(БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ)
Гузаштан ба низоми рақамӣ, рушди иқтисодиёт, таъмини самаранокии зеҳни сунъӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ яке авлавиятҳои сиёсати пешгирифтаи давлат дар самти ҳукумати элеткронӣ ва иқтисодиёти рақамӣ ба ҳисоб меравад. Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала ҳамаҷониба таҳлилу барассӣ гардид. Муҳиммияти ин масъала дар он зоҳир мегардад, ки дар замони пешрафти илму техника ва рушди технологияҳои иттилоотӣ гузариш ба низоми рақамии иқтисодиёт, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Рушди устувор татбиқи саривақтӣ мебошад.
Тавре дар Паём зикр гардид: “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд. Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем”.
Аз таҷрибаи кишварҳои бо ин низом рушдкарда бар меояд, ки имрӯз таваҷҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ дар сиёсати кишварҳои тараққикарда дар мадди аввал буда, қариб 90 дарсади хизматрасониҳои молиявию иқтисодиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар самти хизматрасониҳои молиявӣ дар корхонаҳои буҷетӣ. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд метавонад такони ҷиддиро дар самти расидан ба рушди иқтисоди миллӣ ва ҳамзамон кам кардани омилҳони инсонӣ замина гузорад. Асоси тадбиқи ин низом пеш за ҳама таъмини яксони интернет дар ҳама минтақаҳои кишвар ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин дар Паём таъкид гардид: зарур аст, ки ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ чораҳои фаврӣ андешида шаванд.
Дар ҷаҳони зуд рушдёбандаи муҳити инноватсионию итттилоотӣ, пеш аз ҳама имкониятҳои нав бо донишҳои нав, истифодаи мақсадноку босамари технологияи рақамӣ заминаи асосии рушди соҳаҳои истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасониро таъмин намуда, муҳимтарин омили рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва инноватсионии мамлакат дониста мешавад. Меҳвари асосии рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва технологии иқтисодиёти давлатҳоро зеҳни сунъӣ ташкил медиҳад. Вобаста ба ҳамин ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб доир ба рушди соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар ба ҷанбаҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодии истифодаи зеҳни сунъӣ диққати махсус зоҳир гардида, ба баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат, коҳиш додани хароҷоти истеҳсолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти рақобатпазирии ширкатҳои ватанӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Вобаста ба ин дар Паём ба як қатор вазорату идораҳои ин самт аз ҷумла: вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, молия супориш дода шуд, ки талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои соҳаи инноватсия, технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати амалишавии онҳо нақша чорабиниҳоро таҳия намоянд. Асоси рушди инноватсия ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ҳамзамон гузаштан ба низоми рақамии иқтисодиётро рушди неруи зеҳнии инсонӣ ташкил дода, дар ин замина ба баланд бардоштани донишҳои техникии аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа ва такмил додани донишҳои онҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Мусаллам аст, ки дар шароити гузариш ба низоми рақамӣ яке аз воситаҳои асосии фаъолияти ин низом, истифодаи интернет ва шабакаҳои комуникатсионӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин асно низ дар Паёми ироашудаи Пешвои миллат таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҷиҳати бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ ибрози андеша карда шуд. Ҳамзамон, дар ин ҳошия ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҷиҳати пурра ҷорӣ намудан ва оммавӣ гардонидани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ вазифагузорӣ карда шуд.
Хулоса, ташаккули иқтисоди рақамӣ, рушди ҳамарӯзаи зеҳни сунъӣ, марҳилаи нави рушдёбандаи низоми иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, гузариш ба технологиягароӣи саноату иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон моро водор месозад, ки то дар ин фазо, бо идея ва назарҳои ҳанӯз ҳам кашфношуда ворид гардем. Бо ин васила мо метавонем, ҳам фарҳанги инноватсионии хешро баланд созем ва ҳам ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардем.
Асомуддини Р.К. н.и.и. Сармутахассиси Раёсати МАД-и АМИТ
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷик
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2026:
- ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 дарсад зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда шуда, 893 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ 1614 сомонӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 1506 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 1668 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шаванд;
- маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 дарсад зиёд карда шавад;
- маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 2002 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1800 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, 1800 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида 2002 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- амалишавии фармони мазкурро дар соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;
- дар муҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд;
- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кумакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва ҳолатҳои дигари ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманд (ба ғайр аз нафақа)-ро мутобиқи Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати корманд дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, амалӣ намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
14 январи соли 2026
№1132
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо як зумра аз бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрӣ анҷом доданд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо як зумра аз бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар мулоқот масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокдорон аз иқдоми навбатии муҳтарам Рустам Эмомалӣ истиқбол карда, роҷеъ ба он фикру андешаҳои худро баён доштанд.
@RustamEmomali
ИНТИХОБИ УЗВИ ФАХРӢ ВА УЗВИ ХОРИҶИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВОМИ СОЛИ 2025




Дар давоми соли 2025 бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 11 нафар олимону шахсиятҳои барҷастаи муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Бо дарназардошти саҳми назаррас дар рушди илм, таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ, густариши ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ ва дастгирии ташаббусҳои муштараки илмӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдураҳмонов Қаландар, президенти Академияи илмҳои Русия Красников Геннадий Яковлевич ва сардори Шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи шаҳри Шуочжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ву Бао Хуа, Туймебаев Жансеит Кансеитович, Шоназаров Насрулло Абдуллоевич, Ҳоҷиакбар Айса, Раҳом Аша, Фумиаки Инагаки, Дайзо Ишяма, Илья Раскин, Синбо Гао, ва дигарон ба ҳайси узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Интихоби узви хориҷӣ бозгӯи эътирофи сатҳи баланди фаъолияти илмии ин шахсиятҳо буда, ҳамзамон аз нуфуз ва мақоми рӯзафзуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Узвияти олимони хориҷӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Инчунин, дар таърихи илм бори аввал Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон устод Ҳошим Гадоев, барои хизматҳои арзандааш дар рушди санъат ва саҳми назаррас дар тарбияи насли наврас ва таҳкими фарҳанги миллии тоҷик ба ҳайси узви фахрии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.
Шумораи обуначиёни саҳифаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба 20,000 нафар расид. Ин дастоварди муҳим шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти илмӣ, таҳқиқотӣ ва фарҳангии Академия дар байни ҷомеа ва олимон ба таври васеъ пазируфта шудааст.
Саҳифаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Фейсбук ҳамчун майдони иттилоотӣ ва таҳлилӣ барои паҳн кардани хабарҳо, натиҷаҳои илмӣ, дастовардҳои олимон ва ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад. Ба ҳисоби миёна, хабарҳо ва маводи муфид дар ин саҳифа таваҷҷӯҳи ҳазорҳо нафарро ҷалб намуда, имконияти муоширати мустақим бо олимон ва коршиносонро фароҳам меоранд.
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба қадрдонӣ ва эҳтироми ҳар яки обуначиёни саҳифа таъкид намуда, изҳор медорад, ки дастгирии Шумо барои пешбурди фаъолиятҳои илмӣ ва таҳқиқотии Академия нақши ҳалкунанда дорад. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои гуногуни илмӣ, таҳқиқотӣ ва фарҳангӣ бештар густариш диҳад ва барои обуначиёни худ маводҳои арзишманд ва муфид пешниҳод намояд.
https://www.facebook.com/groups/amit.tj
https://www.tiktok.com/@www.amit.tj?_t=8s5czgjfiz3&_r=1
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026
Имрӯз, 10-уми январи соли 2026 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таҳти раёсати раиси шаҳри Панҷакент муҳтарам Абдухолиқ Холиқзода маҷлиси фаъолон доир ба "Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда" доир гардид.
Дар кори он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми раиси вилояти Суғд муҳтарам Суҳайлӣ Қурбонзода, инчунин, муовини якум, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони деҳот, намояндагон ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони хоҷагиҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ходимони дин ширкат доштанд.
Дар ҷаласа як масъала "Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026" мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз руйи масъалаи мазкур ҳисоботҳои муовинони соҳавӣ, раисони деҳот ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр шунида шуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, зимнан иброз дошт, ки масъулини соҳа ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлоли давлатӣ чораҳои иловагӣ андешанд ва мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбонҳо, манзилҳои зист, иҷрои сохтор ва дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, тавсеаи корҳои тарғиботӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд.
Муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва вусъати ҷараёни корҳои банақшагирифташуда, оид ба масъалаҳои пурра ба истифода додани иқтидорҳои корхонаҳои саноатӣ, ҷо ба ҷо гузории зироатҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, самаранок истифода бурдани замин, таъмири иншоотҳои обрасон, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пардохти андоз ва бунёди иншоотҳои ҷашнӣ баҳри беҳтару хубтар рушд намудани шаҳр вазифагузорӣ кард.
Ҳамзамон, прокурори шаҳри Панҷакент мушори адлияи дараҷаи 1 Раҳматзода Искандар оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар соли 2025 сухан карда, баҳри пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб пешниҳодҳои мушаххас манзур кард.
Дар фарҷом раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода оид ба баъзе масъалаҳои ҷорӣ аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, дастгирӣ намудани қишри осебпазири ҷомеа аз ҷумла, маъюбону камбизоатон ва шахсони яккаву танҳо инчунин шахсони барҷомонда изҳори андеша намуда, ҳамаи фаъолони шаҳрро таъкид кард, ки бо дасту дили пок баҳри иҷрои уҳдадориҳои мансабии худ содиқона хизмат намоянд.
Манбаъ: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
9 январ тақрибан соати 02:14 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза 61 километр аз ноҳияи Мурғоб, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи 5,3 дараҷа ба амал омад.
Имрӯз, 8 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қуватзода Сайдулло, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Маҳмадюсуф ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, инчунин Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва иноватсия барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ба роҳ монда шуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 ба тафсил сухан ронд. Қайд гардид, ки соли 2025 барои ҳайати олимон ва донишмандони Академияи миллии илмҳо аз ҳар ҷиҳат соли бобарор ва хотирмон буд. Тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16 декабри соли 2025 зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки рӯзи 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд.
Мубрамияти омӯзиши масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Маркази омўзиши пиряхшиносии АМИТ Муассисаи давлатии “Институти пиряхшиносӣ ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шавад, ки ин пешниҳод аз боварию эътимоди роҳбарияти олии кишвар ба олимони Академия дарак медиҳад. Соли 2025 баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, иштироки фаъол ва саҳмгузории Маркази пиряхшиносии Академияи миллии илмҳо дар баргузории чорабинии мазкур далели гуфтаҳои мазкур аст.
Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём қайд намуданд, дар ҳамин рӯз бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Бо мақсади омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани қатъномаи мазкур бо ибтикори Раёсат Муассисаи давлатии “Институти давлат ва ҳуқуқ” аз оғози соли 2026 ба кор шуруъ менамояд, ки иқдоми дигари Раёсати Академияи миллии илмҳо дар соли 2025 буд.
Барои ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим, ки бо ибтикори бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 сурат гирифт заҳматҳои олимону бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ назаррас мебошад.
Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ва таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз дастур доданд ва таҳияи Консепсияи марказҳои мазкурро ба зиммаи Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ вогузор намуданд, ки масъулияти олимони Академияи миллии илмҳо дар соли 2026 дар самти омӯзиш ва пешниҳоди масъалаи мазкур дучанд хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ аввалин маротиба Академияи миллии илмҳо тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуд. Бо ин мақсад санаи 12 –уми феврали соли 2025 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба раванди таълим ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалии муассисавӣ гузаронида шуда, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байналмилалии аккредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) ба муҳлати 3 сол бо сертификати байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар ҳисобот зикр шуд, ки аз рўйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 2600 маводи илмӣ аз ҷумла, 80 монография, 156 китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог ва 2400 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шуд. Аз шумораи умумии мақолаҳои илмӣ 1800 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ (аз ин шумора беш аз аз 1200 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КАО назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 600 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ин шумора беш аз 150 мақола дар SCOPUS ва беш аз 300 - мақола дар РИНС) ба нашр расидаанд. Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи кормандони илмии АМИТ 2000 мақолаи илмию оммавӣ дар рўзномаю маҷаллаҳо ба нашр расонида шуд.
Мавриди зикри хос аст, ки АМИТ дар ин давра дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНС) мавқеи худро мустаҳкамтар намуд. Айни замон аз 854 нафар кормандони илмии АМИТ 625 нафар дар китобхонаи электронӣ (e-library) худро ба қайд гирифтаанд. Аз ин шумора ХИРШ- и 62 нафар олимони АМИТ аз 8 то 36-ро ташкил медиҳад. Ҳоло ХИРШ-и олимони АМИТ аз рўйи ҳамаи нашрияҳои e-library – 56 (52), аз рўйи РИНС-54 (50) ва аз рўйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНС нашршуда - 47 (43)-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз тарафи олимони АМИТ 7 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 патенти АвруОсиё, 2 патенти Ҷумҳурии халқии Хитой барои ихтироъ, 12 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ (6 адади онҳо нахустпатентҳое мебошанд, ки охири моҳи декабри соли 2024 гирифта шуда, ба ҳисоботи соли 2024 ворид нашуда буданд), 3 шаҳодатнома барои ихтироъ, 7 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 3 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд. Бояд қайд намуд, ки типқи таҳлилҳо аз соли 2009 то инҷониб дар АМИТ 335 патент, нахустпатент, шаҳодатнома, қарори мусбат барои ихтироот мавҷуд аст. Аммо чи қадар аз ин дар истеҳсолот ҷори шудааст мутаассифона механизми дар истеҳсолот татбиқ намудани ин ихтироот то ҳоло ҳалли худро ба таври зарури наёфтааст.
Ҳамзамон қайд гардид, ки бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ дар соли 2025 бо мусоидати раёсати академия таъмири капиталӣ ва бо таҷҳизоти замонави муҷаҳаз намудани 18 озмоишгоҳ ва марказҳои нави рақамӣ таъмин карда шуд. Аз ҷумла: Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров – 1 адад, Институти химияи ба номи В.И. Никитин – 4 адад, Институти биологияи Помир ба номи Х. Юсуфбеков – 2 адад, Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакӣ – 1 адад, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология – 2 адад, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ – 1 адад, Маркази омӯзиши пиряхҳо - 2 адад, Маркази илмии Хуҷанд – 2 адад, Маркази инноватсионии Тоҷикистону Хитой – 3 адад.
Инчунин, аз ҷониби Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ 9-пойгоҳи сейсмикӣ бо таҷҳизотҳои рақами сейсмикӣ муҷаҳхаз гардонида шудаанд. Инчунин ба муассисаҳои илмии академия компютерҳои типи нав таъмин карда шуда, камераҳои назоратии биноҳои муассисаҳои илмии АМИТ қисман нав карда шуданд.
Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар соли 2025 намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.
Умуман, ҳайати кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2025-ро бо дастовезҳои хуби илмию таҳқиқотӣ натиҷагирӣ карда, азм доранд, ки соли 2026-ро бо сарбаландӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисони илмӣ ҷамъбаст намоянд. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои корҳои назарраси анҷомдодашуда ба ҳайати кормандони илмӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аҳли олимонро барои хубтару пурсамартар намудани дастовардҳои илмӣ даъват менамояд.
Инчунин, зумрае аз олимону кормандон барои заҳмати пурсамарашон дар соҳаи илм бо мукофотҳои соҳавӣ ва ифтихорномаҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ гардонида шуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2025 бо мусоидати раёсати академия таъмири капиталӣ ва бо таҷҳизоти замонави муҷаҳаз намудани 18 озмоишгоҳ ва марказҳои нави рақамӣ таъмин карда шуд.
ОЗМОИШГОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ЗЕРИН БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДААНД:
Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 4- адад.
Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 1- адад.
Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад
Муассисаи давлатии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2- адад.
Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рудакӣ – 1 адад.
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология – 2 адад.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ – 1 адад.
Маркази илмии Хуҷанд – 2 адад.
Маркази инноватсионии Тоҷикистону Хитой – 3 адад.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳама иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳз аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимон мебошад.
