Масъалаи омӯзиши инсон, яке аз масъалаҳое мебошад, ки аз қадимулайём мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Барои омӯзиши ин масъала дар таърихи башарият ҷараёну таълимот ва мактабҳои зиёде рӯйи кор омадаанд, то ки муаммои ҳастии инсон, ҷанбаҳои психологӣ, физиологӣ, анатомӣ, биологӣ, равонӣ ва хирадии онро муайян кунанд. Вале ҳеҷ кадоме аз илмҳо дар алоҳидагӣ ба ҳалли ин масъалаҳо расида наметавонанд, ба ҷуз антропология. Антропология (аз юнонӣ “anthropos” – одам ва “ logos” – илм) яке аз илмҳои фалсафӣ буда, дар бораи табиат ва моҳияти инсон баҳс мекунад.
Арасту антропологияро ҳамчун таълимот дар бораи табиати ҷисмонӣ ва равонии инсон номида буд. Табиати инсон аз ҷанбаъҳои гуногун иборат аст, ки онҳоро бахши ҳастӣ ва маърифатӣ меноманд. Гурӯҳе аз фаласуфон, аз он ҷумла, файласуфи асри XX Макс Шелер табиат ва моҳияти инсонро дар асари худ “Мавқеи инсон дар кайҳон” мавриди таҳқиқ қарор дода буд. Аввалин бор мафҳуми “антропология” – ро Магнус Хундт дар асари худ “Антропология о достоинстве, природе и свойствах человека и об элементах, частях, членах человеческого тела” соли 1533 дар Лейпсиг истифода бурдааст.
Муҳаммадали Музаффарӣ яке аз шахсиятҳои барҷаставу намоён дар соҳи антропология буда, дар тӯли фаъолияти илмии хеш, сар карда аз қарни гузашта то ба имрӯз, кушиш намудаанд, ки мавқеи антропологияро дар байни илмҳо муайян намоянд.
Дар таърихи ташаккулёбии антропология баъзе аз пажӯҳишгарон ин илмро ба биология ва баъзе ба илмҳои гуманитарӣ мансуб медонистанд. Дар фалсафаи классикии олмон антропология аз тарафи И. Кант ва В. Гегел шарҳи муфассал дода шудааст. Дар фалсафаи марксистӣ антропология ҳамчун илми биологӣ ҳисобида мешуд ва аз ин сабаб вайро бе се қисм тақсим намудаанд: самти антропогенез, морфология ва нажодшиносӣ. Дар адабиёти гуманитарӣ антропология бо самтҳои гуногун, аз он ҷумла, антропологияи таърихӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра тақсимбандӣ шудааст. Ин самтҳо, дар шакли китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ руйи кор омада, пешкаши хонанда гардидаанд.
Муҳаммадали Музаффарӣ мавҷудияти ин самтҳоро аз нуқтаи назари мантиқӣ ғайри қобили қабул мешуморанд ва чунин ақида доранд, ки агар аз ин самтҳои илмӣ, масалан “антропологияи фарҳангӣ” калимаи антропология барошта шавад, ҳеҷ дигаргуние дар мазмун ба миён намеояд ва масъалаҳои вобаста ба фарҳанг боқӣ мемонанд.
Мавҷуд набудани антропологияи тому яклухт дар маънои васеъаш, Устодро ба он водор мекунад, ки ҷойгоҳи ин илмро мавриди мушоҳидаву таҳлил ва таҳқиқу баррасии ҳамаҷониба қарор диҳанд, чунки антропология асосан фарогири паҳлӯҳои гуногуни табиат ва моҳияти инсон аст. Маҳз бо ҳамин сабаб М.Музаффарӣ рисолаи доктории хешро “Антропология, предмет, масъалаҳо ва мавқеи он дар системаи илмҳои фалсафӣ” (Маскав – 1999) номгузорӣ намуда, объекту предмет, мафҳуму категория, сохтору вазифа ва ҷанбаҳои назариявию амалии антропологияро муайян намудаанд. Антропологиро ба се қисм тақсим намудаанд, ки якеро ҷанбаи таърих ва методология, дигареро ҷанбаи назариявӣ ва сеюмро ҷанбаи амалӣ ташкил медиҳад.
Ҷанбаи таърих дар таҳқиқоти Устод масъалаҳои пайдоиш ва ташаккули антропологияро аз замонҳои қадим, яъне аз фалсафаи Ведҳо то асри XX – ро ташкил дода, ҷанбаи методологӣ бошад, чи тавре ки зикр кардем масъалаҳои мафҳум, объект, предмет ва сохтори антропологияро дар бар мегирад. Қисми назариявӣ аз самтҳои нисбатан мустақили илмӣ иборат аст, ки ба ӯ чунин илмҳо шомиланд: антропогенез, ҷанбаи хирадии инсон, психология, биохимия, физиология, анатомия, соматология, морфология, ахлоқ, зебоишиносӣ, аксеология, характерология, гносеология ва онтология ва ғ. Қисми амалии антропологияро ҷанбаи методии таҳқиқоти хислат ва сотериология ташкил медиҳанд. Қисми хотимавии таҳқиқотро масоили танатологӣ дар бар мегирад.
Дар таърихи илми башар на ҳар як муҳақиқ барои муайян намудани ҷойгоҳи илме кӯшидааст ва бузургии Устод низ дар ҳамин аст, ки барои исбот намудани нуқтаи назари хеш ва муайян намудани мақоми Антропология дар байни илмҳо “Таснифоти илмҳо” – ро пешниҳод кардаанд.
Хусусияти фарқкунандаи таснифоти Устод Музаффарӣ аз он иборат аст, ки он ҳам дар шакли горизонталӣ (уфуқӣ) ва ҳам дар шакли вертикалӣ (амудӣ) ҷойгир карда шудааст. Табақабандии илмҳо дар таснифоти Устод аз Фалсафа оғоз гардида, дарбаргирандаи ду ҷанбаи ҷудонашавандаи ин илм, яъне онтология, гносеология ва таърихи онҳо мебошад, ки ҳама илмҳои дигар аз инҳо сарчашма мегиранд. Онтология ва гносеология ҳамчун илм дорои объект ва предмети худ мебошанд. Объекти омӯзиши онтология ҳастӣ буда, предмети омӯзишаш шаклҳои ҳастӣ мебошад. Ҳастӣ дорои чор шакли асосӣ буда, аз ҳастии мутлақ, кайҳон, инсон ва ҷамъият иборат аст. Илме, ки ба омӯзиши ҳастии мутлақ сару кор дорад, метафизика ва аз метафизика донишҳои метафизикӣ ба вуҷуд меоянд. Илме, ки кайҳонро меомӯзад Космология (кайҳоншиносӣ) ном дошта, аз космология, илмҳои космологӣ ва аз илмҳои космологӣ, илмҳои физикӣ ба вуҷуд меоянд. Ба илмҳои физикӣ дохил мешаванд физика, математика, техника, технология, геология, география, биология, ва ғайраҳо, ки боз онҳо дорои шохаҳои ба худ хос мебошанд. Илме, ки масъалаи омӯзиши инсонро ба ӯҳда дорад, антропология буда, дорои 49 самти илмӣ мебошад, ки ба омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни табиати инсон сару кор доранд, ки 24-тои онҳо илмҳои тиббӣ мебошанд. Шакли дигари ҳастӣ ҷамъият буда, ба омӯзиши ин масъала сотсиология сару кор дорад, ки он дарбаргирандаи илмҳои ҷамъиятӣ, аз қабили фарҳангшиносӣ, филология, иқтисодиёт, таърих, ва ғайраҳо мебошад. Дар таснифоти Устод М.Музаффарӣ илмҳои марбут ба ҳастишиносӣ ба таври пурра ва мантиқӣ ҷой дода шудаанд.
Чӣ тавре, ки қайд кардем ҷанбаи дигари таснифотро гносеология ва илмҳои гносеологӣ дар бар мегиранд. Гносеология илм дар бораи маърифат буда, объекти омӯзишаш дониш ва предмети омӯзишаш шаклҳои донишро дар бар мегирад. Дониш ё маърифат аз шаклҳои зерин иборат аст: ҳиссӣ, ратсионалӣ (ақлӣ), интуитивӣ (ҳадсӣ) ва матнӣ.Илме, ки омӯзиши маърифати ҳиссиро бар зиммаи худ дорад, психология мебошад. Ба омӯзиши маърифати ратсионалӣ (ақлӣ) илми мантиқ ва илмҳои ёридаҳандаи он диалектика ва риторика сару кор доранд. Барои ба даст овардани дониши интуитивӣ (ҳадсӣ) аз медитатсия ё таҷрибаи амалии медитативӣ истифода мебаранд. Барои маърифати матнӣ бошад, сарчашмаҳои хаттӣ истифода шуда, ба омӯзиши он матншиносӣ сару кор дошта, бо илмҳои нисбатан мустақил этимология, семасиология ва герменевтика алоқамандӣ дорад.
Муҳаммадиева Сайҳуна - корманди Маркази антропологияи АМИT
