Skip to main content

Имрӯз, 16 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳифзи гуногунии биологӣ ва экосистема дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштирок президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Душанбе ва олимону муҳаққиқон баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон дар таъмини оби кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд. Бояд гуфт, ки дарёи калонтарин дар Осиёи Марказӣ Амударё аз дарёҳои кӯҳии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва муҳимтарин манбаи оби тоза барои тамоми минтақа мебошад.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчунин кишвари кӯҳистон дорои захираҳои нодири табиӣ дар ҳифзи экосистемаҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дорад. Аз қаламрави кишвар роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта мегузарад.

Таъкид гардид, ки гуногунии биологӣ асоси ҳаёт дар сайёраи мост. Он хизматҳои зиёди экологиро аз нигоҳдории иқлим то амнияти озуқаворӣ пешкаш мекунад. Ҳифзи гуногунии биологӣ кӯшишҳои муштаракро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талаб мекунад.

Зикр гардид, ки дар ин шароит ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии федеративии Олмон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ҳамзамон итминон карда шуд, ки кори муштарак оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва хидматрасониҳои экосистема уфуқҳои навро барои тадқиқоти илмӣ ва ҳалли амалӣ, ки самаранокии ҳифзи муҳити зистро дар кишвари мо ва дар маҷмуъ дар Осиёи Марказӣ афзун мекунад, боз мекунад. Дар ҳошияи ин иқдом рӯзҳои 29-31 май дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома санаи 24- уми майро “Рӯзи байналмилалии Морхур” эълон намуд, ки яке аз ҷашнҳои умумиҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқотиҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар ин замина Олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразиталогия ва Институти биологии Помир барои омӯхтани гуногунии наботот ва ҳайвонот, ресурсҳои генетикӣ ва биологии Тоҷикистон таҳқиқотҳои комплексӣ мегузаронанд. Инчунин, олимони соҳаи биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асоси таҳлили маълумотҳои илмии чандинсолаи ҷамъовардашуда моҳи декабри соли 2024 нашри сеюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода ва нашр намуданд, ки дар он оид ба 304 намуди растанӣ маълумот мавҷуд аст.

Дар идома олимону муҳақиқиони соҳаи биологияи кишварҳои Тоҷикистон ва Олмон доир ба мавзуҳои “Мушкилоти биоиқтисод дар давраи тағйирёбии иқлим ва гум шудани гуногунии биологӣ”, “Мушкилот дар соҳаи экологияи ландшафтӣ ва банақшагирии истифодаи замин дар давраи тағирёбии иқлим ва талафоти гуногунии биологӣ”, “Ҳамкории кунунӣ ва ояндадор дар доираи мавзӯи конфронси байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия” маъруза намуданд.