Skip to main content

Иттилоъ дар бораи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён

16 январ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари нахустини давлатии Президенти кишвари дӯсту бародари Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва раванди ҳамкориҳои судманди ду кишвар такони тоза мебахшад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи маҷмӯи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар самти робитаҳои байнипарламентӣ, мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайни минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуданд.

www.majmilli.tj