
Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик, Тоҷикистони азиз на танҳо як дастоварди таърихӣ, балки заминаи асосии сулҳу субот, рушди устувор ва эҳёи давлатдории миллӣ мебошад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 хотима бахшид, ба таърихи муосири Тоҷикистон саҳифаи наве бахшида бо имзои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз Тоҷикистон тавонист, ки қадамҳои устувори худро баҳри шукуфоӣ ва пешрафти давлат ва ҷомеа гузорад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандона тавонист халқи парешонро сарҷамъ намуда, кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Ӯ бо ташаббусҳои созанда ва талошҳои пайгирона сулҳу суботро барқарор намуда, заминаи рушди минбаъдаи давлатро фароҳам овард, ки дар он солҳо ба ҳам овардани мардуми парешон, ки ба сангарҳои муқобил ҷудо гашта буданд, кори саҳлу осон набуд. Ҳазорҳо мардуми тоҷик аз тарси ҷангу хунрезӣ ба хориҷи кишвар ҳамчун гуреза рафта буданд, дар Тоҷикистон торикӣ ҷаҳолат, хонаҳои сухтаю валангор, ки осори ин ҷанги таҳмиллӣ буд, хукмфармо буд, ва шахсе, ки дар даст камон дошт, ӯ пешоҳанг буда, сухани ӯ қадр дошт. Баъзе манотиқи кишвар дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт, дар ин ноҳияҳо оилаҳо аз норасоии орд ва истеъмоли гандуми пастсифат вафот мекарданд. Ана дар ҳамин вазъияти ногувор Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, тоҷиконе, ки паси сангарҳои гуногун менишастанд, ба ҳам биёрад, гурезаҳои берун аз кишвар қарор доштаро ба ватан баргардонад, хонаҳои сухтаю валангорро аз нав обод созад, ва тамоми шароитро фароҳам оварданд, ки мардум офатзада, ба маҷрои муқаррарӣ баргарданд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардида, мавриди омӯзиш ва истифода дар ҳалли низоъҳои дигар кишварҳо қарор гирифтааст, ки ин мояи ифтихори тамоми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон, ки намояндаи ин миллати тоҷдоранд, мебошад. Бо шарофати сулҳу субот имрӯз Тоҷикистони азиз аъзои созмонҳои бонуфузи байналмиллӣ буда, таклифҳои сарвари давлати тоҷикон дар ин созмонҳои бонуфуз боиси дастгирист.
Ваҳдати миллӣ на танҳо ба барқарории сулҳ, балки ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар низ мусоидат намуд. Сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳо, мактабҳо ва дигар инфрасохторҳо бо талошҳои пайвастаи давлат ва дастгирии мардум амалӣ гардиданд. Ин ҳама нишонаи он аст, ки ваҳдат заминаи асосии пешрафти ҷомеа мебошад, зеро дар ҳама давру замон ҷанг ин ҷаҳолат, торикӣ ва харобиро ба миён оварда садҳо модарон бе фарзанд, занон бе шавҳар ва кудакон бе падар мемонанд.
Имрӯз, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки ин неъмати бебаҳо – ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои таҳким ва мустаҳкам намудани пояҳои он саҳмгузор бошад. Танҳо бо иттифоқ ва ҳамдилӣ, ҳамрайъӣ метавонем ба ҳадафҳои олии миллӣ расида, Тоҷикистони азизамонро ба кишвари шукуфон табдил диҳем. Шукронаи ваҳдати миллӣ ва истиқолияти давлатӣ, ки болу пари як кабутаранд, кунем ва дар замири насли ояндасози миллат худшиносӣ, худогохӣ меҳанпарастӣ ва чун Пешвои миллат сарсупурдаи ватанро тарбия намоем, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст,онҳо тавонанд, ки бо ин хислатҳои ҳамида нуфузи Тоҷикистони азизро дар арасаи байналмиллӣ боз ҳам баланд бардоранд.Бигузор парчами сулҳу субот доимо болои Тоҷикистони азиз парафшон бошад, саодату давлати ӯ ҳамеша бегазанд ва поянда бошад.
Саидзода Муҳаббат Шералӣ - ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
Имрӯз, 12 сентябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи Вазорати тандурустии Федератсияи Русия Мамедов Меҳман Ниёзиевич мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ, гузаронидани озмоишҳои муштарак бо олимони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти кардиология ба мувофиқа омаданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо зимни суханронии хеш ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ тавассути табодули академӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Инчунин, ҷонибҳо барои баргузорӣ ва иштирок дар симпозиюми байналмилалӣ бахшида ба 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори андеша намуданд.
Имрӯз, 12 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷониби мураттибон профессор Суфизода Шодимуҳаммад ва академик Муҳаммадюсуф Имомзода омода гардидааст, рӯнамоӣ гардид.
Дар оғози маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои калидии таърихи навини тоҷикон буда, саҳми ӯ дар истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Воқеан, ба унвони бунёдгузори адабиёти навини тоҷик ва нахустин президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи пешоҳангоне ба шумор меравад, ки равишҳои мухталифро дар пажӯҳишҳои илмӣ ҳамаҷонибаву мукаммал ба роҳ монда, заминаҳои ташаккули илми муосири тоҷикро фароҳам оварданд.
Умуман, таъсири амиқе, ки устод Садриддин Айнӣ ба ҷаҳони маънавӣ ва маърифати мардум дошт, то ба имрӯз пояндаву арзишманд аст. Ба таъбири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст».
Таъкид гардид, ки китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» библиографияи осори мутафаккири бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва адабиёт доир ба ӯро фаро гирифтааст. Асари мазкур як таҳқиқоти муҳим ва муфассалест, ки ба таҳлили мероси адабии Садриддин Айнӣ ва пажуҳишҳое, ки дар бораи ӯ анҷом дода шудаанд, бахшида шудааст. Феҳристи мазкур ҳамчун як манбаи боэътимод ва роҳнамои арзишманд барои муҳаққиқон ва ҳаводорони фарҳангу адабиёт пешкаш мегардад.
Дар идомаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди Шодимуҳаммади Сӯфизода, шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, бори дигар аз хизматҳои таърихии устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти муосири тоҷик ёдовар гардиданд.
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
Дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, Хонақоҳ 1-2 ва Оби Мазори Ховалинг дарёфт шудаанд, ҷамъоварӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ёдгориҳои осорхонаи мазкур бозгӯй аз се давраи таърихӣ, асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошад.
Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин таалуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.
ТААССУРОТ ДОИР БА МУШАРРАФ ГАРДИДАНИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ БА НОМИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ
Ман, ҳамчун ҷавони хушбахту саодатманди даврони Истиқлолияти давлатӣ, бо эҳсосоти гарму самимӣ ва бо дили пурифтихор хабари мушарраф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой пазируфтам. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, хоса барои мо ҷавонон, манбаи ифтихор, илҳом ва нерӯи тоза гардид.
Ҷоизаи мазкур, ки ба шахсияти Пешвои миллат тақдим гардид, дар худ арзиши ҷаҳонӣ дорад, зеро ин ҷоиза танҳо ба онҳое дода мешавад, ки дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва арзишҳои башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳақ ба ҷониб аст, ки Пешвои миллатамон сазовори чунин қадрдонӣ гардиданд, маҳз бо сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва ҷасорати фарзонагии худ Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бароварданд ва ба кишвари орому суботманд табдил доданд.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон бо буҳронҳои сиёсӣ, ихтилофоти қавмиву мазҳабӣ ва низоъҳои зиёде рӯ ба рӯ аст, Тоҷикистони азизу маҳбубамон бо раҳнамоии Пешвои миллат ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ваҳдатофар ва дӯстдори тамаддуну арзишҳои инсонӣ шинохта шудааст. Маҳз ҳамин сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат боис гардид, ки номи Тоҷикистон дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо калимаҳои «сулҳ», «ваҳдат» ва «ҳамдигарфаҳмӣ» пайванд хӯрад.
Ҳар як дастоварди Пешвои миллат на танҳо ба номи шахсии ин абармарди майдони сиёсат, балки ба номи тамоми миллати тоҷик вобаста аст. Зеро Пешвои миллат ҳамчун рамзи ваҳдат, сарҷамъӣ ва умед ба ояндаи дурахшон маъруф гардидаанд. Мо, ҷавонон, бо дидани чунин муваффақиятҳо масъулияти бузургтар эҳсос мекунем, барои мо Пешвои миллат намунаи бузурги ватандӯстӣ, фидокорӣ ва инсонпарвариянд.
Ман ҳамчун ҷавон, ки неъматҳои Истиқлолиятро бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунам, хуб дарк менамоям, ки имрӯз ҳар як имконияти таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии осоишта маҳз ба туфайли сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гардидааст, агар сулҳ намебуд, агар ваҳдат пойдор намешуд, мо ҷавонон ҳаргиз чунин имкониятҳои фарохи рушдро ҳатто дар мағзи хеш ҳам тасаввур карда наметавонистем.
Мушарраф гардидани Пешвои миллат ба ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой дар воқеъ нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон намунаи ибрат барои тамоми ҷаҳон аст. Ин ҷоиза барои мо насли ҷавон на танҳо мояи ифтихор, балки дарси бузурги масъулият ва ҳидоят барои оянда мебошад.
Ман бо камоли ифтихор мегӯям, ки мо — ҷавонони даврони Истиқлолият бояд ин роҳу равиши сулҳпарвариро идома диҳем, арзишҳои Ваҳдати миллиро пос дорем ва барои ободии Тоҷикистони гул гул шукуфонамон саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро беҳтарин қадрдонӣ аз заҳматҳои Пешвои миллат дар он аст, ки мо ҷавонон бо дониш, меҳнат ва саодати худ ватани худро ободу пешрафта гардонем.
Ин ҷоиза барои Пешвои миллат дар асл ҷоиза барои ҳар як тоҷик аст. Ин қадрдонӣ нишон медиҳад, ки миллати тоҷик миллати сулҳпарвар, ваҳдатофар ва фарҳангдӯст мебошад. Мо бо чунин Пешво ифтихор дорем ва ҳамеша ба сиёсати хирадмандонаи фарзонафарзанди миллатамон такя мекунем.
Поянда бод Тоҷикистонам !
Поянда бод Ваҳдати миллӣ!
Зиндаву саломат бод Пешвои хирадсолору меҳандусти Тоҷикистони азизу ҳамешабаҳор!
Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1 уми ихтисоси идоракунии давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ 0203 ВА 05170 ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси гвардияи миллӣ ба нақши неруҳои мусаллаҳ дар ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи кишвар баҳои баланд доданд.
Ин маънӣ дар паёми табрикии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар ҷамъомад ба муносибати таҷлили 34-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳри Панҷакент баён карда, ҳайати шахсии ин воҳидҳои низомиро бо ин иди давлатӣ табрик гуфтанд.
Аз ҷумла, зимни боздид аз анбори нави муҳимоти хоҷагӣ, намунаи нақлиёт ва силоҳи ҷангӣ, хобгоҳ, китобхона, хонаи маишии сарбозон, анбори маҳсулоти ғизоӣ ва ошхона дар қисми ҳарбии 0203-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта шуд, ки дар ин воҳиди низомӣ барои хидмати оинномавии сарбозон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда, биноҳо ва ҳудуди он таъмиру таҷдид карда шудааст.
Дар ҷамъбасти маросими таҷлили ҷашни истиқлол ба як гурӯҳ афсарону аскарон ва ҳамкорони қисми ҳарбии 0203 нишони ҷашнии “30 солагии Қушунҳои сарҳадӣ”, ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Дар ин рӯз барои ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ дастархони идона ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Имрӯз, 08 август дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаҳо ба як зумра фаъолони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.
Бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2025, № 1054 ба ду нафар- хидматчии давлатӣ ва омӯзгор медали “Хизмати шоиста” ва се нафар хидматчии давлатӣ Ифтихономаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамчунин бо қарори раиси вилояти Суғд аз 8 августи соли 2025, №201 се нафар бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо қарори раиси шаҳр аз 3 сентябри соли 2025, №386 як гурӯҳ пешқадамони соҳаҳои гуногуни шаҳр ,аз ҷумла, 12 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 10 нафар хидматчии давлатӣ, 10 нафар корманди соҳаи маориф, 6 нафар корманди соҳаи хидматрасон, 2 нафар корманди соҳаи тиб, 11 нафар соҳибкор, 2 нафар варзишгар, 10 нафар корманди соҳаи фарҳанг, 2 нафар корманди соҳаи кишоварзӣ ва 7 нафар корманди фаъоли дигар соҳаҳо бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сарфароз гардонида шуданд.
Тантанаҳои таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Саразм имсол дар саҳни барҳавои Осорхонаи Саразми муассисаи давлатии Пойгоҳи бостоншиносии Саразм- Панҷакент бо иштироки доираи васеъи фаъолон, сокинон ва омӯзгорону муҳасилини муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода баъди боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳот омода кардаанд, онҳоро бо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд ва ба саҳмгузории сокинону соҳибкорон дар ободу зебо намудани маҳали зист, ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони ҷамоати деҳот, ки ҳар сол даҳҳо нафари онҳо ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ мераванд, баҳои баланд дода шуд.
Дар идома ба тантанаҳои ҷашни истиқлол дар Ҷамоати деҳоти Саразм сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷолиби санъаткорони ҷавон ҳусни бештар бахшид.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ НУРИСТОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИНОРИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Имрӯз, 08 сентябр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бинои маркази саломатии деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти Чинор, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарикони рушд таъмиру таҷдид шуда, барои қабул ва табобати беморон шароити созгор муҳайё карда шудааст, ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатӣ аз панҷ ҳуҷра муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ иборат буда, он ба сокинони ҷамоати деҳот хидмати тиббӣ мерасонад.