Skip to main content

Муҳтарам кормандони соҳаи иқтисод!

Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо 8- апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиён таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ба ҳамаи ҳамкорон ва кормандони соҳаи иқтисоди кишвар иди касбияшонро табрику таҳният хонда, дар фаъолияти корияшон барору комёбӣ таманно менамоям.

Боиси хушнудист, ки имрӯз бо ташаббус ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи иқтисодиёти кишвар рушду пешрафт намуда, маҳз саҳми кормандони соҳаи иқтисоди кишвар дар таъмини рушд ва нумӯи ин соҳа беназир мебошад.

Воқеан, пешравию таҳаввулоти ҳар як давлатро буҷети ғаниву устувор таъмин намуда, як омили амиқи танзимкунандаи тавозуни иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо ба шумор меравад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо шарофати роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон динамизми инкишофи низоми иқтисодӣ сол то сол ҷараёни мусбату натиҷабахшро соҳиб гардида, қатъи назар аз монеаҳои душвори дар даҳсолаи аввали солҳои соҳибистиқлолӣ вуҷуддошта, Тоҷикистон бо истеҳсолоти дохилӣ дар масъалаи ғанӣ гардониданибуҷети давлатӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Ҷои инкор нест, ки Тоҷикистони азизи мо марҳилаҳои душвору хатарноки буҳронҳои иқтисодиро паси сар намудааст ва алҳол дар фазои осоишта дар пайи таҳаввулотҳои азими иқтисодӣ қарор гирифтааст.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҷрибаву малакаи бузурги давлатдорӣ аз рӯи ихтисосашон иқтисодчӣ мебошанд ва дар робита ба ин ҳама нозукиҳои низоми иқтисодиро дарк менамоянд. Таҳлилҳо ва хулосаву натиҷагириҳои Роҳбари давлат дар Паём асоснок буданд ва аз ҳар нуктаи суханрониҳояшон дарк намудан мумкин аст, ки ҳадафу мароми доимияшон баланд гардонидани сатҳи зиндагии халқи азизашон мебошад.

Қобили таҳсин аст, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқоту суҳбатҳояшон бо истеъдоди фавқуллодаашон аз ҳолату авзои иқтисодии ҷомеа дар доираи факту асноду рақамҳо огаҳ мебошанд. Хеле хушоянд аст, ки дар заминаи муқоисаҳову таҳлилҳо дар зиндагии ҳар як сокини кишварамон пешравию дигаргуниро шоҳид мебошем.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи амалӣ гардонидани нақшаҳову барномаҳои бузурге дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дорад. Агар гӯем, ки ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат ба таври комил таҳаввулоти иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад, хато нест. Тоҷикистон дар минтақа ба кишвари бузурги саноатӣ табдил хоҳад ёфт. Дар ин самт масъулияту садоқату самимияти ҳар як сокини кишварамон ба ватану сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумати кишварамон нақши бузург дорад. Чун Тоҷикистони моро таҳаввулотҳои бузурге дар пеш истодааст, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарбияи фарзанд ва ҳамчун кадрҳои соҳибихтисос ба камол расонидани онҳо ишора карданд, ки фарогири чандин паҳлуҳост. Дар ҳақиқат наслиояндасоз - меъмор, муҳандис ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон бояд бошанд, ки меҳнату заҳмати онҳо омили пешрафти иқтисоди миллӣ мегардад.

Иди касбӣ муборак!