Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи Тоҷикистон нақши сарнавиштсоз дошта, аз ҷумла воқеаҳои бузургу беназири таърихии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Боиси ифтихору мояи сарфарозист, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ 33-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу оромӣ ва дастовардҳои беназир таҷлил менамоянд. Дар таърихи давлатдории муосири мардуми шарафманди тоҷик ин санаи муқаддас мақому ҷойгоҳи хоссаи худро дорад ва чун рӯзи фаромушнашаванда бо ҳарфҳои заррин дар таърих нақш мегузорад.
Дар тӯли 33 соли пас аз Иҷлосияи сарнавиштсози таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар фазои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оромиш ва иттиҳоди сиёсиву маънавии мардум фароҳам омад. Раванди созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш густариш ёфта, манофеъ ва арзишҳои миллӣ мавриди пуштибонӣ қарор гирифтанд. Забон, таърих ва фарҳанги тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлатӣ мавқеи арзанда пайдо кард. Бунёди сиёсати давлатӣ бар пояи маънавият, арзишҳои инсонпарварӣ ва орзуву омоли мардум гузошта шуд.
Дар партави ҳамин сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, халқи тоҷик қудрати созандагӣ ва эҳсоси ягонагии сарнавишти таърихии худро амиқ дарк намуд. Маҳз ҳамин сиёсат боиси он гардид, ки мардум бо ҳамовозӣ ва иттиҳод ба корҳои ободониву офаринандагӣ, эҳёи маънавият ва рушди андешаи миллӣ рӯ оварданд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити мураккаби таърихӣ ташкил ёфт ва ҳаёти нави худро оғоз намуд, вале дар чунин давраи ҳассос қувваҳои гуногуни сиёсӣ гирдиҳамоии шадидро ба вуҷуд оварда,соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зери хатар гузоштанд.
Мардуми бегуноҳи ҷумҳурӣ бо қатъият талаб мекарданд, ки ин вазъият зудтар барҳам дода шавад. Дар чунин шароити мураккаб, ки сухан дар бораи таъсис ёфтан ва ё аз байн рафтани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мерафт, даъват намудани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) ва аз вартаи буҳрони сиёсӣ баровардани мамлакат вазифаи аввалиндараҷа гардид.
Бояд гуфт, ки 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне сурат гирифт, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ, қарор Дар чунин давраи ҳассос қувваҳои гуногуни сиёсӣ роҳҳои ғайриконститутсиониро пеш гирифта, гирдиҳамоии шадидро давом дода, соҳибистиқлолии ҷумҳуриро зери хавф ва хатар гузошта буданд. Гурӯҳҳои ғайриконститутсионӣ истеъфои шахсони олимақоми кишварро тақозо мекарданд. Дар як давраи кӯтоҳ дар Тоҷикистон раисони Шӯрои Олӣ, аз ҷумла Қ.Аслонов, С.Кенҷаев, А.Искандаров аз вазифаашон сабукдӯш карда шуданд. Ва оқибат нерӯҳои оппозитсионӣ барои пеш бурдани фаъолияти Президенти Ҷумҳурӣ Р.Набиев халал расонданд. Ҳатто баъзе ташкилотҳои қудратӣ низ мақоми бетарафиро ишғол намуда, дар охир ӯро аз вазифааш сабукдӯш карданд. Ҳамин тавр, бо роҳи ғайриконститутсионӣ моҳи майи соли 1992 зери фишори сахти мухолифин Ҳукумати муросои миллӣ ташкил ёфт. Мутаасифона, ин ҳукумат аз ӯҳдаи вазифааш набаромад ва дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Мардуми бегуноҳи ҷумҳурӣ бо қатъият талаб мекарданд, ки ин вазъияти тоқатнофасро зудтар барҳам дода шавад.
Хулоса, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи воқеан таърихиву беназир буд, ки дар сарнавишти халқи тоҷик нақши тақдирсоз гузошт. Маҳз ба шарофати ин иҷлосия, мардуми тоҷик аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфта, ба роҳи сулҳу субот ва созандагӣ қадам гузоштанд. Иҷлосияи таърихии Хуҷанд на танҳо истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшид, балки заминаи устувори ваҳдати миллӣ, оромӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро гузошт.
Бобоев К.О – Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ,
доктор фалсафа (PhD), Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ
Имрӯз, 19 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва олимону кормандон дар ҳошияи ифтитоҳи озмоишгоҳ ҳамзамон аз намоиши дастовардҳои олимону кормандони Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ШАРҚИ МИЁНА ВА НАЗДИК: ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО
Имрӯз, 17 июн дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик: ҳолат ва дурнамо” баргузор шуд. Конференсияи мазкурро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ифтитоҳ намуданд.
Президенти Академии миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба кори конференсияи ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик андешаронӣ намуданд. Дар кори конференсия беш аз 28 нафар олимону муҳаққиқон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ватанӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои мухталифи марбут ба авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми кори конференсияи илмӣ ЭЪЛОМИЯ қабул карда шуд, ки дар он дувоздаҳ пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик аз ҷониби коршиносони соҳа тавсия гардид.
Инчунин, аз ҷониби мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт номзади илмҳои филология Зиёев Субҳиддин Насриевич ҷиҳати дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба Президенти АМИТ академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва директори Институт профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва барои гузориҳои илмии арзишманд ба гузоришгарон ва меҳмонон изҳои миннатдорӣ баён карда шуд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ИБОДЗОДА САИДМУҚИМ ТИЛЛОХӮҶА ДАР ФОРУМИ II АКАДЕМӢ ОИД БА ЭНЕРГИЯИ САБЗ ДАР ШАҲРИ АЛМААТО
ИШТИРОКИ ОЛИМОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ҶАШНВОРАИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ ДАР МАВЗУИ “700 СОЛ БО ҲОФИЗ”
Рӯзҳои 9-14 июни соли 2024 ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши байналмилалии ЮНЕСКО дар мавзуи “700-сол бо Ҳофиз” ба шаҳри Парижи Фаронса дар ҳайати олимону ҳунармандони кишвар сафар намудам.
Конференсияи байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз” дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж рӯзи 11 июни соли 2024 оғоз ёфт. Ҳайати олимони тоҷикро намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ пазироӣ кард.
Дар толори ЮНЕСКО намоиши дастхатҳои девони Ҳофизи Шерозӣ, осори илмии доир ба Ҳофиз таълифшуда ва гӯшаи таҳқиқоти Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда буд.
Конференсияро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Матлубахон Сатториён оғоз намуда, доир ба мақому манзалати Ҳофизи Шерозӣ дар Тоҷикистон, таҳқиқу пажуҳиш ва нашри девони ӯ дар Тоҷикистон суханронӣ карда, таъкид кард, ки Конферекнсияи байналмилалии мазкур бо дастгирии Ҳукумавти Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Ҳамчунин, муовини Дабири Кулли ЮНЕСКО оид ба фарҳанг Эрнесто Оттоне низ дар бахши ифтитоҳи конференсия суханронӣ карда, доир ба мақоми Ҳофиз дар адабу фарҳанги ҷаҳон суханронӣ кард.
Баррасии маърузаҳои илмӣ дар толори XI идома ёфт. Бахши дуюми Конференсия тибқи барнома “Ҷаҳони Ҳофиз, таърих ва худогоҳӣ” ном дошт, ки дар ин бахш бо Аҳмад Покатчӣ – сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ЮНЕСКО раисӣ намудем.
Банда дар бахши 4, ки Ҳофиз ва маънавият ном дошт, дар мавзуи “Фасоҳат ва балоғати сухан дар ғазадиёти Ҳофизи Шерозӣ” суханронӣ намудам.
Дар ҳамоиш бо олимону муҳаққиқон аз кишварҳои гуногун шинос гардида, бо онҳо суҳбату мулоқотҳои суданд баргузор кардем.
Дар баробари боздид намудан аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии Фаронса дар консерти муштараки филармонияи Париж-Шарқ, ки бо иштироки ҳунармандони тоҷику эронӣ баргузор гардид, иштирок кардам.
Рафти иштироки ҳайати иштиркдорони Конференсияи тавассути шабакаҳо гуногуни ҷаҳон ва Тоҷикистон нишон нишон дода шуд.
Ҳамчунин, бо супориши президенти АМИТ муҳтарам Қ. Хушвахтзода диплом, шаҳодатнома ва нишони сарисинагии Узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба Раҳом Аша, ки ба тозагӣ интихоб шуда буд, супоридам.
Имрӯз, 15 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати кушодашавии 46- умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятдошта ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст. Тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус ба наврасону ҷавонон дода мешавад. Дар ин росто, ҳадафи баргузории 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон низ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, Президенти маҳбуби кишварамон таъкид менамоянд, ки “дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда Ватанамон ободу зебо ва ҳамқадами кишварҳои пешрафта гардад, бояд ҳеҷ гоҳ аз раванди таълиму тарбияи насли наврас дар канор набошем”. “... ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.
Гуфта шуд, ки имсол 54 сол аз фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон пур мешавад, яъне шуруъ аз 4 декабри соли 1971 ҳангоми таъсиси Академияи хурд натиҷаҳои назарру қонеъкунанда аз ҳисоби корҳои илмию таҳқиқотии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушоҳида гардида истодаанд.
Таъкид гардид, ки асоси кор ва фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро бахшҳои ихтисосӣ, маҳфилҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодии хонандагон ва Сессияҳои илмии аъзоёни Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар пояи Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Аз ин лиҳоз, миннатдории Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем.
Дар идома мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони АХИТ дар назди Раёсати АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Манучеҳр Садриддинов ва дигар намояндагони вазорату идораҳо суханронӣ намуданд. Дар кушодашавии 46- умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон зиёда аз 500 нафар хонандагон аз тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳо иштирок доштанд.
Дар фарҷом як зумра аз иштирокчиёни фаъоли Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон аз вилотятҳои ВМКБ, Суғд ва Хатлон бо диплом ва сипосномаҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
БА МУНОСИБАТИ 65- СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҶАМЪИЯТИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН ВА 79- УМИН СОЛГАРДИ ХУНЁГАРИ НОТАКРОРИ ШАРҚ АҲМАД ЗОҲИР
Имрӯз, 14 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 65- солагии таъсиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва 79- умин солгарди хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳир маҳфили илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунарӣ таҳти унвони “Садои дӯстӣ ва қаламрави ҳамбастагӣ” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми ҳавдорон ва мухлисони хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳирро ба ин сана муборак гуфта, таъкид дошт, ки савту навои хуш ва оҳангу садои гӯшнавоз, ки дар пардаи шеъру мусиқӣ мунсаҷим мешаванд, мардумро аз ҳар гӯшаву каноре даври ҳам ҷамъ меоваранд ва тантанаи дӯстию ҳамбастагиро таъмин месозанд. Аз тариқи шунидани созу оҳангу навою садои марғуб инсонҳо на танҳо қалбан таскин меёбанд, балки ба зиндагӣ дилгарм шуда, дар ҳавои шеъру мусиқӣ худро дарёфта, ҳамдигарро шинохта, эҳсоси ҳамдардӣ карда, даври ҳам ҷамъ омада, саранҷом ба ваҳдати куллӣ мерасанд. Ин аст, ки шеъру мусиқӣ ҷаҳонро тағйир ва дигаргуна мекунад ва шароити дӯстию ҳамбастагиро фароҳам меоварад.
Таъкид гардид, ки маҳфили мо бо мусиқӣ ва шахсияти овозадори мусиқии шарқ – Аҳмад Зоҳир бевосита иртибот дорад, ногузир ба чанд нукта таваҷҷуҳ мекунем. Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси инсонӣ буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсони зиндаро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва онро гиромӣ медорад. Ба ин маъно мусиқӣ аз дарун ва ботин инсонро озодӣ мебахшад: озодӣ аз дарду ранҷ, озодӣ аз кинаву кудурат, озодӣ аз мазаррату бадбинӣ, озодӣ аз зулму истибдод ва дар маҷмуъ, озодӣ аз андӯҳи маргу нестӣ.
Гуфта шуд, ки мусиқии ҳирфаӣ, ки қалбҳоро ба шӯр оварда, эҳсоси истиқлолро дар вуҷуди инсонӣ туғён мебахшад, бемуҳобот, дар савту наво ва овозу садои ноткрори хунёгари маъруфи Шарқ Аҳмад Зоҳир зуҳур кардааст.
Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар нимаи аввали моҳи июн, махсусан, санаи 14 июн, ки ҳам рӯзи таваллуд ва ҳам рӯзи даргузашти овозхони шаҳри Шарқ Аҳмад Зоҳир аст, доираҳои вежаи фарҳангию ҳунарӣ дар қолиби маҳфилу нишастҳо аз ин ҳунарманди нотакрор тамҷид мекунанду ёди ӯро гиромӣ медоранд. Маҳфили имрӯзаи мо ҳам, ки дар доираи ҳамкориҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон баргузор мегардад.
Воқеан, Аҳмад Зоҳир то он дараҷа шахсияти матраҳи мусиқии Афғонистон будааст, ки тайи соли охири зиндагӣ (солҳои 1969-1979) пайдарпай сазовори бонуфузтарин ҷоизаи ҳунари овозхонии кишвар “Хонандаи беҳтарини сол” гардидааст. Тайи фаъолияти ҳунарӣ Аҳмад Зоҳир беш аз 600 суруду тарона сароидааст, ки ғолибан ба забони дарӣ садо дода, танҳо чанд суруди ангуштшумори ӯ ба забонҳои пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ суруда шудаанд.
Дар идома раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон профессор Қосимшо Искандаров, шодбошии муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода мавриди истимоъ қарор гирифта, баъдан гузориши илмӣ-ихтисосии ҳунарманди машҳури Афғонистонӣ Ваҳид Қосимӣ дар мавзуи “Аҳмад Зоҳир: зиндагии эҷодӣ, вежагиҳои ҳирфаӣ ва мушаххасоти ҳунарӣ” шунида шуд (зимнан, устод Ваҳид Қосимӣ бо ҳузури навозандагон чанд таронаву суруди Аҳмад Зоҳир ба таври зинда иҷро кард).
Инчунин, суханрониҳои ёддоштӣ-хотиротии Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, донишманд, шоиру сиёсатмадори Афғонистон Муҳаммад Ёрманд, санъатшиноси матраҳи миллӣ, доктори саннъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ ва ҳунарнамоии Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан ва Мастона Эргаш ва амсоли инҳо шунида шуда, дар байни ҳар як суханронии хотиротӣ як таронае дар иҷрои зиндаи мухлисони Аҳмад Зоҳир бо шумули Каримҷон Мизонзода (ҳаводори суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз Дарвоз), овозхони ҷавону умедбахш Фирӯзаи Тоҳир мавриди истимоъи ҳозирини маҳфил қарор гирифт.
Имрӯз, 13 июн таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷалассаи васеи Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои баррасии раванди экспертизаи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда барои солҳои 2026-2030, тасдиқи лоиҳои илмию таҳқиқотии нави аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда барои солҳои 2026-2030, баррасӣ ва тасдиқи ҳайати Бахшҳо ва Комиссияи экспертии Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Гуфта шуд, лоиҳаҳои илмию таҳқиқотие, ки аз экспертизаи Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмю таҳқиқотӣ гузашта, барои маблағгузорӣ тавсия карда шуда буданд. Бо сабабҳои номаълум лоиҳаҳои номбурда дар соли 2025 аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ нагардиданд, муҳлати иҷроиши ин 11 лоиҳа ва маблағгузории онҳо ба соли 2026 тамдид карда мешавад.
Ҳамзамон роҳбари академия дар масъалаҳои ҷорӣ оид ба саривақт иҷрои лоиҳаҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва татбиқи он дар истеҳсолот бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта, тамдид намудани лоиҳаҳои фармошӣ ба масъулин дастурҳо доданд.
Дар идома намояндагони вазорату идораҳо ва сохторҳои гуногун доир ба таҷдид ва амалисозии лоиҳаҳо пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Имрӯз, 12 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба муносибати 28- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – ҳастии давлат ва бақои миллат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Маликшо Неъматзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфия Абдухолиқзода, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдураҳим Холиқзода, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хайриддин Усмонзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Даврон Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам ҳусни оғоз бахшида иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва сохтани давлати мустақили Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба як заминаи боэътимод мубаддал гардиданд. Ин мафҳуми муқаддас барои давлати навҷавон имконият фароҳам намуд, ки сиёсати сулҳдӯстона ва муносибати ҳамкории баробар бо тамоми ҷаҳон барқарор гардид.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Маликшо Неъматзода дар суханронии хеш иброз доштанд, ки дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккули Ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, ба омилҳои дохилии ҷомеа, махсусан ба фарҳанги қадимаи сулҳофар ва хирадгароёнаи миллати тоҷик вобастагии амиқ дорад. Дар ин раванд дарки дурӯсти аҳамияти ваҳдати миллӣ, шинохти моҳият ва нақши стратегии он дар сарнавишти миллат ва давлати миллӣ ҳамчун хусусияти хоси ин кишвар ба назар мерасад.
Дар идома директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии хеш таъкид намудаанд, ки “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”
Гуфта шуд, ки мафҳуми “Ваҳдати миллӣ” барои ҳар миллат ҳамчун арзиши олии маънавию сиёсӣ эътироф мегардад ва халқу миллатҳои ҷаҳон ба он аз тариқи равишҳои мухталиф ва дар пайи таъсири омилҳои гуногуни дохилию хориҷӣ мерасанд. Маънову моҳияти кӯтоҳи ваҳдат дар ҳамдилӣ ва иттифоқ, яъне дар ҷамъияти инсонӣ инсонвор зистан аст, ки онро фарҳанги ваҳдатофар меноманд.
