Skip to main content

Тавре иттилоъ дорем дар таърихи 15.04.2025 соати 23:14:03.0 бо вақти ҷаҳонӣ ва 16.04.2025 соати 04:14:03.0 бо вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ ба амал омад, ки мутобиқи додаҳои пойгоҳҳои сейсмикии Роғун ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон (координат 36.56 N 70.17 E) бо магнитудаи 6,0 дар жарфи 102 км рух дод.

Пас аз ба вуқӯъ пайвастани зилзила дар водии Рашт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди махсус барои бартараф намудани оқибатҳои заминларза таъсис дода шуд. Дар заминаи ин бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ҳайати комиссияи мазкур роҳбарияти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ворид гардид, ки дар доираи ин масъулин ба минтақаи Рашт сафарбар гардида, аз мавзеи бавуқӯъ пайвастаи заминлараза дидан намуданд.

Имрӯз, 19 апрел дар доираи ин зимни машварати корӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ҳайати олимону кормандон масъалаи оқибатҳои заминларза дар водии Раштро натиҷагирӣ намуданд. Дар оғоз директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носир Сафарализода доир ба вақт ва макони ба вуқӯъ пайвастаи заминларза ва оқибатҳои ногувори он ҳисоботи муфассал ироа намуд.

Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доир ба беҳтар намудани фаъолияти пойгоҳҳои сейсмологӣ ва саривақт додани маълумот доир ба заминларза ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.