Skip to main content

321Ҷашнҳои миллӣ ва мардумӣ, ки аҳаммияти таърихиву фарҳангӣ доранд, ҳамеша, ҳама ҷо, барои ҳама кас ва дар ҳар куҷои ҷаҳон, ангезаҳое барои шоду шодмон ва хушдил сохтани мардумон будаанд, ҳастанд ва боқӣ мемонанд. Пажуҳишу ковишҳои коршиносона нишон медиҳад, мардуме, ки соатҳову рӯзҳо кору кӯшиш мекунанд, чунончи оромиши равонии шоистае барои соатҳои бекориву осӯдагии худ фароҳам накунанд, дучори афсурдагиву ноҳинҷориҳое хоҳанд шуд, ки афзун бар равон, бар тану ҷони эшон низ таъсирҳои нохушоянд барҷой мегузорад. Бар пояи чунин бунёдҳое донишмандону андешамандони пешин барои осоиши мардум ва дур нигаҳ доштани онҳо аз андуҳу ранҷ, ҷашнҳои гуногунеро барои ташкил додан пешниҳод менамуданд. Дар ин пайванд ва дар миёни мардумони ҷашндӯсти ҷаҳон, мардумони сарзаминҳои мо низ яке аз пурҷашнтарин мардуми саросари гетӣ ба шумор меравад.

Яке аз ин ҷашнвораҳо ҷашни Сада мебошад, ки бар асоси сарчашмаҳои фарҳангиву таърихӣ ва осори ниёкон таърихи чандинсола дорад. Бар асоси фарҳангномаҳо, махсусан фарҳангномаҳои адаб ҷашни Сада аз вожаи “сат”-и паҳлавӣ омадааст ва маънии он сад мебошад. Бинобар бахшбандии фаслии қадимӣ Сада ҳангоме аст, ки сад рӯз аз зимистон мегузашт ва ё ба ривояти имрӯзиён панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ба ҷашни Наврӯз мондааст. Ҷашни Сада ҷашне буд, ки панҷоҳ рӯз ба ҷашни Наврӯз монда, яъне охири моҳи январ баргузор мешуд. Тибқи ривоятҳои пешина, мардум дар ин рӯз бо равшан кардани оташ Аҳримани бадкирдорро аз худ дур мекарданд. Гуфта мешавад, ки Каюмарс дар ин рӯз соҳиби садумин фарзанди худ мегардад ва ба маҳзи дидани фарзанд, Аҳурамаздоро сипос мегӯяд.

Дар робита ба равиши ҷашн гирифтани Сада дар манотиқи мухталифи форсзабонон андешаҳои гуногун оварда шудааст. Гуфтан зарур аст, ки аз дер боз дар бисёре аз шаҳрҳо ва манотиқи сукунати форсзабонон ин ҷашнро бо ифтихору шодмонӣ пешвоз мегирифтанд. Усулу тартиби ҷашни Сада бад-ин гуна буд, ки пас аз ғуруби офтоб се тан аз мубадон дар ҳоле ки либоси сафед бар тани худ доштанд, ба сӯйи тудае аз ҳезуми хушк, ки пеш омода шуда буд, ҳаракат менамуданд. Гурӯҳе аз ҷавонон, ки онҳо ҳам либоси сафед бар тан доштанд, бо машъалҳои равшан мубадонро ҳамроҳӣ мекарданд. Дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ мубадон бахше аз “Авасто”-ро месуруданд ва мубади бузург бо оташи мавҷуд дар оташдон ва ҷавонони сафедпӯш ёрӣ гирифтан аз шуълаҳои машъал ҳезумро оташ мезаданд. Гурӯҳи навозандагон аз оғоз, то поён оҳанги шодӣ менавохтанд. Зардуштиён бо шодиву пирӯзӣ шуълавар шудани оташи Садаро ҷашн мегирифтанд ва ба умеди он ки то ҷашни соли дигар равшаниву гармӣ дар дилҳояшон бошад, ба хона бозмегаштанд. Бархе бар онанд, ки дар оини зардуштӣ ба ҷашни Сада таваҷҷуҳи зиёде доштанд, зеро ки оташ яке аз унсурҳои асосӣ ва муҳимми ҷашни мазкур ба шумор меравад.

Баъд аз заволу суқути силсилаи Сосониёни бузург ва вуруди дини ислом ба манотиқи форсзабонон ҷашн гирифтани Сада ба таври пинҳонӣ ба амал меомад, то инки хонадони Бармакиён ба боргоҳи Хулафо роҳ ёфтанду гардонанда ва ҳамакора шуданд ва ҷашнҳоро дубора зинда карданд. Бо ёриву дастгирии ин гуна силсилаҳои форсзабон ҷашнҳои милливу фарҳангӣ натанҳо дубора зинда шуд, ки гоҳо бо шукӯҳу шаҳомати бештар аз пеш низ баргузор мегардид. Агарчи барои муддатҳои нисбатан тулонӣ ин ҷашн ба сурати расмӣ дар даврони баъд аз ислом баргузор намешуд, аммо рафта-рафта бо қудрат гирифтани форсзабонони ватандӯст, ин ҷашн низ дубора зинда мешуд.

Яке аз ин шахсиятҳои барҷаставу ватандӯсти муосир, ки ҳамеша талош дорад, то фарҳанги миллии хешро рушду камол бидиҳад, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки дар дубора равнақ бахшидани ин ҷашни ниёгони мо саҳми беназирро дорад. Бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат аст, ки дар чанд соли охир ин ҷашни куҳанбунёди мо вижагии умумимиллӣ гирифт ва ҳоло ҳам дар ҳоли рушду камол аст. Мавриди зикр аст, ки муаррихону муҳаққиқон ва шоирону сарчашманигорон баргузориву ҷашнгирии Садаро дар давраҳои мухталиф, ба шаклҳои гуногун ёд кардаанд.

Яке аз шоирони барҷастаи адабиёти классикии тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар ашъораш ҳамвора аз фарҳанги милливу дӯст доштани меҳан сухан дар миён аст, роҷеъ ба ҷашни Сада дар китоби арзишманди хеш “Шоҳнома” достони кашфи оташ тавассути Ҳушангро оғоз мекунад, ки рӯзе Ҳушанг, шоҳи ҷаҳон бо гурӯҳе аз ҳамроҳон ва ёрони худ ба кӯҳ рафт. Дар ин ҳангом ҷонваре дароз, сиёҳранг ва тиратан, ки бо суръат дар ҳоли ҳаракат буд аз фосилаи дур падид омад. Фирдавсӣ зоҳири ин ҷонвари тарснок, ки дар ҳақиқат море буд ваҳшатнок ва онро чунин тавсиф мекунад, ки бар рӯйи сараш ду чашм вуҷуд дошт, ҳаммонанди ду чашмаи хун ва дуде аз даҳонаш хориҷ мешуд, ки ҷаҳонро тираву торик сохта буд. Ҳушанг вақте бо мор мувоҷеҳ шуд, диранг кард ва бо фаросату диққат ба он нигарист ва бедигарн сангеро ба даст гирифту ба ёрии зӯри каёние, ки дошт он сангро бо қудрату суръат ба тарафи мор партоб кард, аммо мори ҷаҳонсӯз аз бархӯрди санги Ҳушанг ҷон ба дар бурду гурехт. Дар натиҷаи партоб, санг бар санги дигар бархӯрда, аз ин бархурди ду санг оташе ба вуҷуд омад.

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,

Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизе дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун...

Нигаҳ кард Ҳушанг бо ҳушу санг,

Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.

Ба зури каёнӣ раҳонид даст,

Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.

Тибқи ривоятҳои таърихӣ ва сарчашмаҳои адабӣ баъд аз он ки Ҳушанг оташро кашф кард, шабҳангом ба поси хушҳолӣ ва шукргузорӣ, оташе бузург ҳамчун кӯҳ барафрӯхту худ ва дигарон ба даври вай гирд омаданд. Ҳушанг ин ҷашни бузургро ҷашни Сада ном гузошт ва он шаби фархундаро ба бодагусорӣ пардохт. Фирдавсӣ дар идомаи шеър ёдовар мешавад, ки ҷашни Сада аз Ҳушанг ёдгор мондааст ва орзу мекунад, бошад, ки шоҳони бисёре ҳамчун ӯ дар оянда биёянду бар ин сарзамин ҳукм биронанд, зеро ки подшоҳе ҳамчун Ҳушанг, ҷаҳонро шоду обод кард ва ба ҳамин далел низ ҳамагӣ аз ӯ ба некӣ ёд кардаанд:

Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада ном он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Ҷашни Сада ва достони кашфи оташ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ тавассути Ҳушанг фақат ривоятест куҳану мондагори таърихӣ ва ба мо ёдоварӣ мекунад, ки падидаи оташ то чи андоза барои форсзабонон, махсусан тоҷикони даврони пешин муҳим будааст, ки ҳатто кашфи онро низ ба худ нисбат додаанд. Баъд аз сипарӣ шудани даврони подшоҳии Ҳушанг, ки барои мардуми минтақа, бахусус тоҷикон саршор аз некиву хуррамӣ буд, даврони подшоҳии фарзанди Ҳушанг, яъне Таҳмурас фаро мерасад, ки вай низ тавонист бисёре аз девонро ба банд даровараду онҳоро мутеи худ созад.

Фирдавсӣ дар манзумаи “Андарз кардани Доро ба Искандар” аз ҷашни Сада ёд карда, дар байте мегӯяд:

...Нигаҳ дорад ин фолу ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада...

Ҳамчунин дар достони “Ҷанги Ардашер бо Ардавон ва кушта шудани Ардавон” аз ҷашни Сада чунин мегӯяд:

Баровард бар чашма оташкада,

Бар ӯ тоза шуд Меҳру ҷашни Сада...

Бояд гуфт, ки Фирдавсӣ дар достонҳои дигари “Шоҳнома”-и хеш монанди “Подшоҳии Луҳросп”, “Куштани Ардашер Ҳафтводро”, “Панд кардани Яздигурд ба Баҳром...”, “Падруд кардани Баҳроми Гӯр Мунзар ва Нуъмонро”, “Бозгаштани Баҳроми Гӯр ба эронзамин”, “Ширӯя ва Ширин” ва монанди инҳо ҷашни Садаро бо шодмониву сурур ёд мекунад.

Баъд аз зуҳури ислом дар минтақа таҷлили ҷашнҳои миллӣ каме коста гардид ва ҳатто бархе аз онҳо аз байн бурда шуданд. Дар давраи Сомониён ҷашнҳои миллӣ дубора зинда карда шуда, вобаста ба имконот таҷлил гирифта мешуданд.

Абулфазли Байҳақӣ дар китоби арзишманди хеш “Таърихи Байҳақӣ” аз таҷлилу баргузории ҷашни бошукӯҳи Сада дар рӯзгори Масъуди Ғазнавӣ сухан меронад ва менависад, ки ин ҷашни Сада чунон бошукӯҳ барпо мешуда, ки оташи афрӯхтааш аз чанд фарсанге диданӣ буд. Дигар муаррихону сарчашманигорони ин давра гуфтаи Байҳақиро тарафдорӣ намуда, муҳиммияти баргузории ҷашни Садаро дар давраи мазкур ёдовар шудаанд.

Дар баробари А. Фирдавсиву А. Байҳақӣ, ҳамчунин дар ашъори дигар шоирон низ роҷеъ ба ҷашни Сада сухан дар миён аст.

Унсурӣ низ аз ҷашни Сада ёдовар шудааст ва ӯ дар қасидае дар мадҳи Амир Наср бини Носируддини Сабуктегин чунин гуфтааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст...

Фалакро бо замин анбозӣ омад,

Ки расми ҳар ду тан дар як шумор аст.

Ҳама аҷроми он аркони нур аст,

Ҳама аҷсоми ин аҷзои нор аст…

Манучеҳрии Домғонӣ ҳам дар қасидае аз омадани шаби ҷашни Сада ёд мекунад ва чунин мегӯяд:

Омад эй Саидаҳрор, шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмат, бисёр бувад.

Барфурӯз оташи Барзин, ки дар ин фасли шито,

Озари Барзин пайғамбари озор бувад…

Поёни сухан ин, ки вожаи садаро аз ҳама бештар Ҳаким Фирдавсӣ дар ашъораш мавриди корбурд қарор додааст. Агар истифодаи вожаи садаро дар ашъори бархе аз шоирони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аз лиҳози омор мушоҳида кунем, мебинем, ки Фирдавсӣ 17 бор, Анварӣ 16 бор, Фаррухӣ 11 бор, Хоқонӣ 9 бор ва Манучеҳрӣ 5 бор мавриди корбурд қарор додаанд.

Қосимзода Солеҳ Салим - сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и АМИТ