осиёи Марказӣ дар солҳои 2022-2025 афзудааст. Масалан, тиҷорати умумӣ дар соли 2024 зиёда аз 45 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки 18,6% аз ҳаҷми умумии тиҷорати минтақа аст. Қазоқистон бо Русия тиҷорати 27,8 миллиард доллар дошт, ки афзоиши 3%-ро нишон медиҳад. Ин рақамҳо аз аҳамияти Русия ҳамчун шарики тиҷоратӣ шаҳодат медиҳанд.

Аввалин Форуми коршиносӣ дар шаҳри Остона бо иштироки роҳбарон ва мутахассисони калидии институтҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ИМЭМО АИР (Русия), ИҚТС (Қазоқистон), Институти стратегии ва байниминтақавии таҳқиқотӣ назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ИСБТ), Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ (ИБОМ, Ӯзбекистон), Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС), Институти миллии таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (ИМТС ҚР) ва ғайра баргузор гардид. Дар панели «Роҳҳои рушди ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Русия» бо маърӯзаҳо иштирок карданд: муовини директори ИМЭМО АИР Сергей Афонтсев (мавзӯъ: «Ҳамкории иқтисодии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар контексти геополитикии нав») ва муовини директори ИМЭМО АИР Станислав Жуков (мавзӯъ: «Самтҳои нав барои рушди ҳамкории иқтисодии Русия ва Осиёи Марказӣ»). Дар панели «Таҳдидҳо ва хатарҳои амнияти минтақавӣ: имкониятҳои бартарафсозии онҳо» бо маърӯза иштирок кард сардори Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ Эдуард Соловев (мавзӯъ: «Мушкилоти амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ – таҳдидҳои нав ва мушкилоти кӯҳна»). Панели сеюм ба рушди сармояи инсонӣ ва ҳамкориҳои таълимӣ бахшида шуд. Дар ҳошияи форум байни ИМЭМО АИР ва ИҚТС Меморандум дар бораи ҳамкорӣ имзо шуд. Тибқи пешниҳоди директори ИҚТС Е. Тукумов, формати вохӯриҳои экспертӣ «Русия – Осиёи Марказӣ» солона ва ба саммитҳои сарони давлатҳо пайваст карда мешавад.

Иштирокчиён эҳтиёҷоти диалоги байни ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, хусусан дар «треки дуюм»-ро тасдиқ карданд. Ин форум замина барои чорабиниҳои минбаъда гузошт ва ба афзудани ҳаҷми тиҷорат дар солҳои 2022-2023 мусоидат кард.

Форуми дуюм 11 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносон, муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ ва намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид. Ин вохӯрӣ ҳамчун идомаи форуми аввалин ва ҳамоҳанг бо чорабиниҳои сиёсии сатҳи баланд, аз қабили саммитҳои минтақавӣ, ташкил шуд. Форум ба ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла муносибатҳои стратегӣ, иқтисодӣ, устувории минтақавӣ, захираҳои обӣ, иқлим, энергетика, фарҳанг, забон ва илм тамаркуз кард. Он дар доираи Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ - Русия» (9 октябр) ва нишасти Шӯрои ИДМ (9-10 октябр) сурат гирифт, ки дар онҳо роҳбарони кишварҳо иштирок карданд. Форум бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия ташкил шуд. Дар қисмати ифтитоҳии форум Хайриддин Усмонзода (директори МТС), Қобилҷон Хушвахтзода (президенти АМИТ), Кирилл Бабаев (директори Институти Чин ва Осиёи муосири АИР), Мирзошариф Ҷалолов (сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Эдуард Соловев (сардори Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ ИМЭМО АИР) суханронӣ намуданд. Дар ҳусни оғози форум, директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хусусияти шарикии стратегӣ доранд. Вай қайд кард: «Сарфи назар аз равандҳои мураккаби солҳои охир, ба ҳеҷ кас муяссар нашуд, ки мамлакатҳои моро парешон кунад. Боварии дуҷонибаи сиёсӣ бар хилофи баъзе интизориҳо, ба рушди босуръати тиҷорат ва густариши муносибатҳои бисёрҷониба мусоидат мекунад». Ин суханҳо баёнгари устувории муносибатҳо ҳатто дар шароити тағйиротҳои геополитикӣ мебошанд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода дар сухани ифтитоҳии хеш ба таърихи муносибатҳои Русия бо Осиёи Марказӣ ишора карда, гуфт: «Таърихи муносибатҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пур аз намунаҳои ҳамкориҳои самаранок дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мебошад.

Ин робитаҳо заминаи устуворе шуданд, ки бар пояи он саҳифаи нави рушди муштараки мо ташаккул меёбад». Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар замони муосир илм ва навоварӣ ба забони умумие табдил ёфтаанд, ки чолишҳои ҷаҳониро ҳал мекунанд. Дар муҳокимаҳо масъалаҳои калидӣ, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуданд. Директори Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Кирилл Бабаев дар суханронии худ ба афзудани муносибатҳои иқтисодӣ ишора кард: ҳаҷми тиҷорати Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2024 зиёда аз 45 миллиард долларро ташкил дод, сармояҳои ҷамъшуда беш аз 20 миллиард доллар баробар буда, зиёда аз 210 000 донишҷӯёни осиёимарказӣ дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.

Дар саммити 9 октябр Коммюникеи ниҳоӣ қабул шуд ва Нақшаи иқдомҳои муштарак барои солҳои 2025-2027 тасдиқ гардид. Ин ҳуҷҷатҳо ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва сармояи инсонӣ тамаркуз кардаанд. Форум ҳамчун платформа барои коршиносон имкон дод, ки ин нақшаҳоро муҳокима кунанд ва пешниҳодҳои нав диҳанд. Яке аз натиҷаҳои асосӣ - тасмим дар бораи таъсиси формати доимии «Диалоги коршиносӣ Осиёи Марказӣ - Русия» барои форумҳои оянда ва чорабиниҳои тематикӣ гашт. Дар форуми дуюм дар бахши пленари мавзӯи “Мушкилоти умумӣ барои субот: тағирёбии иқлим, бахши об-энергетикӣ ва нооромиҳои глобалӣ", дар сесияи аввал мавзӯи "Робитаи стратегӣ ва ояндаи умумӣ: иқтисод, энергетика ва логистика", дар сесияи дуюм мавзӯи "Ваҳдат дар гуногунрангӣ: Нақши илм, забонҳо, фарҳангҳо ва маориф дар ташаккули фазои сулҳу шукуфоӣ" ва дар қисмати пушида дар асоси принсипи «Chatham House” миззи мудаввар дар мавзӯи “Амнияти минтақавӣ: омилҳои беруна ва дохилӣ” баррасӣ гардиданд, ки маърӯзаи коршиносон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия шунида шуд. Дар бахши пленарии ин форум директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дар мавзӯи “Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия” ва дар сесияи дуюм мудири Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих Сайидзода Зафар Шералӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия” суханронӣ намуданд.

Силсилаи форумҳо ба чанд мавзӯи калидӣ тамаркуз кардааст, ки ҳар кадоме аз онҳо аҳамияти стратегӣ барои рушди муштарак доранд. Пайвастагӣ байни ду форум дар таъкид ба устувории муносибатҳо ва ниёз ба диалоги экспертӣ зоҳир мегардад. Дар ҳар ду форум таъкид шуд, ки сарфи назар аз тағйиротҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба таҷрибаи се даҳсола эътимоди сиёсии баландро тавсеа бахшидаанд. Дар форуми аввалин, сафири Русия А. Бородавкин ва директори ИҚТС Е. Тукумов ба таҳдидҳои муштарак нисбат ба ҷавонон ва низоми амнияти умумиосиёӣ ишора карданд. Дар форуми дуюм Х. Усмонзода устувории ин муносибатҳоро таъкид кард. Ин ҳамкориҳо дар таъмини суботи минтақавӣ нақши муҳим мебозанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин диалогҳо ба афзоиши ҳаҷми тиҷорат ва бартарафсозии таҳдидҳои терроризм ва экстремизм мусоидат кардаанд. Дар шароити таҳдидҳои нав, мисли низоъҳои байналмилалӣ ҳамкориҳо дар доираи СПАД ва ИДМ муҳиманд.

Яке аз нуқтаҳои марказии ҳар ду форум ҳамкориҳои илмӣ буд. Дар Остона директори ИМЭМО АИР Ф. Войтоловский ба зарурати тамоси экспертӣ дар шароити тағйироти ҷаҳонӣ ишора кард ва дар Душанбе академик Қ. Хушвахтзода такид намуд, ки: «Ҳамкориҳои илмӣ ба як шакли хосси дипломатия табдил ёфтаанд — дипломатияи эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва кӯшиши муштарак барои созандагӣ». Мавзӯъҳои калидӣ ин рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, амнияти энергетикӣ ва озуқа, омодасозии насли нави муҳаққиқон.

Таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои илмӣ байни Русия ва Осиёи Марказӣ дар солҳои 2022–2025 афзудааст, ки ба рушди минтақа мусоидат мекунад. Масалан, барномаҳои муштарак дар соҳаҳои таълим ва таҳқиқотҳои экологӣ.

Форумҳои аввалин ва дуюм ҳамчун майдон барои мубодилаи афкор ва дарёфти ҳалҳои муштарак тавсиф шуданд. Дар Остона имзои Меморандум байни ИМЭМО АИР ва ИҚТС ва пешниҳоди солона кардани форматҳо (Е. Тукумов) замина гузоштанд. Дар Душанбе, таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо қадами нав дар таҳкими эътимод мебошанд. Дар Форуми Душанбе Меморандум дар бораи ҳамкорӣ ва тафоҳуми мутақобила байни Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Акакемияи илмҳои Русия ба имзо расонида шуд.

Ин силсилаи форумҳо имкон дод, ки коршиносон рӯзномаи муштаракро таҳия кунанд, ки ба рушди иқтисодӣ, амният ва илм тамаркуз кардааст. Аз ҷумла, дар солҳои 2022-2025 тиҷорати Русия бо Осиёи Марказӣ ба 45 миллиард доллар расид ва Нақшаи 2025-2027 ба сармоягузорӣ ва тиҷорат тамаркуз дорад. Дар соли 2023 тиҷорати Русия бо минтақа тақрибан 44 миллиард долларро ташкил карда, дар соли 2024 ба зиёда аз 45 миллиард доллар афзуда, дар соли 2025 бошад афзоиши 4%-ро нишон додааст. Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар содироти Русия аз соли 2021 то 2023 афзудааст. Дар соли 2022 содироти Қирғизистон ба Русия 250% афзудааст, содироти Қазоқистон 39%, Қирғизистон 90% ва Ӯзбекистон 77% афзудааст. Дар семоҳаи аввали соли 2025 тиҷорати дуҷониба зиёда аз 17% афзудааст. Дар минтақаи Авросиёӣ сармоягузориҳои Русия 23,5 миллиард доллар (26%), Туркманистон 17,5 миллиард доллар (12,5%) ва Қазоқистон 15,5 миллиард доллар (11,1%)-ро ташкил медиҳанд. Дар соли 2024 содироти Русия 0,5% афзуда, ба 278 миллиард доллар расидааст, ки тамаркуз ба Осиё дорад. Ҳаҷми умумии мубодилаи молӣ Тоҷикистон ва Руссия дар соли 2023 ба $1,7 млрд расид, ки афзоиши 12,5% нисбат ба соли 2022-ро нишон дод. Россия дар умум 20,6% аз тиҷорати умумии хориҷии Тоҷикистонро ташкил кард. Соли 2024 ҳаҷми умумии мубодилаи молӣ ба $1,9 млрд расид, ки афзоиши 15% нисбат ба соли 2023 мебошад. Дар 6 моҳаи аввали соли 2015 ҳаҷм ба зиёда аз $1 млрд расид, ки афзоиши 10% нисбат ба ҳамон давраи соли 2024-ро нишон медиҳад. Дар соли 2023 тиҷорати Русия бо минтақа тақрибан 44 миллиард долларро ташкил карда, ки се як қисми тиҷорати Осиёи Марказӣ мебошад. Ин афзоишҳо ба саммитҳо ва форумҳои силсилаи мазкур, ки ба таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мусоидат кардаанд, нисбат дода мешаванд, зеро онҳо платформа барои мубодилаи афкор ва имзои созишномаҳо фароҳам овардаанд.

Таҳлили эмпирии воқеӣ нишон медиҳад, ки силсилаи форумҳо ва саммитҳои марбут ба онҳо дар солҳои 2022-2025 ба афзудани ҳаҷми тиҷорат ва сармоягузорӣ байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кардаанд. Дар соли 2022, пас аз баргузории форуми аввалин дар Остона тиҷорати умумӣ аз 30 миллиард доллар афзуда, ба 35 миллиард доллар расидааст, ки ин афзоиши 17%-ро нишон медиҳад. Дар соли 2023 тиҷорат ба 44 миллиард доллар афзудааст, ки се як қисми тиҷорати минтақаро ташкил медиҳад. Дар соли 2024 тиҷорат ба зиёда аз 45 миллиард доллар расида, содироти Русия 0,5% афзудааст, ки тамаркуз ба Осиё дорад ва сармоягузориҳои Русия дар минтақаи евроосиёӣ 23,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин афзоишҳо ба нақшаҳои иқдомҳои муштарак барои солҳои 2025-2027, ки дар саммит қабул шудаанд ва меморандумҳои имзошуда дар форумҳо нисбат дода мешаванд, зеро онҳо ба рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва пайвандҳои гуманитарӣ тамаркуз кардаанд. Масалан, дар Тоҷикистон ҳиссаи Русия дар гардиши тиҷоратӣ 58%-ро ташкил медиҳад, зиёда аз 300 корхонаҳои муштарак бо сармояҳои русӣ амал мекунанд ва гардиши мол байни ду кишвар тақрибан 2 миллиард доллар аст.

Силсилаи форумҳои коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» намунаи ҳамкориҳои самаранок дар сатҳи экспертӣ мебошад. Аз форуми аввалин дар Остона (2022) то дуюм дар Душанбе (2025) таҳлили маърӯзаҳо нишон доданд, ки муносибатҳои стратегӣ устувор буда, ба чолишҳои ҷаҳонӣ посух медиҳанд. Дипломатияи илмӣ ва ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои калидӣ метавонанд заминаи рушди устуворро таъмин кунанд.

Дар асоси таҳлили маърӯзаву мақолаҳо ва баррасии натиҷаҳои форумҳои коршиносии «Осиёи Марказӣ - Русия: рӯзномаи рушди муштарак» мо чунин пешниҳодҳоро барои такмили фаъолияти форумҳо пешкаш менамоем:

1. Ба форумҳо намояндагони бахшҳои хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои дигар, ба мисли Чин ва Ҳиндустон даъват карда шаванд, то ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ васеътар гарданд ва дурнамоҳои минтақавӣ амиқтар таҳлил шаванд.

2. Бо назардошти афзоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ (масалан, 45 миллиард доллар дар соли 2024) лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, ба монанди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохторӣ дар доираи нақшаҳои иқдоми 2025-2027 таҳия ва амалӣ карда шаванд, ки натиҷаҳои форумҳоро ба амалӣ табдил диҳанд.

3. Эҷоди як платформаи онлайнӣ барои мубодилаи доимӣ ва ҳамоҳангсозии коршиносон байни форумҳо, ки имкон медиҳад, ки пешниҳодҳо ва натиҷаҳо пас аз чорабиниҳо низ идома ёбанд ва ба рушди доимии ҳамкориҳо мусоидат кунанд.

4. Бо назардошти таҳдидҳои зикршуда нисбат ба ҷавонон, дар барномаҳо курсҳои махсус ва барномаҳои таълимии муштарак барои донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон доир карда шаванд, ки шумораи 210 000 донишҷӯёни Осиёи Ммарказӣ дар Русияро боз ҳам зиёд кунанд.

5. Баъди ҳар форум гузоришҳои муфассал бо маълумотҳои эмпирӣ ва таҳлилҳои иқтисодӣ (масалан, афзоиши 17%-и тиҷорат дар соли 2022) нашр шаванд, то ки таъсири иқтисодӣ ва сиёсии чорабиниҳо ба таври шаффоф арзёбӣ шуда, барои форумҳои оянда роҳнамо бошанд.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор