Ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи пойтахти маҳбубамон шаҳри Душанбе табрику таҳният хонда, иброз намуд, ки имрӯз Душанбе, пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба як маркази бузурги илмӣ ва баргузории чорабиниҳои илмии миқёси байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст. Омилҳое, ки ба ин мусоидат намудаанд, қабл аз ҳама, бо фаъолияти шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонии пойтахти кишвар ва кулли Тоҷикистон алоқаманданд. Ҳамзамон, фаъолияти роҳбарияти худи шаҳр низ тайи чанд соли охир барои рушди пойтахт имкониятҳои заруриро барои банақшагирӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ тақвият бахшидааст.
Гуфта шуд, ки марказҳои бузургтарини илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва филиалҳои ин гуна муассисаҳо аз кишварҳои хориҷӣ маҳз дар пойтахт ҷойгир буда, ҳамаи онҳо дорои кадрҳо ва инфрасохтори зарурӣ барои баргузории симпозиум, конфронсҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ мебошанд.
Дар баробари ин, шаҳри Душанбе имрӯз инфрасохтори рушдёбанда дошта, толорҳои нави муосир барои конференсияҳо ва меҳмонхонаҳо барои ширкаткунандагони онҳо рӯз ба рӯз ташкилкунандагони чорабиниҳои илмии байналмилалию ҷумҳуриявиро бештар ҷалб месозад. Инчунин, пайваста тақвият ёфтани имконияти пайвастшавӣ ба шабакаҳои байналмилалии алоқа ва рушди нақлиёти ҳавоӣ шаҳри Душанберо барои баргузории чорабиниҳое, ки олимонро аз кишварҳои гуногун ҷамъ меоранд, ба майдони муносиби ташкили чорабиниҳои илмӣ табдил додаанд.
Сипас, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо доир ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе ва заҳмату талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, зимнан аз сиёсати ҷавонпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид. Гуфта шуд, ки имрӯз зери зиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташабусҳои ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар маҷмуъ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст.
Дар идомаи ҳамоиш олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар маърузаҳои хеш аз таърихи пайдоиш ва рушду пешрафти шаҳри Душанбе дар замони муосир сухан гуфтанд.