Таҳлили адабиёти илмӣ ва воқеияти имрӯза оид ба ташаккули идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити сохторёбии муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар ҷумҳурии мо ба он ишора мекунанд, ки дарки ҳувияти миллӣ аз ҷониби мардуми тоҷику тоҷикистонӣ хеле муҳиму масъалаи ҷиддӣ буда, дар таҳкими давлати соҳибистиқлоли миллӣ муҳим аст. Он танҳо дар асоси шинохти амиқу тарҳрезии идеяи миллӣ муяссар мегардад.
Идеяи миллӣ - баёнгари ҳадафу маънии зиндагӣ ва асолату рисолати ҳастии гурӯҳи қавмии мардуми кишвар дар замони ҳозира ва оянда бо назардошти гузаштаи онҳо, дар пояи таҷрибаи таърихии халқу миллати хеш ва таҷрибаи дигарон ташаккулёфта мебошад, ки ғояи бунёдии он ватандорию ватандӯстӣ - изҳори меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инчунин, меҳанпарастӣ - сипосгузорӣ ба фарҳанги аҷдодии худ буда, дар ҳар як фарди бошуури миллат баҳри ҳифзи Ватан ҳисси ватандӯстиро бедор намуда, аз онҳо худогоҳӣ, масъулиятнокӣ ва садоқатмандиро нисбат ба халқу Ватан талаб мекунад. Ҳамин тариқ, мафҳумҳои «идеяи миллӣ» ва «ҳувияти миллӣ», ки дар як пояи бунёдии ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулияти давлатдорӣ дар робита ба ҳам ба вуҷуд омадаанд, дар шароити худмуайянкунии миллатҳо ва таъсиси давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Зоҳиршавии ин мафҳумҳо дар шароити кунунии амалишавии фикру андеша ва ормонҳои миллӣ дар симои давлати соҳибистиқлоли миллӣ равшан мушоҳида мешавад, ки ин падидаҳои иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ ба ҳам дар худмуайянкунии миллатҳои дунё - чун ифодагари худшиносии миллии мардум баромад карда, дар барпо шудани истиқлолияти давлати миллӣ нақши калидӣ мебозанд.
Бояд гуфт, ки ҳувияти миллӣ - яке аз ҷузъҳои ҳувияти фард аст, ки он марбут ба эҳсоси мансубият доштани вай на фақат бар миллату фазои муайяни фарҳангию иқтисодӣ, балки бар кишвару давлати муайян низ мебошад. Ҳувият - хусусияти равонии инсон аст, ки он тасаввуроти мутамаркази шахсро оид ба мутааллиқ будани вай ба гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ нишон дода, дар баробари умумияти забонӣ, касбӣ, мазҳабию нажодӣ, сиёсию фарҳангӣ доштан, он, инчунин, ташаккули умумияти этникии худогоҳеро, ки дар фазои ягонаи иқтисодӣ майли ҳамдавлатӣ, ҳамватанӣ, якпорчагӣ ва фаъолияти иҷтимоии дастҷамъона намуданро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар азму субот доранд, зоҳир месозанд.
Ҷаҳонишавӣ ба худ хусусиятҳои муайянкунандаи асосии системаи ҷаҳонии муосирро касб карда, ба яке аз қувваҳои таъсирбахш табдил ёфтааст, ки роҳи минбаъдаи рушди сайёраи моро тарҳрезӣ мекунанд. Вай ҳузури худро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нишон дод: дар иқтисодиёт, сиёсат, соҳаи иҷтимоӣ, фарҳанг, экология, амният ва ғайра.
Ба ақидаи муҳаққиқ А.Р.Нематов “падидаҳои муосири сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, ки дар ҷаҳон ба амал меоянд, ба моҳияти дунявии давлатҳои Шарқ таҳдид мекунанд ва ба нобуд шудани рамзи миллии онҳо мусоидат мекунанд. Аз як тараф, қабули пурраи ғояҳо ва арзишҳои либералии Ғарб, ки аксари онҳо бо фарҳанг ва анъанаҳои халқҳои Шарқ мухолифат доранд, метавонад боиси вайрон шудани пояҳои давлатдории дунявӣ гардад. Аз тарафи дигар, воридот ва ҷорӣ намудани арзишҳо ва ғояҳои барои мардуми тоҷик аз Шарқ бегона, инчунин тамоюли қавӣ ба исломигароии ҷомеа мавҷуд аст. Имрӯз, мардуми тоҷик, ки дорои фарҳанги бой ва таърихи бостонӣ ҳастанд, ба ҷуз бунёди ҳаёти давлатию ҳуқуқӣ дар асоси арзишҳои фарҳангии худ, ки асос ба ҳифзи пояҳои дунявии давлатдорӣ ва ҳувияти миллии худ мегузорад, роҳи дигаре надорад”.
Бояд гуфт, ки тоҷикон дорои анъанаҳои қадима мебошанд, ки таърихи ҳазорсолаҳо доранд. Ҳифзи анъанаҳо дар ин гуна ҷомеа арзиши баландтар аз рушд ба ҳисоб меравад. Барои Тоҷикистон ғояи марказии рушди давлат дар баробари демократия, воҳидият, иҷтимоӣ ва волоияти қонун принсипи давлати дунявӣ ва ҷомеа буд, ки раванди сиёсии кишварро устувор ва пешгӯишаванда сохт.
Таҳлили рушди конститутсионии ҷомеаи Тоҷикистон ва фарҳанги сиёсии он нишон медиҳад, ки ҷомеаи мо дар раванди тағйирёбии амиқ майл ба сӯи эътидолгароӣ ва прагматизмро кардааст. Таҷрибаи мо барои ҳамсоякишварҳо, ки роҳи ҷомеаи дунявӣ ва демократиро интихоб кардаанд, як намунаи хеле муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид. Аз ин рӯ, мо бояд ба муваффақиятҳое, ки дар шароити истиқлол ба даст оварда шудаанд, баҳои баланд диҳем ва барои таҳкими дастовардҳо, арзишҳо, меъёрҳои ахлоқӣ ва сифатҳои нави шаҳрванди давлати соҳибистиқлол ҳама корҳоро кунем.
Дар тӯли таърих яке аз шаклҳои муқобилати як миллат алайҳи миллати дигар - мубориза барои заиф ва нобуд кардани ҳувияти миллии рақиб аст. Аз ин рӯ, дар давраи ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ низ ба миён меояд. Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат ташаккули фарҳанги замони истиқлолият дар заминаи фарҳанги ахлоқӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик дар руҳияи сулҳпарварӣ ва таҳаммулгароӣ асос ёфта истодааст. Дар муқобили идеяҳои таҳмилшудаи хориҷӣ, ки ҳадафашон аз сар задани низои миллӣ ва мазҳабӣ иборат аст, фарҳанги миллии мо бо ҷалби қувваҳои фарҳангии дунявӣ ба сӯи ризоият ва ваҳдати миллӣ қадам мезанад.
Донистани таърихи миллат, инчунин дарки маънои рамзии идҳои миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, дарки арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии миллии тоҷикон дар муҳити наслҳои оянда зарур аст. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳоро аз қабили “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дигар озмунҳоро ба роҳ монданд, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, бисёр ҳам саривақти мебошад.
Ин дар замони муосир, вақте ки дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги анъанавии моддӣ ва маънавии аз ниёгон меросмонда ба таъсири доимии беруна дучор мешавад, махсусан муҳим ҳисобида мешавад. Мусаллам аст, ки ҷаҳонишавӣ танҳо бо сиёсат ва иқтисод маҳдуд намешавад, балки ба ҳамвор кардани арзишҳои моддӣ ва маънавии миллатҳои алоҳида равона шудааст. Маҳз ҳамин чиз омӯхтан ва ҳифз кардани урфу одатҳои ниёгонро ба миён меорад. Ҳифзи анъана имкон медиҳад, ки онро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.
Ба ақидаи мо, фишанги рушду нумӯи минбаъдаи ҳувияти миллӣ чун дигар падидаҳои хусусии иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аз рӯи қонунҳои диалектикӣ ба тавассути ангезаҳои ҷадиди пурмӯҳтаво доир мегардад. Ба ҳамин минвол, ҳувияти миллӣ, ки он шабоҳат, айнияту тафовутҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллатҳоро оиди мутааллиқ буданашон ба як фарҳанги хос муайян мекунад, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳангоми наздикшавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо маҳз ҳамон фишанги амалиёти мутақобилае, ки дар вуҷуди ҳар падида, мавҷудот ва ҳодисот маҳфуз аст, боиси ҳаракати онҳо ба сӯи мавҷудияту инкишофи ояндаашон мегардад. Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ бояд барои таъмини арзишҳо ва амнияти ҷомеа мусоидат намояд.
Албатта, ҳувияти миллӣ дар устувории пайванди наслҳо ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши калидӣ дорад. Дар ташаккули давлати дунявии тоҷик нақши ҳувияти миллӣ, ки аз асоси фаҳмишҳои аслии миллат иборат аст, таъсиргузор мебошад. Моҳияти масъала барои устувории ин ҷомеа ва таъмини амнияти миллӣ дар он ифода меёбад, ки худи он ҳамчун муҳаррики ин арзишҳо баромад менамояд.
Руйхати адабиёти истифодашуда.
1. Нематов А.Р. Духовно-культурные аспекты развития государствен но-правовой системы Таджикистана: постановка вопроса//Известия высших учебных заведений. Правоведение. 2017. № 1 (330).
2. Орифҷонова Н.Идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ//"Илм ва Ҷомеа"-№4 (17), 2019.Манбаи электронӣ:https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/ideyai -mill-va-uviyati-mill-dar-sharoiti-isti-loliyati-davlat.html
3. Петров П.А. Концепции глобализации в социальной философии// Электронный ресурс:URL:https://cyberleninka.ru/article/n/kontseptsii-globalizatsii-v-sotsialnoy-filosofii [дата обращения: 15.11.2020].
4. Хайдаров Р.Дж. Влияние процесса глобализации на трансформацию таджикского общества: дис....док.филос.наук 09.00.11/Р.Дж. Хайдаров .-Душанбе,2007.- с.244
5. Ҳайдаров Р.Ҷ. Тоҷикистон дар масири таҳкими истиқлоли давлатӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ-сиёсӣ. Монография. -Душанбе: “Шоҳин С ”, 2020. -76 с.
6. Ятимов С.С.Равоншиносӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Дар доираи шуури муқаррарӣ) Ҷавонони Тоҷикистон, 05 Май 2016.
Қодирова З.Б. – ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ