Skip to main content
Наврӯз ҳам ормон аст, ҳам арзиш аст, аз назари мубрам будани ваҳдати миллӣ дар гузашта, аммо хусусан дар имрӯзи рӯзгори мо шоҳсутуни тамаддуни ориёнӣ аст. Наврӯз натанҳо барои Тоҷикистон хосияти баракатбори ваҳдатсозӣ дорад, балки барои тамоми қавмҳои табори ориёӣ ҳамин гуна ваҳдатсоз аст. Гузашта аз ин ба сабаби ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯз ин ҷашни зебоӣ, ободкорӣ, баҳамоварандаи ҳама гуна инсон сарфи назар аз дину ҳизбу рангу нажоду... ваҳдатсози тамоми ҷаҳон хоҳад шуд.

Бе сабаб ҳам нест, ки бо мурури замон ҷашни Наврӯз аҳамияти ҷаҳони касб мекунад.

Аз он ҷумла, тибқи конвенсияи ҳифзи мероси маънавӣ, соли 2003 ба руйхати мероси арзишманди маънавии маданӣ дохил карда шуд;

Соли 2001 Наврӯз ҳамчун роҳнамои гуфтугӯи тамаддунҳо пешниҳод шуд;

Соли 2007 дар декларатсияи ҳамкории тамаддунҳо, ҳусни тафоҳуми динҳо, Наврӯз ҳам пешниҳод шуд.

Ва ниҳоят соли 2010 Асамблияи Генералии Созмони Милали Муттаҳид рузи 21-мартро рузи байналмилалии Наврӯз эълон кард ва мавзуъҳои калидии он Сулҳ, Ваҳдат ва Тозакориро қайд кард

Дар Паёми соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси мамнунят қайд карданд, ки “Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи наваи тарақиёти худ қарор дошта ба амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин нооромиву низоҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.

Чунин як вазияти сахт печида саршор аз масъалаву мушкилоти ғайри интизор чуноне минбад дар “Паём” омадааст дар баробари тадбирҳои дигари сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, бештар аз ҳамма ваҳдати миллиро тақозо мекунад. Ваҳдати андеша,ваҳдати шинохти вазъи ҷаҳони ноором, ваҳдати андешаву пайкорҳои тамоми ҷомеа барои рушду равнақи Ватан.

Воқеъан дар бунёд кардани чунин як Ваҳдат нақши Наврӯз созанда ва пурбаракат аст. Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро, ки байналмиллалӣ эълон кард мавзуҳои калидии онро Сулҳ, Ваҳдат ва Тозакорӣ қайд кардааст.

Наврӯз маълум шуд ки барои ҷомеаи ҷаҳони ҳам ваҳдатофар аст, барои ҷомеаи Тоҷикистон нақши ваҳдатсозии ин ҷашни муборак ҳоҷат ба шарҳу баён надорад.

Дар айни замон қайд бояд кард, ки аз назари аксеологи, аз назари бунёдкориҳои тоза ба тоза тибқи стратегияҳои миллӣ ваҳдатсозии Наврӯз дар ҷараёни тадбиқи нақшаҳои умумимиллӣ нақшҳои дигарро низ иҷро карда метавонд;

бо истифода аз сулҳпарварӣ, ваҳдатсозӣ ва тозакории Наврӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир нақш ва саҳми Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад;

аз баски ин ҷашни муборак ҳеҷ кадом як рабте на ба динҳо, на ба дигар арзишҳои консервативии миллатҳо надорад як фазои тозае эъҷод мекунад, ки дар ин фазо ҳамма миллат, пайравони ақидаҳои гуногун ва ғайра мавқеву нақши шоиста пайдо кунанд, фазои ҳусни тафоҳумашон густурдатар гардад.

Саргузашти Наврӯз хеле шабеҳи саргузашти умумии миллат аст! Ҳамеша мавриди диққати ҷаҳониён, хусусан мавриди диққат, муҳаббат, хашм, музтар мондани истилогарони ҳавзаи Наврӯз будааст. Тӯли саргузашти зиёда аз чорҳазорсолааш ҳам мавриди эҳтироми хосса будааст, ҳам мавриди хашму тохтутоз ва як нуктае, ки бисёр ҷолиб аст, хусусан барои истилогарон мавриди манфиатҷӯӣ ва силоҳи бисёр айёронаи манфиатҷӯён будааст. Бемуҳобо, бо дили пур гуфта метавонем, ки даврони истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон тӯли ин таърихи дароз ин ягона 34 соли Истиқлолият, ки Наврӯз хонаву кошонаи шоиста ёфт. Ороишу таҷлилу шаҳомати барои Наврӯз зебанда муҳаббати шукуфону самаровар эътибори баланди ҷаҳонӣ. Истиқлолият ва Наврӯз даст ба даст якдигарро зебову пурқувват кардаанд, агар истиқолияти сиёсии миллат шарофату шаҳомати Наврӯзро шоиставу боиста эҳё кард, Наврӯз ҳам бо сабаби аз тариқи дастгоҳи сиёсии умумибашарӣ шуҳрату эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мартабаву мақоми басо обрӯманд боз ҳам устувортар кард.

Асноду далоиле, ки то имрӯз дар мавриди Наврӯз дар даст дорем, таърихи зиёда аз чаҳор ҳазор сол доштани ӯро бе шакку шубҳа эътироф карда метавонад.

Муҳимтарин нуктае, ки дар масири сиёсату фарҳанги ҷаҳони имрӯза бояд гуфт, ин аст, ки Наврӯз комилан ҷашни мардумӣ аст. Ҳеҷ кадом рабту робитае на дар пайдоишаш, на дар масири камолоташ, на дар ороишу пироиши латифу зебояш ба ҳеҷ кадом дине надорад, -на ба динҳои тотемистиву анимистии ақвоми ҳавзаи Наврӯз, на ба динҳои монавӣ, маздакӣ, зардуштӣ, исломӣ… Мутаассифона, тамоми ин динҳо аз Наврӯз манфиатҷӯ буда, манфиатҳои фаровон ҳам гирифтаанд.

Дар даврони истиқлолият шинохт, маърифати Наврӯз дақиқ, сареҳ шуд. Осори зиёди пажӯҳишӣ ба нашр расид, ки дар назари мо ҷомеътарин, муҳимтарини онҳо ва дар айни замон истидлолитарини онҳо монаграфияи М. Ҳазратқулов «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол»[1], Энцинклопедияи Тоҷик қомуси махсус бо унвони “Донишномаи Наврӯз” ба нашр расид ва Р. Шаъбонӣ «Одоб ва русуми Наврӯз»[2] ҳастанд.

Гуфтем, ки Наврӯз кадом робитаи камтаринро ба ҳеҷ дине надорад, ҳар дине аз он манфиат ҷустааст, аммо дар айни замон зарарҳои сахт ҳам расонидааст. Аз он ҷумла, аз бузургони илму адаби мо ҳам, ки мо барҳақ аз ному осори онҳо ифтихор дорем, ҳамчунин ба ҷисми мубораки Наврӯз зарбаҳои сахте кӯфтаанд. Яке аз онҳо гуфтааст: «агар касе дар Наврӯз гулхан биафрӯзад, ҷомаи нав пӯшад ва касе ӯро бикушад савоби онро мегирад, ки сад ҳазор кофарро кушта бошад». Ин гуна ситезакорӣ бо Наврӯз имрӯз ҳам дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мушоҳида мешавад, ки ин ситезакориҳо ҳаргиз камтар аз амалҳои даҳшатафканиву ифроткорӣ нестанд. Мушоҳидае, ки соли 2010 натиҷа дод, ин аст, ки гурӯҳи бисёр сершумор, гурӯҳе, ки имконияти фаровони таблиғотии гуфториву дидорӣ, навишторӣ доранд. Дар фазои бекаронаи шабакаҳои телевезиониву интернетии ҷаҳон шӯру ғавғои маҳшар бардоштанд, ки дар рӯзи Наврӯз даступо кӯфтан ҳаром аст. шодмониву овозхонӣ комилан ҳаром аст, куфри маҳз аст ва монанди инҳо...

Аммо тибқи ҳақиқате, ки оби дарёро ҳеҷ ҷонваре гандида кардан наметавонад ва нури моҳро садои ҳеҷ ҷонваре хира карда наметавонад, зулоли Наврӯз ҳамоно мусаффо аст, ҷилои Наврӯз ҳамоно оламафрӯз мемонад.

Нуктае, ки бисёр ҷолиби диққат аст, дар батни маросимоти наврӯзӣ эҷод шудани русуме ҳаст, ки тӯли чаҳор ҳазор сол ҳамоно мубраму босамар мемонанд. Яке ин аст, ки дар маросими хонатаконӣ зарфҳое, ки тарқишу порагӣ пайдо карданд аз истифода берун мешаванд ва аз хона берун бурда шикаста мешаванд. Нисбат ба инҳо гуфта мешавад, ки «Дар тарқиши зарфҳо ҷинҳо хона мекунанд, ба рӯҳу ҷону ҷисми одам зарар мерасонанд». Эпидемиологияи имрӯза ин ҳақиқатро тасдиқу тасвиб мекунад ва таъкид мекунад, ки дар тарқиши зарфҳо микробу вирусҳое пайдо мешаванд, ки ба сиҳатии инсон зарар мерасонад. Воқеан, ин вирусу микробҳо, ки ба чашм дида намешаванд, бо вуҷуди зарраи ноаён буданашон таъсири воқеии ҷинниву девӣ доранд, яъне ҷонварони воқеӣ ҳастанд, ки дар чашм наменамоянд, зарарҳои ғайриинтизор, ногаҳонӣ, муфоҷо доранд.

Нуктаи дигаре, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушду тараққии саноат ба муҳити зист зарари ҷаҳонӣ мерасонанд, бисёр таъкид карданӣ аст, беҳдошти муҳити зист дар матни умумии осори ориёнӣ-тоҷикии то исломӣ, аз он ҷумла дар консепсияи маросимоти наврӯзӣ ҳамон мубрам ва даркорӣ мемонад. Таълимоти экологии фарҳанги наврӯзӣ аз хурд то бузург имрӯз шоистаи пайравӣ ва иҷро кардан аст. Аз он ҷумла,муносибати одам бо об, ки дар доираи «Даҳсолаи об барои амал» ҳам муҳим аст.

***

Дар осори хаттии бостонии тоҷик, аз он ҷумла дар «Ҷовидонхирад» ва «Авасто» аз Наврӯз ёд намешавад. Наврӯзро дар «Бундаҳишн» дар чунин матн меёбем: «Хурдод сарвари солҳову моҳҳову рӯзҳост, (яъне) инро, ки ӯ сарвари ҳама аст. Ӯро (ба) гетӣ об хеш аст. Чунин гӯяд: «Ҳастӣ зоишу парвариши ҳамаи мавҷудоти моддии ҷаҳон аз об асту заминро низ ободонӣ аз ӯст». Агар дар сол нек шояд зистан, ба сабаби Хурдод аст. Чунин гӯяд, ки: «Ҳамаи некӣ чун аз абргарон ба гетӣ ояд, он (ба) Хурдодрӯз (ки) Наврӯз аст, ояд». Бошад, ки гӯяд, ки: «Ҳама рӯз ояд, аммо он рӯз беш ояд». Пайдост, ки агар он рӯз бар тан ҷомаи некӯ бидоранду бӯи хуш бӯянду мурвои нек кунанду дар нишастан, аз ҷои риману аз мардуми бад дур буванду обҳоро баҳр кунанд ва ситоиши гоҳҳои рӯзро, ки Айаранаму Аснайа номанд, анҷом диҳанд. Он сол некӯӣ бад-эшон беш расад ва бадиро аз эшон беш дур созад. Ӯ, ки обро ромиш бахшад ё биозорад, он гоҳ, Хурдод (аз) ӯ осуда ё озурда бувад. Ӯро ҳамкор Тиру Боду Фарвардин аст. Тир ҳамон Тиштр аст, ки боронварӣ ва парвариши офаридагон кунад. Бод минуи бод аст, ки зеру забари ин заминро фаро гирифтааст ва оберо, ки Тиштр ситонад, (ба) ӯсупорад».[3]

Аз ин пора ба осонӣ мушоҳида мекунем, ки покизагӣ ҳам дар ҷома, ҳам дар хонаву палос барои бобоёни мо чи мартабаи бузурге доштааст. Дар назари мо бисёр ҷолиб аст, ки нуктаи таъкидии «аз мардуми бад дур будан» дар баробари таъкиди парҳез кардан аз нишастгоҳи нопок, бадбӯй меояд. Дар як шакли гармонияи фавқулодда мавзун, қобили идроки ҳамагон омадани матлабҳои дараҷаҳои гуногун барои сабки баёни осори бостонии аҷдоди мо ниҳоят андеша карданӣ аст. Решаи ин сабки мураккаб ва дар айни замон фаҳмо будани баёни нуктаҳои дараҷаҳои гуногуни маънавиёт ба назари мо дар он аст, ки ҷаҳоншиносии бостонии аҷдоди мо хусусияти равшани воқеии заминӣ дорад. Ҳатто мавзӯҳои вобаста ба рӯҳониёт ва маънавиёт дар пайвастагиву ҳамоҳангӣ бо рӯзгори моддиву маънавии заминӣ шарҳу тафсир меёбанд. Ҷолибтарин нукта ин аст, ки шинохтани табиати зерину барин, замину осмон аз қиёс ба вуҷуди одам оғоз мешавад. Ин нуктаро муҳаққиқи голандӣ Гупер низ қайд мекунад. Ҷаҳоншиносии ориёниёни бостон аз шинохти инсон оғоз мешавад. Ин ҷаҳоншиносиро шартан ҷаҳоншиносии «набзгуна» (Rhythmic) номидан мумкин аст. Шарҳи ин ҷаҳоншиносӣ дар гузориши Ризо Шаъбонӣ чунин меояд: «Табъан инсони асрҳои куҳан мекӯшид, то он ҷо ки мумкини ӯст, доираи замонҳои муқаддасро густариш диҳад ва аз доманаи замонҳои номуқаддас кам кунад. Аммо тақаддуси замонҳои марбут ба набзҳои кайҳонӣ ва табиӣ ба маънои ситоиши ҷанбаи физикии падидаҳои кайҳонӣ ва табиӣ набуд. Инсони асрҳои бостон, ки кайфиёти ҷаҳон ва низоми офаринишро ба қиёс аз худ баргирифта буд, ҳамаи падидаҳои ҷаҳонро дорои ҷону равон меангошт ва он чи ӯро ба ситоишу ниёиш вомедошт, таваҷҷӯҳ ба рӯҳи ҷаҳон ва ҷони он буд. Ситоиши падидаҳои набзгуна (Rhythmic) ва пайдоиши ойинҳои ситургӣ вобаста ба онҳо сабаби эътиқод ба вуҷуди моварои табиӣ онҳо бар асоси муътақидоти динӣ ва имонии инсон буд. Амри эҳсосӣ дар ҷаҳони гиёҳон, таваллуди гиёҳ, боззоии табиат ва нав шудани зиндагист ва на сирфан сабз шудани дона ва ҷавона задани гиёҳ. Ва низ амри эҳсоси дигар – марги гиёҳ аст, на пажмурдани он. Ҳар ҳилоли моҳе таваллуди тозае ва ҳар муҳоқе марге дигар маҳсуб мешуд. Гоҳ гумон мерафт, ки хуршед ҳар рӯз зода мешавад. Бад-ин гуна, табиат жарфо, густариш ва маъное бас васеътар аз он дошт, ки инсони замони мо ағлаб бовар дорад. Маънои ҳар рӯйдоди набзгунаи табиӣ ва кайҳонӣ аз ин низ васеътар менамуд ва бовар ин буд, ки рухдодҳои кайҳонӣ ва табиӣ, ки ҳар сол такрор мешавад, дақиқан такрори ҳамон чизе аст, ки дар азал рух додааст. Бино бар ин, ойинҳои вобаста ба замони муқаддаси рухдодҳои набзгун низ метавонист бо намоишҳое тавъам бошад, ки бо иҷрои онҳо замони устураӣ ва оғозин ба замоне ҳозир ва абадӣ табдил мегашт».[4]

Ҷаҳонбинии набзгуна ё ритмик, ки ҷаҳони зерину баринро аз қиёс бо вуҷуди одам мешиносад, ин шинохт аз набзи инсон оғоз мешавад, шарҳи ин методи омӯхтан дар иқтибосе, ки овардем, омадааст, ҳаргиз примитив, содалавҳона нест. Аз назари космологияи имрӯза ҷаҳони органикӣ – набототу ҳайвоноту кайҳон ва ҳатто ҷаҳони ҷамодиёт дар доираи як зарабони муайян сипарӣ мешаванд. Ҳатто қиёси пайдоиш, таваллуд ва марги ҷаҳони рустамиро дар қиёси зарабони одам ба таҳқиқ гирифтанд, хусусияти инсонӣ додан ба ҷаҳони беруна аст, яъне шинохти ҷаҳон аз назари гуманизм. Ин баҳс доманаи бисёр густурда дорад… Баргардем ба мубрам будан, даркориву асрӣ будани экологияи ориёниёни бостонӣ: бисёр мавриди диққати махсус гузоштани тозагии об, ҳаво, андеша, рӯҳ дар ҷаҳоншиносии гузаштагон самарҳои бешубҳа додааст. Як мисол аз таърихи фоҷеаҳои сироятӣ ин аст, ки дар асри чордаҳ (1346-1353) аз вабо (atramors) дар Аврупо зиёда аз шаст миллион одамон аз ин беморӣ фавтиданд. Дар минтақаҳо аз се як қисми аҳолӣ, дар ва Италия нисфи аҳолӣ.

Дар системаи арзишҳои ориёӣ ростӣ ва покизагӣ дар мартабаи аввал меистанд. Дурӯғ Деви Друҷ номида мешавад. Дар як шакли бисёр мудҳиш тасвир мешавад: қомати каҷу килеб, дастҳои дарози хунолуд, гӯшҳое, ки монанди бистар ҳастанд, чашмони мудҳиши ташнаи хун. Айни таззоди ҳамин ростӣ тасвир мешавад: болобаланд, чашмони равшану меҳрбор, дастони гарму ободкор… Об ва андешаи пок созанда ҳастанд, офаранда ва ободкор, шодиафзо…

Шоҳаншоҳи ориёнӣ, Хашиёршоҳ 2500 сол пеш аз милод яке аз ба истилоҳ кодекси зистномаи худро навишт, васият кард, ки онро дар санги мазораш сабт кунанд. Ин шиори зиндагии шоҳаншоҳ то имрӯз дар лавҳи санги мазораш боқӣ мондааст, ҳуҷҷатест мустанаду бешакку шубҳа аз қадру қиммат ва мартабаи арзишҳои бостонии миллати мо, аз ҷумла ростӣ, шуҷоат, мардонагӣ, собитқадамӣ....

Ин ҳуҷҷатро аз баски дақиқ аст, ҳуҷҷати бешакку шубҳа аст, намунаи барҷастаи сабки суханварии пешвоёни бостонии мост, ҷо дорад, ки комилан иқтибос кунем:

“Худои бузург аст Аҳуро Маздо, ки ин ҷаҳони шигифтофаринишро офарид, ки хирад ва тавоноиро бар Хашиёршоҳ бахшид. Хашиёршоҳ гӯяд: Ба хости Аҳуро Маздо ман чунонам, ки ростиро дӯст дорам ва аз дурӯғбезорам, ман намехоҳам, ки тавоное бар нотавон ситам кунад ва ҳам нахоҳам, ки ба тавоно аз нотавон осеб расад. Он чӣ рост аст онро меписандам. Хости Худо дар замин ошӯб нест, балки сулҳ, неъмат ва ҳукумати хуб аст. Ман дӯсти дуруғгӯён нестам, дар дили худ тухми кина намекорам, ҳар он чӣ, ки барои ба хашм оварад аз худ дур медорам, бо нерӯи хирад бар хашми худ сахт чираам. Ҳар ки ҳамкорӣ кунад ва ҳамроҳӣ пеша кунад дархӯри кӯшиши ӯро подош медиҳам, он ки газанд расонад ва ситам кунад ба андозаи гӯш молаш медиҳам. Намехоҳам касе зиён расонад ва кайфар набинад. Ё чӣ касе бар зидди дигаре бигӯяд маро қонеъ натавон кард магар он, ки бино ба қонуни нек гувоҳи дуруст оварад ва доварӣ бинад. Аз он чӣ касе фарохӯрӣтавоноии хеш анҷом диҳад ва ба ҷо оварад шодмон ва хурсанд мешавам ва хушнудиямро каронае нест, чунин аст ҳуш ва иродаи ман. Напиндор, ки замзамаҳои пинҳонӣ ва дар гӯш беҳтарин сухан аст. Бештар ба оне гӯш фаро дор, ки бепарда мешунавӣ, ту беҳтарин корро аз тавонмандон мадон ва бештар ба чизе бингар, ки нотавон сар мезанад.

Он гоҳ ту аз он чӣ бар дасти ман рафта, чӣ дар зодгоҳам ва чӣ дар овардгоҳ бубинӣ ё бишнавӣ бидон, ки ин аст тавоноии ман, ки бартар ва тезтар аз нерӯи пиндор аст. Ин аст кордонии ман. То ҷое, ки тушу тавон дорам дар ҷангҷӯ ӣҳамоварди хубам, чун дар овардгоҳ бошам касеро, ки дур мебинам ба нерӯи идрок ва хирад медонам, ки бадхоҳ аст, то ки дижандеш нест, ба нерӯи идрок ва иродаи хеш ҳамвора нахустин касе ҳастам, ки тасмим мегирад кори шоистаро, чун душманро бубинам ва чун дӯстдореро. Марде ҳастам варзида, ҳам ба даст ҳам по ва ҳангоми саворкорӣ, саворкори хубам. Дар тираафганӣ тирандозе чирадаст, чӣ бар асб бошам чӣ бо пойи пиёда. Дар найзаварӣнайзавари некам, хоҳ аз рӯйи асб хоҳ аз рӯйи хок. Инҳо ҳунарҳое ҳаст, ки Аҳуро Маздо маро бахшидааст ва тавоноии ба кор бастани онҳоро доштам. Он чӣ бар дастам рафтааст ба ёрии Яздон ҳамаро бо ҳунарҳои хеш, ки арзонии Аҳуро Маздо будааст ба анҷом расонидаам. Аҳуро Маздо маро ва корҳои маро бипояд.” (Катибаи сангии Хашиёршоҳ)

Хиштҳои аввалини тамаддунро аҷдоди бостонии ориёии мо гузоштаанд. Ин ҳақиқатро олимони табиатшинос бо чунин ҳуҷҷатҳо тасдиқмекунанд:

(а) тадқиқоти олимон Л. Даго ва Ж. Досе нишон мидиҳанд, ки 3000 сол муқаддам аз милод дар Аврупо ду ҷараёни муҳоҷират сурат мегирад; яке аз Шарқ (Осиёи Марказӣ) ба Ғарб, дигаре аз Скандинавия ба ҷанубу ғарби Аврупо... Дар ин ҷо, яъне дар Осиёи Марказӣ аҷдоди бостонии мо, ки бо чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул буданд, конфедератсияи “Ориёниёни Бузург”-ро ташкил медоданд зиндагӣ мекарданд;

(б) ҳуҷҷати китоби- Авасто аст. Профессор Фирӯза Носирова мутахассиси генетикаи инсон аз ин китоб чунин натиҷа мегирад, ки таълимоти Авасто дар бораи муборизаи нуру зулмот, ростӣ ва дуруғ бунёди ҷаҳонбинии ориёниёнро ташкил мекунад. Масъулияти инсон дар кӯшишу пайкори зиндагии инсон бояд ҷонибдори хайр бошад, шарофат ва тазри зисти бовиҷдонро, ки “пиндори нек”, “гуфтори нек”, “кирдори нек” тақозо мекунанд риоят кунад. Ин гуфтаҳо маълуму машҳур ҳастанд. Андешаи дигари профессор Фирӯза Носирова аҳамияти муҳим дорад. “Ҳамчун яке аз воситаҳои асосии мубориза бо қувваҳои шар таълимоти авастоӣ машғулият бо чорводорӣ, заминдорӣ, афзудани неъматҳои моддиро медонад... Ин ҷаҳоншиносӣ аз пайравонаш тақозо мекард, ки кишоварзӣ ва чорводориро ҳамчун як корнамоии шарофатманд донанд... Мусаллам аст, ки ориёниён бори нахустин бо ҷамъоварии меваву гиёҳ машғул шуданд, шикорро омӯхтанд, завқи заминдориву чорводориро парвариш карданд, ки парвариши ин малака даврони зиёди таърихиро фаро мегирад.[5]”

Барои омодагии ин семинар як тадбири ба истилоҳ сотсиологӣ кардем;

дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш намудем ки мардум андешаҳои худро дар чунин мавзӯъҳо пешниҳод кунанд;

нақши Наврӯз дар беҳдошти сиёсати ҷаҳонӣ;

пешниҳоди шумо барои густурдатар кардани нуфузи Наврӯз;

чи бояд кард, ки Наврӯз манфиати молиявӣ ва иқтисодӣ оварда тавонад;

барои ба сатҳи ҷаҳонӣ(ба мисли карнавалҳо) овардани Наврӯз чӣ пешниҳод доред.

Ростӣ гумон надоштем, ки ин пешниҳод истиқболи гарм пайдо кунад, аммо хушбахтона чанд нафар андешаҳои худро тақдим карданд, ки баъзеи онҳоро дар инҷо овардан зарур донистем;

Андешаи мардум, қаблан ки бо пешниҳодҳои мо ба сохторҳои марбута дар мавриди Наврӯз карда будем мувофиқ омадаанд. Аз ҷумла сохтани Наврӯзгоҳи бузург барои ҳадди ақал барои сад нафар ширкаткунандагон. Чанд нафар пешниҳод карданд, ки дар чунин Наврузгоҳи бузург майдонҳои алоҳида, барои гуштингирон, барои човандозон, барои таронаву рақс, майдони махсус барои шоирону мухлисони шеър, пешниҳод ҳам шудааст, ки барои ҳар як вилоят, ё барои ҳар як ноҳия ҷойи махсус барои ярмаркаҳои Наврӯзӣ сохта шавад, (ин ярмаркаҳо метавонад, ки ҳам дар Наврӯз ва ҳам тамоми сол фаъол бошанд,яъне як воситаи таъсирбахши арзон кардани молу маҳсулот, ки бевосита аз дасти истеҳсолкунанда ,-деҳқону ҳунарманд ба дасти муштарӣ мерасад,

шароити дави Наврӯзӣ ба роҳ монда шавад,

намоиши навовариҳо ихтироҳо ташкил карда шавад,

бозори китоб ва дигар дастовардҳои маънавӣ ташкил карда шавад,

Мукофотҳои махсуси Наврӯзӣ таъсис дода шавад;

Беҳтарин шеъри Наврӯзӣ;

Паҳлавони Наврӯзи соли...;

човандозӣ....

Тибқи оинҳои бостонӣ тантанаҳои рӯзи Наврӯзӣ,

чоршанбе сурӣ,

ҳамма рузҳои дигари махсуси Наврӯзӣ ки дар маҷмуъ ҳудуди як моҳро фаро мегирад, эҳё ва барпо карда шавад.

Пешниҳод кардаанд, ки аз олами ҳайвоноту ҷаҳони табиати зинда аввалин шуда сангпушт, зарқилдоқ ва чанд хазандаи дигар бедор шуда атрофро сабзгуна мебинанд ва ба бозӣ мебароянд дар баробари гулкорӣ ва дарахтшинонӣ ҳамин оғози табии Наврӯзӣ роҳи намоиши худро пайдо кунад. Як пешниҳоде ҳаст, ки бояд қайд кунем;

ҳаммаи мукофотҳо барои дастовардҳои Наврӯзӣ пурарзиш, чашмрас бошанд, то диққати ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам мухлисони ҷаҳонии Наврузро ҷалб карда тавонад.

Пениҳод ҳаст, ки унвони Наврӯз дар шароити бархурди тамадунҳо чунин бошад; “Навруз намоди сулҳи башарӣ” ин пешниҳод ҳам чолиби таваҷҷуҳ аст, ки армуғонҳои датрас ба монанди футболкаҳо бо нишони Наврӯзи Тоҷикистон зиёд пешниҳод шавад.

Аслан пешниҳодҳое, ки қаблан Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон ба он ҳадаф ироа мешуданд, ки Наврӯзи Тоҷикистон ҳар чӣ бештар бозтоби умумиҷаҳонӣ пайдо кунад ва шароит фароҳам оварда шавад, ки ин тадбирҳо манфиати иқтисодиву молӣ оварда тавонанд[6].

Руйхати адабиёт

1. Фируза Насырова. Генофонд человека и проблемы биобезопасности. Душанбе 2005, с.16.

2.Муҳаммадқул Ҳазратқулов. «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол».- Душанбе 2012.

3.Мероси хаттии бостон, ҷ. 1, «Бундаҳишн», саҳ. 249

4.Ризо Шаъбонӣ. «Одоб ва русуми Наврӯз». Душанбе 2011.

5.Шаъбонӣ, Ризо. “Одоб ва русуми Наврӯз”. Душанбе, 2011, саҳ. 84.

6.”Донишномаи Наврӯз” Душанбе 2016

Назри Яздонӣ - ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

[1]Муҳаммадқул Ҳазратқулов. «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идӯои суннатии сол», Душанбе 2012.

[2]Ризо Шаъбонӣ. «Одоб ва русуми Наврӯз», Душанбе 2011.

[3]Мероси хаттии бостон, ҷ. 1, «Бундаҳишн», саҳ. 249

[4]Шаъбонӣ, Ризо. “Одоб ва русуми Наврӯз”. Душанбе, 2011, саҳ. 84

[5]Генофонд человека и проблемы биобезопасности, Фируза Насырова. Душанбе 2005, с.16.

[6] Бо арзи ташаккур аз он муҳтарамоне ки дар ин таҳқиқи шабакавии мо ширкат карданд, ба Маликшоҳзода Шоҳбеги, Афросиёб Туроншоҳ, Маҷид Салим, Ҳотами Равшан, Меҳриддин Ғиёсӣ,Марям Давлатова.