Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, аз ҷониби ҷомеаи илмии кишвар, ҳамчун иқдоми дорои аҳамияти бузурги миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамаҷониба истиқболу дастгирӣ ёфт. Ин ташаббуси наҷиб арҷгузорӣ ба мероси безаволи Абуалӣ ибни Сино, эҳёи анъанаҳои пурғановати илмии миллат ва заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи илмҳои соҳаи тиб ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз, вақте ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои илмӣ ва навоварӣ бештар аз ҳар вақти дигар эҳтиёҷ дорад, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мероси чунин шахсиятҳои бузург аҳамияти хос пайдо мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихию фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо эҳтиром ба шахсияти Абуалӣ ибни Сино, балки арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллат ва саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Дар шароити муосир давлатҳо барои муаррифии арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангии худ аз василаҳои гуногун истифода мебаранд. Ҷоизаҳои байналмилалӣ яке аз самараноктарин роҳҳои шинос намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои таърихӣ ва илмии миллатҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Абуалӣ ибни Сино метавонад Тоҷикистонро ҳамчун ватани яке аз бузургтарин мутафаккирони ҷаҳон муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи олимон ва муҳаққиқони кишварҳои гуногунро ба таърих ва фарҳанги тоҷикон ҷалб намояд.
Абуалӣ ибни Сино дар замоне зиндагӣ ва фаъолият кардааст, ки илм ҳанӯз дар марҳалаи ташаккул қарор дошт. Бо вуҷуди ин, ӯ тавонист садҳо асари илмӣ таълиф намуда, ба рушди тиб, фалсафа, мантиқ, ситорашиносӣ, риёзиёт, кимиё ва дигар соҳаҳои дониш таъсири амиқ расонад. Ӯ илмро воситаи асосии шинохти олам медонист ва ҳамеша ба таҳқиқу мушоҳида аҳамияти махсус медод.
Асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» яке аз шоҳкориҳои бузурги илмии башарият маҳсуб мешавад. Ин китоб садсолаҳо дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ ҳамчун дастури асосии омӯзиши тиб истифода гардидааст. Дар он масъалаҳои муҳими марбут ба анатомия, физиология, ташхис, табобат, пешгирии бемориҳо, беҳдошт ва дорушиносӣ аз ҷиҳати илмӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Бисёр донишмандон «Қонуни тиб»-ро нахустин донишномаи мукаммали тиббӣ дар таърихи инсоният медонанд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти илмии Ибни Сино таҳқиқоти ӯ дар соҳаи дорушиносӣ мебошад. Ӯ хусусиятҳои шифобахши садҳо гиёҳ, маъдан ва маводи табииро омӯхта, усулҳои истифодаи онҳоро дар табобати бемориҳо шарҳ додааст. Ин донишҳо имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надодаанд. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гиёҳҳои шифобахш мебошад. Дар ин раванд, омӯзиши тавсияҳо ва таҷрибаи илмии мутафаккир метавонад барои ташаккули мактаби миллии таҳқиқоти фарматсевтӣ заминаи устувор гузорад. Аз ин рӯ, Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино метавонад на танҳо рамзи эҳтиром ба мероси гузашта, балки ангезаи муҳим барои рушди илм ва технологияҳои оянда бошад.
Аҳамияти дигари ин Ҷоиза дар он аст, ки он олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи тандурустиро барои анҷом додани таҳқиқоти нав ҳавасманд месозад. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ҷоизаҳои бонуфузи илмӣ дар пешрафти илм нақши муҳим доранд. Онҳо муҳити рақобати солимро ба вуҷуд оварда, олимонро барои пешниҳоди идеяҳо ва дастовардҳои нав ташвиқ менамоянд. Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино низ метавонад ба рушди тадқиқот дар соҳаҳои тиб, биотехнология, дорусозӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ мусоидат намояд.
Ҳамзамон, ин Ҷоиза метавонад ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат кунад. Имрӯзҳо ҳалли мушкилоти глобалии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла мубориза бо пандемияҳо, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои музмин ва таҳдидҳои нави биологӣ, ҳамкории васеи ҷомеаи илмиро талаб менамояд. Тоҷикистон метавонад тавассути ин Ҷоиза ба майдони муколама ва ҳамкории илмии байналмилалӣ табдил ёфта, олимон ва муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳонро ба ҳам оварад.
Ба ибораи дигар Ҷоизаи мазкур метавонад ба таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намояд. Дар ҷаҳони муосир обрӯ ва мақоми давлатҳо на танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки бо саҳми онҳо дар рушди илм, фарҳанг ва маърифат низ муайян мешавад. Тоҷикистон бо такя ба мероси ғании таърихии худ метавонад ҳамчун кишвари фарҳангпарвар, илмдӯст ва ҳомии арзишҳои инсонӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистатар пайдо намояд.
Саидмуқим ИБОДЗОДА, ноиби президент, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор
Бознашр аз рӯзномаи "Ҷумҳурият" Санаи нашр: 18.06.2026 №: 118
ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ КУРСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМӮЗИШИИ АГЕНТИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НЕРУИ АТОМӢ (МАГАТЭ)
Имрӯз, 22 июн дар Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курси байналмилалии омӯзишии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳ директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидзода Илҳом ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки баргузории чунин курсҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисон дар самти таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ аҳаммияти хос дошта, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи сулҳомези неруи атомӣ ва таҳкими низоми амнияти радиатсионӣ ва ядроӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Зикр гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баҳри омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди инфрасохтори илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир тадбирҳои муассир амалӣ намуда, баргузории ин курс боз як қадами муҳим дар роҳи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба ба ҳисоб меравад.
Дар кори курс намояндагон ва мутахассисон аз як қатор кишварҳо иштирок намуда, дар доираи барномаи омӯзишӣ масъалаҳои муҳими марбут ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин роҳҳои пешгирӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои эҳтимолиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Имрӯз, 22 июн дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 – солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – кафили мондагории миллат ва истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ду арзиши аз ҳама муҳими ҷомеаи инсонӣ ба ҳисоб мераванд, ки яке бе дигаре қиммате надорад. Таҷрибаи таърихии аксар халқияту миллатҳо ва вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки истиқлоли давлатӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ба ин монанд падидаҳои нодир дар заминаи ягонагӣ, якдилӣ ва дар умум ваҳдат ба вуҷуд омада, дар роҳи рушд устувориашон таъмин мегардад.
Таъкид гардид, ки ваҳдат калиди тамоми орзуву омол ва ормони ҳазорсолаи миллату халқиятҳо ба ҳисоб рафта, маҳз дар заминаи ин рукни муқаддас метавон ба тамоми мақсадҳо ноил гардид. Ҳам таҷрибаи миллати тоҷик ва ҳам дигар халқҳо бори дигар дар давраи нави таърихӣ исбот намуд, ки бе ваҳдат нигаҳдошти истиқлоли миллӣ ва давлатӣ ғайримкон аст.
Дар идомаи ҳамоиш таъкид гардид, ки халқи тоҷик маҳз ба шарофати ба даст овардани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ тавонист давлати соҳибистиқлоли худро аз хатари парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, барои рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварад.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ ва хизматҳои шоиста доранд.
Гуфта шуд, ки маҳз бо талошҳои пайгирона, иродаи матин ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор ва таҳким ёфта, барои бунёди давлатдории муосири тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шудааст
Зикр гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳхоҳу ташаббускор шинохта шуда, дастовардҳои назаррас дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа маҳсули сиёсати хирадмандона ва ваҳдати пойдори миллӣ арзёбӣ мегарданд.
Иброз гардид, ки ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу субот аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Зеро танҳо дар фазои орому осуда метавон ба ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ноил гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва омили асосии бақои давлатдории миллӣ минбаъд низ бояд ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ҳифз ва таҳким бахшида шавад.
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ВА ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”
Имрӯз, 20 июн дар Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29 – солагии Ваҳдати миллӣ Конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Ба кори конфронс директори Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб Борон ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик маҳз бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, барои таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар заминаи устувор фароҳам овард.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид дошт, ки таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, маҳз ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба сулҳу субот, ваҳдат ва рушди устувор ноил гардид. Зикр шуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қадам гузошта, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба пешрафтҳои назаррас мушарраф гардидааст.
Қайд карда шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи сулҳофарӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар натиҷаи заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, барои рушду пешрафти давлат ва зиндагии шоистаи мардум заминаи мусоид фароҳам омад.
Зикр гардид, ки омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи нодири сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, аҳамияти бузурги сиёсӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дошта, барои таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд.
Инчунин, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими таъмини суботу оромӣ ва пешрафти ҷомеа барои баланд бардоштани мақому манзалати занон, таҳкими пояҳои оиладорӣ ва иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки имрӯз занону духтарони тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти назаррас дошта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар дар суханронии хеш иброз дошт, ки имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангии кишвар дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Гуфта шуд, ки маҳз фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, то дар пойтахт садҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хизматрасонӣ бунёду азнавсозӣ гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинон мунтазам беҳтар шавад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат буда, тарғиби арзишҳои ваҳдатофарин миёни ҷавонон аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърихӣ ва заминаи асосии рушду шукуфоии давлату миллат маҳсуб ёфта, ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Иброз гардид, ки Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат, тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеа саҳми назаррас дорад. Таъкид гардид, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву масъулиятшиносӣ аҳамияти хосса касб менамояд.
Ҳамзамон, дар идомаи конфронс як зумра аз устодону олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва собиқадорони соҳа маърӯза намуда, доир ба нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карданд.
Дар фарҷоми конфронс Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Ваҳдати миллӣ», ки бо ибтикори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат»–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардид. Зимни чорабинӣ ғолибони озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияҳои гуногун муайян гардида, барои саҳми арзандаашон дар тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдат, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бозтоби хизматҳои таърихии Пешвои миллат бо диплом, сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Имрӯз, 10 июн бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Робияи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» баргузор гардид.
Ба кори конфронс директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарифзода Фарангис ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки Робияи Балхӣ аз зумраи чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс буда, осори ӯ дар ташаккули анъанаҳои шеърӣ ва рушди адабиёти форсизабон нақши арзишманд гузоштааст.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Робияи Балхӣ аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти классикии тоҷику форс буда, бо истеъдоди нодир, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорати баланди суханварӣ дар таърихи фарҳангу адабиёти миллӣ мақоми хосса касб намудааст. Таъкид гардид, ки осори гаронбаҳои ин бонуи соҳибқалам на танҳо бозгӯи эҳсосу андешаҳои инсонист, балки намунаи олии зебоишиносӣ, озодандешӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси гаронбаҳои фарҳангиву адабии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори шахсиятҳои барҷастаи таърихиву адабӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идома мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур таъкид кард, ки мероси адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик яке аз муҳимтарин пояҳои худшиносии миллӣ ба шумор рафта, омӯзиш ва муаррифии шахсиятҳои барҷастаи илму адаб дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа нақши муассир дорад.
Зикр гардид, ки Робияи Балхӣ ҳамчун яке аз нахустин намояндагони адабиёти тоҷику форс бо осори пурмуҳтаво ва шахсияти нотакрори худ дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста дошта, омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳаёт ва эҷодиёти ӯ барои шинохти амиқтари таърихи адабиёт ва фарҳанги миллӣ аҳаммияти махсус дорад.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ зикр дошт, ки Робияи Балхӣ аз ҷумлаи нобиғаҳои сухан ва чеҳраҳои мондагори тамаддуни форсизабон буда, номи ӯ ҳамчун нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Қайд гардид, ки осори боқимондаи ин бонуи соҳибистеъдод намунаи олии фарҳанги суханварӣ ва бозгӯи мақому манзалати зан дар ҷомеаи фарҳангии он давра мебошад.
Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии миллат аҳаммияти хосса дода мешавад. Гуфта шуд, ки арҷгузорӣ ба зиндагӣ ва эҷодиёти шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ, аз ҷумла Робияи Балхӣ, барои таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани маърифати фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар маърӯза намуда, таъкид доштанд, ки Робияи Балхӣ аз нахустин ситораҳои тобноки осмони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба шумор рафта, эҷодиёти ӯ дар ташаккули адабиёти классикӣ ва рушди анъанаҳои суханварии форсизабонон нақши муҳим бозидааст. Зикр гардид, ки осори ин шоири соҳибзавқ саршор аз муҳаббат, покӣ, садоқат, озодандешӣ ва арзишҳои волои инсонӣ буда, то имрӯз аҳаммияти илмӣ ва адабии худро нигоҳ доштааст.
Таъкид гардид, ки омӯзиши амиқи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Робияи Балхӣ барои дарки беҳтари марҳилаҳои аввали ташаккули адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва муайян намудани ҷойгоҳи занон дар таърихи фарҳангу тамаддуни минтақа аҳаммияти хос дорад. Дар ин замина, мероси адабии Робияи Балхӣ ҷузъи муҳими ганҷинаи фарҳангии халқҳои форсизабон маҳсуб ёфта, муаррифии бештари он дар сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ мусоидат хоҳад кард.
9 уми июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мазкур аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 150 кормандони илмӣ хизмат менамояд.
Имрӯз, 5 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) таҳти роҳбарии хонум Стейскал Сандра Мари баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои илмӣ ва техникиро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти омӯзиш ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи об ва пиряхҳо мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкорӣ дар бахши истифодаи технологияҳои ҳастаӣ барои ҳалли мушкилоти муҳити зист, идоракунии захираҳои обӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлим муҳокима гардиданд.
Дар ҷараёни суҳбат таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи муҷаҳҳазгардонии марказҳои саратоншиносии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат равона шуда, ҷонибҳо имкониятҳои ҷалби дастгирии техникии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ)- ро дар ин самт муҳим арзёбӣ карданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои таҳкими иқтидори илмӣ-таҳқиқотии кишвар ва ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар навбати худ, ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотии Тоҷикистон, аз ҷумла Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ таъкид намуда, аз дастовардҳои олимони тоҷик дар самти омӯзиши захираҳои обӣ ва пиряхҳо баланд арзёбӣ намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак изҳор карданд.
БАЙНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИЯИ ГРАЖДАНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНСТИТУТИ СИНЗИЯНИИ ЭКОЛОГИЯ ВА ГЕОГРАФИЯИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ХИТОЙ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД
Имрӯз, 25 май қабл аз баргузории Форуми «Хатарҳои обӣ ва иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» бахшида ба 115-солагии кӯли Сарез, ки дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Синзиянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории илмӣ-техникӣ ба имзо расонида шуд.
Дар маросими ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, директори Институти Синзиянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чжан Яоминг иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки ин созишнома бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши офатҳои табиӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда таҳия гардидааст.
Дар доираи ёддошти мазкур ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои муҳими илмӣ ва техникӣ густариш диҳанд. Аз ҷумла, таҳқиқи офатҳои табиӣ, аз қабили сел, тармафароӣ, обхезӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, омӯзиши пиряхҳо ва равандҳои гидрологӣ, инчунин таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист аз самтҳои асосии ҳамкорӣ арзёбӣ мегарданд.
Ҳамзамон, дар доираи ин ҳамкорӣ масъалаҳои таҳия ва ҷорӣ намудани системаҳои муосири мониторинг ва огоҳии пешакӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, ҷонибҳо барои мубодилаи таҷриба ва истифодаи технологияҳои навин иқдом хоҳанд кард.
Банди муҳими дигари санад омодасозӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои илмӣ ва техникӣ мебошад. Дар ин замина баргузории семинарҳо, машғулиятҳои омӯзишӣ, конфронсҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки имзои Ёддошти тафоҳум барои таҳкими робитаҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Хитой, рушди таҳқиқоти муштарак ва тақвияти иқтидори илмӣ-техникӣ дар самти пешгирӣ ва идоракунии офатҳои табиӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи амалии ин санад ба густариши ҳамкориҳои судманд ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаи илм ва амнияти экологӣ мусоидат хоҳад кард.
塔吉克斯坦国家科学院、塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会以及中国科学院新疆生态与地理研究所签署谅解备忘录
今天,5月25日,在“水与气候风险:科学、监测与管理”论坛举行之前,为纪念萨雷兹湖成立115周年,并作为“2018—2028年水促进可持续发展国际行动十年”第四届高级别国际会议框架内的活动,该论坛在塔吉克斯坦国家图书馆举行。期间,塔吉克斯坦国家科学院、塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会以及中国科学院新疆生态与地理研究所签署了关于科技合作的谅解备忘录。
出席备忘录签署仪式的有塔吉克斯坦国家科学院院长、院士胡什瓦赫特佐达·科比尔琼·胡什瓦赫特,塔吉克斯坦共和国政府紧急情况与民防委员会主席拉贾巴利·拉赫莫纳利,以及中国科学院新疆生态与地理研究所所长张耀明。
应当指出,该协议旨在加强双方在科学研究、自然灾害研究以及在预防和消除紧急情况领域应用现代技术方面的合作。
根据该备忘录,双方决定在重要科技领域扩大合作。特别是,对泥石流、雪崩、洪水及其他紧急情况等自然灾害的研究,对冰川和水文过程的研究,以及气候变化对环境影响的研究,被视为双方合作的主要方向。
同时,在此次合作框架内,双方将特别关注现代监测和预警系统的开发与实施,并将推动经验交流和新技术的应用。
该文件的另一个重要内容是科学和技术人才的培养与能力提升。为此,双方计划举办研讨会、培训课程、科学会议,并实施联合科研项目。
会议强调,签署该谅解备忘录将为加强塔吉克斯坦与中国之间的科研联系、发展联合研究以及提升自然灾害预防和管理领域的科技能力奠定良好基础。
双方表示相信,该文件的实际落实将有助于扩大互利合作,并在科学和生态安全领域取得显著成果。
Тибқи супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арҷгузорӣ ба либоси миллӣ ва расму оинҳои тоҷикӣ, инчунин эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ ва тарбияи ватандустиву худшиносии миллӣ, дар ҳошияи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила, шурои занони АМИТ, ҳамроҳ бо ташкилоти ҳизбии Хирадмандон ва шурои олимони ҷавони АМИТ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила аксияи "Точикона мепушем"- ро баргузор намуданд.
Дар он намояндагони раёсат бо либоси миллӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ аз сиесати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди кор бо оила, занон ва ҷавонон, махсусан дастгирӣ ва сарпарастии доимии Пешвои миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фарҳанги миллӣ ва нақши занон дар ҳифзи он изҳори миннатдорӣ ва шукргузорӣ карда шуд.
Дар даврони Истиқлол фарҳанги миллӣ, ки ҳастии миллат аст, бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш рушду нуму ёфта истодааст. Бо пушидани либоси миллӣ бонувони тоҷик меҳру муҳаббати худро ба арзишҳои миллӣ, Модар Ватан ифода менамояд ва саҳми худро дар шукуфоии он мегузоранд.
Иштирокчиён аксияи "Тоҷикона мепушем" - ро дар гулгашту чаманҳои АМИТ баргузор намуда ҳусни рӯзафзуни либоси миллиро бори дигар намоиш доданд.
