Skip to main content
Мутафаккирон ва донишмандони олам аз ҷумла тоҷикон перомуни бузургии зан-модар асарҳои арзишманде офаридаанд ва ё дар осорашон нақши зан-модарро барҷаста нишон додаанд.

123123Абдулқосим Фирдавсӣ яке аз мутафаккирон ва ҳакимони бузурги тоҷику форс дар асари безаволи хеш "Шоҳнома" номи зиёда аз сиву панҷ қаҳрамонзанону қаҳрамонбонувонро зикр намудааст ва ҳар кадоме аз инҳо дар ин асари муҳташам нақши калидӣ доранд ва то ҳол номи бархе аз онҳо ба забон оварда мешаванд ва бо ифтихори баланди миллӣ бархе аз шаҳрвандоне, ки ғурури миллӣ ва аҷдодӣ доранд бо сарфарозӣ номи духтарони худро аз қаҳрамонони ин асари оламшумул, ки саропо аз паҳлавониву размандагиву қаҳрамониву шуҷоат ва ҷасорату матонат иборат аст, мегузоранд.

То ҳол дар ҷомеаи Тоҷикистон номҳои зебои духтаронае ҳастанд, ки вирди забонҳо буда, аз “Шоҳнома” маншаъ гирифтаанд, ки ин номҳо ба мисли Гурдофарид, Таҳмина, Рӯдоба, Шаҳрноз, Арнавоз, Манижа, Гулнор, Навбаҳар, Синдухт, Фарангис, Паризод, Озардухт ва монанди инҳо мебошанд.

Дар ин мақола таваҷҷуҳи бештар ба яке аз паҳлавонзанони “Шоҳнома” Гурдофарид дода шудааст, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳар зане муваффақ шавад аз ӯ Гурдофарид ном мебаранд. Аммо мехоҳем перомуни чанд бонувони дигар ба мисли Таҳмина, Манижа, Катоюн, Фарангис ва дигарон низ як маълумоти мутасаре оварем.

Яке аз қаҳрамонзанони номдор дар “Шоҳнома” ин Катоюн мебошад. Ӯ духтари Қайсари Рум, ҳамсари Гуштосп шоҳи Эрон модари Исфандиёр аст. Ӯ зани шуҷоъ ва чолок, зани меҳрубону бовафо ва модари донишманду доно аст. Вақте ки Катоюн ба синни балоғат расид, падараш Қайсари Рум як гурӯҳ ашрофиён ва ҷанговарони ҷаҳонро дар қасри худ ҷамъ меорад, то барои духтараш шавҳари муносиб интихоб кунад. Катоюн ҷанговаронро як ба як мебинад, вале бештар дар бораи одаме ба ситораҳо орзу мекард, ки давлати Румро сарбаланд гардонда тавонад ва ӯ дар байни ҷамъомадагон ҳамон одамро меҷӯст. Мардони ҷамъомада таваҷҷуҳи Катоюнро ба худ ҷалб накарданд, рӯз ба охир расид, баъдан Қайсар эълон кард, ки ҳама мардони арзанда ба қасри ӯ оянд, то Катоюн яке аз онҳоро интихоб кунад. Марди деҳқоне дар Рум мизбони Гуштосп шуд, чун хабари Қайсарро шунид, Гуштоспро ташвиқ кард, ки дар маҷлиси Қайсар ширкат кунад ва он ҳамон орзуи Катоюн буд, ки баъдан тоҷу тахти Қайсар насиби ӯ гашт.

Яке аз духтарони зебову дилрабо дар “Шоҳнома” ин духтари шоҳи Самангон, зани Рустам ва модари Сӯҳроб Таҳмина аст. Рӯзе Рустам барои гардиш ба наздики марзи Эрон ва Турон меравад. Ҳангоми истироҳат Рахши ӯ гум мешавад. Рустам барои ёфтани Рахш вориди Турон мешавад. Шоҳи Самангон базме ба ифтихори вай барпо менамояд. Шаб дар утоқе, ки ӯ меистод Таҳмина ворид мешавад ва бо вуҷуди инки медонад Рустам фақат як шаб дар Самангон хоҳад монд, ӯ худ ба Рустам изҳори ишқ меварзад. Ҳадафи Таҳмина танҳо дар зиндагӣ доштани фарзанде будааст, ки инсони баргузида ва номовар бошад. Таҳамтан чун суханони Таҳминаро мешунавад, ҳамон шаб ӯро ба ақди никоҳи хеш медароварад. Нӯҳ моҳ пас аз он шаби васл, Суҳроби Ял чашм ба олами ҳастӣ мекушояд. Шоҳи Самангон аз ин бисёр шодмон мешавад ва бузургону акобири Саманагон ҳама ба Рустам табрик мегӯянд ва ҷашни бузурге ба ифтихори Рустам ва Таҳмина барпо менамоянд.

Миёни ҷомеаи тоҷикон номи Фарангис бисёр машҳур аст. Фарангис духтари Афросиёб ва ҳамсари Сиёвуш ва модари Кайхусрав аст, ки виқори занона ва шарафи ахлоқи худро то поёни зиндагӣ ҳамчунон ҳифз мекунад. Фарангис аз занони вафодор ва шикебои “Шоҳнома” аст. Меҳр ва вафодории вай ба Сиёвуш то он ҳад аст, ки бо шунидани хабари кушта шудани Сиёвуш, аз ҷон гузашта ва бепарво бар падари бераҳми худ нафрин мекунад ва хашми ӯро ба гунае бармеангезад, ки ӯ ба кушта шудани духтари бордори бегуноҳи худ фармон медиҳад.

Дар “Шоҳнома” Манижа рамзи ишқу муҳаббат тасвир ёфтааст. Вай, ки духтари Афросиёб буд, ба Бежан писари Гев ошиқ мешавад. Ҳарчанд ишқи ӯ ба Бежан самимӣ ва покиза буд, аммо барои Бежан мушкилоте ба бор овард, то Бежан бо фармони Афросиёб ба зиндон андохта мешавад ва Манижа ҳама корҳоро мекунад ва ниҳоят ӯро озод менамояд.

Перомуни корномаҳои ҳар кадоме аз қаҳрамонзанони “Шоҳнома” метавон асаре таҳқиқ кард ва ин чанд қаҳрамонзане, ки маълумоти мухтасар дар бораашон овардем, сароғози шинохти Гурдофарид яке аз қаҳрамонони бемисли “Шоҳнома” мебошад.

Яке аз номҳои бисёр мутаассир, ки дар миёни ҷомеаи тоҷикон шуҳрати беандоза дорад, ин Гурдофарид мебошад. Ин ном миёни бонувон ҳамчун беҳтарин ном ва идеал пазируфта шудааст. Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” образи Гурдофаридро яке аз беҳтарин бонувони чобуку нотарс қаламдод намуда, нақши ӯро дар хештаншиносиву худогоҳӣ, далеливу нотарсиву шуҷоатмандиву ҷасурӣ ва паҳлавонивӣ ва ҳимоят аз марзу буми Ватан нишон додааст, ки бузургии ин зани қаҳрамони ориёӣ барои бонувони баъдӣ то ҳол ҳамчун идеал дар ростои ҳақиқатгӯиву ростиву поквиҷдонӣ ва донишмандиву ҳушёриву зиракӣ ба кор бурда мешавад.

Гурдофарид аз аввалин паҳлавондухтарони достони ҳаммосии тоҷику форс аст. Ин бонуи далелу дилрабо ва зирак хеле барҷаста ва аз ҷаззобтарин занони “Шоҳнома” аст, вале бо вуҷуди он ки дар “Шоҳнома” ҳузури кӯтоҳе дорад ва ноком мешавад, вале ӯро метавон ба қатори Арнавоз ва Шаҳрноз як зани асил ва аз чеҳраҳои намунаи ибрат барои ҳар як зан донист.

Ҳаким Фирдавсӣ дар асари безаволи хеш “Шоҳнома” набарди Гурдофарид бо Сӯҳробро дар зевари назм оростааст, ки қаҳрамониву нотарсӣ ва чобукиву паҳлавонии Гурдофаридро нишон медиҳад:

Чу огаҳ шуд духтари Гуждаҳам,

Ки солори он анҷуман гашт кам.

Зане буд бар сони гурде савор,

Ҳамеша ба ҷанг андарун номдор.

Куҷо номи ӯ буд Гурдофарид,

Замона зи модар чунин новарид.

Гурдофарид аз ҷумлаи ҳамон бонувони ҷанговар аст, ки бо матонату паҳлавонии хеш бо яке аз қаҳрамонони воломақоми “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, ки Сӯҳроб аст, ба набард мебарояд. Дар вақти набард аз бузургиву зӯру бозӯи мардонавори Гурдофарид Сӯҳроб ба ҳайрат меафтад.

Набарди Сӯҳроб бо Гурдофарид чунин аст, ки вақте Сӯҳроб аз роҳи Турон ба Эрон ҳангоме, ки барои ҷустуҷӯи падараш Рустам мегузашт қалъае ба номи Сафеддиж дар рӯбарӯи ӯ мебинад, ки Гуждаҳам, ном як марди солхӯрдае бар он сарварӣ мекард. Гуждаҳам духтаре дошт ба номи Гурдофарид. Дар наздикии ин қалъа набард миёни Сӯҳроб ва фармондеҳи қалъа ба вуқуъ мепайвандад ва Сӯҳроб бар ӯ пирӯз мегардад. Сӯҳроб нахуст мехоҳад ӯро бикушуд, вале ӯро бо баҳонаи вуруди қалъа шудан накушта асир мегирад ва мехоҳад қалъаро низ ба асорат бигирад, ки дар ин ҳангом шахсони дар қалъа буда ба таҳлука меафтанд. Гурдофарид чун инро мебинад, мояи нанг медонад, ва худ ба набарди ӯ меравад. Гурдофарид бо Сӯҳроб ба набард мебароянд ва дар ним рӯз бо ҳам размозмоӣ мекунанд. Саранҷом Гурдофарид мебинад, ки тавони баробарӣ бо Сӯҳробро надорад ва мекӯшад сӯйи қалъа бигурезад. Аммо Сӯҳроб ба ӯ мерасад ва кулоҳи ӯро бармегирад ва дар ин ҳолат мефаҳмад, ки он ҳамнабардаш на мард, балки духтари зеборӯе аст. Гурдофарид ба найранг даст меёзад ва ба Сӯҳроб мегӯяд, ки хуб нест размандагон бубинанд, ки вай дар набард бо як духтар ба чунин кӯшиш ва ранҷе гирифтор омада ва ба ӯ пешниҳод мекунад, ки ҳамроҳаш ба даруни қалъа биравад ва мегӯяд, ки қалъа дар чанги ӯст. Сӯҳроб, ки бо як дидан шефтаи ҳусну ҷамоли Гурдофарид шуда буд, дар доми Гурдофарид меафтад. Гурдофарид ӯро то дари қалъа меовард, сипас бо чобукдастии бисёр ба даруни қалъа меҷаҳад ва дарро мебандад.

Ин ҷо ба хулосае меоем, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби ному нанг ва қаҳрамону нотарс будаанд, ки Гурдофарид бозгӯйкунандаи зан-модари қаҳрамони тоҷик аст, ки барои ҳифзи ному нанг, Ватан-Модар, сарзамини аҷдодӣ бо яке аз қаҳрамонони номдори “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, яъне Сӯҳроб ба набард мебарояд. Гарчанде ӯ мағлуб мешавад, вале Суҳроб аз бузургиву қаҳрамониву ҷасорат ва нотарсиву шуҷоати ӯ дар ҳайрат меафтад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон чунин Гурдофаридҳо ҳастанд ва дар арсаи байналмилалӣ бо кӯшишу талоши хеш ба монанди Зебунисо Рустамова камонвари беназир, Мавзуна Чориева муштзани беҳамто ва дигарон Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ, - номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон