Skip to main content

6 январи соли равон дар Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии солона бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва кормандони шуъба баргузор гардид.

Дар ҷаласа ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуда, натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии аъзои АМИТ ва кормандони шуъбаро дар давоми соли гузашта мавриди таҳлил қарор дод.

Дар маърӯза корҳои илмии дар давоми сол ба анҷом расонидаи аъзои АМИТ ва кормандони шуъба ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи илми тиб баррасӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раёсати АМИТ, фаъолияти илмӣ бояд бештар ба таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар заминаи мавзуъҳои афзалиятнок, истифодаи васеъи технологияҳои муосир дар амалия, инчунин ҷорӣ намудани имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар равандҳои таҳқиқотӣ равона карда шавад. Ҳамзамон, таҳияи лоиҳаҳои илмӣ дар асоси омӯзиш ва истифодаи растаниҳои шифобахши ватанӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ бояд мавриди назар бошанд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ тақвияти ҳамкории илмӣ ва амалӣ, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, ҷалби мутахассисони ҷавонон ба корҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи касбии олимон аз масъалаҳои калидӣ арзёбӣ шуд.

Ҳамзамон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати АМИТ таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи олимони соҳа дар таҳия, такмил ва таҳрири китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ бояд тақвият ёбад.

Дар ҷаласа аъзои АМИТ ва иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои рушди илми тиб, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии таҳқиқот, татбиқи навовариҳои илмӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байнисоҳавӣ фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд.