Skip to main content

Имрӯз, 1 декабр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари Барномаи минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен ва бо ҳамоҳангсози лоиҳаҳо оид ба Осиёи Марказӣ Ашраф Алиқулов мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи раванди таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар доираи Барномаи минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳияи механизмҳои муассири ҳамоҳангсозӣ миёни муассисаҳои илмии кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро таъкид намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои илмӣ ва истифодаи қобилият ва донишҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори минтақавӣ мебошад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст дар самтҳои афзалиятноки илмӣ — аз ҷумла илмҳои табиӣ, энергетика, экология, технологияҳои иттилоотӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлим — ҳамкориҳои худро тақвият бахшад. Қайд гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба баланд бардоштани иқтидори илмӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва рушди инфрасохтори илмии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар идомаи мулоқот Андре Алгермиссен роҳбари барномаи минтақавӣ, аз ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки Барномаи минтақавӣ омода аст дар доираи салоҳиятҳои худ аз ташаббусҳои нави илмӣ-инноватсионӣ, ташкили барномаҳои омӯзишӣ, рушди иқтидори кадрӣ ва вусъати шабакаҳои илмии минтақавӣ дастгирии ҳамаҷониба намояд. Зикр гардид, ки робитаҳои пурсамари илмӣ метавонад ба таҳкими суботу амнияти минтақа ва такмили механизмҳои идоракунии захираҳои табиӣ таъсири мусбат расонад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳамияти рушди дипломатияи илмиро таъкид намуда, омодагии худро барои таҳияи нақшаҳои мушаххаси ҳамкорӣ, баргузории конфронсҳо ва семинарҳои муштарак, ва густариши робитаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ изҳор карданд.