Skip to main content

Имрӯз, 1 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Гуннар Шелленберген мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои дар пешистода бо намояндагони Парлумон ва муассисаҳои Тоҷикистон, масъалаҳои фаъолити парлумонӣ, муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ ва мероси ҷаҳонии Юнескоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки пас аз ба роҳ мондани равобит ҳамкориҳо дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, кишоварзӣ, таърих, энергетика тақвият дода мешаванд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар заминаи Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти таҳқиқотии ҳифзи гуногунии биологӣ таъсис дода шуд, ки дар доираи ин олимони тарафайн дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, омӯзиши пиряхҳо, энергияи сабз корҳои илмӣ - таҳқиқотии хешро ба роҳ мемонанд.

Инчунин, зимни мулоқот дар масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ, омодасосии мутахассисон аз ҳисоби магистрантон, аспирантон ва докторантони PhD ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Федералии Олмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Дар охир барои дар оянда ба имзо расонидани ёдошти тафоҳум байни Парлумони Саксония-Анҳалт ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд.