Skip to main content

Имрӯз, 15 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 1045 -солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масъалаи асолати миллӣ дар фалсафаи Ибни Сино” бргузор гардид.

Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшида, оид ба муҳимияти баргузории конфронс ва доир ба нақши донишманди бузурги форсу тоҷик Ибни Сино дар илми фалсафа маъруза намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки имсол дар саросари ҷаҳон 1045 солагии ин нобиғаро таҷлил менамоянд. Мо ифтихор аз он дорем, ки Ибни Сино фарзанди бузурги халқи тоҷик аст ва тоҷик бо номи ӯ дар ҷаҳони илму фалсафа ифтихор мекунад. Ба хотири бузургдошти Шайхурраис бо ибтикори Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ, семинарҳои омӯзишӣ, конфросу симпозиумҳо баргузор гардидаистодааст. Академияи миллии илмҳо низ ҳамчун бузургтарин ниҳоди илмии Ҷумҳурӣ бахшида ба бузургдошти Ибни Сино конфронсу симпозиумҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст ва теъдоде аз онҳоро гузаронидааст.

Таъкид гардид, ки Ибни Сино дар ҳақиқат нобиғаи давру замон аст, осори гаронарзиши ӯ бо гузашти 1045 сол то ҳол на танҳо дорои аҳамияти илмианд, балки аҳамияти илмии бештареро касб кардаанд. Миллати тоҷик аз доштани чунин нобиғаҳо ифтихор мекунад, зеро ҳал миллату давлатро бо нобиғаҳояш мешиносанд ва нобиғаҳои илму фарҳанг метавонанд, ҳам номи худ ва ҳам номи миллатро дар саросари ҷаҳон баланд нигоҳ доранд. Бояд гуфт, ки Ибни Сино дастпарвари яке аз сулолаҳои бузурги миллати тоҷик Сомониён ба ҳисоб меравад. Ӯ Нӯҳ ибни Мансури Сомониро аз бемории вазнин наҷот дод дод ва бар ивази чунин амал барои истифода аз китобхонаи машҳури Сомониён иҷозат гирифт. Бо роҳи асарҳои нодири китобхонаи мазкур дониши худро доир ба ҳамаи илмҳои замонааш пурра намуд.

Гуфта шуд, ки пас аз шикасти давлати Сомониён Ибни Сино ба Хоразм равон шуд. Дар он замон дар Хоразм олимони зиёде ҷамъ омада буданд ва барои фаъолияти илмию эҷодии олим муосидат менамуд. Аммо дере нагузашта ҳолати сиёсии Хоразм низ ноором шуд. Аз ҳамин сабаб Ибни Сино роҳи Гургонро пеш гирифт. Ӯ дар ин ҷо ба навиштани асарҳои илмӣ, аз ҷумла, ҷилди якуми «Ал-Қонун фи-т-тиб» оғоз намуд. Азбаски ҳокими нави Гургон ба Султонмаҳмуд таваҷҷуҳи зиёд дошт, Ибни Сино маҷбур шуд ба Рай равад. Пас аз чанд муддат Султонмаҳмуд Райро низ забт кард ва ӯ аз таъқибот гурезон шуда, ба Ҳамадон омад. Поёни умри ин олими забардаст пурра дар мусофират ва зери таъқиботи амирон ҷараён гирифт. Абуалӣ ибни Сино соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон аз олам чашм пӯшид.

Дар идома Масрур Абдуллозода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Холиқзода Абдураҳим Ғафор - директори "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар олимон дар маърузаҳои хеш нақши олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Синоро дар илмҳои фалсафа ва тиб муҳим арзёбӣ намуданд.