Skip to main content
Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатии кишвар буда, ҳамасола санаи 9-уми сентябр таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо рамзи истиқлолияти ҳуқуқӣ ва сиёсии кишвар аст, балки ёдоварӣ аз роҳи тӯлонӣ ва душвори мардуми тоҷик ба сӯи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Дар таърихи мардуми тоҷик, ки саршор аз рӯйдодҳо, мубориза барои истиқлолият ва ҳифзи ҳуввияти фарҳангӣ аст, дар тӯли садсолаҳо сарфи назар аз таҳдидҳои беруна ва мушкилоти дохилӣ барои ҳифзи фарҳангу забон ва анъанаҳои худ мубориза бурдааст. Дар асри ХХ, пас аз муборизаҳои чандинсола барои ҳувияти миллӣ Тоҷикистон ба як давлати мустақил табдил ёфт. Эъломияи истиқлолият 9 сентябри соли 1991, вақте ки Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Эъломияи соҳибихтиёрии давлатиро қабул кард, ки марҳалаи муҳими роҳи истиқлолияти комил гардид. Ин рӯз рамзи озодӣ ва истиқлолияти миллӣ ва оғози марҳалаи нави таърихи кишвар гардид.

Эълони истиқлолият бо равандҳои печидаи дохилӣ, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997, ки ба рушди кишвар таъсири назаррас расонд, ҳамроҳ буд. Мардуми тоҷик бо вуҷуди душвориҳо тавонист давлатдории худро ҳифз намуда, роҳи субот ва рушдро идома диҳад. Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар мамлакат рушди васеъи инфраструктура ба амал омад, ба мисоли роҳу купрукҳо, неругоҳҳои барқии обӣ ва объектҳои иҷтимоӣ сохта шуданд. Дар натиҷа иктисодиёти кишвар сарфи назар аз душвориҳои дохилӣ ва берунӣ тадриҷан ба таври назаррас инкишоф ёфта истодааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон системаи маориф хеле беҳтар гардида, мактабҳо, донишкадаҳои олӣ ва марказҳои нави илмӣ бунёд гардиданд, ки ин ба инкишофи сармояи зеҳнӣ ва тадқиқотҳои илмӣ мусоидат мекунад. Инчунин системаи тандурустӣ такмил ёфта, беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ сохта шуданд, ки дар натиҷа дараҷаи хизматрсонии тиббӣ ба аҳолии кишвар афзуд. Дар кишвар анъанаҳои миллӣ, забон ва фарҳанги миллӣ фаъолона дастгирӣ ва инкишоф меёбанд. Барои ҳифз ва оммавӣ гардонидани осори тоҷикон шароит фароҳам оварда шудааст. Тоҷикистон ба узвияти фаъоли созмонҳои байналмилалӣ табдил ёфта, равобити дипломатиро таҳким бахшида, лоиҳаҳои муштаракро барои рушди минтақа амалӣ менамояд.

Дар кишвар барномаҳои беҳтар намудани шароити зиндагӣ, мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд. Ин дастовардҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Тоҷикистон сарфи назар аз душвориҳои дохила ва беруна бо боварии комил ба сӯи субот ва шукуфоӣ ҳаракат карда истодааст.

Ҷашни истиқлоли кишвар ин як чорабинии муҳимест, ки одамони синну соли гуногун, миллат ва мазҳаби гуногунро муттаҳид месозад. Дар ин рӯз барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ чорабиниҳои идона, фарҳангӣ, варзишӣ ва сайру гашт доир мегарданд. Барои ҷавонон ин ҷашн имкони беҳтар дарк кардани таърихи кишвари худ, дарки арзишҳои озодӣ ва истиқлолият мебошад.

Шукурзода Алишер - лаборанти калони Шуъбаи экспедитсия ва тадқиқоти саҳроии

Маркази омӯзиши прияхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон