АКТУАЛЬНЫЕ ВОПРОСЫ ГУМАНИТАРНОГО СОТРУДНИЧЕСТВА В РАМКАХ МЕЖГОСУДАРСТВЕННОГО ФОРМАТА "ЦЕНТРАЛЬНАЯ АЗИЯ – РОССИЯ": АКТУАЛЬНЫЕ АСПЕКТЫ, ПУТИ, НАПРАВЛЕНИЯ И ФОРМЫ РАЗВИТИЯ, ПРОБЛЕМНЫЕ ВОПРОСЫ И ВЫЗОВЫ
1. Актуальность гуманитарного измерения сотрудничества
В условиях глобальных трансформаций, усиливающихся геополитических рисков и роста поляризации в мире, гуманитарное сотрудничество приобретает не вспомогательный, а стратегический характер. Оно формирует не только общее культурное пространство, но и способствует укреплению идентичности региона как части более широкого евразийского цивилизационного пространства.
2. Ключевые направления развития
Следует выделить несколько приоритетных направлений гуманитарного взаимодействия:
-
Образование и академическая мобильность.
Российские вузы остаются важнейшими центрами притяжения для студентов из стран Центральной Азии. Программа квот, совместные университеты, цифровое образование и академические обмены — всё это нуждается в расширении и институционализации.
-
Сотрудничество в области языка и культуры.
Русский язык продолжает играть роль языка межнационального общения, научной коммуникации и бизнеса. В то же время важно уделять внимание сохранению языков народов Центральной Азии, развивать многоязычные программы, поддерживать литературный и культурный диалог.
-
Наука и инновации.
Необходимо создавать совместные исследовательские центры, развивать грантовые программы, в том числе в сфере гуманитарных наук, где часто не хватает устойчивого финансирования. Молодые учёные должны иметь возможность работать в сетевых международных коллективах.
-
Цифровая гуманитаристика и новые форматы.
Онлайн-курсы, платформы виртуальных музеев, перевод цифрового контента на национальные языки — всё это создаёт новое качество гуманитарного взаимодействия, особенно для молодёжи.
3. Формы и механизмы сотрудничества
-
Формирование гуманитарной платформы "ЦА–Россия" с координационным центром, объединяющим университеты, культурные и научные организации, НПО.
-
Совместные гуманитарные миссии — культурные недели, фестивали, выставки, посвящённые общей истории, традициям и достижениям.
-
Интеграция гуманитарной повестки в экономические проекты. Например, крупные инфраструктурные проекты могут сопровождаться образовательными и культурными программами.
-
Развитие молодёжной дипломатии через лагеря, школы лидеров, волонтёрские программы и студенческие ассоциации.
4. Проблемные вопросы и вызовы
Однако мы должны трезво оценивать и существующие препятствия:
-
Дисбаланс в восприятии гуманитарной повестки — в ряде случаев гуманитарные инициативы воспринимаются как второстепенные по сравнению с экономикой или безопасностью.
-
Недостаточность координации и системности. Множество инициатив реализуется точечно, без долгосрочной стратегии и межведомственной синергии.
-
Миграционные и демографические аспекты, влияющие на образовательную и культурную сферу — особенно в контексте городского многоязычного пространства и трудовой миграции.
-
Поляризация медиапространства и необходимость создания позитивной информационной повестки в гуманитарной сфере, особенно в молодёжной аудитории.
5. Предложения по развитию
Считаю небесполезным обозначить несколько практических предложений:
1. Создание Совета по гуманитарному сотрудничеству "Центральная Азия — Россия" при поддержке МИД, министерств образования и культуры участвующих стран.
2. Формирование общего гуманитарного календаря, включающего мероприятия, памятные даты, совместные проекты.
3. Учреждение фонда гуманитарных инициатив, направленного на поддержку кросс-культурных и образовательных проектов.
4. Поддержка совместных учебников, онлайн-платформ и переводов, особенно в сфере гуманитарных и социальных наук.
Заключение
Гуманитарное сотрудничество — это не абстрактная категория, а основа долгосрочного взаимопонимания и общей устойчивости. Без общего культурного и образовательного фундамента невозможно построить полноценное партнёрство — ни экономическое, ни политическое, ни геостратегическое.
Убеждён, что пространство Центральная Азия — Россия способно стать образцом гармоничного сосуществования культур, языков и народов — примером того, как единство в многообразии становится не лозунгом, а реальной политикой.
Сайидзода Зафар Шерали (Саидов Зафар Шералиевич), заведующий отделом СНГ Института изучения
проблем стран Азии и Европы Национальной академии наук Таджикистана, доктор исторических наук
31 декабри соли 2025 мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкориҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.
Иштироки намояндаи АМИТ дар семинари байналмилалӣ оид ба бостоншиносии рақамӣ дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии мардумии Чин
Директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институтит таърих, бостоншиноӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Абдураҳмон Пӯлотов аз 16 то 25 декабри соли 2025 дар аввалин Курси омодасозии мутахассисони бостоншиносии рақамӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Маркази таҳқиқоти муштарак оид ба бостоншиносии Роҳи Абрешими Донишгоҳи шимолу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҷараёни ин семинари омӯзишӣ иштирокчиён бо пешрафтатарин технологияҳои рақамӣ дар соҳаи бостоншиносӣ, аз ҷумла фотограмметрия, моделсозии сеандоза (3D), сканеркунии лазерӣ, коркарди маълумоти рақамӣ ва усулҳои муосири ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ шиносоӣ пайдо карданд.
Дар татбиқи барномаи омӯзишӣ ташкилотҳо ва ширкатҳои махсусгардонидашудаи технологӣ низ фаъолона саҳм гузошта, таҷҳизоти муосир ва роҳҳои амалӣ дар соҳаи харитасозии рақамӣ, сканеркунии сеандоза, моделсозии фазоӣ ва коркарди маълумоти геомасофавиро муаррифӣ намуданд. Ин ҳамкории илмӣ-технологӣ ба иштирокчиён имкон дод, ки донишҳои назариявиро мустақиман дар заминаи таҷрибаи амалӣ аз худ намоянд.
Ҳамзамон, дар семинари мазкур намояндагон ва бостоншиносони ҷавон аз кишварҳои ҳамсоя – Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ иштирок намуда, дар фазои ҳамкории касбӣ ба табодули таҷриба ва донишҳои илмӣ пардохтанд.
Иштироки Абдураҳмон Пӯлотов дар ин чорабинии байналмилалӣ ҳамчун қадами муҳим дар самти ворид намудани технологияҳои муосири рақамӣ ба бостоншиносӣ ва фаъолияти осорхонавии Тоҷикистон арзёбӣ шуда, барои рушди ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи мусоид фароҳам овард.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ "МАСИРИ САРНАВИШТ" ВА "АВСОФИ ПЕШВО"
26 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ду китоби тозанашр бо номи “Масири сарнавишт” ва “Авсофи Пешво”, ки ба хизматҳои шоёни меъмори давлатдории навини тоҷик-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд, рунамоӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки китобҳои мазкур таҳти назари ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Асадулло Раҳмон ва мураттибии Давлат Сафар ва Абдураҳмонзода Абдувалӣ рӯи чоп омадаанд.
Дар рӯнамоии китобҳои мазкур дар баробари дигар суханварон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки китобҳои мазкур бо усули навини нигориши китоб таҳия гардида, дар онҳо фикру андешаҳои роҳбарони давлатҳои абарқудрат, мулоҳизаҳои сиёсатмадорони варзида, ходимонаи намоёни давлатию ҷамъиятӣ, мақолаҳои олимони варзидаю андешаи шоирону адибон дар шакли эҷоди мисраҳои шеърӣ ва меҳрномаҳо дар мавриди хизматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат дар таҳкиму рушди пояҳои давлатдории миллӣ ва пойдории Истиқлоли кишвар, барқарорсозии сулҳ ва таъмини амнияти сартосарӣ дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани нуфуз ва шаъну эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва пешниҳоду ироаи ташаббусҳои байналмилалӣ ба ташкилотҳои бонуфузи дунё, бахшида шудаанд.
Воқеан, хизматҳои Пешвои миллат дар ҳама самтҳои рушди иқтисоди кишвар назаррас буда, корномаи Пешвои миллатро садҳо олимону зиёиён, шоирону нависандагон рӯйи коғаз оварда, пешкаши ҳаводорону аҳли илму фарҳанг гардонидаанд. Тавре, ки ходими сиёсии кишвар, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон зимни таҳияи сарсухани китоби дар “Масири сарнавишт” қайд намуданд ”Дар бораи қаҳрамониву корномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон китобу навиштаҳо вуҷуд доранд, ки аз амалҳои савобу созандаву хайри ин шахсияти мондагор мебошанд. Ҷузъиёти зиёд собит менамоянд, ки халқи тоҷик дар солҳои навадум ҳама чизро аз даст дода буд ва танҳо бо шарофати даврони нави адолати сулҳ ба рӯзи нек расидааст. Дар як фурсати кӯтоҳу ороми таърихии замони истиқлол бо шарофати сиёсати созандагии ин абармард хотираи ҳазорсолаи таърихӣ зинда гардид.”
Таъкид гардид, ки Пешвои муаззами миллат аз нигоҳи сиёсатмадорон ва ходимони илму фарҳанги хориҷи кишвар низ ҳамчун яке аз симоҳои барҷастае таҷассум гардидааст, ки бо ибтикори бевоситаи ин абармарди роҳи сиёсат раванди сулҳи тоҷикон барқарор гардида, ин таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат мавриди омӯзиш ва истифодаи пайваста дар таҷрибаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ба қавли Президенти Ҷумҳурии Белорус Александ Лукашенко “Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ-Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. – Мо ҳама аъзои ИДМ ин хидмати наҷибро қадр мекунем, зеро сулҳу осоиш дар замини Шумо сулҳу осоиш ҳам дар Белоруси мо, ҳам Русия, ҳам дигар давлатҳо мебошад”. Бо ин хидамтҳо ва ташаббусу фаъолият Пешвои миллат дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳои абарқудрат мавқеи намоёнро ишғол намудааст.
ТАШКИЛИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ - ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ
— Шинохти миллат ва эътирофу эътимоди он ҳамчун этнос аз сатҳи муаррифии таъриху тамаддуни аҷдодиаш маншаъ мегирад. Акнун дар замони гуфтугӯ ва бархурди тамаддунҳо ҳамон миллате ҷойгоҳашро устувору давлатдориашро таҳким мебахшад, ки худ арҷгузор ба таъриху тамаддунаш бошад.
Имрӯз ба таври ошкоро аз худ кардани арзишҳои таърихии халқҳои алоҳида ба таври барҷаста ба назар мерасад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе халқҳо кӯшиши аз худ кардан ва ё ба қавле рабудани беҳтарин арзишҳои маданияти моддӣ ва маънавии тоҷиконро доранд.
Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки мо қишри зиёии ҷомеа ин арзишҳоро ҳифз намуда, барои ба таври шоиста муаррифӣ намудани онҳо барои ҷаҳониён ва таҳкими асолати миллии насли наврас талош намоем.
Нашри мақолаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нашрияи "Минбари халқ" 24 декабри соли 2025 № 52 (1553).
Имрӯз, 24 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо профессори Донишгоҳи Малайзия Сабзалӣ Муса Кан ва доктор Аванг Азман Аванг Пови баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбари академия ташрифи меҳмононро ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили таҳқиқоти саҳроӣ дар самти таърих, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва омӯзиши фарогири дастнависҳои хаттии бузургон ва мутафаккирони қаламрави Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд. Дар ин замина ҳамкорӣ дар таҳқиқ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ, ташкили экспедитсияҳо ва мубодилаи таҷрибаи илмию таҳқиқотӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот масоили асосии ҳамкорӣ, аз ҷумла ифтитоҳи барномаҳои муштараки таҳқиқотӣ, мубодилаи донишҷӯён ва кормандон, ташкил ва баргузории семинарҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ, ҳамчунин таҳкими робитаҳои академикӣ дар самтҳои энергетика, муҳандисӣ ва технологияҳои нав баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Малайзия омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD мебошад.
Ҷонибҳо инчунин ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо ба тавофуқ омада, таъкид карданд, ки имзои созишномаи ҳамкорӣ дар оянда барои рушди робитаҳои дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ муҳим мебошад.
21.12.2025
21 декабр дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад.
Тавре директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анвар Буризода ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, соли 2025 дар Нимкураи шимолии Замин инқилоби зимистона рӯзи якшанбе, 21 декабр, соати 15:03 ба вақти ҷаҳонӣ (UTC) ва 20:03 бо вақти Душанбе фаро мерасад.
Инқилоби зимистона — кӯтоҳтарин рӯз дар сол буда, дар Нимкураи шимолии Замин моҳи декабр фаро мерасад. Аз нигоҳи астрономӣ дар ин рӯз зимистон оғоз меёбад. Инқилоби зимистона — ин ҳодисаи солонаи астрономист, ки дар он Офтоб нисбат ба уфуқи Замин дар пасттарин мавқеъ қарор мегирад, яъне баландии он аз уфуқ ҳадди ақалл аст. Дар нимкурае, ки ин ҳодисаҳо рух медиҳад, кӯтоҳтарин рӯз ва дарозтарин шаби сол мушоҳида мешавад.
Ба иттилои Анвар Буризода, инқилоби зимистона дар Нимкураи шимолӣ ва ҷанубӣ дар вақтҳои гуногун ба амал меояд. Яъне дар Нимкураи шимолӣ ин ҳодиса ба моҳи декабр ва дар Нимкураи ҷанубӣ ба моҳи июл рост меояд. Ҳаногоми рух додани ин ҳодиса дар Нимкураи шимолии Замин кӯтоҳтарин рӯзи сол ва дар Нимкураи ҷанубӣ дарозтарин рӯзи сол фаро мерасад.
«Инқилоби зимистона ва тобистона бинобар моилии меҳвари гардиши Замин (тақрибан 23,4°) нисбат ба мадори ҳаракати он дар гирди Офтоб ба вуҷуд меоянд. Нимкураи шимолӣ давоми нисфи сол ба ҷониби Офтоб моил аст, Нимкураи ҷанубӣ — дар нисфи дигари сол. Аз ҳамин сабаб нимкураҳо дар як вақт миқдори гуногуни гармӣ ва рӯшноӣ мегиранд», — гуфт директори институт.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 19 декабри соли 2025 соати 10:39 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 189 километр ҷанубу шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 118 километр ҷанубу шарқӣ аз ноҳияи Шаҳритӯс, 114 километр ҷанубу ғарб аз шаҳри Кулоб дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 5 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 балл, дар шаҳри Кулоб 3 балл ва дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ 2 баллро ташкил додааст. Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
КҲФ
