Skip to main content

Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Сарварони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба ин, санаи 13 декабри соли 2024 зимни нишасти панҷумини ин иқдом дар толори Шурои олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарама Одилзода Дилбар дар мавзуи “ Душанбе- қалби Тоҷикистон ва шаҳри сулҳу дӯстӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар раванди ҷамъомад, инчунин муовини президенти АМИТ Собирзода Нуралӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба нақши шаҳри Душанбе дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти баланди миллӣ,одобу фарҳанги шаҳрдорӣ сухан гуфтанд.