Skip to main content

Имрӯз, 17 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо шарикони рушд аз Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин ноиби президенти Донишгоҳи нақлиёти Сиан Бие Чаохун, ноиби иҷроияи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ Шао Цзинью, директори Маркази байналмилалии интиқоли технологияҳои нав Ван Вэнь, муовини директори дафтари байналмилалӣ Мэн Сянли, мушовири перезидент ва сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба амалӣ намудани нақшаҳои таҳрезишуда оид ба сохтмони биноҳои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ ва хобгоҳро барои татбиқи барномаи муштараки омода кардани кадрҳои илмӣ (магистратура ва доктор PhD) баррасӣ намуданд.

Инчунин, дар рафти мулоқот масъалаҳои вусъат додани ҳамкориҳо дар самти лоиҳаҳои илмии байнидавлатӣ ва татбиқи муштараки онҳо бо иштироки олимону муҳаққиқони Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар робита ба ин намояндагони донишгоҳ омодагии ҳамаҷонибаи худро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт изҳор намуданд. Дар ҳошияи сафар дар асоси созишномаи Академияи миллии илмҳо бо Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Маркази байналмилалии интиқоли технологияҳои нави Сиан - Тоҷикистон кушода шуд.

Ҳамзамон намояндагони Донишгоҳ аз мавзеи интихобгардида барои сохтмони Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ ва хобгоҳ дидан намуда, ба корҳои сохтмонии иншоотҳои мазкур оғоз бахшиданд.