Skip to main content

Имрӯз, 02 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илм ҷалассаи навбатии васеи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар Паёми имсоли хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушду пешрафти муассисаҳоии илмии ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои махсус доданд.

Гуфта шуд, ки дар ин замина Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеи он фаъолияти самарабахши худро дар асоси ин дастуру супоришҳо ба роҳ монда, барои дар амал татбиқсозии он чораҳои зарурӣ меандешанд.

Дар идомаи ҷаласа саркотиби илмӣ доир ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ҳисоботи мухтассар ироа намуда. Инчунин, раисони Шуъбаҳои назди раёсат доир ба фаъолияти илмию ташкилии муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ҳисоботи худро пешниҳод намуданд.