22 апрел Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки афзоиши босуръати аҳолӣ ва зиёдшавии истеъмоли об дар ҳама бахшҳои иқтисодиёт, дар умум бо тағирёбии иқлим, ба захираҳои обӣ фишори назаррас оварда ба суботи энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ дар минтақа, мустақиман таъсир мерасонад.
Пешвои миллат дар баромадашон таъкид намуданд, ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам ба тамоми ҷаҳон мушкилоти ҷиддӣ расонида, ин вазъият аз тамоми кишварҳо андешидани тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд.
Бо мақсади ҳалли мушкилоти дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баамаломада, Пешвои миллат давоми қариб се даҳсолаи охир, дар самти ҳифзу истифодабарии мақсадноки захираҳои обӣ, пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим дар сатҳи глобалӣ силсилаи ташаббусҳоро пешниҳод намуда, ҳамаашон бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.
Раванди босуръати обшавии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ва афзоиши ин тамоюлро дар назар дошта, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъқид намуданд, ки ин раванд ба вайроншавии тавозуни об, ба вуҷуд омадани таҳдидҳо ба муҳити зист ва зиёд гардидани хавфи офатҳои табиии марбут ба оварда мерасонад.
Инчунин зикр гардид, ки хокборишҳои солҳои охир ба миқдори зиёд баамаломада низ, ҳам ба саломатии одамон ва ҳам ба ҳолати пиряхҳо, ки манбаи асосии оби нӯшокӣ инчунин заминҳои кишоварзӣ – манбаи асосии даромади аксари аҳолии кишварҳои минтақа, таъсири манфӣ мерасонанд.
Зиёда шудани шумораи хокборишҳоро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қайд намуда, Пешвои миллат таъкид карданд, ки онҳо на танҳо ба муҳити зист, балки инчунин ба саломатии одамон ва пиряхҳо – манбаи асосии оби нӯшокӣ ва заминҳои кишоварзӣ – манбаи асосии даромади аксари аҳолии кишварҳои минтақа, таъсири манфӣ мерасонанд. Танҳо соли гузашта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60 ҳодисаи тӯфонҳои чангу ғубор ба амал омада, давомнокии умумиашон тақрибан 7 моҳ ва давомнокии яктои онҳо, ба ҳисоби миёна, тақрибан 3,5 рузро ташкил дод. Барои муқоиса, ин зуҳуроти хатарнок, дар аввали солҳои навадуми асри гузашта, соле 2-3 маротиба ба амал меомад.
Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки айни замон қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар марҳилаи татбиқи фаъол қарор дошта, дар ин раванд соли гузашта дар ш. Душанбе конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор карда шуда, минбари муассири ҳамоҳангсозии талошҳои ҷонибҳои манфиатдор ва андешидани тадбирҳои минбаъда дар ин самт гардид.
Дар баромад инчунин аз қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани Даҳсолаи амал оид ба дастгирии илмҳои криосферӣ (2025-2034) ва дар шаҳри Душанбе,таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, таъсис дода шудани Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ, ёдрас гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромадаш таваҷҷуҳи иштирокдорони Саммитро ба масъалаҳои мусоидат ба гузариши иқлимӣ, густариши минбаъдаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ташаккули иқтисодиёти камкарбон ҷалб намуда, қайд намуданд, ки рушди гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои алтернативии энергия барои Тоҷикистон афзалияти муҳими стратегӣ дорад.
Дар баромади Пешвои миллат таъқид гардид, ки дар шароити кунунӣ, сафарбарсозии сармоягузориҳои экологӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои бозории дастгирии рушди “сабз” аҳамияти хоса дошта, дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барориши вомбаргҳои “сабз”-ро амалӣ намуда истодааст, ки қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии кишвар ба низоми ҷаҳонии маблағгузории устувори иқлимӣ мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии талошҳо дар самти коҳиши партовҳо ва ҷалби сармоягузориҳои нав, ташаккули марҳилавии бозори минтақавии карбонро ба мақсад мувофиқ шуморида, иброз доштанд, ки ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологӣ қадами муҳим дар ҳалли масъалаҳои муҳити зист мебошад. Бо дарназардошти ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии сабзкорӣ барои давраи то соли 2040 қабул шудааст.
Дар заминаи баланд бардоштани самаранокии ҳамкории минтақавии экологӣ рушди василаҳои сохтории он ва таҳияи мавқеъҳои ҳамоҳангшудаи минтақавӣ дар арсаи байналмилалӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аҳамияти таъсис дода шудани Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳоро дар шаҳри Душанбе, таъкид карда гузаштанд.
Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар шуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки дар кори Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарддад, иштирок намоянд.
Дар интиҳои Саммити мазкур Эъломияи муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, Барномаи минтақавии амал барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шуд.
22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо дигар сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокдор аз намоишгоҳи Саммит, инчунин аз павилиони ташкилнамудаи Тоҷикистон – маъруфгари саҳми кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи иқлим, боздид ба амал оварданд. Дар ин павилион ба сарони давлатҳо оид ба мушкилоти ҷаҳонии обшавии пиряхҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳдошти муҳити зист, инчунин аҳамияту афзалияти гузариш ба “иқтисодиёти сабз” ва рушди туризми экологӣ, маълумот пешниҳод карда шуд.
Маҳмад Сафаров, Алишо Шомаҳмадов кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ




