Skip to main content

Наврӯз, ба унвони яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳо дар олам, бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди давом ва бақои кавми тоҷик ва дигар ақвоми ориёитабор махсуб мешавад. Ин ҷашнро ақвоми зиёди муҷовир аз дуру наздик: аз марзи Чин ва ақсои Ҳинд то савоҳили уқёнуси Атлас ва аз арозии Сибириё то Халиҷи Форс ба унвони ҷашни миллӣва қавмии худ пазируфта, ва бо шукӯҳу шавкати хосае онро таҷлил мекунанд, ки ин худ далели возеҳу раднопазирест марбут ба таъсири фарҳангии тоҷикону дигар ориёинажодон бар сокинони ин марзу бум ва куллан тамоми ақсои олам.

Гузашта аз он, «иморати хештаншиносии тоҷику эронӣду шаҳсутун дорад: яке забони порсисту дигаре чашни Наврӯз».

Дар ин набиштаи мухтасар ишороте чанд хоҳад омад ба унвони далел бар асолату дурустии ин суханон, бо таъкид бар он ки: «Забони порсӣ (точикӣ) ба унвони ҳомилу ҳомии осор ва пиндори фарҳангӣ ҳам ҳофизаи таърихӣва ҳам дурнамои рушди маънавиамонро таҷассум мекунад. Ҷашни Наврӯз ба унвони суннати зиндаи халқ замонати бақои рузгори ӯст».

Ва инак, мисоле чанд роҷеъ ба Навруз ва инъикоси тасаввуроту боварҳои ниёгонамон дар ин ҷашни куҳан ва шукӯҳманд, ки бештар дар назми оламгири форсӣтаҷассум гардидаанд:

Гирдгардон будани олам, яъне дар ҳолати тағййиру таҳаввули мудовиму давраӣ қарор доштани он, дар тасаввури аҷдодони мо як падидаи муқаррарӣбудааст. Ва ба фармудаи Одамушшуро Рудкӣ:

Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст,

Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.

Ва бар асари ҳамин ҳолати гирдгардонӣаст, ки:

Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,

Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки халқон буд.

Ва нуқтаи тавассули чунин як ҳолати гирдгардонӣва мубаддал шудани куҳна ба на нав баҳору Наврӯз аст, ва ҳатто:

Шояд ки марди пир бадин гаҳшавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт шубоб аз паи машиб.

Илова бар он, аз дидгоҳи Одамушшуаро, Наврӯз худ табибест ҷиҳати муолиҷаи ҷаҳони бемору дардманд ва василает ҷиҳати ба эътидол овардани олами хастӣдар сатҳи ҷомеа ва кайҳон:

Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,

Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суман бодро табиб.

Яъне Наврӯз василаву намоди эътидол аст, чун он замони тавозуни шабу рӯз ва оштиву сулҳу салоҳмиёни инсонхо, дур афкандани кинаю кудуратҳо, пушти сар гузоштани сардию хушунат ва рӯй овардан ба меҳрубонию каромат меобошад. Ва аз ин лиҳоз ба фармудаи Унсуралмаъолии Кайковус, «этидол ҷузвест аз ақли кулл».

Пас, аз ин дигоҳНаврӯз намоди ақли кулл маҳсуб мешавад.

Васфи Наврӯз бавижа дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣмақоми сазовор ва чойгоҳи баланде дорад ва ба унвони даврони пирӯзии некӣбар бадӣ, ҷилваи шукӯҳу шавкати шоҳону шаҳриёрон, шукуфоии олам ва сарбаландию осоиши одам талаққӣ мешавад. Хаким Фирдавсӣба масъалаи Наврӯз аз дидгоҳи равобити фитрии инсон ва табиат ва куллан олами ҳастӣ менигарад, ва ин ҷашнро пули иртиботе медонад ҷиҳати таҷдиду шукуфоии муштараки инсон ва кайҳон. Забони шево ва тавонои форсӣ (тоҷикӣ) имкон медиҳад, ки Ҳакими Тус дар нигориши вижагиҳои Наврӯз ба гунаи шигифтоваре доди сухан диҳад, ва хонандаро ба олами сеҳрангезу рӯҳнавози ин забон раҳнамун бошад ва макоми Наврузро дар тадовуму такомули фарҳанги порсизабонон ба намоиш бигзорад.

Хаким Фирдавсӣбо ишора ба тасаввуроти қадимии ақвоми ориёӣ Наврӯзро инчунин замони вонамудани рози оламу одам медонад. Масалан, дар «Достони Бежан», вақте ки Гев дар ҷустуҷӯи Бежан оҷиз мемонад, ва ба чораҷуӣназди Кайхусрав меравад, ва аз у барои дарёфтани гумшудааш ёрӣмехоҳад, шоҳи каёнитабор чунин посух медиҳад:

Бимон, то биёяд маҳи фарвадин,

Ки бифрузад андар ҷаҳон ҳурдин.

Бар он гаҳ, ки бар гул нишонад-т бод,

Чу бар сар ҳаме гул фишонад-т бод,

Бигуям туро ҳар куҷо Бежан аст,

Ба ҷом андарун ин маро равшан аст.

Яъне то замоне, ки Наврӯз фаро нарсидааст, Кайхусрав наметавонад ба Ҷоми Ҷам бингарад, ва асрор ҳувайдо созад. Чаро? Зеро, ки танҳо дар айёми Наврӯз ҷаҳонро тағййироти боризе фаро мегирад, ва биниши фитрӣ ба бор меояд.

Ва чун Наврӯз фаро мерсад, Кайхусрав:

Яке ҷом бар каф ниҳода набид,

Баду андарун ҳафт кишвар бидид.

Замону нишони сипеҳри баланд,

Ҳама кард пайдо: чиву чуну чанд.

Навруз дар «Шоҳнома» на танҳо оғози соли нав, пушти сар шудани зимистону сармо ва фаро расидани баҳору шукуфоӣ, балки нуқтаи оғозини замони шаҳриёрии шоҳони даврони бостон низ ҳаст. Дар ин маврид низ Наврӯз оғози даврони нави эътидол ва назму низоми навинест дар зиндагии мардум, дар миқиёси кишвар ва дар умури кишвардорӣ.

Ва Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ ҳам аз мафҳуми Наврӯз ба унвони даврони сипарӣшудани мушкилоти куҳан ва фаро расидани назми сурурафзои навин истифода менамояд. Аз дидгохи ӯ ин чашни муборак василаест ҷиҳати нафйи даврони пур аз мушкилот ва руй овардан ба тавфиқ:

Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯзхуш аст,

Бар тарфи чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.

Аз дӣ ки гузашт, харчӣгӯи хуш нест,

Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

Ғанимат донистани даврони зиндагонӣбо фаро расидани Наврӯз маънии тозае пайдо мекунад, зеро ин давронест, ки олами ҳастӣ бо тамоми нафосату латофати худ зуҳур мекунад, нав мешавад ва назми тозаю назаррабое касб менамояд:

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,

Бархезу ба ҷоми бода кун аҳд дуруст.

К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,

Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.

Дар ин рубоӣбоз як нуктаи ҷолиб ва тасвири хеле нозуке хаст: рухи лоларо шустани абр. Зеро равшан аст, ки абр тавассути борон рухи лоларо на танҳо дар айёми Наврӯз, балки дар дигар рӯзҳои сол низ мешӯяд, ва ба он таровати тозае мебахшад. Вале ин ҷо ишора бар он аст, ки Наврӯз худ айёми муборакест, ки тавони поксозии зохиру ботини оламу одамро дорад; ва чун он кудуртҳоро мезудояд, адоватҳоро аз миён мебарад, ҷаҳонро ба таври сеҳромезе тағййир медиҳад ва назму низоми навини хубиву некӣэҷод мекунад, пас дар ин айём «азм ба ҷоми бода» намудан, яъне василаи шодмонию сурурро фарохам овардан амалест дархури инсони равшанзамир.

Ҳамчунин ишора ба гузаро будани даврони зиндагӣ низ бо истифода аз нишонаҳои наврӯзӣ, яъне сабзаву марғзор, ки бо гузашти айём фанопазиранд, сӯрат мегирад.

Дар рубоиёти Хайём садои дилнавози мурғони нағмахон, бавижа булбул, низ ба унвони намоди овоии (савтии) Наврӯз ҷилва мекунад:

Рӯзест хушу ҳаво на гарм асту на сард,

Абр аз рухи гулзор ҳамешӯяд гард.

Булбул ба забони паҳлавӣбо гули зард,

Фарёд ҳамекунад, ки май бояд хвард.

Ва инчо булбул маҳз ба забони пахлавӣ (форси, точики) нағма мепардозад ва бо муроҷиа ба гули зард, ки намоди навмедӣва бевафоии ёр аст, аз назми гирдгардони олам ва зарурати ғанимат донистани даврони шукуфоӣ хабар медихад.

Лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣмавзӯи Наврӯзро ба таври хеле шево ва барои офаридани мазомини баланди ирфонӣба кор гирифтааст. Ӯ, ки дар ифодаи ҳолу аҳвол ва мақомоти орифон хеле чирадаст аст, Наврӯзро ба унвони паёмовар аз сӯи Дӯст ва барафрузандаи чароғи дил, яъне бахшандаи ваҷди орифона тавсиф менамояд:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрузӣ.

Инчунин «чароги дил барафрухтан» тавассул ҷустан ба даргоҳи Дӯст аст, ки чун боди наврӯзӣсафои рӯҳ мебахшад. Ва ин сафои рӯҳ дар навбати худ василаест ҷиҳати дарёфти назму эътидоли маънавӣ барои солик, ки раҳсӯи манзили Ӯро дар пеш дорад.

Яке аз вижагиҳои боризи ашъори Хофиз маҳз он аст, ки ҳар кас онҳоро мувофиқба холи худ ва дар сатҳи тавони худ дарк мекунад. Вале ин гуна дарк дар ҳама ҳол ва барои ҳар нафаре, сарфи назар аз сатҳи омодагии маънавии ӯ, ҳақиқат дорад. Яъне чи ориф, чи файласуф ва чи наҳвӣ аз назми Ҳофиз чизҳоеро дарку фахм мекунанд, ки ба ҳолати ма’навии онҳо созгор ва аз ҳар чашмандозе дуруст аст ва ба дард мехурад. Ҳар чанд, ки Хоҷаи Шероз бо эътирофи худаш «сухан дар парда» мегӯяд:

Сухан дар парда мегӯям, зи худ чун ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷрӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Дар инҷо Ҳофиз барои ифодаи эътидоли олами ҷисмонию рӯҳонӣ, ки аз тариқи такрор ва нафйи нафй, тавассути раванди гирдгардонӣ(тагййирпазирии даврӣ) зуҳур меёбад, ва чуноне ки зиакраш рафт, Наврӯз нуқтаи тавассули он аст, аз ибораи «мири наврӯзӣ» истифода намудааст. Зеро, ки мири наврузӣ, ки табқи суннати қадим ба таври муваққат аз миёни омма барои саргармӣ ба унвони «ҳоким» интихоб мешуд, вале хӯкумати воқеӣ надошт, бо гузашти панҷё шаш рӯз аз ин мансаб маъзул мешуд. Яъне инҷо киноя аз зудгузарӣва нопойдорӣ аст.

Ва ҳамин зудгузарии мукаррар худ ҷузве аз эътидоли ҷисмонӣва рӯҳонӣ дар ин олам аст. Вале ҳар дафъа:

Нафаси боди сабо мушкфишон хохад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.

Хамин нигоҳи гузаро ба намунае чанд аз осори навобиғи назми олашумули форсӣ-тоҷикӣгувоҳбар он аст, ки Наврӯз на танҳо ҷашни суруру шодмонии зоҳирӣ, балки як падидаи нодири фарҳангӣ ва суннатиест, ки бо худ рамзу рози эътидоли ҷисмонӣ ва рӯҳонии ҷаҳони ҳастиро ҳамроҳ дорад ва то ҳадди зиёде онро метавон ба унвони боландагӣ ва равшангарии рӯҳи ориёӣ таллаққӣ кард. Ва дарки ҷанбаҳои мухталифи ин ҷашни шукӯҳманди ниёгон ба таври ҳатмӣдар ҷодаи худшиносии миллӣ таъсиргузор хоҳад буд.

Махшулов М., ходими пешбари илмии маркази синошиносии Иститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуки ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Назаров С.Т., Ктиби илмии Иститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуки ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ