- АМОНЗОДА ИЛҲОМ ТЕМУР
-

Амонзода Илҳом Темур – доктори илмҳои техникӣ, профессор, 8 декабри соли 1970 дар оилаи зиёӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбышев) вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Солҳои 1978-1988 дар мактаби миёнаи рақами №6 ба номи А.Рудакии ноҳияи мазкур таҳсил намуда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 аз вазифаи челонгари Колонаи механиконидашудаи махсуси (СПМК-7) Вазорати мелиоратсияи РСС Тоҷикистон оғоз намудааст ва то августи соли 1989 дар он кору фаъолият намудааст.
Соли 1989 ба Донишкадаи политехникии Фрунзе (Ҷумҳурии Қирғизистон) ба факултети Технологӣ дохил шуда то сентябри соли 1990 дар онҷо таҳсил намудааст. Соли 1990 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, факултети Механикию технологӣ, ихтисоси 1201- “Технологияи мошинсозӣ” интиқол ёфта, онро соли 1994 бомувафақият хатм намудааст.
Худи ҳамон сол, тибқи тақсимоти хатмкунандагони ҷавон дар кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедра фаъолият кардааст.
Солҳои 1994-1998 дар вазифаи ассистенти кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолият кардааст.
Солҳои 1998-2001 дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, кафедраи “Технологияи масолеҳҳои конструксионӣ” таҳсил намуда, рисолаи номзадиамро соли 2003 дар Шурои диссертатсионии Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи “номзадии илмҳои техникӣ” гаштааст.
Солҳои 2001-2002 ҳамчун муаллими калони кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолият намудааст.
Соли 2002 ба вазифаи Мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ таъин шуда то соли 2003 фаъолият кардааст.
Соли 2003 ба тариқи гузариш ба вазифаи Сардори Идораи таълимию методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда дар ин вазифа то соли 2008 кору фаъолият нкардааст.
Аз ноябри соли 2008 дар вазифаи Муовини аввали ректор, Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолиятро оғоз намуда, то июли соли 2011 дар ин вазифа кору фаъолият намудааст.
Аз июли соли соли 2011 то ноябри соли 2013 ба тариқи гузариш ба вазифаи декани факултети Механикию технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда адои вазифа намудааст.
Аз моҳи ноябри соли 2013 ба вазифаи Сардори Идораи таълимию методӣ ва аз августи соли 2014 ба вазифаи Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда, то июли соли 2016 кору фаъолият намудааст.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №305 аз 11-уми июли соли 2016 ба вазифаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъин гардида, то санаи 29 феврали соли 2024 фаъолият намудааст.
Аз моҳи майи соли 2024 ба вазифаи и.в. ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷкистон таъин гардидааст.
Рисолаи докториашро соли 2020 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳимоя намудааст.
Аз соли 2020 Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо маҷлиси намояндагон, Ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни парламентӣ мебошам.
Узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо Медали Хизмати шоиста (2021), Медали “Совет федерации. 25 лет» (2022), Медали «За укрепление парламентского сотрудничества в ОДКБ» (2022) ва ғ. (дар умум 7адад)
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016).
Муаллифи зиеда аз 140 монография, китобу дастурҳои таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ, фишурдаи баромадҳои конференсиҳоя сатҳҳои гуногун ва инчунин 9 патенти хурд ва Авруосиё мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
- САЛОМИЁН МУҲАММАДДОВУД ҚАЮМ
-
Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм – доктори илмҳои филология, профессор, 12 феврали соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1984 мактаби миёнаро хатм намуда, солҳои 1985-1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1985 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1992 бо гирифтани ихтисоси филолог. муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм мекунад.Муҳаммаддовуд Саломиён солҳои 1992-1993 ба ҳайси муҳаққиқи коромӯзи кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 1993-1995 дар аспиранти рӯзонаи ҳамин Донишгоҳ таҳсил кардааст.
Соли 1995 ӯ ҳамчун ассистент дар кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ мекунад. М. Саломиён солҳои 2001-2004 дар вазифаҳои муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба таълим, солҳои 2004-2008 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ, солҳои 2008-2013 декани факултети филологияи тоҷики ДМТ кор кардааст. Аз соли 2013 то соли 2018 дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология фаъолият карда, солҳои 2018-2019 мудири кафедраи таърихи забон ва типология интихоб мешавад.
Муҳаммаддовуд Саломиён солҳои 2019-2020 дар вазифаи директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2020 то моҳи феврали соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. Солҳои 2022-2024 фаъолияти кории худро ба ҳайси президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон идома медиҳад.
М. Саломиён баррандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ӯ дар омода кардани мутахассисони соҳаи маориф ва кадрҳои илмию омӯзгорӣ саҳми арзанда дорад. Бо роҳбарии ӯ даҳ нафар унвонҷӯён рисолаҳои илмии худро дифоъ карда, сазовори дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои филология шудаанд. М. Саломиён муаллифи 4 монография, 5 китоби дарсӣ ва зиёда аз сад мақолаи илмию методӣ ва оммавӣ мебошад.
Аз моҳи майи соли 2024 иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.
- МИРЗОРАҲИМЗОДА АКОБИР КАРИМ
-
Мирзораҳимзода Акобир Карим соли таваллудаш 1963, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1985 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси биохимия бо баҳои хубу аъло хатм намуд.Баъди хатми Шуъбаи ғоибонаи аспирантура, соли 1991 ба ҳайси ходими хурди илмии гурӯҳи илмии кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология ба кор қабул шуда, сипас дар вазифаи ходими илмии озмоишгоҳи «Ферменталогия»-и кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология, баъдан ходими калони илмии озмоишгоҳи мазкур кору фаъолият намуд. Аз моҳи августи соли 1994 то моҳи декабри соли 2008 дар вазифаи муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети биология дар Шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуд.
Соли 1992 таҳти роҳбарии докторони илмҳои биология, профессорон М.А. Бобоҷонова ва Қ.А. Алиев рисолаи номзадиро дифоъ намуд. Солҳои 1995-2009 дар вазифаи иҷрокунандаи дотсент, баъдан тариқи озмун ҳамчун дотсенти кафедраи физиологияи растаниҳои факултети биология фаъолият намуд. Солҳои 2008 то 2015 Мирзораҳимзода Акобир Карим дар вазифаи декани факултети биология фаъолият намуда, моҳи январи соли 2012 рисолаи докториро аз рӯйи ихтисоси «биохимия» дифоъ намуд.
Соли 2015 бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский ва соли 2016-2019 директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин гардидаст.
Мирзораҳимзода Акобир Карим дар иҷрои нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ ва Институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона иштирок дошта, муаллифи зиёда аз 160 мақолаҳои илмӣ, 1 монография, 7 дастури таълимӣ, 5 китоби дарсӣ ва як патент мебошад. Таҳти роҳбарии он 5 унвонҷӯй корҳои илмӣ бурда, як нафарашон химоя намуда, ду нафари дигар дар арафаи ҳимоя мебошанд.
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мукофотҳои молиявӣ қадрдонӣ шудааст.
Хизматҳои пурсамару бисёрсолаи Мирзораҳимзода Акобир Каримро дар соҳаи маорифи кишвар, иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр намудани дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро барои мушарраф гардидан ба медали «Хизмати шоиста», соли 2008 “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2021 бо нишони сарисинагии ҷашни 90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ сазовор донистанд.
Аз 25.04.2019 то 24.06.2022 дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо муваффақият фаълолият намуд.
Аз 26.06.2022 то 14.05.24 дар вазифаи декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ кору фаъолият намуд.
Аз 14.05.2024 то ҳол бо Қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси и.в. Ноиби президент - Раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор ва фаъолият карда истодааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад
- ИБОДЗОДА САИДМУҚИМ ТИЛЛОХӮҶА
-

Ноиби Президенти Академияи миллии илмњои Тољикистон,
раиси шуъбаи илмњои тиббї ва фарматсевтї
доктори илмњои тиб, профессор
Ибодзода Саидмуќим Тиллохўља 1 – уми декабри соли 1971 дар Љумњурии Тољикистон дар оилаи хизматчї таваллуд шудааст. Соли 1990 ба Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино дохил шуда, соли 1996 донишгоњи мазкурро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 1996 то 1998 дар кафедраи љарроњии умумии №1-и донишгоњи номбурда, дар базаи БКШ №5 ба номи академик К.Т. Тољиев марњилаи ординатураи клиникиро гузаштааст. Солњои 1998-2001 дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи кафедраи мазкур тањсили худро идома додааст.
Ибодзода С.Т. њанўз дар давраи донишљўї ба тариќи њамкор ба њайси лаборант дар кафедраи анатомияи одами ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино фаъолият менамуд. Солњои 1996-2005 ў ба њайси ассистенти кафедраи анатомияи одам ва аз соли 2005 ба вазифаи ассистенти кафедраи анатомияи патологї кор кардааст. Бо назардошти малакаи касбї ва фаъолияти ташкилотчигиаш Ибодзода С.Т. аз соли 2007 ба вазифаи мудири кафедраи анатомияи патологї таъйин карда шуд. Солњои 2011-2016 Ибодзода С.Т. ба њайси мудири кафедраи анатомияи одам ва забони лотинии ба номи Я.А. Рањимов фаъолият намудааст.
Номбурда аз 26. 04. с. 2016 то 16. 02. с. 2018 ба њайси муовини ректор оид ба илм ва нашрия кору фаъолияти худро идома додааст. Ибодзода С.Т. аз 16. 02. с. 2018 вазифаи муовини ректор оид ба корњои таълимию методиро ва аз 14. 05. с. 2024 Ноиби Президенти Академияи миллии илмњои Тољикистон, раиси шуъбаи илмњои тиббї ва фарматсевтиро ба уҳда дорад. Ибодзода С.Т. аз соли 2010 аъзои Њизби халќии демократии Тољикистон буда, њамчунин, аъзои Шурои тањририяи маљаллаи илмї - амалии “Паёми тиббии Академияи миллии илмњои Тољикистон”, «Паёми Сино» ва «Ављи Зуњал» мебошад.
Дар муддати фаъолияташ Ибодзода С.Т. худро њамчун мутахассиси донишманд, масъулиятнок ва дорои малакаи касбии баланд нишон дода, вазифањои касбї ва љамъиятии худро сари ваќт иљро менамояд.
Дар баробари корњои таълимию методї Ибодзода С.Т. бо кори илмї машѓул буда, соли 2004 аз рўи ихтисоси љарроњї рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Љарроњии стенозњои пилородуоденалї бо дарназардошти њеликобактерия» бомуваффақият ҳимоя намудаст.
Њамчунин, Ибодзода С.Т. оид ба соњањои тадќиќи ихтилоли морфофунксионалӣ ва патофизиолгии беморињои љигар ва тавсифи морфологии рўдаи дувоздањангуштаи одам дар давраи постнаталї тадќиќотњои илмї бурда, соли 2010 дар шањри Новосибирски Федератсияи Руссия рисолаи докториашро дар мавзўи «Тавсифи сохтор ва морфогенези ѓадудњои лимфатикии рўдаи дувоздањангуштаи одам дар давраи постнаталї» дифоъ намуд.
Ибодзода С.Т. муаллифи 16 китоби дарсї ва 3 монография, аз љумла китобњои «Анатомияи патологї», «Хусусиятњои синусолии узвњо ва системаи организми одам» (бо забони русї), «Патологияи узвњои ковокии дањон», «Хусусиятњои сохтории бофтањои ѓадуддор ва лимфоидии рўдаи дуводањангуштаи одам ва калламушњои таљрибавї дар зери таъсири хунукї дар шароити баландкўњ», «Забони лотинї ва асосњои истилоњоти тиббї», «Лексия аз анатомияи одам, системаи такяю њаракат, роњњои гузаронадаи асаби маѓзи сар ва њароммаѓз», «Биология в тестах», «Анатомияи синнусоли одам (бо забонњои тољикї ва русї)», «Анатомияи синнусолии одамони бузургсолу кўдакону наврасон (ќисми 1, 2)», «Анатомияи одам (ќисми 1, 2)» ва «Корњои амалї аз химияи фарматсевтї» мебошад. Ба ќалами ў зиёда аз 180 таълифоти илмї, 4 ихтирокорї, 4 тавсияи ратсионализаторї ва 20 корњои таълимї-методї тааллуќ доранд.
Ибодзода С.Т. пайваста малакаи касбии худро такмил дода, бо донишљўён машѓулиятњои лексионї ва амалї мегузаронад.
Тањти роњбарии ӯ 3 рисолаи номзадї њимоя гардида як рисолаи докторї тасдиќ шуда, дар арафаи њимоя ќарор доранд.
Хизматњои шоистаи Ибодзода С.Т. бо Љоизаи Академияи миллии илмњои Тољикистон ба номи академик Е.Н. Павловский (2023), Ордени Шараф дараљаи II, (2022), медали љашнии “25 – солагии Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон”, (2019), медали љашнии “25 – солагии Академияи ВКД Љумњурии Тољикистон, (2019), “Аълочии маориф ва илми Тољикистон”, (2018), “Аълочии тандурустии Тољикистон”, (2017), медали Хизматњо дар нигањдории тандурустї, (2017), медали Иттињоди собиќадорони Афѓонистони Русия, (2017) ќадр гардидаанд.
Оиладор, соњиби 6 фарзанд мебошад.
