Skip to main content

213123Дар ҷашну маросимҳо ва расму оини мардум арзишу муқаддасоте таҷассум ёфтаанд, ки нишонагари ҳувияти этникӣ ва равонии он буда дар дохили гуруҳи этникӣ нақши муттаҳидгар ва аз нигоҳӣ берунӣ- фарқкунандаи онанд. Махсусан дар этногуруҳҳои бостонӣ ин расму оин ва ҷашну маросим шакли архетипҳои қавӣ - яъне сохторҳои ирсии равонии инсон, ки муҳтавои "бешуурии ҳайатии" умумиинсонӣ ва ногаҳон тафаккур ва рафтори инсонро муайян менамоянд, мегиранд. Онҳо интиқолдиҳандаи хусусияти этникӣ буда бо рамзҳои муайян ифода мегарданд. Наврӯз он ҷашнест, ки дар он аз бостон кулли архетипҳои бостонӣ таҷаммуъ гардида аз қадим то ба ин рӯз ҷовидон ва мавриди истифодаанд. Рамзиёти Наврӯзӣ хеле гуногунҷабҳаву сермазмун буда ифодагари мазмунҳои амики бо дирузу имруз ва фардои миллат вобаста мебошанд.

Дар ҳама давру замонҳо дар қатори дигар рӯйдодҳои фараҳбахши зиндагии мардум аз ҳама муҳимаш фарорасии баҳор буду ҳаст ва ин падида боқӣ мемонад. Мардум онро бо тарзҳои гуногун ҷашн мегирифтанд, вале ҳамагон онро ҳамчун иди эҳёи табиат ва тантанаи зиндагӣ, умед ба соли пурфайзу пурсамар қадр мекарданд. Фалсафаи Наврӯз аз он ҳикматҳои муҳими ҳаётиест, ки пайванди инсонро бо табиат ва ҳодисоти табиӣ мустаҳкам намуда роҳи ҳаёти нек ва таъмини ояндаи умедбахшро ато менамояд. Руй овардан ба унсурҳои табии обу оташ, замину ҳаво, нуру офтобу гармии он, мушоҳида аз фаслу мавсимҳои табии ва донистани ҳикмати онҳо, дар шакли устуравӣ тасаввур кардани онҳову дар тасвиру ороиш, мафҳумҳои эстетикӣ ифода намудани унсурҳои табиӣ натанҳо барои ҳаёти инсон зарур аст, балки таъмингари ояндаи бани башар ба шумор меравад.

Рамзиёти Наврӯзӣ ба замоне мансуб аст, ки ҳануз хат вуҷуд надошт ва асотири марбут ба он дар шакли шифоҳӣ ва нақшу нигор, мусиқбву рақс ифода мегардиданд. Дар онҳо он мазмуну донишҳо-маълумоте, ки оид ба ҳастии моддиву маънавии мардум ба даст омада буданд, таҷассум ёфта аз насл ба насл интиқол меёфтанд. Бинобар ин ҷашну маросимҳои гунаи Наврӯз муҳимтарин воситаи интиқоли донишу таҷрибаи қадимтарини мардум оид ба ҳаводиси табиат, сарчашмаи ҳастӣ, чистии аносири табиӣ ва чигунагии он ва ғ. аз давраи бостонӣ то имруз ба ҳисоб меравад.

Наврӯз бо гардиши афлок ва кавокиб пайваста аст ва заминаи космологӣ низ дорад. Ногуфта намонад, ки дар даврони бостон бо шинохти ситораҳо афкори асотириву динӣ низ марбут буда аст. Масалан дар зардуштия Муштариро бо Аҳурамаздо яке медонистанд ва дар ин худошиносӣ маърифат ба ҳақоиқ, кашфу шуҳуд бо таҳзиб ва тазкияи нафс ва пиростани он аз аносири дахил ва ороиши он ба нури азалӣ ва ишроқ вобаста карда мешавад.

Рамзиёти Наврӯз хеле гуногунранг буда аз фалсафаи он ва ҳифзу нигаҳдории маънову муҳтавои амиқи миллӣ дар тули қарнҳо, меросбарии арзишҳо ва аз даст надодани онҳоро дарак медиҳад. Дар рамзиёти наврузӣ раванди муҳими ташаккули тафаккури фалсафии миллӣ, яъне аз асотир ва тасаввуроти моддӣ - воқеӣ ба абстраксияву тасаввурӣ - фалсафӣ мубаддал гардидани он ифода ёфтаанд. Раванди мазкур ифодагари мураккабшавии тасаввуроти инсон ва донишҳои он дар бораи ҳастӣ, сохтордиҳии тарҳҳои мантиқӣ-маъноӣ ва эъмори муҷассамаҳои маъноии конгинтивӣ мебошад.[1]

Пеш аз ҳама дар Наврӯз гардиши абадии олам таҷассум ёфтааст. Бозгашт ба асл ё абадӣ аз ҷумлаи қадимтарин донишҳои башар буда, тавре Мирча Элиаде таъкид дорад, аз устураҳои Байнаннаҳрайну Бобул сарчашма мегирад.[2] Он аз қавси сууд ва қавси уруҷ иборат буда бозгашт ба асли хеш, яъне Офаридгорро ифода менамояд. Ба ибораи Мавлоно- Ҳар касе, ки дур монд аз асли хеш, бозҷуяд рузгори васли хеш.[3] Навруз пеш аз ҳама рамзи бозгашт ба асл, ки поку беолоиш ва соф буда минббаъд бо афзошиш замон ғашноку ифлосу олуда шуда аст, мебошад. Дар ин архетип, ки давраи сарбаста аст, дар баробари маънои зоиш-марг нуҳуфта аст, ки боз ҳам ба ҳаёт мубаддал мешавад. Инчунин Наврӯз бо “бозгашт ба офариниш” ва ё чархи гардун марбут аст. Ин рамз то ҳануз дар ҳамаи офаридаҳои мардуми тоҷик чун рамзи асосӣ истифода мешавад, аз ороиши либос дар кашидадузии чакану тоқиву руймоли миён, ҷиҳози хона то нақшу нигоҳи тавақу косаву пиёла ва хонаву дигар. Аз як ҷиҳат рамзи мазкурро бо офтобу гармӣ ва аз ҷиҳати дигар бо гардиши фалак марбут медонанд. Ягонагии мазмунии ин архетип бо рамзиёти Ҳинду Чин ва Бобулу

Бо офтоб вобаста кардани рамзи чарх бо донишҳои космологии ориёиён марбут буда гардиши офтобро дар чаҳор фасли сол ва ивазшавии фаслҳо ва дараҷаи гармои офтобро ифода менамоянд. Чархаи дувоздаҳрузаи Навруз низ ишора ба гардиши соли дувоздаҳмоҳа аст, ки оғоз ва анҷоми солро таҷассум карда аст.

Фалсафаи Наврӯз аз ҷумлаи аносири табиӣ оташро баргузида, мефармояд, то оташи ҳаётбахш бо чубҳои пок барпо дошта шавад. Ин фармуда ба ин маънӣ аст, ки мо бояд ҷараёнҳои ҳаётии танро фақат бо хӯрокҳои табиӣ, ки пеш аз он барои нирӯи зисти инсонӣ муносибат дошта ва шоиста буда, бипарварем (ва зеҳн ва андеша ва дарёфтҳои волои фикриро, чунон ки Зардушт худ ба вузуҳ мегуяд, аз нури холис ва оташи беғаш борвар созем. Наврӯз тараннуми покиву сафо, равшаниву гармӣ, фаъолнокиву кор ва мазаммати касифиву торикӣ, сардиву зулмот, танбаливу бекорӣ буда барои вусъат додани неруи инсон дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб дар сароғози баҳории сол таҷлил мегардад. Ҳар гоҳ касе ба кажандешӣ ва бероҳагӣ андар шуд, фарри яздонӣ ё нуру фуруғи илоҳӣ варо тарк мекунад, чунон ки Ҷамшедро тарк гуфт ва ба касе, ки шоиста аст, дарун шуда мепайвандад, чунон ки ба Зардушт андар шуд ва ба Ардашер расид), оташ - кинояи намод ва нишонвораи покӣ ва руҳонияти одамӣ аст.[4] Арҷгузории оташро, ки дар ин айём анҷом дода аз Сада то Наврӯз идома медиҳанд, мавриди мулоҳиза қарор дода Дақиқии бузург онро бо асотири маъруфи замонаш мепайвандад ва чунин меангорад:

Яке миҷмар оташ биёвард боз

Бигуфт аз биҳишт оваридам фароз

Ҷаҳонофарин гуфт бипзир ин

Нигаҳ кун бадин осмону замин

Ки бе обу хокаш баровардаем

Нигаҳ кун баду фош чун кардаем

Нигар то тавонад чунин кард кас

Магар ман, ки ҳастам ҷаҳондору бас...

Дар Наврӯз он арзишу тимсол ва амалу ҳаракоте арҷгузорӣ мегардад, ки барои рушду нуму, сабзишу инкишоф, зебоиву хушнудӣ, сафову покӣ, равшаниву гармӣ муосидату ёрмандӣ намоянд, чӣ аносир бошанду наботу ҳайвон, ва чӣ расму оини бо ин арзишҳои пайваста. Рамзи он муқобилгузории некӣ ба бадӣ, маърифат ва шинохти асҳоби ростини тафаккур ва андеша ба ҷаҳолату нодонӣ, равшанӣ ба ҳуқд ва буғзу таассуб ва каҷравиро нишон медиҳад. Бинобар ин таҷлили Навруз – ин ҷашни аҷдодӣ, бо он, ки анъаноти бостонии марбут ба даврони асотириро ҳифз намудааст, дар худ таъсири давраҳои гуногуни тамаддуни мардуми ориёӣ ва дигар қавму қабоили парастандаву арҷгузори Наврузро таҷассум менамояд. Навруз бо ин хусусияти худ муттаҳидгари ҷомеаву тамаддунҳост, ки имрӯз бо номи Ҳавзаи парастиши Навруз маъруф гардида бо рисолати ҷашни арҷгузорӣ ба бедоршавии табиат доштани худ, бо орои умуми кишварҳои узви Созмони милали муттаҳид ҷашни байналмилалӣ шинохта шудааст.

Рамзҳои зооморфӣ (хайвонотпарастӣ) ва баъзе аломатҳои марбут ба фарорасии баҳор меравад. Дигар вижагии Навруз он аст, ки вобаста бо кавокиб ва гардиши фалак аст, ба маъное, ки сароғози сол ва баробарии шабу рузро дар баҳор нишон медиҳад. Ин замон аз муҳимтарин гоҳҳое ба шумор меравад, ки дар тайину дақиқан муайян намуданаш донишмандони мунаҷҷиму ситорашиноси бостон заҳматҳо кашидаанд. Дар мутуни паҳлавӣ ба вижа онҳое, ки тавассути Зарвониён навишта шуда, чун Минуи Хирад, Бундаҳишн ва Андарзномаҳо - таъсири кавокиб бар зиндагии мардум чун шавоҳиди табиъӣ машҳуд аст.[5] Дар фарҳанги суғдӣ яке аз тасвирҳои муҳими зооморфӣ тасвири шер ва гов аст, ки дар набарданд ва асосан ин набард бо ғалабаи шер анҷом меёбад. Дар баъзе тасвирҳо ин набардро шоҳе шаҳсавор бо найза сарварӣ мекунад, ки таҷассуми фарри шоҳӣ ва фатҳи гармӣ ба сардӣ, гардиши зимистон ба баҳор аст.

Аҷдодони мо замони фаро расидани баҳор – Наврӯзро на танҳо бо расидани нури офтоб ба нишонаҳои муқарраршуда ва бедоршавии табиату тастанишҳо, пайдо шудани аввалин гулҳои зардранг – гули зардак ё бойчечак, балки бо аломатҳои гуногуни мардумии марбут ба паррандагон ва олами ҳайвонот низ муайян мекардаанд. Тоҷикон мисли аксари мардуми ҷаҳон наздикшавии Наврӯзро, аз ҷумла, аз рӯи вақти гашта омадани паррандагон, масалан, лаклаку турнаҳо аз манотиқи гарм муайян мекардаанд. Инчунин рамзҳои муқаддаси зооморфӣ монанди Симурғ –махлуқе болдору паррандашакл, бо пойҳои шер/хирс/саг, танаш пушида бо пусти моҳӣ, ки таҷассумгари ягонагии се унсур- замину обу осмон ва ҳомии унсурҳои табиат мавҷуданд. Симурғ рамзи ҳосилхезиву ҳаёт, ободиву фаровонии обу борандагӣ мебошад.

Рамзиёти мазкури ҷашни Наврӯз, ки дар фарҳанги бостонии суғдӣ ва бохтарӣ низ фарогиранд, дарак аз хотираи ҷовидонии миллати бостонии дорои фарҳангу тамаддуни пешрафта ва боқимондаҳои тасаввуротҳо оид ба ҳайвонот ва иртиботи он ҳамчун нишонаи донишмандиву хирад, таҷрибаву ҳувият далолат мекунанд. Ҷолиб он аст, ки дар тасвиру рамзиёти мазкур мо бо тасаввуроти бостонии миллат оид ба омодагии ҳастӣ ба ҳаёти нав, баҳор ва сарватмандӣ, бахту саодат ва шукуфоӣ дар соли нав огоҳ шуда аз умеду эътимод ба боварии он ба оянда, сабзаву шукуфоии ҳаёти минбаъдаро дармеёбем.

Маҳмадҷонова М.-д.и.ф., профессор, сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

[1] А.В.Александров. Когнитивные информационные конструкции//Образовательные ресурсы и технологии. 2016, 4 (16). - с. 93.

[2] Элиаде М. Мир о вечном возвращении (перевод Е.Морозовой и Е.Мурашкинацевой). М. Ладомир. 2002.-414 С.- с76.

[3] Ҷалолуддин Балхии Румӣ. Маснавии маънавӣ. Душанбе, 2013.-с.25.

[4] Ҳошим Разӣ. Ҳикмати хусравонӣ (сайри татбиқии фалсафа ва ҳикмат ва ирфон дар Эрони бостон аз Зардушт то имруз). Теҳрон. Интишороти Баҳбаҳат 1379.с.37

[5] Ҳошим Разӣ. Ҳикмати хусравонӣ (сайри татбиқии фалсафа ва ҳикмат ва ирфон дар Эрони бостон аз Зардушт то имруз). Теҳрон.Интишороти Баҳбаҳат1379.с.26.