Skip to main content

Имрӯз, 24 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи савдои Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Леонидович мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки фаъолияти ширкати IRP Technology ба соҳаи энергетика равона гардидааст, ки ҳадафи асосии он ҷалби сармоя ва истифодаи технологияҳои муосири русӣ барои рушди неругоҳҳои барқароршаванда, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва дастгирии иқтидорҳои илмӣ-техникии мутахассисони тоҷик мебошад.

Зикр гардид, ки ба наздикӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома дар бораи таъсиси боғи саноатӣ ба имзо мерасад. Дар ҳамин росто, таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавонад дар доираи ин ташаббус дар таҳияи асосҳои илмӣ-техникӣ, арзёбии иқтидорҳои истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои нав ва омӯзиши кадрҳои тахассусӣ саҳмгузор бошад.

Гуфта шуд, ки пас аз муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, мумкин аст намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин барномаҳо шомил карда шаванд, то бо донишу таҷрибаи илмии худ дар таҳияи лоиҳаҳо, арзёбии асосҳои илмӣ-техникӣ ва татбиқи технологияҳои нав саҳм гузоранд.

Ин иқдом ба тақвияти робитаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, инчунин фаъол гардидани ҳамкориҳои амалии байни муҳаққиқони тоҷик ва мутахассисони рус мусоидат хоҳад намуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои энергетика, илм, астрофизика ва экология, инчунин дар самти таҳқиқоти муштарак, мубодилаи таҷриба ва омодасозии кадрҳои баландихтисос изҳор доштанд.

 

Type
fa-picture-o