Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
(Ҳабиб Юсуфӣ)
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунттазам таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, баҳри ҳифзи Ватани аҷдодиямон, ҳимоя ва таҳкими дастовардҳо дар даврони истиқлолият, пойдору мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирӣнамудан аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо, гурӯҳҳои мақсади террористию-эктримистӣ дошта ва мубориза бар зидди онҳо, ки вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳар як родмардӣ Ватан ба ҳисоб рафта, аз шартҳои асосии таъмини оромию осоиштагии давлат ва ҷомеа маҳсуб дониста мешаванд, устуворона қадам ниҳода истодааст.
Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳеҷ меросе аз собиқ Итиҳоди Шӯравӣ нагирифтааст, ягона артиши Осиёи Марказист, ки аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар муддати кӯтоҳ гузашта, ғолибиятро ба даст овардааст. Дар авҷи ҷанги дохилӣ соли 1993 шурӯъ намудани фаъолияти Артиши Миллӣ баҳри амниятӣВатан, натиҷае аз фидокории родмардони ҷонфидо, дарак медиҳад.
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1997 пайваста дар тамринҳои ҷангии минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, баҳри ҳифзи Ватан алайҳи душман ва дигар зуҳуроти номатлуби терроризми байналмилалии дохилию марзӣ дошта, саҳми беандозае гузошта истодаанд. Дар назди ҳар як ҷавонмарди боору бономус, ки дӯстори ватананд, адои хизмати Ватан ва содиқ будан ба он ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат аст ҳам қарз асту, ҳам фарз.
Модар-Ватан! Ин ду калима, ки ҳарду аз панҷ ҳарфи иборатанд, дар мазмуну мундариҷа он қадар маънӣ, шукӯҳу шаҳомат доранд, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида шуданду ва боз шеъру таронаҳо сароида хоҳанд шуд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас мебошанд, ки барои ҳифзашон фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Тифл баробари ба олами ҳастӣ омадану чашм кушодан аз бӯи онҳо машом муаттар карда, бо ҷону дил дӯсташон медорад ва дар оғӯши Ватан хору зор нашуда зиста ба воя мерасад. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шерали ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:
Ватан cap мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан, зодгоҳ, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Беҳӯда нагуфтаанд, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модарӣ мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари дар асл, моро ба дунё оварда бошад, Ватан дар навбати худ, моро навозишкорона дар оғуши гарми худ гузошта, барои идомаи зиндагии рангин роҳнамо гаштааст. Халқи тоҷик миллатест, ки ҷоннисорӣ марзу буми хеш буда, барои дар амон мондани Ватан худро қурбон мекунанд. Таърих гувоҳ аст! Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеь далели гуфтаҳои болост.
Имрӯз, ки Артиши милли Тоҷикистони азизамон ба синни 32-солагӣ қадам мемонад, ҳамаи муҳофизони Ватани азизамон, родмардон, падарон ва фарзандони фарзонаи миллатро бо ин иди бузург табрик менамоям.
Азизуллозода Майсара Нурулло - ходими илмии Шуъбаи таърихи илм ва техникаи ИТБМ ба номи А.Дониши АМИТ
Маросими сарфарозгардонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин - ордени “Дӯстӣ”
05.07.2024, шаҳри Душанбе
5 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин - ордени “Дӯстӣ” баргузор гардид.
Мутобиқи “Қонуни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии давлатӣ” барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонда шуданд.
Мукофоти олиро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин тақдим намуданд.
Муҳтарам Си Ҷинпин нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои накуи ду кишвари дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ боризу барҷаста номида, таъкид доштанд, ки ба ин хотир бори аввал дар таърихи давлатдории Чин ин мукофоти олии давлатӣ - Ордени “Дӯстӣ”- Ҷумҳурии Мардумии Чин берун аз кишвар тақдим карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадрдонии хизматҳо ва сарфароз гардонидан бо мукофоти олӣ ба Роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофотро, қабл аз ҳама, подоши саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки равобити давлатҳо дар сатҳи баланди ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтирому дастгирии байниҳамдигарӣ қарор доранд ва Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати пешбурди пайгиронаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Чин мутобиқ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар минбаъд низ талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.
БОЗДИДИ ДАБИРИ КУЛИ СММ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ БОСТОНШИНОСИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
05 июли соли равон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда, ҳамзамон аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, ки дар заминаи Инстититути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш фаъолият менамояд бозид намуданд.
Дар ин бозид Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддин Исматулло ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмони олиқадрро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо хушнудӣ истиқбол намуда, аз ташрифи нахустини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Ҳайати меҳмонони олиқадрро директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Пулотов Абдураҳмон роҳнамоӣ намуда, дар мавриди замони ташкилшавии Осорхона ва ҳифзу гиромидошт нигоҳ доштани таъриху тамадун ва мероси ниёгони халқи тоҷик ёдовар гардид.
Сипас Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар китоби ёдоштҳои Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон соядаст гузоштанд.
ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ – ОММАВӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ АСТЕРОИДҲО» ДАР ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
Рӯзи астероидҳо, ки 30 июн таҷлил мешавад, бо ҳадафи баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи хатари эҳтимолии бархурди астероидҳо ба Замин ва зарурати таҳияи стратегияҳо барои ошкор ва пешгирии онҳо таъсис дода шудааст. Ин сана барои таҷлили ҳодисаи Тунгуск, вақте ки дар 30 июни соли 1908 дар Сибир таркиши пурқуввате рух дод, баргузида шудааст, ки гумон меравад онро астероид ё комета ба вуҷуд овардааст. Дар ин рӯз таваҷҷӯҳ ба аҳамияти тадқиқоти астрономӣ ва технология барои ҳифзи сайёраи мо ҷалб карда мешавад.
Рӯзи астероид дар соли 2015 аз ҷониби астрофизик Брайан Мэй, кайҳонавард Расти Швайкарт, коргардон Григорий Рихтерс ва Даника Реми таъсис дода шудааст. Он дар соли 2016 аз ҷониби СММ расман эътироф шудааст.
Ҳадафҳои асосии Рӯзи астероидҳо:
1. Баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи хатари эҳтимолии астероидҳо.
2. Ҳавасманд кардани тадқиқот ва технологияи кашф ва пайгирии астероидҳо.
3. Дастгирӣ ва таҳияи барномаҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии бархӯрди эҳтимолии астероидҳо бо Замин.
4. Омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати мардум дар бораи астероидҳо ва чӣ гуна мо метавонем сайёраи худро ҳифз кунем.
Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла лексияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ, ки ба ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилот ва муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд, баргузор мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки санаи 4 июли соли равон бахшида ба «РӮЗИ АСТЕРОИДҲО» дар Институти астрофизикаи АМИТ чорабинии илмӣ – оммавӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони илмӣ бо маърӯзаҳои худ фаъолона иштирок намуданд. Рафти чорабинӣ аз ҷониби телевизиони «ИЛМ ВА ТАБИАТ» расонавӣ карда шуд.
04 июли соли равон дар Институти зоология ва паразитологияи АМИТ Шурои илми баргузор гардида дар баробари баррасии фаолияти илми ва ташкилии шуъбахо хамчунин дигар масъалахо - омода намудани кадрхои чавон, васеъ намудани доираи фаолияти илмии Институт, интизоми меҳнат ва ғ. мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамчунин директори Институт Қадамзода Д.С. оид ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва хамзамон то 40% баланд гардидани музди маоши кормандони сохаи илм маъруза намуда, иброз доштанд, ки ин моро водор месозад то самимона ва содиқона дар рушди илм хидмат намоем.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Июль 3, 2024
3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
01 июли соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо президенти Академияи туркӣ Шоҳин Мустафоев мулоқот доир намуд.
Дар оғози мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба маркази илми ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфта, зимнан доир ба рушди дурнамои ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Туркия ибрози андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳама ҳолат барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак омода хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Академияи туркӣ як созмони байналмилалӣ буда, таҳти сарпарастии Созмони давлатҳои туркӣ таъсис ёфтааст. Умуман, академия ҳамкориҳои илмию таълимӣ байни кишварҳои туркӣ ва ҷомеаҳои туркиро ташвиқ ва пеш мебарад.
Инчунин тибқи ваколатҳои оинномавии худ, зарурати ҳамкорӣ дар бахшҳои туркшиносӣ, аз ҷумла таърих, археология, этнология, антропология, адабиёт, забоншиносӣ, истеҳсолот, санъат ва масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодиро баррасӣ мекунанд. Ҳадафи Академияи туркӣ мусоидат ва ҳамгироии ҷаҳони турк ба илму маориф мебошад.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон 30.06.2024
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз дар кишвари азизи мо яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва бузурги миллӣ – Тиргон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Дар сарчашмаҳои муътабари таърихӣ ва осори илмиву адабии гузаштагони мо омадааст, ки ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардидааст.
Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад.
Яъне ба қавли мардуми тоҷик давраи долу зарби кори кишоварзӣ фаро мерасад.
Ба ин маънӣ Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.
Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад ва онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн ба муддати нӯҳ рӯз таҷлил карда мешуд.
Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмиву фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ мо кӯшиш кардем, ки дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодии худро эҳё намоем, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд.
Тибқи суннатҳои Тиргон айёми ҷашнгирии он мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, либоси тозаи сафед мепӯшиданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд, дар бозорҳо беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд ва аз маҳсули заҳмати хеш меболиданду сарҷамъона ва хурду бузург хурсандӣ мекарданд.
Аз ин бармеояд, ки талошу кӯшиш барои истифода аз неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин ба хотири пурбаракат гардонидани дастархони ҳар як хонадон дар сиришти мардуми мо ҳанӯз аз замонҳои қадим ҷой гирифтааст.
Имрӯз кишоварзони тоҷик ва умуман, ҳамаи онҳоеро, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, зарур аст, ки бо истифода аз ойину анъанаҳои неки ниёгонамон, аз ҷумла суннатҳои ҷашни Тиргон ҳарчи бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд, ба масъалаҳои таъмин намудани бозори истеъмолӣ, захираи маводи зарурӣ дар ҳар як оила ва содироти маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар заминҳои обӣ, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ кишти такрорӣ вусъат дода, рӯёнидани се – чор ҳосил ва коркарди маҳсулот таъмин карда шавад.
Баҳору тобистони соли ҷорӣ барои корҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани ҳосили фаровон нисбатан мусоид омад, ки онро ҳамватанони азизи мо имрӯзҳо аз фаровониву арзонии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо дида истодаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамчунин, аз вазъи ноорому печидаи ҷаҳон, хусусан, дар масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, мунтазам боло рафтани нархи маҳсулот ва мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон хуб огоҳанд.
Дар чунин шароит мо бояд, пеш аз ҳама, шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва обу хоки ин Ватани муқаддасро ба ҷо оварем, сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона заҳмат кашем, фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллиамонро, ки барои мо арзишҳои зиндагисозу ҳувиятсоз мебошанд, ҳифз кунем.
Бо умеди пешрафту ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони маҳбубамон ҳамаи мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Тиргон, ки ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ аз наслҳои гузаштаи мо то ба имрӯз боқӣ мондааст, бори дигар самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадони кишвар саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод, дастархони пурфайзу баракат ва фаровонӣ орзу менамоям.
Ҷашни бостонии Тиргон мубораку фархунда бошад, ҳамватанони азиз!
http://www.president.tj/node/33674
