Skip to main content
Таърихи инсоният исбот менамояд, ки занони бо иродаву дурандеш, хирадманду закӣ, донишманду боистеъдод бо ҳидояту пайкори хеш метавонистанд зиндагии худу атрофиёнашонро мунаввар карда, ҳамзамон онҳо маҳз ақлу заковат, иродаву фазилат ва маърифату фарҳанги оиладорӣ, сутуни давлат ва пойдевори зиндаги ҳар хонадонро побарҷо месозанд. Дар ҷомеае, ки зан мақоми созанда ва зиндагии шоиставу солим дошта бошад, он кишвар дар рушду тараққист.

Дар ҳақиқат зан оинаи оила ва давлат аст. Қалби пурэҳсоси зан саршори меҳру вафост. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозои онро дорад, ки аз даричаи набзи қалбҳо ба ҳама гирумони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эмори ҷомеа нақши созандае дорад. Худшиносии миллӣ, маърифати баланд, меҳнатдустӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодфикри калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо мебошад.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсон бунёди оила мебошад. Оила падидаест, ки шахс дар муҳити он худро аз ниёзҳои инсонӣ бениёз мегардонад. Яъне ҳар инсон дар муҳити оила анъанаҳои табии ба вуҷуд овардани наслро идома дода, ба воситаи оила ба ҷомеа мепайвандад ва шахсияту ҳувият касб мекунад.

Оила маҳсули ҷомеа ва тамаддуни башар аст, навъ, шакл ва моҳияти онро сохти сиёсию иҷтимоии ҷомеа, ки оила рукни таркибии онро ташкил медиҳад, муайян месозад. Дар навбати худ оила низ ба ҳаёти ҷомеа ба воситаи тавлиду тарбияи кудакон ташкили маишати оила, таъмини хонавода, нуфуз доштан дар такомули ҷисмонӣ, равонӣ ва ахлоқию маънавии аъзои оила таъсир мерасонад.

Оила макони муқаддасест, ки кӯдак дар он ба воя расида, асоси пойдории давлат маҳсуб меёбад. Одоб, ахлоқ ва муоширати иҷтимоӣ низ аз ин ҷо сарчашма гирифта инкишоф меёбад. Ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила сарчашма мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар тарбия ва ба воя расонидани наслҳо маҳсуб меёбад. Вазъи ияҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Худи таҳкиму таъмини саодату хушбахтии оила як шеваи бархӯрди инсонгароёна ва яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ мебошад.

Боиси хушнудист, ки масъалаи соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар он мебошад, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо маърифатии занон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Зани маърифатнок метавонад ба заковату ҳушмандӣ, на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбия намояд. Занон тақрибан дар ҷомеаи Тоҷикистон беш аз 50 фоизи аҳолиро ташкил намуда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир доранд. Зан дар оила ҳамеша нақши муҳимро дошта, иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Бо таъсири зани соҳибмаълумоту соҳибмаърифат, фарзандонашон ҳам бомаърифат ва китобхон мешаванд. Хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ ба манфиати ҷомеа арзёбӣ мешавад. Вобаста ба ин фармон барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, пайи амал қарор гирифтаанд.

Ҳадаф аз татбиқи барномаҳо натанҳо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррас кардани фаъолияти занон мебошад. Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ силсилатадбирҳо амалӣ карда мешавад. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат муҳимарзёбӣ карданд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» боз ҳам фаъол бошанд. Инчунин қайд карда шуд, ки «Ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳароила сарчашма мегирад ва иқтисоди муназзами кишвар ба сарфаю сариштакории буҷети ҳар як оила вобаста аст.

Масъалаи маърифатнокии занон дар миёни аксар халқияту миллатҳои ҷаҳон аз масоили ҳалталабу мавриди таваҷҷуҳ ба шумор рафта, боиси нигаронии аҳли илму адаб низ гаштааст.

Воқеан, дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон, аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Маърифати занба фарзандонаш таъсири амиқи мусбӣ мерасонад. Занҳо на танҳо тарбиятгари башар, балки поягузори ҳаёти маданӣ низ ба шумор мераванд. Ҷаҳду талошҳои сарвари давлат ҳам дар роҳи ҳарчи бештар ҷалб намудани занон ба мақомоти роҳбарикунандаи ҳокимияти давлатию иқтисодӣ ба он хотир аст, ки бештар аз 50 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил менамоянд. Аз раванди созандагӣ берун мондани ин миқдор аҳолии қобили меҳнат барои ҳар кадом давлат мушкилиҳои зиёдеро ба бор меорад. Ин аст, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолонаи занон зиёд ба мушоҳида мерасад. Даврони соҳибистиқлоли дар назди ҷавонон, аз ҷумла занон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт.

Хулоса, зан ҷавҳари ҳастӣ ва ободию осудагии ҳар як манзил аст. Мебояд занонро дар руҳияи худшиносӣ, маърифати баланди меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ, дурандешу қавиирода, бо илму донишҳои замони муосир, бо тафаккури илмӣ тарбият кард, ки созанда ва тарбиятгари наслҳои нав гардида, барои наслҳои оянда самараҳои нек ба бор оранд.

Давлатмуродзода Балхия - ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ