Мо дар як даврони пуршиддати сиёсӣ, ҷаҳонишавии босуръат ва буҳрони арзишҳои мардумӣ зиндагонӣ карда истодаем. Дар чунин давра ҳар халқу миллату давлат ба як идеологияи миллии роҳнамо ва ҷазмдор, ки инъикоскунандаи ҳадафҳои муштараки миллат буда, ҳувияту ягонагии миллиро тақвият мебахшад ва мардумро ба рушду такомул роҳнамоӣ мекунад, ниёз дорад.
Идеологияи миллӣ маҷмӯи идеяҳо, нуқтаи назар ва ақидаҳои муътақидона мебошад, ки миллатро муттаҳид намуда, ягонагии онро таъмин менамояд. Ба идеологияи миллии ҷомеа пеш аз ҳама донистани таърих ва шинохтани гузаштагони худ, ташаккули ҳувияти миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои анъанавӣ, тамаддун ва боло бурдани нақши миллат дар ҷаҳон дохил мешаванд. Идеологияи миллӣ яке аз унсурҳои асосии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон буда, мардумро муттаҳид намуда, ҳиссиёти ягонаи фахркунандаи миллиро дар онҳо ба вуҷуд меовардад.
Функсияҳои асосии идеологияи миллӣ ин муттаҳид намудани халқ, дастгирии устувории тартиботи сиёсии манфиати халқро ҳимоякунанда, омезишёбии қишрҳои ҷамъият, таҳрик додани ташаккулёбии фарҳанги илмӣ-техникӣ ва иқтисодии мардум мебошанд, ки ба равнақ ёфтани миллат нигаронида шудаанд.
Барои ташаккул додани идеологияи миллӣ омавигардонии таърихи гузаштагон, баланд бардоштани мақоми забони модарӣ, инкишоф додани ҷамъомадҳои фарҳангӣ, театр, кино, адабиёт, санъат, пеш бурдани маориф, дастрасӣ доштан ба таҳсилоти босифат, тавъам сохтани анъанаҳо ва ҳаёти муосир ба монанди эҳтиром намудани калонсолон ва ҳамзамон бархурдор будан аз технологияи муосиру тарзи ҳаёти ҷомеаи муосир, демократикунонӣ бо мақсади фароҳам овардани муоширату муносибати қишрҳои гуногуни ҷамъият, ба вуҷуд овардани ақоиди ягонаи сарфа намудан ва инкишоф додани иқтисодиёт, бо сифатҳои беҳтарин муаррифӣ намудани миллат дар арсаи байналхалқӣ ва бо ин василаҳо гаравидан ба ваҳдату ягонагӣ зарур мебошанд.
Дар Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст омадани истиқлол мутаассифона як давраи пурпечутоби ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омада, пас аз он раванди барқарорсозии давлатдорӣ шурӯъ гардид. Дар чунин шароити душвор, зарурати ташаккули як идеологияи миллӣ, ки мардумро муттаҳид карда, ҷомеаро ба сӯи субот ва рушд роҳнамоӣ кунад, хеле муҳим буд.
Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат, хусусан пешниҳоди ғояи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳалаи наве дар таҳкими идеологияи миллӣ оғоз гардид. Ваҳдати миллӣ руҳияи ватандӯстӣ ва ягонагии мардумро талқин намуда, ҳамчун гарави пойдории давлату миллат ва пояи асосии ормонҳои миллӣ ҷойгоҳи хос пайдо намуд.
Расман ваҳдати миллӣ ба сифати унсури асосии сиёсати давлатӣ ҳамчун рукни муттаҳидкунандаи миллат асоси идеологияи миллиро ташкил медиҳад. Ҳамасола 27-уми июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил гардида, дар он хотираи сулҳи таърихӣ, аҳамияти оромию субот, созишу сарҷамъиву ҳамзистӣ тараннум мегардад.
Аммо муҳим он аст ҳар яки мо дарк намоем, ки ваҳдати миллӣ на танҳо як идеяи сиёсӣ, балки пеш аз ҳама падидаи иҷтимоӣ ва ахлоқист. Сараввал дар зинаҳои поёнии сохтори иҷтимоӣ, дар муносибати одии ду шахс, дар оила ва маҳал бояд ваҳдату ягонагӣ бараъло ҳис карда шавад. Агар як фард дар хонавода, дар маҳалли зисту ҷамъият ва ҳаёти рӯзмарра бо фарҳанги баланди муколамаю ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муомила намояд, ҳамин заминаи ахлоқии ваҳдат буда, бо тобишҳои дигар ваҳдати миллиро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин ваҳдат набояд танҳо ҳамчун ҳамфикрию ҳамдигарфаҳмӣ дар муомилоти ҳаррӯза дарк шавад. Ҳарчанд он ҷанбаи муҳим аст, вале моҳияти аслии ваҳдат фаротар аз ин буда, дар ҳамоҳангӣ ва муборизаи якдилона баҳри гулгулшукуфоии ҷомеа ва давлат, ки кӯшишу ғайратро ҷиҳати беҳбудии иқтисодиёт, пешрафти соҳаи маориф, пойдории фарҳанг ва ҳунар, таҳкими худшиносӣ тавассути донистани таърих ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ тақозо мекунад, инъикос меёбад.
Аввалан, дар бахши иқтисод ва пешрафти иқтисодӣ ваҳдат маънои ҳамкории самаранок байни давлат, соҳибкорон ва аҳолиро дорад. Ин ҳамкории якдилона талаб менамояд, ки Ҳукумат сиёсати дурустеро баҳри офаридани шароити мусоид ва сармоягузории дохилию хориҷӣ фароҳам оварад ва шаҳрвандон бо ҳисси масъулият ба рушди корхонаҳои хурду миёна саҳм гузоранд. Ҳар як узви ҷомеа бояд дарк намояд, ки пешрафти иқтисодӣ на танҳо манфиати гурӯҳӣ, балки пешрафту ободии умум, накуаҳволӣ ва суботи иҷтимоиро таъмин мекунад.
Давлату ҳукумат барои пешрафти кишвар ва беҳбудии иҷтимоъ кӯшишҳо намуда, қонунҳоро қабул мекунад. Аммо мутаассифона, баъзан мушоҳида мешавад, ки дар зинаҳои поёнии сохтори ҷамъиятӣ ин қонунҳо сарфи назар шуда, риоя намегарданд. Масалан, Қонуни танзими ҷашну маъракаҳо тарҳрезӣ ёфтааст, ки асоси он пешгирии зиёдаравӣ ва тарғиби зиндагии сарфакорона дар миёни мардум мебошад. Вале, гоҳе мебинем, ки мардум онро риоя намекунанд ва мақомоти ҷамоат низ ба ин масъала бетафовутӣ зоҳир менамоянд. (Аслан дар оилаҳо масъалаи сарфу харҷро занон идора мекунанд ва дар тӯю маъракаҳо харҷҳои калон намуда, зиёдаравӣ мекунанд. Ҳарчанд мақоми зан-модар барои мо муътабар асту эҳтиромашон барҷост, шояд дар қонуни танзим масъулияти риоя накардани он ба зиммаи занони хонавода гузошта шавад.)
Дуюм, дар бахши маориф ва тарбия ваҳдат маънои сарҷамъона рӯ овардан ба омӯзишу рушди дониши миллӣ ва боло бурдани нуфузи илму маърифатро инъикос мекунад. Омӯзишу маориф бояд ҳадафманд бошаду мардумро ҳам ба рушди иқтисодию пешрафти техникӣ ва ҳам ба рушд додану эҳтиром намудани фарҳанги миллӣ талқин намояд.
Чанд соле пеш мушоҳида мешуд, ки қисме аз ҷавонон пас аз хатми мактаби миёна азми ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта, омӯхтани илму донишро ҳамчун воситаи гирифтани ихтисос, кор кардан, баланд шудани мартаба ва билохира беҳдошти сатҳи зиндагӣ зарурӣ намешумориданд. Аммо дар паи ҳодисаҳои вақтҳои охир мебинем, ки руҳияи ҳамин гуна ҷавонон тағйир ёфтааст, мунтазам дар шабакаҳо навишта ё баромад мекунанду даъват менамоянд, ки ба умеди кишвари мардуми бегона нашуда, ҷавонон ба хондану илм омӯхтан машғул шаванд. Вобаста ба ин низоми таълим бояд на танҳо дониш диҳад, балки шахсиятро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намояд. Ҳамзамон бояд донем, ки ватандӯстӣ танҳо муносибати ҳиссӣ нест. Ҳисси ватандӯстӣ бошад, аммо ба манфиати халқу миллат набошад, чӣ гуна аст?
Қайд намудан бамаврид аст, ки ҷомеаи мо дорои анъанаҳои фарҳангӣ ва арзишҳои динӣ буда, дар он нуфӯзи ходимони динӣ, аз ҷумла имом-хатибон ва воизон хеле бузург аст. Онҳо дар ҷомеа мавқеи баланди ахлоқию маънавӣ дошта, бисёр маврид тавсия ва роҳнамоии онҳо ҳамчун манбаи боэътимоди иҷтимоиву маънавӣ пазируфта мешавад. Бештари ходимони динӣ дар мавъизаҳо ва суханрониҳои худ дар баробари нақли ҳадисҳо, инчунин ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, тарбия, одобу ахлоқ ва илмомӯзӣ машғул мешаванд. Аммо, азбаски бештар маълумоташон дар доираи улуми динӣ маҳдуд аст, ин на ҳамеша имкон медиҳад, ки масъалаҳои муосири иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, равоншиносӣ ва технологӣ дуруст матраҳ гардида, шарҳ дода шаванд. Бо ҳамин сабаб, ҳарчанд оғози суханронӣ метавонад иҷтимоӣ бошад, он зуд ба мавзӯъҳои комилан динӣ мегузарад, ки таъсиргузориашро ба масъалаҳои муосир маҳдуд карда, наметавонад мардумро ба омӯзиши илми табиӣ ва дунявӣ гаравиш диҳад.
Аз ин нуқтаи назар, яке аз тадбирҳо ин ташкил намудани барномаҳои махсуси такмили ихтисос барои ходимони динӣ мебошад. Ин гуна барномаҳо метавонанд бо ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои илмии давлатӣ ва донишгоҳҳо ташкил карда шаванд.
Мавҷудияти чунин барномаҳо барои он зарур аст, ки онҳо аз як тараф ҳисси масъулияти иҷтимоии ходимони динро боло бурда, маърифати шаҳрвандии онҳоро таҳким мебахшад ва аз тарафи дигар, ходимони динӣ ҳамчун шаҳрвандони фаъоли ҷомеа дар баробари таблиғи арзишҳои динӣ, ҳамчунин дар рушди маънавию илмии мардум саҳми мушаххас мегузоранд. Онҳо метавонанд, бо забони сода ва оммафаҳм, масъалаҳои муҳимро ба аҳолӣ расонанд ва воситаи дигари тарбияи иҷтимоии мардум гарданд.
Сеюм, дар бахши фарҳанг ва ҳунар ваҳдат ба фаъолияти ҳамоҳанг ва ҳамҷояи муассисаҳои фарҳангӣ ишора мекунад, ки онҳо ҳамчун ташаккулдиҳандаи шуури миллӣ рисолати худро дар роҳнамоӣ ба тақвияти эҳсоси ҳувият ва худшиносӣ иҷро намоянд. Маҳз дар саҳнаҳои муассисаҳои фарҳангӣ имкон аст, ки ҳикмати таърихӣ ва мушкилоти муосир бо ҳам пайванд гардида, намоиш дода шавад ва шуури тамошобинро тағйир диҳад. Фарҳанг ва ҳунар на танҳо хусусияти ороишӣ дошта ё воситаи фароғатанд. Онҳо манбаи ғизои маънавии миллат, такомулдиҳандаи идеологияи миллӣ ва мутаҳҳидкунандаи ҷомеа мебошанд.
Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки роҳбарияти кишвар пайваста ба рушди фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Сохтмони театрҳо, осорхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи иқдомҳои назаррасе мебошанд, ки дар ин самт амалӣ мегарданд. Шабакаҳои телевизионӣ низ дар таблиғу тарғиби фарҳанги миллӣ, ташаккули худшиносӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ фаъол буда, ҷойгоҳи марказӣ доранд.
Рӯзи 23-юми декабр, ки истироҳатӣ буд, шомгоҳон барномаҳои телевизиониро тамошо мекардем. Дар шабакаи “ТВ Душанбе” барноми мазҳакавие оғоз гардид, ки ҳаёту фаъолияти сарбозонро инъикос мекард. Сипас барномаи “Аз ёдҳо” пешкаш гардид, ки дар он бо “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” устод Нуруллои Абдулло, барандаи маъруфи барномаи “Беғараз панд”, алҳол “Андарзи ниёгон”, суҳбати ҷолибе баргузор гардид. Дар ҷараёни он устод андешаҳои хешро оид ба масъалаҳои гуногуни фарҳангӣ баён намуда, аз ҷумла, як ҳодисаи хотирмони даврони Иттиҳоди Шуравиро ёдовар шуданд.
Онҳо нақл карданд, ки боре бо гурӯҳи ҳунармандон дар шаҳри Ваҳдат баромади саҳнавӣ доштанд. Дар миёни намоиш ногаҳон барқ қатъ гардида, саҳнаро торикӣ фаро мегираду ҳама ҷо хапу хомӯш мегардад. Ҳунармандон ният мекунанд, ки намоишро қатъ карда, онро ба вақти дигар мавқуф гузоранд, аммо бинандагон аз толор бо исрор хоҳиш мекунанд, ки намоишро идома диҳанд. Ҳамин тавр намоиш дар торикӣ идома меёбад ва пас аз анҷоми он тамошобинон бо кафкубиҳои дуру дароз онҳоро истиқбол мегиранд. Аз рӯи гуфтаи устод, рӯзи дигар баъзе бинандагони аз намоиш сахт мутаассиргашта, ба ҷои кори ҳунармандон рафта, ҳодисаро нақл мекунанду, талаб менамоянд, ки маоши ин ҳунармандон баланд карда шавад.
Вақте, суханҳои устодро мешунидам, як ҳисси ифтихору сарфарозӣ фарогирам гардид, ки мо чунин ҳунармандони сарсупурда ва муаррифгари фарҳанги миллӣ дорем. Бо вуҷуди ин, мазмуни барномаи мазҳакавие, ки қабл аз ин намоиш дода шуд, ба андеша водор кард. Барномае, ки ба Рӯзи Артиши миллӣ бахшида шуда буд, саҳнаҳое дошт, ки дар онҳо сарбозон ҳамчун содалавҳу ноӯҳдабаро нишон дода шуда, мавриди масхара қарор мегирифтанд. Ғайр аз он ки саҳнаҳо ҳеҷ хандаовар набуданд, онҳо эътибори сарбозонро, ки рамзи ғайрату шуҷоатанд латна мезаданд. Ҳол он, ки чунин саҳнаҳои дилхушкунандае, офаридан мумкин аст, ки бо паёми тарбиявӣ хизмати пуршарафи сарбозонро намоиш диҳанд ва ҳамзамон бо кадом ҳодисаҳои тасодуфию хандаовари беғаш мардумро хушҳол намоянд.
Чаҳорум, донистани таърихи аҷдодони худ ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ заминаи маънавист, ки ваҳдати воқеиро пойдор мегардонад. Ҷомеае, ки аз гузаштаи хеш сабақ намегирад, ноогоҳ буда, миллате, ки бо худшиносии таърихӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллии хеш зиндагӣ мекунад, пойдору сарбаланд мемонад. Ҳанӯз аз даврони атиқа, сарнавишти тоҷикон бо мубориза барои истиқлол, ҳифзи забон, фарҳанг, арзишҳо ва инсондӯстӣ иртиботи мустақим доштааст. Омӯхтани зиндагӣ ва корнамоиҳои гузаштагон на танҳо маърифати таърихиро тақвият мебахшад, балки дар қалби ҳар фард эҳсоси ифтихору масъулиятро бедор мекунад.
Аз шоҳони одилу фарҳангпарвар мисли Куруши Кабир, ки таърихнигорони ҷаҳонӣ ӯро поягузори адолат ва инсонпарварӣ донистаанд, то муборизону пешвоёни мардумӣ чун Спитамен, Деваштич, Абумуслим ва Муқаннаъ таърих шахсиятҳои зиёдеро ёд дорад, ки барои озодӣ, адолат ва ваҳдати мардум фидокорона мубориза бурдаанд.
Ҳарчанд таърихи гузаштагони моро таърихнигорони кишварҳои гуногун ҳамчун намунаҳои ибрат васф кардаанд, дар таҳкими худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли нав, китоби сеҷилдаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” як санади беназири таърихиву илмӣ мебошад. Ин асари бунёдӣ, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидааст, бо такя ба манбаъҳои зиёди саҳеҳу боэътимод ва таҳқиқоти муосир таърихи тамаддуни тоҷиконро бо тамоми паҳлӯҳояш инъикос мекунад. Дар асар на танҳо ҳодисаҳои таърихӣ, балки ҷанбаҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва маънавии таърихи халқ таҳлил карда шудааст, ки он барои ҷавонон ва омӯзишгирандагон василаи муҳими таълимӣ ва тарбиявӣ мебошад.
Панҷум, ваҳдат ба маънои фаъолияти иҷтимоии муттаҳидона ва иштироки фаъолонаи ҷавонон мебошад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дорои қудрати бунёдкорӣ ва табдилсозӣ мебошанд. Онҳо бояд дар татбиқи лоиҳаҳои рушди ҷомеа, аз ҷумла корҳои ободонӣ, ҳифзи муҳити зист, тарбияи ҳамсолон, ташкили иқдомҳои фарҳангӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ саҳми фаъол дошта бошанд. Маҳз тавассути чунин фаъолиятҳои ҷомеъасоз ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва соҳибихтиёрии ҷавонон боло меравад ва ваҳдати миллӣ дар амал таҷассум меёбад.
Бо вуҷуди ин, дар шароити имрӯза мушоҳида мегардад, ки на ҳамаи ҷавонон аз нерӯи хеш дар самти созандагиву рушди ҷомеа дуруст истифода мебаранд. Гоҳо мебинем, ки ҷавонони ҷисман тануманду қавӣ малакаву дониш ва кӯшишашонро ба фаъолияте, ки рушди шахсияташонро мусоидат мекунад, равона накарда, балки ҳамчун хазиначӣ дар ошхона ё ронандаи таксӣ кор мекунанд. Ин гуна фаъолияти беҳадаф наметавонад ҷавобгӯи рисолати иҷтимоии насли ҷавон бошад.
Аз тарафи дигар, баъзе ҷавонон худро “блогер” унвон мекунанд, аммо муҳтавои фаъолияти онҳо асосан намоиши ҳаёти шахсӣ ва рӯзмарраашон аст, ки на танҳо арзишҳои тарбиявию маънавӣ надорад, балки баръакс метавонад ангезаҳои носолим ва тасаввуроти ғалатро миёни ҳамсолон паҳн намояд. Ин ҳама бори дигар зарурати роҳандозӣ намудани сиёсати хирадмандона ва ҳадафманди тарбияи иҷтимоии ҷавононро таъкид мекунад.
Аз ин рӯ, ҳар гуна фаъолияти иҷтимоии ҷавонон бояд бунёдкорона, манфиатовар ва ба ояндаи неки ҷомеа нигаронида шуда бошад. Танҳо дар сурати муттаҳид намудани нерӯи зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқии ҷавонон метавонем ба таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди устувори кишвар ва ташаккули насли соҳибмаърифату масъулиятшинос ноил гардем.
Дар фарҷом, ҳамаи ҳамватанони азизи кишвар ва тамоми тоҷикону форсизабонони ҷаҳонро ба ифтихори Иди мубораки Ваҳдати миллӣ – рамзи сарбаландӣ, якпорчагии давлат ва ҳамбастагии мардум – самимона табрик ва таҳният гуфта, ба ҳар як хонадон осоиш, тандурустӣ, файзу баракат ва ба ҷомеаи мо зиндагии ободу сарҷамъона, пешрафти ҳамдилона ва шукуфоии рӯзафзун орзу менамоем. Бигзор рӯҳи ваҳдат, ки бар асоси хиради таърихиву иродаи миллии мардум бунёд ёфтааст, ҳамеша роҳнамои суботи сиёсӣ, тараққиёти иқтисодӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ гардад.
Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон.