8- июни соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намудаанд. Мақсад аз ин сафар иштирок ва суханронӣ дар маросими даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ барои солҳои 2025- 2034 аст. Пешвои миллат дар суханронии хеш изҳор намудаанд,ки Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори даҳсолаи байналмилаии амал барои илмҳои криосферӣ иштирок дорад.
Боиси тазаккур аст,ки 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда дар рушди ҳамаи соҳ аҳои ҳаёти инсон ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд.-Ҳамчунин Пешвои миллат дар суханронии хеш оид ба уқёнус иброз намудаанд,ки тайи чанд даҳсолаи охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз 1300 адади онҳо пурра об шуда нобуд гардидааст.Обшавии пиряхҳои Тоҷикистон нисбат ба солҳои пеш фарқкунанда буда,ин раванди обшавӣ бо суръат идома дорад. Дар доираи ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани “Соли оби тоза (соли 2003)”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар соҳаи ҳалли мушкилоти об боло бурд.
Бояд қайд намуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлати Фаронса ҳамчун сарвари ташаббускор дар умури ҷаҳони обу иқлим даъват намудаанд. Дар Ҷумҳурии Фаронса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса ва ҳамчунин бо мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле мулоқоти самимона анҷом доданд. Ҳамчунин дар рафти сафар Пешвои миллат бо якқатор намояндаҳои кишварҳои гунон аз ҷумла бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа муҳтарам Ҳун Манет мулоқон намуда, ҳардуҷониб аз ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Имрӯзҳо масъалаи обу иқлим ташвишовар номида шуда, тамоми кишварҳои дунё дар ҳамгироӣ роҳи ҳалли мушкилоти онро тавассути барномаҳо ва самоягузорӣ пешгирӣ бояд намоянд. Ҳамчунин дар конфронси мазкур Перезиденти Фаронса Эммануэл Макрон бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, ҳарду ҷониб аз ҳамкории судманди тарафайн изҳори қаноатмандӣ намудаанд. Президенти Фаронса ҷониби Тоҷикистон оид ба муваффақона гузаронидани Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо,ки дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, табрик намуд. Дар вохурии ҳарду роҳбарон як қатор санадҳои нав маврид назар қарор гирифт. Боиси хушнудист, ки олимон ва мутахассисони Тоҷикистон оиди ин конфронси мазкур дар телевизионҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар матбуот низ мақолаҳои илмии хешро нашр намудаанд.
Ҳамчунин дар тамоми шабакаҳои телевизиони ҷаҳон суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намоиш дода,донишмандон ва мутахассисони хориҷӣ низ ақидаҳои худро иброз намудаанд. Барои мо тамоми тоҷикони олам хурду бузург боиси ифтихораст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дунё як шахси наҷотбаш ташаббускор шинохта шудааст. Пас ҳамаи моро зарураст,ки аз насиҳатҳо ва суханрониҳои Пешвои миллат омухта имруз ва фардои кишвари худро ободу озод нигоҳ дорем.
Махмедов Муҳаммадҷон, - ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
30 январи солӣ ҷорӣ дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар кори Маҷлис Маликшо Неъматзода - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Одилзода Дилбар – муовини раиси шаҳри Душанбе, Абдураҳмонзода Абдураҳмон-Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифҷон Ҳакимзода-раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Мунира - узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода- Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Зимни маҷлис масъалаҳои муҳим ҷиҳати иҷрои бандҳои паёми навбатии Пешвои миллат, фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳкими корҳои ташкилию идеологӣ ва вазифаҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2026 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.
Дар фарҷоми маҷлис як қатор фаъолон бо мукофотҳои ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Тибқи нақша – чорабинии АМИТ ва дастуру супориши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х. аъзоёни фаъоли Академияи хурди илмҳо барои васеъ шудани ҷаҳонбинии онҳо, ғани гардонидани донишҳои амалӣ ва фундаменталӣ, инчунин вохурӣ бо олимон ва муҳаққиқон, бедор намудани шавқу рағбати ғояҳои илмӣ ба таҳқиқот ва навоварӣ хонандагони Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат"-и шаҳри Душанбе бо роҳбарии кормандони шуъбаи кор бо мактаббачагони назди Раёсати АМИТ ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ ба пойгоҳҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, ҳамзамон ба Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ сафарбар карда шуданд.
Зимни вохӯрӣ аъзоёни Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро олимони шинохтаи Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии болозикр ҳамроҳӣ намуданд.
Имрӯз, 30 январ бо мақсади таҷлили бошукуҳи ҷашни бостонии Сада дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастовардҳои олимону муҳаққиқони самти илмҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар намоиш намунаҳои дастовардҳои илмӣ, навовариҳо, зироатҳои кишоварзӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз, тухмиҳои селексионӣ ва маҳсулоти илмӣ-таҳқиқотӣ муаррифӣ гардида, саҳми олимон дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар баръало нишон дода шуд.
Зимни боздид президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқон аз гӯшаҳои намоишгоҳ дидан намуда, бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои нав ва самтҳои афзалиятноки рушди илмҳои кишоварзӣ шинос гардиданд. Таъкид гардид, ки таҷлили ҷашни Сада ҳамчун ҷашни меҳнату кишоварзӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои ниёгон нақши муҳим дорад.
Дар намоиш зикр гардид, ки олимону муҳаққиқони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон навъи картошкаи батат — «Сомон» ва дигар навъҳои селексионии ба шароити иқлимии кишвар мутобиқшударо парвариш ва пешниҳод намуданд. Инчунин аз ҷониби онҳо як навъи қаҳваи маҳалӣ муаррифӣ гардид, ки аз ҷониби олимону муҳаққиқон омода гардидааст.
Дар идома дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабзе, ки дар боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб парвариш ёфтаанд, низ ба намоиш гузошта шуданд ва меҳмонон имконият пайдо карданд, ки бо хусусиятҳо ва сифати ин ниҳолҳо шинос шаванд.
Имрӯз, 30 январ дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада Конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Ҷашни Сада: таърих, моҳият ва рамзҳои миллии он” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии худ аз арзиши баланди миллӣ ва фарҳангии ҷашни бостонии Сада ёдовар шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимону кормандонро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ба яке аз ҷашнҳои дустдоштаи миллӣ табдил ёфтааст.
Пешвои миллат дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд, ки "-ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда, ташаккул ёфтаанд”.Аз ин хотир, эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Сада, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар қатори дигар ҷашну суннатҳои неки ниёгон Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳазорон сол қидмат дорад ва аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ (ҳатто қадимитар аз Наврӯз) ба шумор меравад. Сада рамзе аз куҳан будани фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар худ маърифат ва шинохти табиату ҷомеаро аз ҷониби ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон инъикос кардааст.
Гуфта шуд, ки Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд. Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои лозима меандешиданд.
Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст.
Дар идомаи конференсия як зумра аз олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, вобаста ба таърих, моҳият ва рамзҳои миллии ҷашни Сада андешаҳои худро баён карданд. Ҳамчунин, мактабачагони Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон доир ба ин ҷашни бостонӣ аз ашъори шоирон порчаҳо қироат намуданд.
29.01.2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд.
Дар маркази рамз акси “Маҷмааи Истиқлол”, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст.
Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.
Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд.
Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд.
https://president.tj/event/news/54712
Имрӯз, 28 январи соли 2026, соати 04:32 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза дар масофаи 488 км шарқу шимоли шаҳри Душанбе ва 39 км шимолу ғарби ноҳияи Мурғоб қарор дошт. Қувваи заминларза дар марказ 3–4 баллро ташкил дода, дар Мурғоб 3 балл ва дар Душанбе заминларза эҳсос нашуд.
Имрӯз, 27 январ, дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мари Фаверо, доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса барои олимону муҳаққиқони самти илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла забон ва таърих маърузаи илмӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, олимон ва муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ намуда, ҳозиронро хайрамақдам гуфт ва ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти илмҳои гуманитарӣ таъкид кард.
Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл дар суханронии хеш бори дигар аз аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса таъкид намуда, ба дастовардҳои олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар рушди илмҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар маъруза Мари Фаверо ба масоили таърихии Хорди тиллоӣ, таъсири он ба забон ва фарҳангҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин нақши забон ҳамчун воситаи муошират байни халқҳо диққати махсус дод. Ҳозирон имкони иштирок дар муҳокимаи фаъол ва додани саволҳоро пайдо намуданд. Мари Фаверо ҳамзамон доираи васеи корҳои илмии худ, аз ҷумла нашри мақолаҳо ва китобҳо дар мавзӯъҳои таърих ва забонро ба иштирокдорон муаррифӣ кард ва ба аҳамияти омӯзиши таърих ва фарҳангҳои минтақавӣ таъкид намуд.
Чорабинӣ бо суханрониҳои таҳлиливу мубодилаи афкор ва тавсифи аҳамияти ҳамкориҳои илмӣ байни олимони Тоҷикистон ва Франсия анҷом ёфт. Ин маъруза як қадами муҳим дар густариши робитаҳои илмӣ ва рушди дониши академӣ дар самти гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз, 27 январ, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густариши робитаҳо байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Фаронса, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷрибаи илмӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятноки илмро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти забон ва таърих, гузаронидани омӯзишҳо ва таҳқиқоти илмӣ миёни донишҷӯён ва муҳаққиқон дар мавзеъҳои таърихӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии худ ба аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм таъкид намуда, иброз дошт, ки Академия омода аст дар доираи лоиҳаҳои муштарак, баргузории ҳамоишҳои илмӣ, конфронс, симпозиюмҳо, табодули олимону муҳаққиқон ва анҷоми таҳқиқоти муштарак бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Фаронса ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба сатҳи ҳамкориҳои илмии дуҷониба баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Фаронса ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус дар самти забон, таърих ва таҳқиқоти марбут ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Дар идомаи мулоқот хонум Мари Фаверо — доктори илмҳои таърих, директори Институти таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Фаронса, ба омӯзиш ва мавзеъҳои таърихии чандинҳазорсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак миёни олимон ва муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар ин мавзеъҳои таърихӣ изҳор намуд.
Дар анҷом ҷонибҳо чунин мулоқотҳоро заминаи муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва густариши равобити дуҷониба арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.
