Skip to main content

Ҷашни Наврӯзи Аҷам аз комилтарину машҳуртарин ҷашнҳо аст, ки дар байни мардумони олам аз қаъри асрҳо то кунун эътибору манзалати худро ҳифз кардааст, зеро Наврӯз аз рӯзи аввали ҷашнвора эълон гаштанаш ба худ хусусияти фаромилливу фароқавмӣ касб намуда, аз марзҳои фарҳанги ҷаҳонӣ дар қаламрави инсонӣ гаштааст.

Наврӯз дар баробари устураҳо ва муққадасоти мазҳабӣ, ки дар масири таърих ба он илова шуданд, монанди дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон бо падидоҳои табиӣ дар пайванди мустақим ва ногусастанӣ қарор дорад. Аз ин рӯ Наврӯзро ҷашни табиат гуфтаанд, зеро дар робитаи мустақим бо гардиши Замин бо даври Офтоб қарор дошта, рӯзи аввали моҳи Фарвардин маҳсуб меёбад ва ба қавли донишмандони пешин “расидани Офтоб бо нуқтаи аввали Ҳамал ва ибтидои баҳор аст”. Болотар аз ин ҷашни мазкур аз муқаддасоти оинӣ низ бархӯрдор аст. Мутобиқ ба эътиқодоти бостонии мардуми мо одоби ин ҷашн бар асоси ангезаи накӯдошт ва посдорӣ аз муҳити зист ва ҳамоҳангии байни кайҳон, замин ва инсон бино ёфтааст.

Аслан мафҳуми Наврӯз аз забони суғдӣ гирифта шуда, бо истилоҳи “Навсард” ё “нувсард” дар пайванд мебошад ва маънои он “Соли Нав” аст. Ин калима дар забони авастоӣ бо лафзи “Сарзе” бо маънои “Соли хуршедӣ” омадааст. Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон асли паҳлави ин калима “ нук руҷ” ва ё “нӯг рӯз” будааст, ки то имрӯз дар ҷануби кишвар аз он бо мафҳумҳои “Нуки рӯз” ёд мекунанд.

бар тахти заррин нишаста, фосилаи байни Дамованд то Бобулро дар як рӯз тай менамояд, ки он рӯз “ҳурмуздрӯз”-и фарвардинмоҳ ба шумор мерафт. Дар асоси дастури Ҷамшед ин рӯзи “Сари сол” ҷашн гирифта шуда, ба он “Наврӯз” номгузорӣ мекунанд. Ба андешаи Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯз “нахустин рӯз аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат “рӯзи нав” ном кардаанд, зеро ки пешонии Соли нав аст, он чи паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост”(ат- Тафҳуму -л-авоил санату- л- танҷим, с.253).

Умар Ибни Иброҳими Хайём низ дар “Наврӯзнома”- и хеш, ки дар кашфи ҳақиқати Наврӯз навишта шудааст, таъкид месозад, ки “сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр буд, яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқа Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд, бад – ин дақиқаи натавонад омадан.

Чи ҳар сол аз муддат ҳама кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзи аввали мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми сол ва моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯзи бомдод офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, мубадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Язди таборак дувоздаҳ фаришта офаридааст. Аз он чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ва ҳарчи андар ӯ аст, аз аҳриманон нигоҳ дорад” (Наврӯзнома, с. 19).

Ба ҳамин тариқ, аз қисмати аъзами сарчашмаҳои таърихӣ чунин бармеояд, ки поягузори ҷашни Наврӯз шоҳи Пешдодиён Ҷамшед будааст ва ин ҷашн дар дар вақти таъсиси худ ҳеҷ иртиботе ба дини Зардуштия надоштааст ва фаротар аз маҳдудиятҳои мазҳабӣ мебошад. Болотар ин аз ҷашни Навӯз дар “Авасто” ном бурда нашудааст. Яке аз зеботарин бахшҳои Готҳо дар “Авасто” готи 29 маҳсуб мегардад, ки сарчашмаи чеҳрасозӣ ва намоишноманависӣ дар ин китоб аст. Дар он муколама ва музокираи Зардушт бо Ҳурмузд сурат мегардад, ки муҳокимаҳои Суқрот дар муқоиса ба онҳо берангу беэътибор менамоянд. Баъд аз пурсиши Зардушт аз Ҳурмузд, ки “чӣ гуна буд оғози офариниш! (28:77) тамошохонае барои хонандаи Готҳо барпо мегадад ва гуфтӯгуҳои миёни Ҳурмузд ва нақшофаринони гетӣ ба гуш мерасад. Шеваи ҳунармандии Зардушт дар саволу ҷавоб як навоварӣ дар адабиёти дунё буд, ки дар таърихи афкори фалсафаи ҷаҳонӣ намунабардориҳои зиёде аз он анҷом гирифтааст.

Дар доираи ин гуфтугӯ Зардушт аз Ҳурмузд савол мекунанд: “Ин динро нахуст ба чӣ кас намудӣ!” Ҳурмузд: “Нахуст ба Гивмарт намудам, ки онро дарёфт ва бидуни фарогирӣ ва омӯхтанӣ, ба ёд супоранд”.

Зардушт: ”Чаро ин динро аз роҳи (ваҳм) ба Гивмарт намудӣ ва ба ман аз роҳи гуфтор!”

Ҳурмузд: “Зеро боиста буд ту ин динро биомӯзонӣ ва дигаронро баҳравар дорӣ, аммо Гивмарт касеро намеёфт, ки бипазирад ва бинобар ин аз сухан хомуш буд”.

Ба саволи Зардушт, ки баъд аз Гивмарт ва ё Каюмарс Ҳурмузд динро ба кӣ пешниҳод кард? Дар ҷавоб меорад, ки ба Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун, Гаршосп, Кайораш ва Кайқубод.

Зардушт: Ҷамшед ба ҷаҳон чӣ бадтар кард?

Хурмузд: “Чун дин бад-ӯ намудам, напазируфт”,

Ба қавли Ҳурмузд замоне, ки вай Ҷамшедро ба дин даъват месозад, Ҷамшед Ҳурмуздро таҳқир намуда, даъвои бемаргӣ ва номирандагӣ мекунад. Аз сабаби ин таҳқир девону одамон ӯро пора-пора месозанд.

Ба ҳамин тариқ метавон хулоса кард, ки дар асоси солшумории куҳан Фарвардинмоҳ дар ҳар сол чанд соат аз мавқеи аслии худ ақиб афтода, дар муддати 1461 сол боз ба ҳамон маҳал, ки нуқтаи эътидол мебошад, пас мегардад. Аз замоне, ки Гивмарт ва ё Каюмарс ҳисоби соли хуршедиро пайдо кард, то саду бисту якумин соли салтанати Ҷамшед ин рӯз ба охир расид ва ин фасли сол ба маҳалли нахустини худ бозгашт.

Қобил ба зикр аст, ки дар хусуси Ҷамшед ақидаҳои бисёре дар китобҳои қадимаи Ҳундуҳо ва Эрониён вуҷуд дорад ва мутобиқи онҳо падараш Таҳмурасро ном дошта, дар санскрик Ҷамшед бо номи Йама (Jаma) ва дар “Авасто” Йима (Jima) омадааст. Лақаби вай дар “Авасто” “хшеата”, яъне “дурахшон” хонда шудааст ва ба тадриҷ “йам” ба “ҷам” ва “хшеата” ба “шед” мубаддал гаштааст. Ба таври қатъӣ ва яқинан метавон гуфт, ки Ҷамшед аз подшоҳони муштараки қавмҳои ҳинду эронӣ буда, замони зиндагӣ ва қудрати вай беш аз ду ҳазор сол аз милод тахмин карда мешавад.

Мувофиқи устураи куҳан чун Аҳриман баракатро аз рӯи замн бурда, шамолро аз вазиш монд то дарахтон хушк шаванд ва наздик буд, ки олами ҳастӣ аз байн равад, Ҷамшед ба амри Ҳурмузд ба ноҳияҳои ҷанубӣ рафта, бо Аҳриман дар ҷанг қарор мегирад. Баъд аз пирӯзии Ҷамшед вазъи иҷтимоии мардум хуб шуда, кишвар ба ҳолати фаровонӣ бармегардад. Ҷамшед дар ин рӯз ба мисли офтоб тулӯъ карда, аз вай нур меборад. Мардум аз тулӯи дувуми хершед тааҷҷуб карда, бо як садо мегӯянд: “Инак, рӯзи нав”, яъне Наврӯз шуд:

Сари Соли нав, Ҳурмузд фарвардин,

Бар осуда аз ранҷ тан, дил зи кин.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар-он рӯзро “Рӯзи нав” хонданд.

Ба ҳар ҳол ҷашни Наврӯз баъд аз зуҳури оини авастоӣ илова ба решаи мифологӣ ва асотирӣ, ки ба достони Ҷамшед боз мегардад, решаҳои дигаре дар эътиқодоти мазҳабии мардум низ пайдо мекунад, ки намунаи он сипосу ситоиш ба даргоҳи Ҳурмузд мебошад.

Расму оин ва одоби баргузории ҷашни Наврӯз низ дар бисёр матнҳои кӯҳан бо ривояту далелҳои таърихнигорон хеле дилчаспу зебо баён шуда, аз расми иҷрои он метавон асолати ҳузури ин оинро дар байни гузаштагони тоҷикон дарёфт намуд.

Абӯрайҳони Берунӣ дар “Осору-л-боқия”овардааст, ки “аз одоби ҷашни Наврӯз ин буд, ки дар саҳни ҳар хона бар ҳафт сутун рақами ғалла мекоштанд ва ҳар як аз онҳо, ки мерӯид, онро далели тараққии он навъ ғалла дар Соли нав медонистанд”.

Ба ибораи дигар аҷдоди тоҷикон чанд рӯз қабл аз поёни соли кӯҳан ба хонатаконӣ ва таҳияи либоси наву сабз кардани ғаладонаҳо аз қабили гандум, ҷав, нахӯд, биринҷ, кунҷид, лӯбиё ва ғайра машғул мешуданд. Амали мазкур аз ҷониби “Авасто” низ дастур шуда буд, зеро мутобиқи он рӯҳу равони мурдагон ва фариштагон (фраваҳрҳо) дар рӯзҳои фарвардинмоҳ ба хонаҳои худ боз мегарданд. Аз ин рӯ бояд мардум хонаҳоро пок кунанд ва фаршу қолинҳои пок густурда, хӯроку хӯрданиҳои хуштамъу бомазза ва иштиҳоовар ниҳанд ва аз онҳо хуранд, то рӯҳи мурдагон аз бӯй ва нерӯи он қувват гиранд.

Мувофиқи расму одоби Наврӯз чунин буд, ки пеш аз фаро расидани Соли нав ҳамагон ба гармоба рафта, сипас равғани “бон” ба тани хеш мемолиданд ва эътиқод доштанд, ки ин равған барои хосияти дорӯӣ доштан саломатии онҳоро дар муддати як сол кафолат медиҳад.

Шаби аввали сол бояд ҳама хонаҳо бо шамъ равшан карда мешуд ва чанд соат қабл аз гусели Соли кӯҳна ва пешвози Соли нав аҳли хонавода ва дар маҷмӯъ мардум саропо либоси нав мепушиданд ва дар атрофи “суфра” ё “хонча”, ки дар даврони Сосониён бо номи “суфраи ҳафтшин” шӯҳрат дошт, ҷамъ меомаданд. Ба ҷумлаи ҳафтшин инҳо дохил мешуданд: шамъ, шароб, ширинӣ, шаҳд (асал), шамшод, шарбат ва шақоиқ. Ҳафт хӯрок, ки дар хони наврӯзӣ мениҳоданд, дар зарфҳои чинӣ, ки аз Хитой ворид мегаштанд, чида мешуданд. Ба ҳамин сабаб ба сурфаи наврӯзӣ дар баъзе ҳолатҳо “ҳафтчин” низ мегуфтанд.

Як нуктаро бояд таъкид созем, ки ҳафт шин дар даврони оини исломӣ тағйир ёфта, ранги дигар гирифт ва миқдори он ба 12 бурда шуд: китоби муқаддас, оина, шамъдон, обу моҳӣ, тухми мурғ, испанд, суманак, себ, санҷид, сабза, сир, сикка, ки маънои зерин доранд:

1. Китоби муқаддас: зардуштиён низ “Авасто”-ро ба хони наврӯзӣ мегузоштанд.

2. Оина: равшанӣ ва воситаи таҷаллии анвори Аҳуроии офтоб.

3. Шамъдон: рамзи созиш ва сӯзиш, субот ва нурбахшӣ.

4. Обу моҳӣ: рамзи баракат ва зиндагӣ. Моҳӣ рамзи Исфандмоҳ низ аст.

5. Тухми мурғ: рамзи зоиш ва борварӣ.

6. Испанд. Дар суфраи наврӯзӣ зардуштиён ба нияти саломатӣ ва дармонбахшӣ мегузоштанд.

7. Суманак: рамзи зоиш ва борварии гиёҳҳо.

8. Себ: ин мева аз сабаби он ки дар тафаккури динӣ (яҳудӣ, насронӣ) меваи биҳиштӣ аст дар анешаи эронтабориён низ қабул шуд.

9. Санҷид: рамзи ишқ ва дилбохтагӣ.

10. Сабза: рамзи шодобӣ ва сарсабзӣ ва нишонгари зиндагии башарият ва пайванди ӯ бо табиат.

11. Сир: зиндагӣ ва рамзӣ шодобӣ.

12. Сикка: рамзе аз Амошсипанди шаҳривар (нигаҳбони фулузот) аст ва ба нияти баракат ва даромади зиёд интихоб шудааст.

Мутобиқи расму оини куҳан агар ҳангоми гусели Соли кӯҳна ва пешвози Соли нав аҳли хонавода дар хонаи худаш дар атрофи сурфаи ҳафтшин набошад, то соли дигар аз хонааш овора хоҳад буд.

Дар ин лаҳзаҳои муқаддас дастархони наврӯзӣ бо дуо боз мешуд. Аломати гусели Соли кӯҳна ҷунбиши барги сабз дар рӯи об ва бо навохтани табла эълон мешуд. Падару модар ба фарзандон ва хидматгорон туҳфаҳои идонаи худро тақдим мекарданд. Аз хӯрокиҳо дар ин рӯз палавмоҳӣ, мурғпалав, риштапалав ва ё оши ришта пухта мешуд.

Дар дарбори шоҳон низ ҷашни Наврӯз ба мисли мардуми омма пешвоз гирифта мешуд. Дар ин рӯз либоси дарбориён шакли хосае дошт ва дар тамоми маросими Наврӯз бо ин либоси расмӣ зоҳир мешуданд ва ҳадяҳои гуногунро аз сар то сари мамлакатҳои тобеи худ қабул мекарданд.

Умари Хайём дар ин хусус чунин овардааст: “Оини мулуки Аҷам аз Кайхусрав то рӯзгори Яздигурди шаҳриёр охарин мулуки Аҷам буд, чунон будааст, ки рӯзи Наврӯз нахуст мубадони мубад, пеши мулук омада, бо ҷоми заррини пурмай, ангуштарӣ, дираме ва динори хусравонӣ як даста хавиди (ғаллаву сабзаҷот) сабз ва руста, шамшере тиру камоне, давоту қаламе, аспе, бозе, ғуломе ва хубруе ситоиш намӯдӣ ва ният кардӣ ӯро ба забони порсӣ. Ба иборати ишон ва чун мубадони мубад аз охирин пардохтӣ чошани кардӣ (чашидан) ва ҷом ба малик додӣ ва хавид дар дасти дигараш ниҳодӣ ва динору дирам дар пеши тахти ӯ бинҳодӣ ва бад-инсон хостӣ, ки рӯзи Наврӯз ва Соли нав, ҳарчи бузургони аввал дидор бар он афкананд, то соли дигар шодону хуррам бо он чиз дар комронӣ бимонанд”.

Зеро мафҳуми “хубрӯе” Умари Хайём шахсеро дар назар дорад, ки номи дилписанде дошта, ба некӯкорӣ маъруф буд ва сурату зоҳири хеле зебо ва забони шеваву ширин дошт. Вай ба дарбор омада, иҷозати ворид шуданро савол мекард. Подшоҳ аз куҷо буданд ва ба куҷо равон шудани ӯро мепурсид ва иҷозати дохил шудан медод.

Он шахсе посух медод, ки “аз сӯи ду ҷой, ки хайру баракат ва саодат дар он ҷо аст, меоям ва мехоҳам ба ҷое, ки саодат ва баракат вуҷуд дорад, биравам ва касе, ки пирӯз аст, маро ба ин ҷо овардааст. Номи ман Хуҷаста аст бо Соли нав омадаам ва барои подшоҳ армуғони саломат паём овардаам”.

Ин шахси хушқадам дар фарҳанги қадима бо номи “Фирӯз” ва ё “Мири Наврӯз” маъруф буд, ки дар айёми ҷашн ҷомаи сурхи арғувонӣ ба бар мекард ва чеҳраи сиёҳ дошт. Чеҳраи сиёҳ рамзи талхиҳо ва сиёҳиҳои рӯзгор буда, ҷомаи сурх маънои шодӣ ва сурурро дошт. Дар дасти ӯ доирае буд, ки маънои он “доираи зиндагӣ” буд. Вай армуғони осмонро аз ҳафт фуруҳар ва ё фариштаи осмонӣ, ки дар айёми Наврӯз ба шеваи рамз мутаҷаллӣ мешуданд, ба подшоҳ ва мардум мерасад.

Баъд аз шодбошӣ дар нади шоҳ як тангаи нуқра ва ё тиллоро, ки дар атрофи он ҳафт ғаллаворӣ қарор дошт, мегузошт. Донаҳое, ки дар таҳияи нон дохил мешуданд, дар атрофи нонҳо чида шуда буданд. Дар байни ҳафтшин шохае аз зайтун ё анор ҷой дода мешуд. Ҳар як шохаҳо дорои шаддаҳо буда, ҳар кадоми шохаҳо номи яке аз кӯзаҳои холӣ ба худ дошта буданд ва ин кӯзаҳое буданд, ки Мири Наврӯз бо ҳамроҳи худ онҳоро ба дарбор оварда буд.

Мири Наврӯз хӯрданиҳоро аз сурфаи ҳафтшин мехӯрд ва сипас барои саломатӣ ва иззати шоҳ дуо мекард. Дар бисёр аз матнҳои кӯҳан аз Мири Наврӯз номбар шуда, ӯро шахси мазҳакабоз ва масхарабоз низ меномиданд. Ҳангоми наздики шоҳ омадан вайро ҳатман ба тахт мешинонданд ва дар айёми Наврӯз вай ба салтанати чандрӯза мерасид. Ба ибораи дигар шоҳ дар рӯзҳои наврӯзӣ қудрати давлатдориро ба дасти Мири Наврӯз медод.

Мири Наврӯз аз оғози ҷашн то рӯзи “Сездаҳ бадар” дар номоиши “шаҳбозӣ” иштирок намуда, аз фаъолияти нодурусти шоҳ ва дарбориён ба тариқи масхара баён мекард, то дар Соли нав онҳо атрофи ин иштибоҳоти хеш фикр кунанд. Муҳимтарин ҳадаф аз “шаҳбозӣ” пандомӯзии шоҳ ва дарбориён буд:

Сухан дар парда мегӯям, чи гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест, ҳукми Мири Наврӯзӣ.

Мири Наврӯз ба як даст худро бод медод ва дар дасти дигар бози сафед ва дар бар шамшер мегирифт. Ин намоиш бозгашти Мири Наврӯзӣ аз набард ва шикаст додани душман буд. Ба ҳар хонае, ки мерафт, бояд соҳиби хона ба ӯ ҳадяе медод ва ба таноби дасташ туҳфае овезон мекард.

Мутобиқи эътиқодоти бостонӣ Мири Наврӯз то поёни “сездаҳ бадар”, ки рӯзи охирини ҷашни “Наврӯз” аст дар шаҳру деҳот гашта, ҳукумат мекард ва камбудиҳои мавҷударо ба саҳнаи мазҳакаи Наврӯзӣ мекашонд. Вай роҳбарон ва кормандони давлатиро ба адлу инсоф ва покиву садоқат даъват мекард.

Дар ин айём агар духтари бахтбаргашта дар хонае мебуд, бо наздик шудани Мири Наврӯзӣ ба он хона, духтар дар утоқе пинҳон шуда, гиреҳҳое бар миёни (чорқади) хеш месазад. Модари духтар аз хона берун омада, кӯдаки ноболиғеро аз ҳамроҳону корвони Мири Наврӯзӣ ба дохили хона мебурд, то он гиреҳҳоро кушояд. Ин худ рамзи кушоиши бахти духтарон буд. Дар ин рӯз духтарони ба балоғат расида аз Аҳурамаздо дуо талаб мекарданд, ки бахташон сафед ва соҳиби хонадони босаодат гарданд.

Мувофиқи эътиқоди куҳан аввалин касе, ки дар бомдоди иди Наврӯз бояд ба хонаҳояшон ворид мешуд, ин марди хушқадам буд. Вай баъд аз ворид шудан бояд дубора аз дари хона берун мешуд ва аз нав ба хона боз мегашт. Далели ин расму оин аз он иборат буд, ки дар фарҳанги гузошта мардон таъминкунанда рӯзгори хонавода ва рамзи рӯзиву баракат маҳсуб мешуданд. Пас вуруди онҳо нишонаи ин буд, ки то поёни сол рӯзӣ ва хайру баракат дар ин хона бошад. Саҳнаи рафтани мард ва дубора бозгаштани вай ба хона низ рамзе аз рафту бозгашти ризқу толеъ ба хонадон аст. Ба ибораи дигар бо ин рафтори рамзӣ то поёни сол рӯзӣ ва хайру баракат аз ҳамон даре, ки мард медарояд меояд, меравад ва боз мегардад.

Ҳамчун дар оғози рӯзи ҷашн шоҳон дар дарбори хеш аз намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа истиқбол ба амал меоварданд. Дар ин рӯз шоҳ ба ҳеҷ кас ҳукм намекард ва ҷурмоне ба ҷуз дар таъмини хостаҳои мардум содир намехост. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ дар “рӯзи дуввуми фарвардин деҳқонон ва хидматгузорони оташкадаҳо ба ҳузури шоҳ бар меёфтанд ва рӯзи саввум борёбии мубадон буд”.

Хешу табори шоҳ, роҳбарони воломақом ва фармондеҳони артиш дар рӯзи чаҳорум ба назди вай даъват мешуданд. Аъзои хонадон ва фарзандону наздикони шоҳ дар рӯзи панҷум ба дидори шоҳ ва пазироии Наврӯз мерафтанд. Рӯзи шашуми Наврӯз шарафёби надимон ва мушовирон аз дарбор буд.

Аз бомдоди иди Наврӯз то шомгоҳи дувоздаҳуми фарвардин аъзои оила ба дидори якдигар мерафтанд. Хурдҳо ҳатман аз аҳволи бузургони хона бохабар мешуданд ва калонсолон дар навбати худ ба онҳо туҳфаҳо тақдим мекарданд.

Қобил ба тазаккур аст, ки ба хусус дар гаҳвораи зуҳури тамаддуни ориёӣ ва наврӯзӣ дар шаҳри Балх (бист километраи Мазори Шарифи Афғонистон) дар анҷумангоҳи “Навбаҳор” дирафши Ковиёнӣ барафрохта мешуд. Сарбозон бо парчамҳои ифтихорӣ ва пирӯзиву ғалабаҳои хеш вориди анҷумангоҳи “Навбаҳор” мешуданд ва дар канори Дирафши Ковиёнӣ пойкӯбӣ мекарданд.

Чӣ тавре ки қаблан зикр сохтем, поёни Наврӯз дар рӯзи сездаҳуми моҳ бо ҷашни “Сенздаҳ бадар” ба охир мерасид. Дар ин рӯз тамоми мардуми шаҳр ба кӯҳу пушта рафта, дар байни гулҳову марғзорҳо истироҳат мекард. Дар он рӯз, ки бо номи “Эзиди Таштар” – оварандаи борон номгӯзҳорӣ шудааст ва рӯзи муққадас маҳсуб мегашт, мардум, ба хусус аз моҳӣ ва сабзавот хӯрок омода мекарданд. Дар давоми ҳамин сабзаҷоти суфраи идонаи Наврӯзро ба унвони ҳадя ба Аноҳито ба об меандохтанд, то сол аз аввал то охираш дар кишвар сарсабзу хурам боқӣ монад.

Мувофиқи асотири мавҷуда дар ин рӯз муқаддас аввалин одамони рӯи замин Машиё ва Машиёна издивоҷ кардаанд, ки онҳо аз нутфаи Каюмарс дар замин рӯида буданд. Дар асоси эътиқодоти кӯҳан Аҳурамаздо дар марҳилаи аввалини офариниши навъи башар Каюмарсро офарид. Каюмарс ва ё Гивмарт- намуна ва истиорае аз нахустин инсон дар рӯи замин мебошад. Дар фарвардининяшти 87 аз китоби “Авасто” омадааст, ки “фараваши (равону рӯҳи) Гивмарти ашаванро (порсоро) меситоем. Нахустин касе, ки ба гуфтор ва омӯзиши Аҳурамаздо гуш фаро дод ва аз ӯ хонаводаи сарзаминҳои Эронӣ ва нажоди эрониён падид омадааст”.

Каюмарс муддати сӣ сол дар саросари ҷаҳон гардиш намуда, дар миёни кӯҳу дашт рӯзгори хешро сипарӣ мекард. Вай дар рӯи замин подшоҳи гулҳо буд, зеро дар он марҳилаҳои офариниш дигар ҳеҷ мавҷуде ба ҷуз аз гулҳо офарида нашуда буданд. Пас аз сӣ соли подшоҳӣ бар гулҳо ва табиат ҳангоми марг аз салби вай нутфае хориҷ шуд, ки баъд аз тасфияву поксозӣ тавассути офтоб ва аз газанд олоиш ёфтан дар домани хок ва дар раҳми замин ҷой гирифт. Пас аз чиҳил сол ин нутфа дар гули шакли ишқидарпечон мерӯяд ва дар рӯзи Меҳррӯзи Меҳрмоҳ онҳо ба сурати инсон даромада, аз онҳо аввалин ҷуфти марду зан падид меояд, ки мувофиқи устураи оини Меҳргон (митраизм) бо номи Машиё ва Машиёна хонда мешаванд.

Ин ду гули ишқи дарпечон ва аввалин инсонҳои устуравии рӯи замин баъд аз панҷоҳ сол, яъне дар рӯзи сездаҳум фарвардинмоҳ ба ҳам издивоҷ мекунанд. Чун дар он замон меҳваре ҳамчун қоидаи издивоҷ набуд, онҳо ду гиёҳро ба рамзи пайванди сабзу муборак миёни хеш гиреҳ намуда, онро нишони пайванди заношӯӣ қарор медиҳанд.

Аз ҳамон рӯз шурӯъ карда, ин расм ҳамчун оин ба ёдмон аз нахустинсонҳои устуравӣ –Машиё ва Машиёна дар байни мардумони табори гузаштаи мо боқӣ монд. Ҳамчун рӯзи муқаддас мардумон дар 130-уми фарвардинмоҳ ба кӯҳ рафта, он оинро иҷро мекарданд.

Асли мақсади тамоми ин мероси бузурги фарҳангии Наврӯзӣ-парвариши ҳаёт дар домони табиат ва Модар – Замин аст, ки онро мо бояд муққадас дорем. Ва ҳамчун фарҳанги ғании гузашта, ки ба оини навини мо ҳеҷ иртиботе надорад, фаромуш насозем. Сарфи назар таи ҳазор солаи охир рамзи иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷик тағйир ёфт, локин бунёди ин фарҳангу тамаддун дар маънавиёт ба ҷавҳари ҳар як нафари табори мо боқӣ мондааст ва ҳамчун нишоне аз гузаштаи дур дар руъиёи мо зуҳур мекунад.

Адабиёт:

1. Дар баёни сабабҳои баргузории ҷашни Наврӯз низ андешаҳои бисёре ба майдони баҳс дохил шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо дар ҷойгоҳи хеш азэътибори хосса бархурдор мебошанд. Ба қисмати аъзами муаррихон дар охирин рӯзи соли кабиса Ҷамшед подшоҳи пешдодӣ баъд аз анҷоми як силсила ислоҳоти иҷтимоӣ Абрамян А.А., Беклимищев В., Вартанов Р., Дубровский Д. Философские проблемы развития и применения нанотехнологий. Наноиндустрия.1/2008//nano20072008@yandex.ru,info@institute/nano.ru.-C.4.

2. Вернадский В.И. Мысли о современном значении истории знаний: доклад, прочитанный на Первом заседании Комиссии по истории знаний. 14.Х.1926//Тр. Комиссии по истории. - Л., Т.1, 1927. - С.30-31.

3. Лукьянцев В.С. Нанотехнологии и их роль в судьбе цивилизации. Режим доступа: http://valeo-fiiture.narod.ni//nano.html.

4. Наумов С.А. Философия Ханны Арендт - как основание современных технологий публичных коммуникаций//Философия в диалоге культур.

5. Романовский С. Нанотехнологии и наноматериалы: современное состояние и перспективы развитие в условиях Волгоградской области: Материалы всероссийской научно технической конференции, г.Волгоград, 10-11 декабря 2008 года / администрация Волгоградской области. ВолГУ; ред.кол: И.В.Запороцкова (отв.ред)- Волгоград: Изд-во ВолГУ, 2008. - С.389.

6. Рубанов В.П., Шелудяков А.В. Заметки о семантической топологии//Философия в диалоге культур: материалы Всемирного дня философии. - М.: Прогресс-Традиция, 2010. - С.824.

7. Якеевич Я.С. Философские проблемы социальной коммуникации. - Минск. Важнейшая школа. 2017. - С.18.

8. Center for Responsible Nanotechnology (http://www.cmano.org/ CTF.htm): Нан обиотехнология (http://ru-nanobiotech.liveioumal.com/tag): International Alliance for NanoEHS Harmonization (); Anne Kahru CV (); Академиков Хижнякова и Лилле наградили за вклад в науку (). - С. 814-815.

Ходими пешбари илмии Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ д.и.ф., профессор Шамолов А.А.